Мизи мудавваре, ки дар он аз омилҳои ташаккули матбуоти даврӣ гуфта шуд
     TJ RU EN
10:31 / 2024-12-20

Мизи мудавваре, ки дар он аз омилҳои ташаккули матбуоти даврӣ гуфта шуд

Javononi Tojikiston129-уми июн дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Омилҳои ташаккули матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930” доир гардид.

Дар он Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайзароб Нодирзода, директори МД “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”, Аъзамҷон Азимов, доктори илми филология, профессор, Мурод Муродӣ, доктори илми филология, профессор иштирок ва суханронӣ карданд.

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг мизи мудавварро оғоз карда, иштироки намояндагони илму фарҳанги кишварро дар чорабинӣ хайрамақдам намуд.

Номбурда дар идомаи суханронии хеш иброз дошт, ки “Дар тамоми давраҳои инкишоф матбуот рисолати азалии худ-огоҳонидани ҷомеа аз воқеаву рӯйдоди навин, шарҳу тавзеҳ ва баррасии масъалаҳои муҳим, тарғиби анъанаҳои нек, ғояҳои пешқадам, тарбияи завқи зебоипарастии мардум, ифшои камбудиҳо, мубориза бо амалҳои номатлуб ва амсоли инро иҷро намудааст”.

Мурод Муродӣ зимни баромади хеш таъкид кард, пеш аз он ки аз таърихи таъсис ва ташаккули маҷаллаҳо дар қаламрави тоҷикон ва Тоҷикистон назари иҷмолӣ намоем, зикри ин нуктаро зарур меҳисобем, ки ин масъала дар илми журналистикаи тоҷик тамонан нав нест ва омӯзиши он аз ҷониби муҳаққиқон дар контексти мавзӯъҳои гуногун мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

-Ҳамчунин дар қомусу донишномаҳо дар ин хусус маълумот пайдо кардан мумкин аст. Бо вуҷуди ин масъалаи таъсиси маҷаллаҳои тоҷикӣ ва ташаккули ин намуди табъу нашр дар низоми матбуоти даврии тоҷик ба таври маҷмӯъ мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст, - гуфт дар идома М. Муродӣ.

Дар идомаи миззи мудаввар иштирокчиёни дигар вобаста ба рушд ва нақши матбуоти даврӣ дар қарни гузашта, бахусус солҳои 1920-1930 дар мисоли маҷалла ва рӯзномаҳои кишвар маърӯза карданд.

Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории мизи мудаввари мазкур бори дигар равшанӣ андохтан, ба нақши матбуоти даврӣ ва саҳми он дар солҳои 1920-1930, инчунин ташаккулу равнақи матбуот дар ин солҳо ба ҳисоб меравад.

http://javonon.tj/news/social/mizi-mudavvare-ki-dar-on-az-omil-oi-tashakkuli-matbuoti-davr-gufta-shud/


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима