Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders), қароргоҳаш дар Париж, рӯзи 3-юми май гузориши нави худро дар бораи вазъи озодии баён дар ҷаҳон нашр кард.
ТАЪСИРИ ҶАНГИ РУСИЯ БА УКРАИНА
Бино ба он, ҷанги Русия дар Украина кори хабарнигоронро дар ҷаҳон сахту мушкил кардааст. Ин созмони байнулмилалии мудофеи ҳуқуқи рӯзноманигорон таъсири ҷанги бедалели Русияро ба Украина ба вазъи озодии матбуот дар минтақа вайронгарона хонд.
Дар давоми як моҳи аввали ҳамлаи Русия ба Украина ҳудуди панҷ рӯзноманигор ва кормандони расонаҳо ба ҳалокат расиданд.
Муаллифони шохиси нави озодии матбуот мегӯянд, бар илова, сензура ё саркӯби расонаҳову паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ дар сатҳе аст, ки аз замони Шӯравӣ ба ин сӯ дида нашудааст.
Дар гузориш гуфта шудааст, низомиёни Русия барои амалӣ кардани ҳадафҳои худ аз манбаъҳои хабарии қаламравҳои зери итоаташон истифода бурда, расонаҳои маҳаллиро ба ҳамкорӣ маҷбур кардаанд.
Дар шохиси имсолаи озодии матбуот, Русия аз нигоҳи вазъи озодии баён панҷ зина бад шуда, дар миёни 180 кишвар дар ҷойи 155-ум қарор гирифтааст. Муаллифони гузориш мегӯянд, “дар Русия ҳукумат назорати хабару маълумотро зери назорати худ гирифта, сензураи сахт ҷорӣ кардааст. Расонаҳо дар ин кишвар баста шуда, журналистон таъқиб ва ба тарки кишвар водор мешаванд.”
ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Тибқи ин гузориш, кишварҳои Осиёи Марказӣ расонаҳоро зери фишор қарор додаанд, то монеи бозтоби «бетарафона»-и ҷанги Русия дар Украина шаванд.
Дар Туркманистон, ки дар мақоми 177-уми ин ҷадвал қарор дорад ва яке аз бастатарин кишварҳои дунё буда, ҳамеша дар қаъри шохис қарор дорад, матбуот аз сӯи давлат назорат мешавад ва хабарҳои вобаста ба ҷанг "нодида" гирифта мешавад. Дар ин ҷадвал вазъи озодии матбуот дар Туркманистон "ниҳоят нигаронкунанда" гуфта шудааст.
Қазоқистон дар ҷойи 122 ва Узбекистон дар ҷойи 133 ҳастанд ва вазъи озодии матбуот дар ин кишварҳо “душвор” арзёбӣ шудааст.
ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон дар радабандии нави озодии матбуот дар ҷаҳон ҷойгоҳи худро даҳ зина беҳтар карда, ҳарчанд аз қатори давлатҳои мавриди нигаронии ҷиддӣ берун омад, дар қатори кишварҳои вазъашон душвор монд. Тоҷикистон имсол дар миёни 180 кишвар дар мақоми 152-юм аст. Соли гузашта дар ҷойи 162-юм буд.
Ҳомиёни ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон мегӯянд, арзёбӣ нисбӣ аст, чун дар як соли охир дар кишвар ҳеч хабарнигоре латукӯб, зиндонӣ ё кушта нашудааст, вале мушкилҳои дигар мондаанд.
Ба қавли Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, “журналистика ба иҷрои рисолати худ дар Тоҷикистон ҳанӯз муваффақ нашудааст. Мо наметавонем дар бораи таҳқиқоте, ки дархури ҷомеа бошад, суҳбат кунем. Мо наметаовнем гӯем, ки дар Тоҷикистон дар 5 соли охир чанд расонаи нав ба миён омад ва ба чӣ муваффақ шуд. Албатта, чанд сомонаи нав пайдо шуданд, аммо ба он дараҷае, ки мо ифтихор кунем, фаъолият надоранд."
Солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён ва бастани расонаҳои мустақил танқид мекунанд. Мақомот, баръакс, бовар доранд, ки даҳҳо рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радио фаъоланду касе монеи сухани ҳақ нест.
Ба гузориши Хабарнигорони Бидуни Марз, Тоҷикистон дар бисту як соли охир дар миёни 180 давлат ҳаргиз ба сӯи кишварҳои озод ҳаракат накарда, балки бештар ба тарафи кишварҳои баставу худкома “давидааст”. Ин вазъ пас аз соли 2015 бадтар шудааст.
АЗ КИШВАРҲОИ СОБИҚИ ШӮРАВӢ ТО АВРУПО
Беларус дар қатори 153, Озарбойҷон 154, Афғонистон 156, Покистон 157, Чин 175 ва Эрон 178 ҷой гирифта, вазъашон “ниҳоят нигаронкунанда” мебошад.
Кишвари аврупоии Норвегия дар садри шохиси ҷаҳонии озодии матбуот мондааст, вале дар Аврупо баъзе дигаргуниҳо рӯй додаанд.
Дар ҳоле ки Эстония ва Латвия, ду кишвари собиқи коммунистӣ, дар даҳгонаи беҳтарин ҳастанд, Ҳолланд дар ҷойи 28, Юнон дар зинаи 108 ва Булғористон дар мақоми 91-ум қарор гирифтаанд.
https://www.ozodi.org/a/31832018.html