Internews ВАО-ро ба содиқ будан ба касби худ даъват мекунад
     TJ RU EN
12:11 / 2024-12-20

Internews ВАО-ро ба содиқ будан ба касби худ даъват мекунад

Logo InternewsЗикр мешавад, ки забони адовату кина метавонад ба раванди нозуки расидан ба сулҳ зарар расонад.

“Бовар дорем, ки мардуми Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ба анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ арҷ мегузоранд, метавонанд сари як қарори ягона омада, ба низоъ хотима бахшанд ва ба сарзамини худ сулҳу амониро баргардонанд. Умедворем, ки ҷомеаи васоити ахбори оммаи кишварҳои мо ба муколама саҳм хоҳанд гузошт”.

Ин нукта дар Изҳороти дафтари Internews дар Тоҷикистон, ки дар робита ба даргириҳои фоҷеабор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нашр шудааст, баён мегардад.

Зикр мешавад, ки дар ҳолатҳои муноқиша иҷрои вазифаи касбии худ барои рӯзноманигорон бидуни ба эҳсосот дода шудан душвор аст.

“Бо вуҷуди ин, дар ин шароити душвор мо намояндагони ВАО-ро даъват менамоем, ки ба касби худ содиқ бошанд ва меъёрҳои байналмилалии журналистикаро, ки дар онҳо паҳнкунии танҳо иттилооти холисона, беғараз ва мӯътамад тақозо мешавад, сармашқи кори худ қарор диҳанд. Тарзи инъикоси вазъ дар сарҳад аз ҷониби рӯзноманигорон метавонад ба рушди воқеаҳо дар оянда таъсири калон расонад”, - омадааст дар изҳорот. Дар он ҳамчунин зикр мешавад, ки нашри маълумоти бардурӯғ ва забони адовату кина метавонад ба раванди нозуки расидан ба сулҳ зарар расонад.

“Маҳз ба ҳамин хотир ҳоло барои рӯзноманигорон ва намояндагони расонаҳои ҳарду кишвар риояи усули беғаразӣ хеле муҳим аст”, - зикр мешавад дар он.

Дафтари Internews дар Тоҷикистон инчунин ба оилаҳои қурбониёни муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон изҳори тасаллият кардааст.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20220920/internews-vao-ro-ba-sodi-budan-ba-kasbi-hud-davat-mekunad 


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима