Дар ВАО – и Точикистон инъикоси кадом мавзуъхо мушкил аст?
«Хатти кирмиз» барои журналисти точик кучост?
Ба фикри ман инъикоси мавзӯъҳои мушкил барои журналистони мо масъалаҳои марбут ба марз, мушкилоти соҳаи ҳарбӣ ва иштирок дар мурофиаҳои кушодаи судӣ аст.
Имрӯз дар матбуоти чопи жанри очерки судӣ аз байн рафтааст. Чунки судияҳо ва додситонҳо вакте огоҳ шуданд, ки журналист дар мурофияи суди иштирок кардан мехохад, мурофиаро ба рӯзи дигар мемонанд.
Дар масъалаҳои марзӣ, ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир байни кишвари мо ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба вучуд меояд, бори дигар собит месозад, ки мо ба иттиллоъ дастрасӣ надорем. Вақте сарбозони моро тирборон карда мекушанд, мақомоти вилоят кӯшиш мекунанд ҳамагӣ бигӯяд, ки: «…воҳима накунед…, ҳама ҷо тинҷию оромӣ…»
Дар масъалаҳои ҷалби ҷавонон ба Сафи қувваҳои мусаллаҳ дунё медонад, ки "сарбозшикор" – е, ки дар Тоҷикистони аст, дар ягон гушаи олам нест. Сабаби ин падидаи шармандасоз риоя нашудани баробарӣ аст. Вақте фарзандони ашхоси курсинишин ҳарбӣ намераванду донишҷуву духтуру муаллими камбизоат аз ҷойи кору ҷойи зисташ шикор мешавад, корманди ВАО мехоҳад қазияро пайгирӣ кунад. Аммо дари даҳҳо мақомотро кӯфта ба ғайри "хизмат ба ватан қарзи шаҳрвандист" ҷавоби дигаре намегирад. Ин аст хатти кирмиз» барои журналисти точик!
Фарзона Муроди
Рузноманигор