Хадамоти алоқа: «Шумораи истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ ба 4,2 миллион нафар расидааст»
     TJ RU EN
10:42 / 2024-12-20

Хадамоти алоқа: «Шумораи истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ ба 4,2 миллион нафар расидааст»

Ilhomjon AtoevДар шаш моҳи соли 2022 суръати воридшавии интернет ба ҷумҳурӣ ба 100 Гбит/сония баробар аст. Дар ин давра шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ба 4,2 миллион нафар расид, ки ин 42% аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ба намояндагони ВАО хабар дод.

«Дар давраи ҳисоботӣ Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ нақшаи корӣ таъсис дод, ки дар асоси он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ суръат ва сифати интернет баланд гардонида шуд. Аз ҷумла, аз тарафи ҶДММ Babilon-Mobaile 278 истгоҳҳои базавии замонавии 4G харидорӣ шуд, ки ин имкон дод, то сатҳу сифати интернет дар ҷумҳурӣ беҳтар гардад»,- илова кард Илҳомҷон Атоев.

Ҳамчунин мавсуф иброз дошт, ки ташаккули «ҳукумати электронӣ» дар вазорату идораҳои давлатӣ идома дошта, 50 вазорату идораҳо ба шабакаи мазкур ворид шудаанд. Барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

«Барқарорсозии «ҳукумати элктронӣ» ба таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ равона гардидааст», — тазаккур дод ӯ.

Хотиррасон мешавем, ки Консепсияи ташаккули «ҳукумати элнектронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 декабри соли 2011 қабул гардид. Тибқи он дар ҷумҳурӣ Регистри ягонаи электронии иттилоотӣ оид ба ҷараёни додани литсензия ва иҷозатномаҳо барои намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ бо номи (суроғаи) ijozat.tj, инчунин ҷиҳати нашри хабару маълумотҳо дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва хизматрасониҳои онҳо портали «ҳукумати электронӣ» бо номи (суроғаи) hukumat.tj/glav/taj таъсис дода шудааст.

https://khovar.tj/2022/07/hadamoti-alo-a-shumorai-istifodabarandagoni-internet-dar-um-ur-ba-4-2-million-nafar-rasidaast/


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима