Як иттиҳоми зидди Далери Имомалиро сахттар кардаанд. Таҳқиқи парвандааш ба поён расид
     TJ RU EN
11:40 / 2024-12-20

Як иттиҳоми зидди Далери Имомалиро сахттар кардаанд. Таҳқиқи парвандааш ба поён расид

Daleri ImomaliТафтиши парвандаи Далери Имомалӣ, рӯзноманигору блогери шинохтаи тоҷик, ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд. Дар ин бора Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки барои Далери Имомалӣ вакили дифоъ пешниҳод кардааст, рӯзи 20-уми сентябр хабар дод.

Ба навиштаи манбаъ, рӯзи 15-уми сентябр масъулони Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ҳарду вакили дифои Далери Имомалиро даъват карда, дар бораи анҷоми тафтиши парванда хабар додаанд.

Мақомот ба Далери Имомалӣ ва вакилони дифоаш гуфтаанд, як иттиҳом алайҳи рӯзноманигор сахттар шудааст.

Дар оғози боздошт додситонӣ алайҳи Далери Имомалӣ бар асоси қисми 1-и моддаи 259-и Кодекси ҷиноӣ ё соҳибкории ғайриқонунӣ парванда боз карда буд. Ҳоло мақомот гуфтаанд, “маблағи аз ҳисоби соҳибкории ғайриқонунӣ ба даст овардаи блогер асос мешавад”, ки парвандаи ӯро аз қисми 1 ба қисми 2-и моддаи 259 иваз кунанд. Муҷозоти қисми 2-и моддаи 259-и Кодекси ҷиноӣ вазнинтар аст.

Мақомот то ҳол нагуфтаанд, ки Далери Имомалӣ аз ҳисоби гузоришҳояш дар Ютуб чӣ қадар маблағ ба даст овардааст.

Парвандаи блогер муҳри махфӣ дорад ва вакилони дифоъ ҳам ҳозир нестанд, дар бораи ҷузъиёти он суҳбат кунанд.

Ба ин тартиб парвандаи Далери Имомалӣ бо се иттиҳом ба додгоҳ меравад:

Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ оиди содир шудани ҷиноят (моддаи 346)

Соҳибкории ғайриқонунӣ (қисми 2 моддаи 259)

Узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2)

Дар хабарномаи Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон омадааст, Далери Имомалӣ дар ҳузури вакилони дифоъ бо парвандаи ҷиноӣ ошно шудааст. Маълум нест, ки блогери тоҷик ба айбномаи мақомот чӣ вокуниш кардааст.

Қаблан баъзе манобеъ гуфтанд, Далери Имомалӣ ба ҷуз аз иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ айбҳои дигарро қабул накардааст.

Далери Имомалӣ рӯзи 15-уми июни имсол аз сӯи маъмурони додситони ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуд. Дар оғоз ӯро ба он муттаҳам мекарданд, ки аз ҳисоби гузоришҳояш дар Ютуб даромад гирифта, аммо андозро насупоридааст.

Ҳамчунин бар асоси шикояти як масъули ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур алайҳи Далери Имомалӣ бо иттиҳоми расондани хабари бардуруғ парванда кушоданд. Иттиҳоми аз ҳама вазнини ин блогери маъруф узвият дар созмонҳои мамнуъ аст.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Далери Имомалиро ба ҳамкорӣ ба созмони дар Тоҷикистон "Гуруҳи 24" гумонбар медонанд. Ин созмони мухолифи ҳукумат ҳама гуна робитаашро бо Далери Имомалӣ рад карда буд.

Дар моҳҳои ахир 7 рӯзноманигору блогери тоҷик боздошт шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо озодии фаврии онҳоро хостанд, вале мақомот посухе надоданд.

 

Далери Имомалӣ

 

https://www.ozodi.org/a/32043098.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима