Номаи эътирозии Ҷейми Флай ба президент Эмомалӣ Раҳмон. ВИДЕО
     TJ RU EN
12:28 / 2024-12-20

Номаи эътирозии Ҷейми Флай ба президент Эмомалӣ Раҳмон. ВИДЕО

Radio OzodiҶейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО), дар номае ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “аз мавҷи нави озору азият ва талошҳо барои монеагузорӣ ба кори хабарнигорони Радиои Озодӣ” эътироз баён кардааст.

Ин паём рӯзи 31-уми август ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон расонда шуд. Вокуниши раисиҷумҳури Тоҷикистон ё дастгоҳи ӯ ба ин номаи Флай алҳол дастрас нашудааст, вале дар гузашта онҳо изҳор доштаанд, ки фазои кор барои расонаҳои ахбори ом дар Тоҷикистон боз ва озод аст.

Флай мегӯяд, баъди нооромиҳои моҳи май дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавридҳои тарс додану таъқиби журналистони Радиои Озодӣ ва аъзои оилаи онҳо аз гузашта бештар шудааст.

“Хабарнигорони Радиои Озодӣ ва “Настояшее Время” ва аъзои оилаҳои онҳо мавриди ҳамла қарор гирифта, дастгоҳҳои кории онҳо мусодира шудааст (ва мақомот барои таҳқиқ ё ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҳодисаҳо ҳеч майле нишон намедиҳанд). Онҳо мавриди таҳқири интернетӣ ва лафзӣ қарор мегиранд, барои кӯтоҳмуддат боздошт мешаванд ва бе ҳеч далеле таҳдиди боздошт мегиранд,” -- навиштааст Ҷейми Флай.

Президенти РАО/РО гуфтааст, “шеваи саркӯбгарона зидди Радиои Озодӣ, хабарнигорони мо ва аъзои оилаи онҳо ғайри қобили қабул ва комилан хилофи изҳороти қаблии Шумо ва ҳукумат дар бораи пуштибонии Тоҷикистон аз озодии матбуот аст.”

Ӯ дар муроҷиат ба президенти Тоҷикистон афзудааст: “Ҳамонгуна, ки соли 2019 дар мулоқоти Сюрих гуфта будам, Радиои Озодӣ пойбанди меъёрҳои баландтарини рӯзноманигорӣ аст ва ба хотири таҳдидҳову озори ҳукумат ба ин меъёрҳо хиёнат намекунад. Шумо он замон аз кори Радиои Озодӣ изҳори сипос карда, гуфта будед, хоҳони дар Тоҷикистон мондани Радиои Озодӣ мебошед.”

<iframe src=https://www.ozodi.org/embed/player/0/32012388.html?type=video" frameborder="0" scrolling="no" width="640" height="360" allowfullscreen></iframe>

Президенти РАО/РО аз номаи намояндагони Конгресси Амрико ёдовар шудааст, ки дар посух ба он мақомоти Тоҷикистон далел хостаанд. Номае бо факту далелҳо ба номи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин дар моҳи феврали имсол аз тарафи Ҷейми Флай фиристода шуда буд ва он ба номаи нав ба унвони президенти Тоҷикистон низ илова гардид.

Дар ин нома даҳҳо мавриди фишору таҳдид ба кормандони Радиои Озодӣ зикр шудаанд. Флай изҳори нигаронӣ мекунад, ки чунин амалкардҳо идома ва густариш ёфтаанд. Ӯ гуфтааст, “агар мақомоти Тоҷикистон аз озори журналистони мустақили мо даст набардоранд, РАО/РО маҷбур мешавад, идомаи фаъолияташро дар кишвари Шумо бознигарӣ кунад.”

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми майи имсол баъди суҳбат бо рӯзноманигору фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева, ки дертар ба гумони даст доштан дар эътирозҳо дар ВМКБ боздошт шуд, латукӯб шуда, ҷиҳози кориашон мусодира гардид.

Шоми 28-уми май марди ношиносе дар кӯчаи Лоҳутии пойтахт ба хабарнигори Радиои Озодӣ, Муллораҷаб Юсуфӣ, таҳдид кард, ки агар аризаро бозпас нагирад, бояд дар бораи саломатии аъзои хонаводааш фикр кунад.

Мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки рӯзи 7-уми июн ба таҳқиқи парванда сар карданд, вале то ҳол ҳеч посухе дар ин замина дастрас нашудааст. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода рӯзи 19-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, таҳқиқи ҳамла ба хабарнигорон зери назорати ӯст, вале ба суоли онки чаро то ҳол ҳамлаварон ошкор нашудаанд, посухи мушаххас надод. Танҳо гуфт, "ҷиноятҳое аст, ки ошкор намешаванд."

Радиои Озодӣ наздик ба 1,5 миллион муштарӣ дар Инстаграм ва қариб 1 миллиону 800 ҳазор муштарӣ дар Ютюб дорад, ки бузургтарин канали видеоӣ дар Тоҷикистон буда, манбаи асосии хабару маълумот ва роҳнамоиҳои беҳдоштӣ барои ҷамъияти зиёди муҳоҷир ва ҷавонони тоҷик ба шумор меравад.

Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, ки дар Душанбе дафтари корӣ дорад, яке аз сарчашмаҳои камшумори ахбори дақиқ дар Тоҷикистон аст. Ин расонаи мустақил бо гузоришгарӣ дар бораи мавзуъҳое, ки расонаҳои давлатӣ аз бозтоби онҳо чашм мепӯшанд, тавонистааст шумори азиме аз мухотабонро ба худ ҷазб кунад.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо такя ба шабакае аз гузоришгарони маҳаллӣ бо 26 забон барои беш аз 37 миллион нафар дар 22 кишвари ҷаҳон иттилоърасонӣ мекунад. Дар бисёре аз ин кишварҳо озодии матбуот маҳдуд аст, ё расонаҳои ҳирфаӣ ҳанӯз ба камол нарасидаанд.

Радиои Озодӣ як ширкати расонаӣ бо хатти машй ва сиёсати таҳририяи мустақил аст, ки бо кумаки молии Конгресси Амрико аз тариқи Оҷонси Амрико барои Расонаҳои Ҷаҳонӣ кор мекунад.

https://www.ozodi.org/a/32012016.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима