Рустамов аз нишасти матбуотӣ “гурехт”. Хадамот хомӯш аст!
     TJ RU EN
11:06 / 2024-12-20

Рустамов аз нишасти матбуотӣ “гурехт”. Хадамот хомӯш аст!

rustamovРўзи 18-уми марти соли 2022 мебоист мудири шуъбаи тандурустии минтақаи Кўлоб дар вилояти Хатлон Шамсиддин Рустамов дар нишасти матбуотӣ, ки баргузории он бо имзои раиси вилоят тасдиқ шудааст, ширкат меварзид. Мутаассифона, ў “фирорӣ” шуда, бо баҳонае худро канор гирифт. Ба суолҳои бешумори рўзноманигорон муовинаш посух гуфт.

Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар минтақаи Кўлоб Табаралӣ Ёқубов дар ҳисоботаш дар шаш моҳи соли равон дар хусуси 27 номгўй санҷишҳои нақшавию ғайринақшавӣ ба таври муфассал гуфта гузашт. Аммо аз чӣ бошад, ки дар бораи ба қасами Гипократ содиқ набудани аксар табибон, коркунони миёнаи тиббӣ, тамаъҷӯии кормандони таваллудхонаҳо, набудани нархномаҳо дар аксарияти дорухонаҳо, номураттаб кор кардани бахшҳои ёрии таъҷилӣ ў ҳарфе ба забон наовард.

Хуб мешуд, ки мансабдорон ба чунин чорабиниҳои сиёсӣ ҳаматарафаю ҷиддӣ омода гарданд.

https://pressa.tj/rustamov-az-nishasti-matbuot%d3%a3-gureht-hadamot-hom%d3%afsh-ast/


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима