Иштироки журналист дар мурофиаҳои судӣ, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳо…. (2)
     TJ RU EN
10:42 / 2024-12-20

Иштироки журналист дар мурофиаҳои судӣ, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳо…. (2)

JurnalistLowЧаро журналистонро ба мурофиаҳои судӣ роҳ намедиҳанд? Қонунҳои амалкунандаи дахлдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, ки хабарнигорон ва намояндагони ВАО дар мурофиаҳои судӣ иштирок карда, ҷараёни онро васоити ахбори омма инъикос намоянд. Вале, мутаассифона, зиёд ба назар мерасад, ки ҳангоми баргузории мурофиаҳо журналистонро роҳ намедиҳанд ва ё аз толори суд берун мекунанд Чаро? Зимнан вобаста ба ин мавзӯъ бо чанде аз коршиносони соҳа ва худи журналистоне, ки дар мурофиаҳо ширкат доштанд ва инчунин роҳ дода нашуданд, ҳамсуҳбат шудем:

Муҳайё Нозимова - журналисти мустақил, ки дар мурофиаҳо иштирок намудааст, аз таҷрибаҳои худ мисол овард:

- То ҷое хабар дорам, тибқи талаботи мавҷуда журналистон бояд, қабл аз ворид шудан ба толор, судяро огоҳ намоянд. Дар сурати пўшида набудани мурофиа журналистон метавонанд озодона иштирок намоянд ва судя ҳаққи рад карданро надорад. Ҳолатҳое низ мешавад, ки судя қисман ба хабарнигорон маҳдудиятҳоро аз қабили сабти видеоӣ, аудиоӣ, нагирифтани акс ва ғайра ҷорӣ намояд. Аз таҷрибаи кории худ гуфта метавонам, ки боре дар як мурофиае бо иҷозати судя ширкат варзидам. Судя қаблан аз ду ҷониб, яъне даъвогар ва ҷавобгарро пурсид, ки оё онҳо зид нестанд, ки хабарнигор дар мурофиа ширкат варзад? Ҳарчанд намедонам, ки то кадом андоза иҷозатгирӣ аз онҳо дар доираи қонун дуруст аст, вале судя фикри онҳоро ба инобат мегирад. Ба ман иҷозати иштирок карданро доданд, вале бе сабти видеоӣ. Азбаски барои ман худи раванди мурофиа аз сабти видеоӣ муҳимтар буд, иштирокамро давом додам. То ҷое медонам, тибқи қонун агар мурофиа доир ба сирри давлатӣ, шахсони ноболиғ ва ба ин монанд масъалаҳо бошад, журналистон ширкат намекунанд. Вале дар мурофиаи ҳамкасбамон Далер Шарипов журналистонро роҳ надоданд ва мурофиа бе иштироки онҳо баргузор шуд. Яъне ин ҳам вобаста ба судя аст, ки то чӣ андоза талаботи қонунро риоя мекунад.

Дар ҳамин ҳол яке аз хабарнигорони агентии иттилоотии “Азия Плюс” Мазҳаб Ҷумъа, ки ӯ низ дар мурофиаҳои судӣ зиёд ширкат кардааст ва аз раванди он хуб огаҳӣ дорад, аз мустақил набудани додгоҳу додрасон дар Тоҷикистон изҳори нигарони карда чунин гуфт:

- Аслан, мақомоти додгоҳии мо мисли дигар ниҳодҳои кишвар яке аз "махфитарин" ниҳод аст. Онҳо ба ном дафтари матбуотӣ доранд, вале он ба ягон суол посух намедиҳад. Ин ниҳод ҳатто ба дархостҳои журналистӣ посух намегардонанд, ки аз бемасъулиятии мудири дафтари матбуотӣ ва дар маҷмуъ роҳбарияти ин ниҳод дарак медиҳад. Ҳодисаи чанде пеш рухдода - боздошти раиси додгоҳи Хуҷанд ва як додраси дигари ин додгоҳ далели он аст. Мо дар рӯзҳои аввал тақрибан 10 маротиба ба дафтари матбуотии Додгоҳи Олӣ, аз Додгоҳи шаҳри Хуҷанд тасдиқ ё радди ин хабарро пурсидем посухе намедоданд, маҷбур шудем ба Додгоҳи Олӣ ва Додгоҳи Хуҷанд равем. Дар он ҷо ҳам ба мо чизе нагуфтанд. Баъди ин ба унвонии роҳбари Додгоҳи Олӣ дархости расмӣ ирсол кардем, вале то ба ҳол ба мактуби мо посух надодаанд. Дар ҳоле, ки Оҷонсии зиддифасод боздошти онҳоро тасдиқ карду раисҷумҳур онҳоро барои паст задани шаъну шарафи судя аз мақом барканор кард. Дар масъалаи ширкати журналистон дар додгоҳҳо бояд гуфт, ки мутаассифона қонунгузорӣ ширкати журналистро ба мурофиа ба ихтиёри додраси мурофиа вогузоштааст. Яъне агар ӯ хохад журналистон дар мурофиа ширкат мекунанд, агар не, намекунанд. Зимнан, дар амал мо мебинем, ки ҳатто дар хурдтарин мурофиа, ки то андозае ҷомеа ба он таваҷҷуҳ дорад, журналистон ширкат карда наметавонанд. Ёдам меояд, солҳои 2012-2013 буд, мо қариб тамоми шабро дар додгоҳи шаҳри Душанбе рӯз кардем. Тақрибан баъди зуҳр ба мо иттилоъ доданд, ки парвандаи чанде аз иштирокчиёни он, яъне роҳбар ва муовини комиссияи тафтиши парвандаҳои маъруф ба "исфарагиҳо," баргузор мешавад. Он замон ин парванда яке аз парвандаҳои пурсарусадо буд ва ҷомеа таваҷҷуҳ дошт. Вақте ба бинои Додгоҳи шаҳри Душанбе рафтем, дар аввал бо дидани мо мурофиаро ба таваққуф гузоштанд ва ҳамин тариқ тақрибан соатҳои 1-и шаб мурофиа бе ширкати мо гузаашт. Бо ҳамин баъди соати 1-и шаб ҳукми додгоҳ хонда шуд. Пас аз ин на вакили мудофеъ ва на
додситону додрас дар мавриди ҳукм бо мо сӯҳбат накарданд. Буданд ҳолатҳое, ки чун додрас аз ҳузури журналистон дар мурофиа огоҳ шуд, мурофиаро қатъ намуда, журналистонро аз мурофиа берун кард. Дур намеравем, барои мисол, қазияи ду нафар ҳамкасбамон, журналист ва блогер Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки масъалаи ба ҳабс кашида шуданашон дар паи дарҳои пушида сурат гирифт ва муҳри махфӣ зада шуд. Фикр мекунам дар парвандаҳои пурсарусадо, ки журналистон роҳ дода намешаванд, тавре худашон ишора мекунанд, «супориш аз боло» (шояд роҳбарияти додгоҳ, мақомот ё шахсияти болотар, ин ҳам дар ҳолест, ки додгоҳ дар мо ниҳоди мустақил аст ва ба тасмимгириҳои онҳо ҳеҷ кас ҳаққи дахолат карданро надорад) бошад.

Иштироки журналист дар раванди мурофиаҳои судӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои ӯро ҳуқуқшиноси Хома Ранжет Ятимов мувофиқи қонун асоснок намуд:

- Мувофиқи моддаи 19 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва моддаи 11 Кодекси мурофиавии гражданӣ парвандаҳо дар суд ба таври ошкоро муҳокима карда шуда, шаҳрвандон метавонанд дар мурофиа иштирок намоянд. Дар мурофиаи судӣ адвокат, прокурор, айбдоркунандаи давлатӣ, ҳимоячӣ, судя, котиби мурофиаи судӣ, тарафҳо ва намояндаҳову шоҳидон, ҳамчунин журналистон метавонанд иштирок кунанд. Агар мурофиаи судӣ зери дарҳои кушода ва озод бошад. журналист метавонад бевосита иштирок намуда, аз раванди он бохабар гардад. Журналист ҳатман барои гирифтани аксу навор бояд дархост пешниҳод намояд, аммо барои навиштан иҷозат дорад. Дар ин ҳолат судя бояд хоҳиши худро не, балки хоҳиши тарафҳоро ба назар гирад, ки то кадом андоза онҳо тайёранд ва розианд. Агар розӣ бошанд, иҷозат медиҳанд, розӣ набошанд, метавонад рад кунад. Ин танҳо дар ҳоле, ки мурофиаи судӣ озод бошад, яъне кушода бошад. Агар мурофиа паси дарҳои пӯшида бошад, яъне сирри давлатӣ, сирри тиҷоратӣ, бонкӣ, оилавӣ, адвокатӣ, умуман ба ягон категорияи сиррҳо вобаста бошад, дар ин ҳолат ба иштироки журналист иҷозат дода намешавад. Қонун талаб мекунад, ки танҳо ҳангоми аксу навор гирифтан иҷозати судя лозим аст, дар дигар ҳолат иштироки журналист озод мебошад. Танҳо журналист бояд ҳамчун иштирокчӣ тартиботро риоя кунад, масалан, ба раванди мурофиа халал нарасонад, бо тарафҳо сухан накунад, судя ва ё котиби мурофиаро таҳқир накунад. Журналист ҳамчун иштирокчӣ метавонад раванди мурофиаро мушоҳида намояд ва бо истифода аз қаламу қоғаз навишта гирад, вале ҳуқуқи савол доданро надорад. Дар мавриди ронда шудани журналистон ҳаминро гуфта метавонам, ки дар ҳолати озоду кушод будани мурофиаи судӣ судя ҳуқуқи роҳ надодан ва ё аз толори мурофиа берун кардани журналистро надорад.

Доир ба муайян намудани сабабҳои ба мурофиаи судӣ роҳ надодан ва берун кардани журналистон аз толори мурофиа дар амалияи фаъолияти судҳо, ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намудем. Дар посухи муовини якуми раиси Суди Олӣ Ш. Лутфуллозода, ки ба мо расид, ба ҷузъ аз овардани ду моддаи қонунгузорӣ, шарҳи дигаре нест. Яқинан дар ин ниҳод аз чунин қонуншиканӣ огоҳ нестанд ё хабар доранду барои сафед кардани ин аъмоли ҳамкоронашон асосе надоранд.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима