ҶИЛАВИ ФЕЙКҲОРО КИ МЕКАШАД?
     TJ RU EN
04:54 / 2024-11-16

ҶИЛАВИ ФЕЙКҲОРО КИ МЕКАШАД?

Соцсети-minПешниҳод ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда

Дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз то рӯз шадидтар мешавад, таъмини амнияти иттилоотӣ хеле муҳим мебошад. Равшан аст, ки дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилонаву фаврӣ истифода бурдан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд.

Мутаассифона, дар баробари дигар навгониҳо ба ин майдон «фейкҳо» ворид шуда, аз имкониятҳои мавҷуда муғризона истифода карда истодаанд. Торафт маъмул гардидани ин раванд ҳифзи фазои иттилоотонии ҷомеа ва шахсони алоҳида, раванди дурусту қонунии бо он таъмин кардани аҳолиро зери суол мебарад.

Дар дигар давлатҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия 1 қатор қонунҳоро, ки ба ҷарима, масдуд кардани «фейк­ҳо» ё хабарҳои дурӯғин дар матбуот ва ҳамчунин беҳурматӣ ба мақомоти давлатӣ дар интернет рабт доранд, мавриди амал қарор доранд. Тибқи муқаррароти онҳо, «фейкҳо» ё хабарҳои ғайриқобили эътимод, инчунин дар интернет воқеӣ ҷилва додани хабарҳоеро, ки «барои ҳаёти инсон, сиҳатии шаҳрвандон, дороии онҳо, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ таҳдид эҷод мекунанд, мамнӯъ аст. Нашри шарҳҳое, ки моҳиятан беҳурматӣ ба мақомот аст, «авбошии кӯчак» арзёбӣ хоҳад шуд. Ҷолиб ва муҳим он аст, ки ба васоити ахбор, ки расман сабти ном шудаанд, имкон дода мешавад, ки «хабари тақаллубӣ»-ро дарҳол ҳазф кунанд ва аз ҷарима халос шаванд.

Арзандаи арҷгузорист, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 5 ноябри соли 2003 «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба тасвиб расид. Ҳамон сол дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Қонунҳои минбаъд қабулшуда - «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи имзои электронӣ», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» маҳз ба амнияти иттилоотии давлат ва ҳифзи маълумоти шахсии шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо бахшида шудаанд. Мутаассифона, дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии зикршуда муқаррарот бобати ноком намудани фейкҳо мавҷуд набуда, тавсеа ёфтани фаъолияти ин қабил ба омили мазкур рабт дорад.

Ин бахтбаргаштаҳо муқаррароти моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки роҳ надодан ба суиистифода аз озодии сухан ва ҷавобгарии воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншавандаро пешбинӣ намудааст, ба як фулус намегиранд. Вале набудани муқаррароти дахлдор дар қонунгузорӣ “даст”-и масъулинро вобаста ба чораандешӣ нисбат ба онҳо “кутоҳ” кардааст.

Субъектони ҳуқуқэҷодкунандаи мамлакат зимни фаъолият аз таҷрибаи ҳамтоёни хориҷии хеш истифода мекунанд. Бо дарназардошти муҳимият, пайравӣ намудани онҳоро ба иқдоми мавриди назар бамаврид меҳисобем. Ба ибораи дигар, лаҷоми ин тоифаро бояд кашид, вагарна доман паҳн намудани ин равияи ба ноҷавонмардӣ асосёфта ногузир ва пайомади ногувор хоҳад дошт.

http://cccp.tj/tj/farhang/item/8908-jilavi-feikhoro-ki-mekashad.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима