Расонаҳои Тоҷикистон мавриди ҳамлаи доимии “ҳамсояҳои демократ” қарор доранд
     TJ RU EN
01:00 / 2024-12-20

Расонаҳои Тоҷикистон мавриди ҳамлаи доимии “ҳамсояҳои демократ” қарор доранд

Азия плюс Дос атакиБа сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин аккаунти инфлюенсер ва блогерони тоҷик DdoS-ҳамлаҳо сурат мегиранд.

Чанд рӯзи ахир ҷанг байни Тоҷикистону Қирғизистон натанҳо дар сарҳад ҷараён дошт. Дар фазои иттилоотӣ низ набардҳои шадид сурат гирифта, ҳоло ҳам идома доранд. Аз оғози низоъ расонаҳои Тоҷикистон мавриди ҳамлаҳои DDoS қарор мегиранд. Аксари суроғаҳои IP-и онҳо аз Қирғизистон мебошанд.

Ин чӣ гуна сурат мегирад? Дар ҷараёни чунин ҳамлаҳо, ки сомона бояд “рахна шавад” (аз кор бароварда шавад), бо ёрии барномаҳои махсуси компютерӣ ба сомона аз иқтидори доштаи қабулаш шумораи зиёди дархостҳо фиристода мешавад, ки кори онро бозмедорад. Дар ин рӯзҳо бахусус, ба сомонаҳои “Азия-Плюс”, “Сугд-нюс” ва YourTJ ҳамлаҳои DDoS сурат гирифтанд.

“Ҳамла ба сомонаи мо Your.tj нимаи дуюми 18 сентябр сурат гирифт. Он замон ман умуман фикр надоштам, ки ҳамла аз ҷониби ҳамсояҳои мо аст. Лекин баъдан истинодҳо аз навиштаҳои фаъолон аз Қирғизистонро ба ман фиристоданд, ки дар онҳо даъвати муттаҳид шудан барои ҳамла ба сомонаҳои мо изҳор мешуд. Кори сомонаро мо баъди як рӯз бо насби cloudflare + ddos барқарор кардем. Пештар мо ба ин масъала аҳаммият намедодем, зеро асосан дар бораи одамон мавод нашр мекунем ва маъмулан ба чунин сомонаҳо хакерҳо он қадр таваҷҷуҳе надоранд. Лекин мо хато карда будем. Айни замон мушкилот ҳал шуда, вале масъалаи таъмини бехатарии сомона рӯзмарра боқӣ мемонад ва минбаъд рӯйи ин масъала кор хоҳем кард”, - мегӯяд сармуҳаррири Your.tj Зебо Тоҷибоева.

 Алишер мегӯяд, шабакаҳои иҷтимоии онҳо низ “бе таваҷҷуҳ” намондаанд. Масалан, пас аз нашри мусоҳиба бо сокини ҷамоати Чоркӯҳ, ки ӯ дар он дар бораи таркиш дар масҷид рӯзи ҷумъа хабар дод, шарҳу навиштаҳои зиёди таҳқиромез ворид шудааст.

“Сервери сомонаи “Азия-Плюс” ду рӯз инҷониб мавриди DDoS-ҳамлаҳо қарор дорад. Дирӯз сомона бар асари сарбории зиёд як муддат дастнорас буд. Қаблан низ ба сомонаи мо ҳамлаҳо сурат мегирифтанд, лекин параметрҳои ҳифзи сервер аз уҳдаи баргардонидани ин ҳамлаҳо мебаромаданд. Ин дафъа ҳамлаи бузургмиқёс ҷараён дорад ва сомона тоб наоварда истодааст. Моро лозим омад, ки сатҳи ҳадди ниҳоии муҳофизатро ба кор дарорем.
Натанҳо сомона, балки ба шабакаҳои иҷтимоии мо низ ҳамлаҳо сурат мегирад: корбарони қирғиз ба маъмурони Facebook ва Instagram аз болои саҳифаҳои мо дастҷамъона шикоят мекунанд. Ба ин онҳоро блогерон ва фаъолони қирғиз даъват мекунанд. Мо даҳҳо скан (нусхаи гирифта) бо даъватҳои онҳо дар бораи қатъи кори “Азия-Плюс”-ро дорем”, - мегӯяд сармуҳаррири “Азия-Плюс” Баҳманёр Нодиров.

Қобили зикр аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ натанҳо ВАО мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Блогерони Қирғизистон аз ҳамватанони худ даъват мекунанд, ки нисбат ба аккаунтҳои инфлюенсер ва блогерони тоҷик ба Facebook, Instagram ва Twitter шикоят кунанд.

Ба гуфтаи Шаҳноз Комилзода, хабарнигори TV Iran International дар Тоҷикистон, ки аз муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон гузоришҳо таҳия мекунад, пас аз нашри ҳар як гузориш ба аккаунти ӯ дар Facebook аз ҷониби қирғизистониҳо ҳамла сурат мегирад.

Бар асари шикоятҳои сершумор дастрасӣ ба аккаунти ӯ чандин маротиба қатъ шудааст. Илова бар ин, дар хабарҳои шахсӣ ӯро хеле зиёд таҳқиру таҳдид мекунанд.

То замони таҳия шудани ин мавод ҷанги эълоннашуда алайҳи расонаҳои Тоҷикистон идома дорад.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20220922/rasonaoi-toikiston-mavridi-amlai-doimii-amsoyaoi-demokrat-aror-dorand


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима