ШУМО ҲАМРАЪЙИИ КАСБИРО ДАР ЧӢ МЕБИНЕД?
     TJ RU EN
11:42 / 2024-12-20

ШУМО ҲАМРАЪЙИИ КАСБИРО ДАР ЧӢ МЕБИНЕД?

PressconferenceАМВАОМТ ин суолро ба журналистон пешниҳод намуд.

Ёқуб Ҳалимов, журналист:
Ба бовари ман, ҳамраъйии касбӣ дар ҳимояту ҳамназар будан ба касбият, афкори солим, шуҷоат, ҳунар, адолатхоҳӣ ва сифатҳои дигари касбии якдигар хулоса мешавад. Агар бигӯям, дар ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон ҳамраъйӣ вуҷуд надорад, гапи наве нагуфтаам. Вале мехоҳам, бигӯям, ки нахуст бояд мушаххас шавад: ҳамкасби мо кист? Қонун мегӯяд, ҳар касе дар расонаҳо кор мекунад/матлаб таҳия мекунад, узви созмонҳои журналистӣ аст - журналист аст. Назария ва ахлоқи журналистӣ тарозуеро аз бояду набоядҳои зиёде муқаррар кардааст, ки бар асоси онҳо мешавад, санҷид кадом ходими ВАО/узви созмони журналистӣ журналист аст ва кадоме не.
Ҳамчунин арзишҳои рӯзноманигорие муайяну муқаррар шудаанд, ки метавонанд, маҳаки ҳамраъйӣ бошанд.

Бо назардошти ин ду масъала, мутаассифона, ман наметавонам, ҳамаи ходимони ВАО/узви созмонҳои журналистиро ҳамкасб унвон кунам ва бо онҳо, маҳсули эҷоди онҳо, афкору дидгоҳҳояшон ҳамраъй бошам.

Ардашери Пайванд, журналист:
Тавре маълум аст, пешаи рӯзноманигорӣ аз хатарноктарин касбҳои рӯйи дунёст. Агар мо ба омори ҳамасолаи озору азият, таъқиб, латукӯб ва боздошти рӯзноманигорон таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки дар кишварҳои худкомаву баста ва ҳатто пешрафтаву абарқудрат ҳамкорони мо мавриди фишор қарор мегиранд. Бинобар ин, зарурате пеш омад, ки Рӯзи ҷаҳонии ҳамраъйии касбии рӯзноманигорон ба вуҷуд биояд.
Албатта, ҳамраъйии касбӣ вокуниш ва мавзеъгирии ҷомеаи журналистӣ дар баробари ноадолатӣ ва қонуншикании доираҳои муайян дар ҳаққи рӯзноманигорон аст. Аммо мушоҳида мешавад, ки рӯзноманигорони кишвар муттаҳид нестанд ва ҳамраъйии онҳо камранг аст. Ва ҳатто фаъолияти созмонҳои журналистӣ зери суол рафтааст.

Таҳияи Рухшона Ҳакимова

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима