“Шакаргуфта”-ҳои мансабдорони тоҷик
     TJ RU EN
03:52 / 2024-12-20

“Шакаргуфта”-ҳои мансабдорони тоҷик

Шакаргуфтахо-min

1. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ: “Ҷалби магистрон ва аспирантон ба хидмати ҳарбӣ талаботи рӯз аст.”

2. Намояндаи ширкати “Сомон-Эйр”, Қосим Вализода: “Дар нақша дорем, ки аз моҳи марти соли ҷорӣ ба мусофироне, ки беш аз се соат парвоз доранд, хӯроки гарм диҳем.”

3. Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон, Холмурод Раҳмон: “Муйи сарам сафед шавад ҳам, сокинонро бо об таъмин мекунам.”

4. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, Нуриддин Саид: “Мо на ҳар иттилоъ дар бораи ҳаводиси марзиро нашр мекунем.”

5. Раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон, Маҳмадсаид Зувайдзода: “Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ» соли ҷорӣ “точно” ба истифода дода мешавад.”

6. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода: “Аз бурдани магистрону донишҷӯён ба хидмати ҳарбӣ фоҷеа насозед.”

7. Вазири адлияи Тоҷикистон, Музаффар Ашӯриён: “Дар бисёр маврид талоқҳо аз он сабаб рух медиҳанд, ки ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ омода нестанд. Инчунин ҳангоми издивоҷ бисёр ҷуфтҳо ҳамдигарро ба қадри кофӣ намешиносанд.”

8. Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, Шералӣ Кабир: “Дар ИДМ Тоҷикистон аз рӯи суръати афзоиши саноат пешсаф аст.”

9. Муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳом Атоев: “Дар бархе аз минтақаҳои кишвар соҳаи сохтмон дар ҳоли рушди босуръат қарор дошта, биноҳои баландошёна сохта мешаванд, ки дар қитъаҳои ҷудогона баъзан ба суръати интернет халал эҷод мекунанд.”

10. Вазири энергетика, Далер Ҷумъа: “Дар соли 2021 ҳаҷми содироти энергияи барқ дар умум 2 млрд. 439,2 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020, 911,6 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 159,6 % -ро дар бар мегирад. Неруи барқ асосан ба Афғонистон 1 млрд 213,1 млн. кВт. соат ба маблағи 612,2 млн. сомонӣ ва ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1 млрд. 145,7 млн. кВт. соат ба маблағи 259,4 млн. сомонӣ содирот карда шуд.”

11. Раиси ширкати “Барқи тоҷик”, Маҳмадумар Асозода: “Ширкати барқи “Бришно”-и Афғонистон аз ширкати “Барқи тоҷик” 33 миллион доллари амрикоӣ қарздор аст.”

12. Муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳом Атоев дар бораи беинтернетии Бадахшон: “Техникаи иттилоотие, ки бар зарари Тоҷикистон аст, барои мо даркор нест.”

13. Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода дар мавриди дастурамали либосҳои тавсиявии мардон дар Тоҷикистон: “Баъди пурра мавриди баррасӣ қарор гирифтани дастурамали мазкур, мо ба ВАО иттилоъ хоҳем дод. Айни ҳол корбарӣ рафта истодааст.”

14. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, Абдулло Раҳмонзода: “Дар ҷомеи озод зиндагӣ мекунем, ҳамаро ба дискотека, ё ҳамаро ба масҷид бурда намешавад. Хоҳӣ масҷид рав, хоҳӣ дискотека, хоҳӣ китобхона, хоҳӣ тарабхона. Ҳукумат шароит фароҳам овардаст.”

15. Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода: “Таваллуд дар Тоҷикистон ройгон аст.”

https://farazh.tj/sahifai-asosy/hukumat/shakargufta-hoi-mansabdoroni-tojik/


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима