Озодии хабарнигори тоҷик баъди 8 соли зиндон
     TJ RU EN
04:23 / 2024-11-16

Озодии хабарнигори тоҷик баъди 8 соли зиндон

Mahmadjusuf Ismoilov2Хабарнигори зиндонии тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов аз зиндони шаҳри Хуҷанд озод шудааст. Ӯро, ки ҳукми 11-солаи зиндонашро адо кард, гуруҳе аз хешовандонаш пешвоз гирифтаанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хуҷанд гуфтааст, ки вазъи сиҳатӣ ва равонии Муҳаммадюсуф Исмоилов хуб ба назар мерасид ва ӯ гуфтааст, ки дар умум 8 солу 10 моҳро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки бар асоси қонунҳои афве, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон қабул карданд, аз ҳукми зиндони хабарнигор чанд сол коста шуд, вале ӯ ҳақ надорад то се соли оянда ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул шавад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аз хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ сипосгузор аст, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи ӯ садо баланд мекарданд.

Бояд гуфт, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов дар гузашта дар ҳафтаномаи “Нури зиндагӣ” ва чанд нашрияи дигар кор кардааст. Соли 2011 ӯро барои нашри мақолаи интиқодие бо номи «Ашт валангор мегардад» бо иттиҳоми “таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» боздошт карданд ва 11 моҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ доштанд. Бо талоши созмонҳои журналистӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ журналист озод шуд, аммо ду сол баъд Муҳаммадюсуф Исмоиловро рӯзи 24-уми июни соли 2013 дигарбора бо иттиҳоми “тамаъҷӯӣ” дастгир карданд. Муфаттишон гуфтанд, ки ӯ ба як зане таҳдид кардааст, ки агар “ҳаққи хомӯшии ӯро” напардозад, маълумоти маҳрамонаеро дар борааш фош мекунад.

Мақомот гуфтанд, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ боздошт шуд. Додгоҳ ӯро барои ин гуноҳ ба 11 соли зиндон маҳкум кард, ки созмонҳои ҳомии озодии матбуот онро ҳукми сангин унвон карданд.

https://pressa.tj/news_tj/ozodii-habarnigori-to%d2%b7ik-badi-8-soli-zindon/


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима