Таъсиси ҷоизаи давлатӣ барои журналистон
     TJ RU EN
10:37 / 2024-12-20

Таъсиси ҷоизаи давлатӣ барои журналистон

Sadoi MardumЧаро иҷрои супориши Пешвои миллат даҳ сол боз тӯл мекашад?

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигорон, кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаи матбуот бахшида ба садумин солгарди матбуоти тоҷик 10 марти соли 2012 яке аз рӯйдодҳои фараҳбахш маҳсуб мешавад.

Дар ин чорабинӣ Пешвои миллат бурдубохти бахши журналистикаро мӯшикофона ба риштаи таҳлил кашида, минҷумла гуфтанд: «Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат, матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.

Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд».

Зикр шуд, ки «ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист».

Эътироф гардида буд, ки «ҳар яке аз ин расонаҳо ба таври худ фазои иттилоотии мамлакатро пур карда, дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ҳиссаи хешро мегузоранд».

Суханони Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «матбуоти мо ба хотири муттаҳид кардани тамоми қувваҳои солими ҷомеа, пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, расидан ба ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи демократӣ, инкишоф додани иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани эътибори байналмилалии давлати тозаистиқлоли мо фаъолияти муассир нишон дод», далели таваҷҷуҳи хоса ба заҳмати аҳли қалам аст.

Дар идомаи суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки «имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки барои ҳавасмандгардонӣ ва қадр кардани заҳмати дарвоқеъ душвори рӯзноманигорон як силсила тадбирҳои судманд амалӣ карда шаванд.

Масалан, таъсис додани Ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айнӣ барои хизматҳои арзандаву шоён дар соҳаи воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ метавонад аз қабили ҳамин гуна тадбирҳо бошад».

Вобаста ба ин масъала Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки «ин ҷоиза бояд ба рӯзноманигороне супорида шавад, ки фаъолияти онҳо ба таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодии давлат ва пешрафти маънавии ҷомеа, гус­тариши арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва фарҳангии шаҳрвандон мусоидат менамояд».

Дар робита ба моҳияти ин иқдом таъкид шуд, ки «ин тадбир минбаъд обрӯи воситаҳои ахбори омма, эътибори сухан ва суханвар, масъулияти ӯро дар назди халқу Ватани азизи мо боз ҳам баланд мебардорад».

Мутаассифона, бо гузашти 10 сол супориши Пешвои миллат иҷро нашуд. Дар шароити кунунӣ, ки мафҳуми нав — «ҷанги иттилоотӣ» ё «муборизаи иттилоотӣ» хеле маъмул гашта, давлатҳо, ҳизбу созмонҳо ва гурӯҳҳои алоҳида барои пешбурди манфиатҳо ва паст задани манфиати дигарон ба муқобили ҳамдигар муборизаи иттилоотиро торафт вусъат медиҳанд, муносибати дуюмдараҷаи масъулин ба иҷрои ин супориш ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест.

Шоҳид ҳастем, ки аз ҷониби нотавонбинон бар зидди кишвар таҳоҷуми иттилоотӣ торафт шиддат гирифта истодааст. Зеро ки соҳибистиқлолӣ ва нияту нақшаҳои стратегии мо ҷиҳати рушду тараққии Тоҷикистон, инчунин сиёсати бисёрсамтаи хориҷӣ ба доираҳои муайян хуш намеоянд.

Табиист, ки дар чунин шароит масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ на танҳо барои мо аҳамияти аввалиндараҷа касб намудааст. Мутмаинам, ки масъулин, онҳое, ки иҷрои бетаъхири супориши мавриди назар вазифаи онҳост, аз зарурияту моҳияти ҷанбаҳои зикршуда огоҳанд.

Саволи матраҳ он аст, ки чаро онҳо дар иҷрои ин супориш, ки идомаи мантиқии таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба журналистон маҳсуб мешавад, саҳлангорӣ кардаанд?

https://sadoimardum.tj/i-tisod/ta-sisi-oizai-davlat-baroi-zhurnaliston/


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима