Мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ 21-уми сентябр оғоз мешавад
     TJ RU EN
02:02 / 2024-12-20

Мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ 21-уми сентябр оғоз мешавад

Asia pluse logoМакони баргузории мурофиа то ҳол номаълум аст.

Пагоҳ, 21-уми сентябр, мурофиаи нахустини Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик, оғоз меёбад. Дар ин бора вакили дифои ӯ, Абдураҳмон Шарифов, ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Номбурда гуфт, ӯро аз суди ноҳияи Шоҳмансур огоҳ кардаанд, ки 21-уми сентябр баррасии парванда оғоз мегардад, аммо дақиқ нагуфтаанд, ки мурофиа дар бинои Суди ноҳияи Шоҳмансур ё боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор мешавад.

“Парванда аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ мешавад, аммо аз ин додгоҳ ба мо нагуфтанд, ки мурофиа дар куҷо баргузор мешавад. Танҳо гуфтанд, ки дар масъалаи ҷойи мурофиа субҳи рӯзи 21-уми сентябр маълумоти иловагӣ медиҳанд”, - иброз намуд Абдураҳмон Шарифов.

Вакили дифоъ афзуд, эҳтимоли дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ҳам гузаштани мурофиаи ҷой дорад.

“Ба мо гуфтанд, пагоҳ соати 09:00 як мурофиаи дигар пешбинӣ шудааст. Агар он мурофиа баргузор нашавад, мурофиаи Абдуллоҳ соати 09:00 мегузарад, вале агар мурофиаи пешбинишуда баргузор шавад, мурофиаи зерҳимояи ман соати 14:00 баргузор мегардад”,- гуфт Абдураҳмон Шарифов.
Вай афзуд, мурофиа расман ба таври боз мегузарад, вале ба эҳтимоли зиёд, ба ғайр аз ҳамсар ва шахсони наздики Ғурбатӣ, дигарон, аз ҷумла рӯзноманигорон, ба он роҳ дода намешаванд.

Аз Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар бораи замон ва макони баргузории мурофиаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба “Азия-Плюс” хабар надоданд.

Абдуллоҳ Ғурбати яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.

Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

Наздикон ва худи Абдуллоҳ ҳамаи иттиҳомҳоро нисбати ӯ эълоншударо бо қатъият рад мекунанд.

 

Абдуллоҳ Ғурбатӣ

 

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20220920/murofiai-dodgoii-abdullo-urbat-21-umi-sentyabr-ooz-meshavad


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима