Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори тоҷик ва ҳамкори Далери Имомалӣ, ба 2 моҳ ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Дар ин бора вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов ба пайвандони ин рӯзноманигор хабар додааст.
Вакили дифоъ гуфтааст, Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар додгоҳ бори дигар иттиҳомро рад кардааст. Мақомоти тафтишотӣ ба додрас гуфтаанд, дар бораи Абдуллоҳ Ғурбатӣ "баъзе маълумотҳо" доранд. Баъди ин Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур иҷоза додааст то Абдуллоҳ Ғурбатӣ ду моҳ ба ҳабс гирифта шавад.
Мақомот Абдуллоҳ Ғурбатиро ба он муттаҳам мекунанд, ки гӯё як корманди милисаро дар бинои бахши корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур латукӯб кардааст. Иддаое ки худи Абдуллоҳ онро рад мекунад.
Додгоҳи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ бегоҳи 18 июн дар шароити мармуз баргузор шуд. Вакили дифоъ аввал гуфт, мурофиа дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор мешавад. Вале вақте наздикон ва рӯзноманигорон ба назди ин бино омаданд, маълум шуд ки аввал мурофиаи Далери Имомалӣ дар бинои Додгоҳи Шоҳмансур гузаштааст.
Бо шунидани ин хабар пайвандон ва рӯзноманигорон ба назди додгоҳ ҳозир шуданд, аммо то он вақт аллакай мурофиаи Далери Имомалӣ ба поён расида, ӯро дар мошини сиёҳшиша ба боздоштгоҳ бурданд.
Вакили дифоъ Абдураҳмон Шарипов ба нақл аз мақомот гуфт, мурофиаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ мегузарад. Пайвандони ду рӯзноманигори дастгиршуда ва ҳам хабарнигорон дубора ба назди боздоштгоҳ омаданд. Вакили дифоъ ба гуфтаи худаш барои ширкат дар мурофиа ба бинои боздоштгоҳ даромад, вале то соати 20 берун нашуд.
Дар чанд соате ки пайвандон ва рӯзноманигорон дар назди боздоштгоҳ мунтазири мурофиаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ буданд, чанд мошини сиёҳшиша аз дохили боздоштгоҳ баромада, бо суръат аз назди хабарнигорон гузаштанд. Баъзе хабарнигорон гуфтанд, онҳоро фиреб дода, мурофиаи Абдуллоҳро ҳаи дар бинои Додгоҳи Шоҳмансур гузаронданд.
Бо гузашти 4 рӯз пайвандони Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ онҳоро надидаанд. Маълум нест онҳо дар чӣ ҳоланд ва чаро масъулoн онҳоро ба пайвандон нишон намедиҳанд.
Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн аз сӯйи Додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дастгир шуданд.
Рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро ба "истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият" гумонбар донистаанд. Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷарима ва ё то ду соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Додситонӣ расман қазияро шарҳ намедиҳад.
Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) боздошти блогеру хабарнигорони тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро маҳкум карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хост, онҳоро озод кунад.
Созмон рӯзи 17-уми июн бо нашри баёнияи кӯтоҳ дар саҳифааш дар Твиттер навишт, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ маҳз барои фаъолияти хабарнигориашон таъқиб шудаанд, ки мухолифи қонунҳои Тоҷикистон ва қонунҳои байнулмилалӣ аст.
https://www.ozodi.org/a/31904802.html