БОЗ ЯК СОМОНАИ ХАБАРӢ ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН БО НОМИ “ОЙИНА” БА МАЙДОН ОМАД
     TJ RU EN
04:29 / 2024-11-16

БОЗ ЯК СОМОНАИ ХАБАРӢ ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН БО НОМИ “ОЙИНА” БА МАЙДОН ОМАД

АИ ОйинаРӯзи 3 май, дар Рӯзи байналмиллии озодии матбуот, дар Интернет як сомонаи ҷадиди хабарию таҳлилии тоҷикӣ бо номи “Ойина” рӯи кор омад. Ин сомона дар Интернет дар суроғаи https://oiina.org/ дастрас аст ва ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ матлаб нашр мекунад.

Сомонаи “Ойина” аз ҷониби Абдуллоҳ Тӯраев, як фаъоли тоҷики муқими Аврупо ва ҳамфикронаш таъсис ёфта, таҳти шиори “Мазҳаби зиндадилон хоби парешонӣ нест” вориди майдон шудааст.

Дар муаррифиномаи сомона гуфта мешавад, ки “сайти “Ойина” як пойгоҳи таҳлилии мустақил аст” ва “ин торнамо ба ҳич гурӯҳи сиёсии расмӣ ё ғайрирасмӣ, муҷоз ё ғайримуҷоз дар Тоҷикистон ва ё берун аз он робита ва ҳамкорие надорад”.

Асосгузорони “Ойина” мегӯянд, ин сомона пурра аз ҳисоби ҳайати эҷодӣ сармоягузорӣ мешавад ва омода аст, тамоми матолиберо, ки бидуни ғараз ва бар асоси далоил иншо шуда, шаъну шарафи касеро паст намезананд, касеро туҳмат намекунанд, мунташир намояд. “Ойина” ҳамчунин ваъда додааст, матолиберо ҳам, ки бо мавқеи нашрия созгор набошанд, нашр кунад.

Зуҳури боз як пойгоҳи хабарӣ пиромуни ҳаводиси Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар дар ҳолест, ки созмони “Хабарнигорони бидуни марз” дар гузориши солонааш, ки рӯзи 3 май нашр шуд, гуфт, “шумори ҳарчӣ бештари журналистон тарки Тоҷикистон мекунанд. Онҳое, ки дар кишвар боқӣ мемонанд, даст ба худсонсурӣ мезананд. Фишорҳои ҳукумат шумори зиёди расонаҳои мустақил, аз ҷумла рӯзномаи “Озодагон” ва сомонаи “Ахбор”ро водор кард, ки баста шавад ва даҳҳо журналистро маҷбур ба тарки кишвар кардааст. Доим масдуд кардани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоии умда бисёре аз расонаҳои Тоҷикистонро маҷбур кардааст, ки фаъолияти худро дар хориҷ ба роҳ бигузоранд”.

Бо вуҷуди интиқодҳо аз вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон, “Хабарнигорони бидуни марз” дар раддабандии имсолааш Тоҷикистонро аз лиҳози сатҳи озодии матбуот дар байни 180 кишвар дар мавқеи 152-юм гузоштааст. Ин 10 зина болотар аз мавқеи як сол пеши ин кишвар дар раддабандии “Хабарнигорони бидуни марз” аст.

https://www.bomdod.com/2022/05/04/boz-jak-somonai-habari-dar-borai-tojikiston-bo-nomi-ojina-ba-majdon-omad/


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима