Муҳимтарин хабари доғ дар ҳафтаи охир, ки рӯи ахбори созандаву рушдкунанда, андаке ранги сиёҳ кашид, ин «3 шаппотиву 1 мушт ба рӯи Далери Имомалӣ» буд. Воқеан ҳам, дар ҳафтаи пор Тоҷикистон дар меҳвари ахбори позитив қарор дошт. Бинед, барқарории риштаи дӯстии, аз ҷониби охундҳо кандашуда, бо Ирони ҳамзабон, имзои Паймон Дӯстии Абадӣ бо Ӯзбекистони ҳамсоя то чӣ андоза таккондиҳанда буданд. Ва дар ана ҳамин моваро, ба таъйиди худи ҷабрдида, кадом прокуроре 1 блогерро лату кӯб мекунад…Куҷост таълиму тарбияти сиёсиву дипломатӣ?
Ростӣ, дар умри тӯлонии журналистиям, ки реша дар даврони шӯравӣ дошту ҷанги гражданиро ҳам дар бар мегирад, бори аввал мешунавам, ки прокурор умуман одамро лат кунад! Ягон прокурор намезаду намезанад, ҳатто дар даврони шӯравӣ!!! Ин кор моли ҳалоли милиса буд, он даврон. Вале журналист мегӯяд, ки ӯро 1 прокурор задааст. Де-факто задааст вале де-юре назадааст. Зеро Далер далел надорад. Вале аз рӯи презумпция-эҳтимолияти воқеият, шояд зада бошад. Агар намезад, Далер бо ин пофишорӣ намегуфт, ки маҳз фалонӣ ӯро зад на дигарон.
Моҷаро чӣ буд? Репортажи бе таҳрири Имомалӣ аз гӯшае мавсум ба номи «Дараи Панҷшер» (нома бинанд-ууу!). Ман бо арқом ошно шудам. ЯГОН нафар иҷозатномаи бунёди хонаву ҳапвлӣ дар ин мавзеъ надорад. Маъзарат, вале Тоҷикистон шаҳри бе дарвоза нест, ки куҷое хоҳем хона созему куҷое зӯрамон расид боғу роғ. Ҳама чиз бояд дар доираи қонун бошад. Нақшаи Генплан дар ин мавзеъ барои мо-халқи Тоҷик поркҳо бунёд карданист!!! Зимнан Далери Эмомалӣ қабл аз пахши ин репорти ҳангомабарангезаш, БОЯД бо Генплан ошно мешуд. Ин ки касе нахост бо ӯ сӯҳбат кунад, баҳона шуда наметавонад. Инро ҳамчун журналисти профессионал мегӯям…
Акнун баргардем сари номи матлаб. Журналистро назанед! Вале кӣ журналист аст? Талаботи касбӣ чист? Оё ҳама афроде, ки замоне дар ин соҳа кор кардаанд, метавонанд худро журналист хондаву 1 умр чизе дилашон хост нависанду бидуни таҳрир ба сайтҳои иҷтимоӣ резанд? Сари масъалан БОЯД парлумони кишвар, созмонҳои журналистие, ки дар зери петитсияи поинӣ имзо гузоштаанд ва ҳатмани ҳатман ИЖТ андеша кунанд. Ҳоло ман назари фардии хешро баён мекунам, ки 300% бовар дорам, ба аксарият намефоранд.
Журналист кист?
-Оё нафаре, ки андоз намесупорад, маош намегирад, дар дафтарчаи кориаш мӯҳри хабарнигор надорад, ҳуҷҷати хабарнигори расмии ин ё он газета, расона, оҷонсӣ, радио, телевизион надорад, магар журналист аст?
-Критериеи касбӣ чист? Магар нафаре, ки бидуни ҳайъати таҳририя, редактор, коллективи кор, сабти ном, регистратсияи ҳатмии давлатӣ, номнависӣ дар Вазорати Адлия ва феҳристи Вазорати Фарҳанг, «дар интернет кору фаолият дорад», журналист буда метавонад?
-Нафаре, ки дар собиқ журналист буду ҳоло ҷое кор намекунад ва ё дар вазифаи дигар фаолият дорад, журналист ҳаст?
Нест! 200% инҳо журналист нестанд!!! Ин фикри фардии ман аст ва журналистоне, ки аз пушти ин касб нон мехӯранд, бояд аз касби ҳирфавии хеш ҳимоят кунанд. Нагузоранд, ки касби мо, ба касби сарикӯчагӣ бадал шавад ва журналист низ мисли бонувони «панелний» (маъзарат) номӣ гарданд.
Имрӯз, ҳама медонем, зумраи бузурге ба ин касб шомил шудаву бо тамаъҷӯӣ, шантаж, фиребу найранг, дар газетаву журналу ва ҳоло сайтҳои интернетиашон «баромадҳо» карда, аз мардуми масъул пулу мол кашида мегиранд. Медонем, ки ба журналистикаи ҳирфавӣ олудагие надоранд, вале дар чашми ҷамъият касби моро хору залилу қалил кардаанд.
Шумо ҷое прокурори мустақил, духтури мустақил, милисаи мустақил, муфаттиши мустақил ва ҳатто фарроши мустақил угнидаед? Албатта неъ! Вале аз «журналисти мустақил» кӯчаҳои интернетӣ пур…
Аҷобати кор ҳам дар ин аст, ки пуштибони ин нео-журнализм мақомоти қудратист. Вақте мақомот бо нашри навори машкук аз ҷониби Фейкҳо одамонро боздошту парвандаи ҷиноӣ мекушояд, дигар додамонро ба кӣ гӯем? Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Вазорати Адлия, ВКД, КДАМ… БОЯД расман эълон кунанд, ки Фейк ва саҳифаҳои иҷтимоии гумном ва расонаҳои оппозитсионии мустақар дар хориҷа, ВАО-и расмӣ эътироф шудаанд ё на? Агар не, пас чаро хабарҳои онҳоро пайгирӣ мекунанд? Ва агар ҳа… пас чаро онҳо дар ҷустуҷӯ ва пайгарди ҷиноӣ қарор доранд?
Ин навишта усулан ба Далери Имомалӣ дахл надорад. Ин дард, ҷароҳат, аламест, ки қазияи Далер бедораш кард. Дар зер матни пурраи Изҳороти созмонҳои хабарнигорӣ омадааст, ки аз афзоиши фишор сари журналистон ҳушдор медиҳад. Вале бори дигар мегӯям, соате фаро расидааст, ки оҷилан дар Маҷлиси Олӣ, Додситонии кулл, ВКД, ИЖТ, Кумитаи амнияти миллӣ ин мавзуъ баррасӣ ва ба ҷамъият муаррифӣ шавад, ки:
-Журналистика чист? Журналист кист???
PS: Воқеан ҳам, ҳини баррасии Изҳорот, ки дар поин нашр мешавад, газетаи мардумии СССР, ҳафтаномаи Минбари Халқ ва рӯзномаи Садои Мардум қатъан зидди ба он изофа кардани қазияи Рамзия Мирзобекова ва «Азия Плюс» буданд. Зеро онҳо ва хабарнигорони Радиои Озодӣниз хаттӣ ба ягон ниҳод муроҷиат накардаанд. Мо бештар аз Далер Имомалӣ пуштигир будем ва он ҳам баъди дидор бо ӯ дар ҳузури созмонҳои мазкур ва раиси ИЖТ-Зиннатуллоҳ Исмоилзода. Вале бо сабабҳои номаълум ва пофишории баъзе ҳамкасбон, ба таври оҷил ин Изҳорот навишта ва пахш шуд, ки бе хатову қубҳ нест. Ба хотири ҳамраъӣ мо онро нашр кардем. Мо Метавонем!
Изҳороти муштаракаи созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон дар пайи қазияҳои ахири ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон
шаҳри Душанбе, 6 июни 2022
Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон қазияҳои ахири ба сари рӯзноманигорон омада, аз ҷумла лату кӯби хабарнигори Радиои “Озодӣ” – Муллораҷаб Юсуфзода, монеъ шудан ба фаъолияти касбии хабарнигорони дигари ин расона – Барот Юсуфӣ, Анушервон Орифов, Насим Исамов (17 майи 2022) ва аз онҳо мусодира кардани телефону дастгоҳҳои наворбардорӣ, мусодираи телефону компутари хабарнигори “Азия-Плюс” Рамзия Мирзобекова (19 майи 2022) ва лату кӯб, фишору зери таҳдид пок кардани чанд матлаби рӯзноманигор ва блогнависи мустақил Далери Имомалиро аз сӯйи мақомоти гуногуни давлатӣ (4-уми июни соли 2022), маҳкум карда, изҳори нагаронӣ мекунанд.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари демкоратӣ ва ҳуқуқбунёд дар қонунгузории худ, аз ҷумла Конститутсия озодии баёнро замонат (кафолат) дода, сензура, аз ҷумла сензураи давлатиро манъ кардааст. Аз ин лиҳоз нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва блогнависон аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои дигар нораво мебошад. Ҳамчунин Тоҷикистон менеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии рӯзноманигориро ҷиноят эътироф карда, барои содир шудани он ҷазо пешбинӣ кардааст
-(Моддаи 162-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон. Дар ҳар шакле, ки набошад, монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ӯ барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зӯроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурӯғи бофтае ё фош намудани дигар маълумоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист).
Созмонҳои рӯзноманигорӣ ин гуна фишору таъқиб, лату кӯб ва монеъ шудан ба фаъолияти расонаҳо (қазияи ахири гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс”) ва рӯзноманигоронро хилофи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дониста, мутмаинанд, ки ин кор аз сӯйи мақомоти давлатӣ боиси паст шудани обрӯйи байналмилалии Тоҷикистон ва раҳбарии сиёсии он дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мешавад.
Созмонҳои рӯзноманигорӣ қазияҳои вақтҳои ахирро фишор ба озодии баён ва расонаҳову рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ҳамчун меъёри конститутсионӣ дониста, идомаи ёфтани онро ба зарари ҷомеаи Тоҷикистон медонад. Хусусан дар шароити имрӯзи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумлаи вазъи сиёсӣ ва минтақаи геополиктии Тоҷикистон эҷоди беэътимодӣ дар миёни ҷомеаи рӯзноманигорӣ хилофи манфиатҳои Тоҷикистон аст. Талоши ҳамаи қишрҳо бояд барои иттиҳод ва ҳамбастагии ҳамаи ниҳоду бахшҳо, аз ҷумла расонаҳо ва рӯзноманигорон дар ҳифзи фазои иттилотӣ ба манфиати сулҳу субот ва рушди устувори кишварамон бошад.
Созмонҳои рӯзноманигорӣ бар инанд, ки озодии баён арзиши беназир аст ва набояд таҳти ҳодисаҳо ва баҳонаҳои дигар ба фаъолияти расонаҳо ва рӯзноманигорон монеъгузорӣ шавад ва танзими ҳуқуқии он бояд танҳо дар доираи қонун ва бо риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва назокатҳои ахлоқиву инсониву миллӣ сурат бигирад.
Бо нашри ин изҳороти муштарак ва баёни нигаронӣ аз вазъи баамаломада, созмонҳои рӯзноманоманигорӣ зарур медонанд, ки:
1. Фишору таҳдид ва таъқибу лату кӯби журналистон дар Тоҷикистон бас карда шавад;
2. Мақомот, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қонунгузории кишварро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма риоя кунанд ва ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд;
3. Омилони нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон, аз ҷумла Муллораҷаб Юсуфзода ва Далери Имомалӣ пайдо ва мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд;
4. Қазияҳои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии рӯзноманигорон аз сӯйи мақомоти зидахл мӯшикофона таҳқиқ ва омилони ин аъмол мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Мақомоти давлатӣ бояд ба ин гуна қазияҳо ҷиддӣ бархӯрд кунанд ва омилони онро пайдо ва барои ҷомеа муаррифӣ кунанд.
Ҳамзамон, мо ба ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва рӯзноманигорон тавсия медиҳем, ки бо дарки манфиатҳои миллии Тоҷикистон, авзои минтақа ва ҷаҳон, дар доираи қонунгузории кишвар ва меъёру стандартҳои касбиву ахлоқӣ кори худро роҳандозӣ кунанд ва ҳамчун қишри пешсафи фарҳангиву қонунписанди ҷомеаи шаҳрвандӣ шаҳомати ҳирфаӣ ба намоиш бигузоранд.
1. Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон
2. Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон
3. Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон
4. Созмони ҷамъиятии “Хома”
5. Созмони ҷамъиятии “Машварати расонавӣ”
6. Медиа Алянси Тоҷикистон
7. Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”
8. Рӯзномаи “Садои мардум”
9. Ҳафтаномаи “СССР”
10. Ҳафтаномаи “Минбари халқ”
11. Ҳафтаномаи "Тоҷикистон"
http://cccp.tj/tj/component/k2/item/9021-jurnalistro-nazaned.html