Қурбон Ҳакимзода: “Ба заҳмати аҳли эҷод арҷ мегузорем”
     TJ RU EN
04:56 / 2024-12-20

Қурбон Ҳакимзода: “Ба заҳмати аҳли эҷод арҷ мегузорем”

1659002890 img 6593Имрӯз, 28 июл, дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо иштироки қариб 80 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи мамлакат баргузор гардид.

Нахуст, раиси вилоят ба аҳли эҷод барои ҳамкории хубу созанда дар нимаи якуми соли ҷорӣ, пешниҳоди барномаҳо, гузоришҳо, хабару мақолаҳои таҳлилии ҷолиб, масъалагузориҳои мубрам, инъикоси дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон миннатдорӣ баён намуданд. Зикр шуд, ки дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 101,6 фоизро ташкил дода, ба буҷет 974,5 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 15,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

- Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба зиёд намудани ҳаҷми пешниҳоди қарзҳои бонкӣ, ки дар мулоқот бо фаъолони вилоят рӯзи 24 феврал қайд гардиданд, ҳамкориҳо бо тамоми бонкҳо ва идораю ташкилотҳои қарзӣ тақвият ёфта, давоми 6 моҳи соли 2022 бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодиёт 1 миллиарду 327,5 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки ба қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 121,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад, - афзуд раиси вилоят. - Ба соҳибкории истеҳсолӣ 518 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки 46,5 фоизро ташкил медиҳад. Маълумот дода шуд, ки ҷараёни иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021- 2025 таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, 368 лоиҳаро ба маблағи умумии 8,5 миллиард сомонӣ дар бар мегирад. Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ тибқи натиҷаи мониторинги иҷрои Барнома, 79 лоиҳа ба маблағи 1,7 миллиард сомонӣ иҷро гардида (20%), дар 100 лоиҳаи дигар корҳо идома дорад.

Аз ҷумла иҷрои Барнома дар лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ 9,4%, саноат 34,8%, таъминоти барқ 13,4%, хизматрасонӣ ва туризм 49,8%, нақлиёт ва роҳ 29,8%, меъморӣ ва сохтмон 32%, маориф ва илм 26,6%, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 45,5%, фарҳанг 32% ва ҳифзи муҳити зист 11,7 фоизро ташкил медиҳад. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 135,6 миллион сомонӣ (12,2%), буҷети вилоят 49,1 миллион сомонӣ (23,7%), буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 7,1 миллион сомонӣ (1,9%), соҳибкорон, шаҳрвандон ва маблағҳои худӣ 389,7 миллион сомонӣ (36%) ва сармояи дохилию хориҷӣ 1,1 миллиард сомонӣ (19,2%) иҷро гардидааст. Вобаста ба дастгирии оилаҳои камбизоат қайд гардид, ки дар ин давра 70644 оила ва шаҳрвандони камбизоат ба кумаки унвонии иҷтимоӣ фаро гирифта шуданд. Ба онҳо ба маблағи умумии 7,9 миллион сомонӣ кумакпулӣ расонида шудааст.

Барои дастгирии оилаҳои ниёзманд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулии яквақтаина ҷудо гардидааст, ки он ба оилаҳое дода мешавад, ки дорои кӯдакони то 7-солаанд. Ҳамин минвол, ба 10699 оила ба маблағи 5,3 миллион сомонӣ кумакпулӣ дода шуд ва зина ба зина дастраси оилаҳои камбизоат гардида истодааст. Дар нишасти матбуотӣ ба раиси вилоят доир ба нишондиҳандаҳои рушди саноат, аз ҷумла то соли 2026-ум чӣ теъдод коргоҳу корхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳанд шуд, савол доданд. Қайд гардид, ки тибқи нақша, давоми панҷ соли оянда дар вилоят то 700 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Танҳо дар давоми 6 моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 57 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 1050 ҷойи кор ба истифода дода шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли равон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҶДММ “Ҷунтай Данғара Син Силу”, ҶДММ “Файзи Карим” ва “Чарми Данғара” (корхонаҳои матоъбарорӣ, рангу бори матоъ, дӯзандагӣ, коркарди пашм, пӯст ва пойафзолбарорӣ), дар назди Корпоратсияи “Салтанат”-и шаҳри Левакант (корхонаҳои хиштбарорӣ, оби ҷав, нӯшобаҳо ва коркарди мева) бо таъсиси 800 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҳамзамон дар заминаи корхонаҳои мавҷудаи ҶДММ “Комбинати хонасозӣ” ва “Элдорадо”-и шаҳри Кӯлоб (3 коргоҳ: сафолакбарорӣ, сангу шағал ва сангрезабарорӣ), ҶДММ “Амири Дил” (коргоҳи равғанбарорӣ ва собунбарорӣ), дар маҷмӯъ 9 коргоҳи иловагӣ бо дарназардошти 132 ҷойи корӣ бунёд шудааст.

Саноатчиёни вилоят дар тӯли 6 моҳи соли равон ба маблағи 4 миллиарду 316 миллиону 227,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли пешин ба маблағи 635 миллиону 236,6 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро бо назардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 13,5 фоиз таъмин намуданд.

Дар посух ба саволи хабарнигорон оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди корҳои ободонӣ, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иттилоъ доданд, ки ба ҳолати 1 июни соли 2022, тибқи нақшаи пешакӣ шаҳру ноҳияҳои вилоят то соли 2026-ум бунёди 6204 иншоотро ба нақша гирифтаанд. Дар 6 моҳи сипаригашта 317 адад иншоотҳо мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Раиси вилоят бо таъкид ба ин ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноку калидии рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад, зикр намуданд, ки дар ин муддат 12 иншооти нави соҳа, аз ҷумла 2 боғчаи бачагона барои 402 кӯдак, 102 синфхона барои 4884 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди истифода қарор дода шудааст. Соли равон дар доираи амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати эълон намудани солҳои 2020- 2040, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ҷиҳати дастгирии кормандони соҳаи илму маориф, аз ҷумла олимону устодон, аспиранту докторант ва унвонҷӯёну таҳқиқотчиён барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дар самти фанну илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳаҷми 180 ҳазор сомонӣ мукофотпулии ҳавасмандсозӣ ҷудо гардид.

Аз ин иқдом 26 нафар диссертант (2 нафар доктори илм ва 24 нафар номзади илм дар соҳаи илму маориф) ва 8 нафар роҳбарони илмӣ ҳар яке ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ муокофтпулӣ гирифтанд.

Ҳамзамон, ҳамасола барои дастовардҳои шоён дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 60 нафар олимону устодони эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди вилоят, барои хониши аъло ва эҷодкору навоварӣ, 60 нафар донишҷӯёну хонандагони касбомӯзи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, инчунин 70 нафар хонандагони аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба стипендияи раиси вилоят сарфароз гардонида мешаванд. Дар заминаи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва “Илм - фурӯғи маърифат” қарорҳои раиси вилоят тасдиқ гардида, барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ғолибону устодони онҳо дар маҷмӯъ 628 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбати соли 2021-ум 216 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Барои қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмуни “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” бошад, бо қарори раиси вилоят 237 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Хабарнигорон вобаста ба тадбирҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз пайдоиш ва хуруҷи дубораи бемории сироятии COVID-19 савол доданд.

Дар посух қайд гардид, ки дар вилоят 4 маркази вирусологӣ фаъолият менамоянд, ки дар давоми шашмоҳаи аввали соли равон 17923 намунаи маводҳои биологӣ барои дарёфти барангезандаи бемории COVID-19 мавриди озмоиш қарор дода шуда, ягон нафар бо илтиҳоби шуш ба қайд гирифта нашудааст. Тазаккур бояд дод, ки соли 2022 дар заминаи озмоишгоҳи вирусологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят 1 нафар мутахассиси ҷавон курси интернатураро оид ба ташхиси бемориҳои вирусӣ бо усули ташхиси вирусологӣ гузашта, 2 нафар дар хориҷи кишвар ва 7 нафари дигар дар дохил аз такмили ихтисос гузашта, фаъолият доранд. Ҷиҳати хизматрасонии босифат 4 адад таҷҳизоти муосири ташхисии ПЦР ворид карда шуд.

Ҳоло дар маҷмӯъ дар марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Қубодиён 6 адад чунин таҷҳизотҳо ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2 беморхонаи сироятӣ ва 23 шуъбаҳои сироятӣ фаъолият намуда, дар онҳо 1469 кат барои беморони эҳтимолии сирояти нави коронавирус омода карда шудаанд. Бо ҳидоятҳои Роҳбарияти олии кишвар аз оғози маъракаи эмтаъминкунӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо дар маҷмӯъ 5259729 ваксина ба вилоят ворид гардида, ба шаҳру ноҳияҳо тақсим карда шуда, рафти эмгузаронӣ зери назорат қарор дорад.

Тибқи маълумотҳои масъулини соҳаи тандурустӣ, то ба ҳолати 29 июни соли 2022, бо вояи якум 1856461 нафар (98,7%) ва бо вояи дуюм 1773619 нафар (94,3%) бо вояи сеюм 1428630 (76,0%) ба ваксинаҳо фаро гирифта шудаанд. Дар посух ба саволи намояндагони ВАО вобаста ба дастгирии мутахассисони кордону роҳбарон аз ҳисоби бонувон дар вилояти Хатлон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд карданд, ки аз шумораи 253 ҳазору 283 нафар занҳои коргар, 13 ҳазору 861 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд. Ин рақам нисбат ба давраи ҳисоботии соли гузашта 4 ҳазору 28 нафар зиёд мебошад.

- Ҳоло 6 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9,5%), 24 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон (34,7%), 343 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо (36,4%) ва 1037 нафар вакили Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот занони фаъоли хатлонӣ мебошанд, - идома доданд раиси вилоят.

- Дар ин муддат аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон зиёда аз 9350 нафар, аз он ҷумла 5555 нафар духтарон (59,4 фоиз) ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил шуда, 2562 нафар духтарон соҳиби маълумоти олӣ гардида, ба ноҳияҳои худ барои фаъолият дар соҳаҳои гуногун баргаштанд. 252 нафар ҷавондухтарон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолияти босамар доранд. Дар идома қайд гардид, ки Пешвои муаззами миллат барои фарогирии шумораи ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат бо шуғли доимӣ ба масъулони мақомоти давлатӣ дастур додаанд. Ба иттилои раиси вилоят, давоми 6 моҳи гузашта ба мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 22835 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат карданд, ки аз онҳо 11347 нафар занон мебошанд.

Аз теъдоди умумии муроҷиаткардагон 19164 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 12803 нафар таъмин гардиданд. Инчунин, тибқи дастури Пешвои муаззами миллат барои фарогирии шумораи ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат бо шуғли доимӣ, дар ин давра 24152 ҷойи кории нав таъсис дода шуд. Аз ҷойҳои кории таъсис ва барқароршуда 10231 адад доимӣ, 6143 мавсимӣ, 7748 муваққатӣ ва иловагӣ 30 адад мебошад.

Дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ 239 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 2663 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, 3928 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 3143 нафар бо кор таъмин шуданд. Дар ин давра 4490 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, 1215 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ музди миёнаи меҳнат дар вилоят ба 1218,6 сомонӣ баробар гашт. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр намуданд, ки содироти маҳсулоти кишоварзию саноатӣ яке аз заминаҳои асосии устувории иқтисодиёт маҳсуб мегардад.

Бо дарназардошти ин, давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҳудуди вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 12407,7 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 8588,5 тонна тавассути нақлиёт, ҳавопаймо, 3819,2 тонна тариқи роҳи оҳан содирот карда шуд. Ғайр аз ин, тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилояти Суғд 50398,5 тонна пиёз содирот карда шуда, содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят дар маҷмӯъ 62588,2 тоннаро ташкил медиҳад.

Бо таъсиси истеҳсолоти нав ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ низ тамоюли афзоишӣ дошта, дар ин давра аз вилоят ба маблағи 101 миллиону 742,7 ҳазор доллар маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла 15,5 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 40,7 миллион доллар, 6,3 ҳазор тонна калобаи ришта ба маблағи 25,3 миллион доллар, 803,5 тонна матоъ ба маблағи 3,2 миллион доллар, 1275 тонна шираи камол ба маблағи 6,4 миллион доллар, 1160 тонна орд ба маблағи 496,6 ҳазор доллар, 205 ҳазору 498 тонна семент ба маблағи 6,7 миллион доллар, 370 тонна намаки ошӣ ба маблағи 5,1 ҳазор доллар, 884,8 тонна гаҷкартон ба маблағи 309,5 ҳазор доллар ва 467,5 миллион кВт/ соат неруи барқ ба маблағи 19,1 миллион доллар содирот шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмӯъ ба андозаи 36,2 миллион доллар ва ё 55,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра истеҳсоли баъзе номгӯи маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ, аз қабили банду басти равғани муҳаррикҳои автомобилӣ, масолеҳи гуногуни сохтмонӣ, матои тайёри пахтагин, трикотаж, матои рангкардашуда, либоси ҳарбӣ, тасма ва камарбанди ҳарбӣ, мизу курсиҳои филизӣ, истеҳсоли пойафзолҳои калону бачагона ва ҳарбӣ, рубероид, маҳсулотҳои чармӣ, маҳсулоти доруворӣ, зардолуи хушк ва баъзе намуди нӯшоба (квас ва оби ҷав, компот) ба роҳ монда шуд.

Пас аз саволу ҷавоб дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба як қатор рӯзноманигорони фаъоли расонаҳои хабарӣ Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ба собиқадорони матбуоти тоҷик туҳфаҳои раиси вилоят – роҳхат ба осоишгоҳ тақдим карда шуд.

Дар интиҳо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо арҷгузорӣ ба заҳмати аҳли эҷод, ба журналистон ҷиҳати иҷрои рисолати касбиашон, яъне инъикоси мунсифонаи дастовардҳои замони истиқлол ва ташаккули афкори созандаи омма, барору пирӯзӣ таманно карданд.

Н. Маъмурзода, “Хатлон”

http://khatlon-ruznoma.tj/hokimiyati-davlati/1941-urbon-akimzoda-ba-zamati-ali-jeod-ar-meguzorem.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима