ҲАМРАЪЙИИ КАСБИРО ДАР ЧӢ МЕБИНЕД?
     TJ RU EN
12:29 / 2024-12-20

ҲАМРАЪЙИИ КАСБИРО ДАР ЧӢ МЕБИНЕД?

PressconferenceҲамасола 8 сентябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамраъйии журналистон таҷлил мегардад. АМВАОМТ назари журналистонро дар бораи зуҳури ҳамраъйии касбӣ пурсид.

Эмомалӣ Сайидзод, хабарнигор:
Ростӣ, ман замоне ба майдони журналистика омадам, ки ҳамрайъии касбӣ бисёр кам ба чашм мехӯрд. Аллакай журналистон худро қисмат карда буданд. Дар ҳодисаҳои ба сарашон омада на ҳамаашон аз ҳамкасби худ ҳимоят мекарданд. Аммо имрӯз ин вазъ бадтар аз ҳар замони дигар шудааст.
Ҳоло на танҳо ҳамраъйӣ кам аст, ҳатто болои захми якдигар намак низ мепошанд. Шояд журналистикаи тоҷик чунин як вазъи нанговарро то имрӯз дар хотир надошт.
Ҳамаи инро ҳодисаҳои ахири ба сари ҳамкасбони мо омада возеҳтару рушантар ба намоиш гузошт, ки ҳатто чашми кӯр ҳам онро медид. Ба маънои томаш ҳамраъйии касбӣ дар журналистикаи тоҷик тақрибан вуҷуд надорад, ба ҷузь аз чанд журналисти ҷавону собиқадор, ки нангу номус ва виҷдонашонро нафурӯхтанд.

Дилором Зокирзода, хабарнигор:
Агар посухи саволи “Оё дар ҷомеаи хабарнигории Тоҷикистон ҳамраъйӣ вуҷуд дорад?” соддаву осон бошад, пас он “на” аст, ба ин хотир, ки воқеан ҳам дар миёни журналистони тоҷик ва, ба вижа, гурӯҳҳои мухталифи рӯзноманигорон, ки аз матбуоти давлатию ғайридавлатӣ намояндагӣ мекунанд, дар робита бо ҳолатҳои бӯҳронӣ ҳеҷ гоҳ иттифоқи назар ва ваҳдати мавқеъ вуҷуд надошт. Мутаассифона, соли ҷорӣ фазои кори журналистон аз пешина ҳам маҳдудтар ва, мешавад гуфт, хатарноктар шуд: ба ширкати “Азия-Плюс” прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти интизомӣ таҳдид карданд, ки ба ҳеҷ сурат вазъ дар ВМКБ-ро пайгирӣ накунад, вагарна баста мешавад; журналистони мустақил Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ танҳо барои ҷасораташон дар саволгузорӣ ба мақомоти давлатӣ дар бораи шеваи иҷрои вазифаҳои касбиашон ва Завқибеки Саидаминиву Абдусаттор Пирмуҳаммадзода барои дифоъ аз ин ду ҳамкасбашон пушти панҷара ва дар баробари иттиҳоми “экстремизм” қарор доранд; журналистони Радиои Озодӣ дар рӯзи равшан латукӯб ва таҷҳизоти кориашон мусодира шуд, вале маълум нест, ки мақомот воқеан ҳам аз паи таҳқиқи он ҳастанд ё на... Ин танҳо чанд намунаи рӯи оби вазъи озодии матбуоти Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аст, ки, мутаассифона, бо худсарии мақомот рӯй медиҳад, вале ҷомеаи журналистон мисле ки ба даҳон об гирифтааст. Аксар созмонҳое, ки таҳти шиори ҳимоят аз матбуоту рӯзноманигорон фаъол ҳастанд, боз ҳам мутаассифона, вуҷуди худро соле яку ду бор бо тақдими ҷоизаҳои баланд ба журналистони мавриди назари мақомот хулоса мекунанду халос. Дар ҳолатҳои бӯҳронии дигар танҳо садои парокандаву ноҷӯри расонаҳои байналмилалӣ шунида мешавад, вале бояд гуфт, бо як гул баҳор намешавад. Парокандагиву ноиттифоқии журналистон дар Тоҷикистон ба манфиати онҳоест, ки пешрафти ҷомеаро намехоҳанд, ба манфиати он мақомотест, ки бидуни назардошти афкори ҷомеа ва мардум мехоҳанд даст ба худсарӣ зананд ва дар ин кор матбуоти фаъолу мустақил ба манфиати онҳо нест. Чунин ҳолат паёмадҳои хубе надорад ва ҷомеаро аз пешрафту рушд бозмедорад.

Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигор:
Ҳамрайъии касбӣ пеш аз ҳама аз эҳтироми худ ва ҳамкасбонат зуҳур меёбад. Яъне оддитарин масъала, вақте ту хабареро аз расонае мегирӣ бояд манбаи аввалро ишора кунӣ ва ба заҳмати ҳамкасбат қоил бошӣ. Дар ҳамин робита эҳтироми худ ва ҳамдигар низ дар нишастҳои матбуотӣ ва дигар ҳамоишҳо аз принсипҳои аслии ҳамрайъии касбӣ аст. Мутаассифона мо мебинем, ки дар нишастҳои матбуотӣ бештари ҳамкасбони мо проблемаҳои шахсиро мебардоранду бо чанд масъалаҳои хусусӣ вақти дигаронро мегиранд.
Масъалаи дигаре, ки махсус ишора мекунам ва мутаассифона, имрӯз дар байни рӯзноманигорон ҳаст, ин ҷудо кардани журналистони хусусӣ (ё байналмилалӣ) ба давлатӣ аст. Қазияи охири рӯзноманигорон ин масъаларо боз ҳам бармало кард ва мо шоҳид будем, ки чӣ гуна бештари ҳамкасбонамон, махсусан расонаҳои давлатӣ ва баъзе расонаҳои хусусӣ низ на танҳо аз тақдир ва қазияи онҳо бетараф буданд, ҳатто чанд саҳифаи ҳафтаномаиҳои худро бар зидди онҳо “бахшиданд”. Дар ин самт, мутаассифона, ҳамраъйии мо хело коста аст. Ин чиз сабаб шудааст ки бархе мақомот, ки дар пайи шикори журналистонанд, шердил шуда, журналитсонро ба қавле писанд намекунанд. Яъне, онҳо ба ҳадафашон расиданд: байни журналистони тоҷик тафриқа андохтанд ва ҳоло ҳукм ронда истодаанд.

Фарзона Муродӣ, хабарнигор:
Ҳамраъйии касбӣ пеш аз ҳама ба ҷо овардани эҳтироми ҳамдигар байни ҳамкасбон аст. Ба фикри мо, боз аз ҷиҳати маънавӣ ва агар зарурат пеш ояд, аз ҷиҳати моддӣ якдигарро дастгирӣ кардан аст.
Дар ин замона, ки бо ҳар васила шикаст додани журналистони касбӣ ба ҳукми анъана даромадааст, ҳамраъйии касбӣ аз ҳарвақта дида бештар зарур аст.

Таҳияи Рухшона Ҳакимова


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима