“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН” ВА 92 СОЛИ ПУРИФТИХОРИ ОН
     TJ RU EN
07:47 / 2024-11-16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН” ВА 92 СОЛИ ПУРИФТИХОРИ ОН


ЧавТоч-min

05 апрел аз таъсиси аввалин ва ягона минбари ҷавонони кишвар – рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” 92 сол пур мешавад. Ва мо дар арафаи таҷлили солгарди рӯзнома аз таърихчаи кӯтоҳи рӯзнома ва муваффақиятҳои як соли охири кормандони ин боргоҳи муқаддас хостем барои хонандагони худ як маълумоти мухтасар пешкаш кунем.

ТАЪРИХИ ПУРИФТИХОР
“Ҷавонони Тоҷикистон”. Ин ном 92 сол аст, ки дар фазои иттилоотии кишвари маҳбуби мо ҳамчун намунаи олии як расонаи миллӣ, як мактаби тарбияи рӯзноманигорон, як даргоҳи умед ва як минбари бонуфузу ягона ошност. Дар фароварди ин солҳо “Ҷавонони Тоҷикистон” дар ҳама ҷанбаҳои фаъолият рисолатеро, ки бар дӯш дошт, тавонист бо хубӣ ба анҷом расонад ва то имрӯз як улгу барои наслҳои нави журналистӣ боқӣ монад. Он аз давраҳои аввали пайдоиш маҷрои бас ноҳамвор роҳи пуршебу фарозеро тай намудаву аз нахустин рӯзҳои таъсисёбӣ то ба ҳол пешгӯ будану пешсаф истодан ва аз ин ҳам амиқтар пештозиро маслаки хеш қарор додааст.
Хизмати ин рӯзнома натанҳо бояд аз нигоҳи хабаррасонӣ ва таҳлили воқеиятҳои давр, ки бо ин шева рисолати як расона хулоса мешавад, баҳогузорӣ карда шавад, балки мебояд аз дигар зовия низ ба “Ҷавонони Тоҷикистон” баҳо дод. Аз таҳлилҳо, мутолиаи шумораҳои солҳои қабл ва суҳбат бо собиқадорони матбуот инҷониб ба чунин хулоса омадаам, ки дар бедории фикрӣ ва ҷунбишу ҳаракатҳои миллӣ ин ҷарида нақшеро бозидааст, ки шояд як институти иҷтимоӣ ба танҳоӣ натавонад чунин муваффақ бошад. Ба маънои имрӯзиаш як рӯзнома, ки барои насли нави журналистӣ шояд чандон пураҳамият ва қобили мулоҳиза ҳам набошад, замоне ҳукуматдорони империяи бузурги шӯравиро ба зону менишонд. Собиқадорони матбуоти тоҷик ба хубӣ дар ёд доранд, ки дар авохири солҳои 80-и асри гузашта фиристодаҳои Маскав ба чӣ тарзе ҳамагӣ бо як расонаи ҷавонони як кишвари иттифоқӣ мубориза мебурданд.
Як рисолати дигари ин нашрия, ки дар дарозои таърихи мавҷудияташ то кунун бар дӯш дорад, тарбия ва роҳнамоии наслҳои нави рӯзноманигорон аст. Маҳз рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” буд, ки дар ҳама гуна шароит ба навқаламон ва ояндагони аҳли зиё ва фарҳанги кишвар ҳамеша минбар медод. Ин ҷарида воқеан ҳам дар тарбия ва ба камолрасонии на танҳо як алломаву академик, як нависандаву шоир, як рӯзноманигору коршинос ва як филмсозу санъаткор, балки бисёре аз шахсиятҳои бузурги фарҳангии кишвар нақши бориз дорад. Он мактабест, ки чанд насли адибону рӯзноманигорони кишварро ба пояи камолот расонидаву ба қавли бисёре аз устодон ном ва нон додааст. Ба бисёри эшон аввалин маротиба чӣ будани лавҳу қаламро омӯхтааст. Чӣ будани касб ва касбиятро таълим додааст. Ва пешқадамиву собитқадам буданро дар ҳар пешае ба эшон шиор кардааст.
Пас аз соҳибистиқлолӣ низ, ки саҳми ин ҷарида дар бадастомадани он андак нест, бо вуҷуди мушкилоти сангини иқтисодиву иҷтимоӣ тавонист мавқеи худро ҳамчун як расонаи миллӣ ҳифзу нигаҳдорӣ кунад. Маводҳои пурсарусадое, ки дар давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ин нашрия бо зевари нашр ороста шудаанд, бозгӯи суханҳои болоаст. Ин ҳама аз таърихе ҳикоят мекунад, ки барои ҳар як корманди имрӯзи ин нашрия бояд ифтихор бошад.

ИМРӮЗИ “ҶАВОНОН...”
“Ҷавонони Тоҷикистон” имрӯзҳо низ чуноне, ки дар боло зикр гардид, он рисолат ва вазоифи таърихиеро, ки дошт ба таври бояд ба анҷом расонида истодааст. Ҳамарӯза рафтуомади даҳҳо донишомӯзони риштаи рӯзноманигорӣ ба идораи рӯзнома, барои чоп пешкаш гардидани садҳо мақолаҳои мубрами олимону донишмандони варзида ва муҳимтар аз ҳама зангҳову паёмакҳои хонандагон далели он аст, ки имрӯз низ барои қишрҳои гуногуни ҷомеа “Ҷавонони Тоҷикистон” боргоҳи умед аст. Ҷои баҳс надорад, ки кормандони имрӯзии мо дар бештар ҳолатҳо мавзӯъҳоеро мавриди баҳс қарор медиҳанд, ки баъзе расонаҳо бо сабабҳои ба худашон хос аз баррасии он истиҳола мекунанд.
Дар мавриди навовариҳои техникӣ бошад, “Ҷавонони Тоҷикистон” аз муваффақтарин расонаҳои сатҳи ҷумҳуриявист. Дар баробари он ки дар мамолики Осиёи марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон самонаҳои интернетӣ арзи вуҷуд карданд, “Ҷавонони Тоҷикистон” аз аввалин расонаҳое буд, ки сомонаи интернетии худ-ро ба қайд гирифт. Сипас бо он ки шабакаи иҷтимоии “Ютуб” миёни расонаҳои ватанӣ шуҳрат пайдо кард, дар соли сипаришуда таҳти унвони javonontv бахши ютубии наш-рия кори худро оғоз кард. Дар ин бахш мутобиқ ба завқи алоқамандон наворҳои ҷолибу диданӣ ва тарбиявӣ омодаву пешкаш мегардад. Дар як соли охир зери 200 маводи видеоӣ дар ин бахш пешкаши аудитория гардидааст.
Бояд хотирнишон кард, ки рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар баробари иттилоърасонӣ, дар чанд сол инчунин ҷиҳати ҷалб кардани аҳли қалам ва пайвастагии иртиботи онҳо бо нашрияҳо ба ташкили озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар самтҳои гуногун иқдом карда истодааст. Ба муносибати эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Рушди солҳои деҳот, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ” муассиса озмуни ҷумҳуриявиро зери номи “Тоҷикистон баҳри ман аз деҳи ман сар мешавад” дар сатҳи баланд доир ва ҷамъбаст намуд. Яке аз охирин озмунҳое, ки дар сатҳи бениҳоят баланд ҷараён гирифтаву ҷамъбаст гардид, озмуни “Душанбе – ганҷе дар қалби Осиё” буд, ки ба муносибати пойтахти фарҳангии ИДМ интихоб шудани шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор гашт. Дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи озмун таҳти унвони “Душанбе - ганҷе дар қалби Осиё” маҷмӯи мақолаҳои ба озмун пешниҳодшуда ба табъ расид, ки дар он мақолаҳои олимон, сиёсатмадорон, журналистони касбӣ, донишҷӯён ва умуман аҳли зиёи кишвар гирдоварӣ шудааст.

ДАСТОВАРДҲОИ МО
Бо ба инобат гирифтани мавқеъгириҳои рӯзнома ва хизматҳои аҳли қалами он давоми як соли охир нашрия бо чандин сипосномаву ифтихорнома ва дипломҳо қадр гардид.
Ифтихорномаву сипоснома ва раҳматномаҳои Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи воситаҳои ахбори омма, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷумлаи дастовардҳои як соли охири нашрия буд.
Рӯзи 11 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки бахшида ба Рӯзи матбуот чорабинии идона доир гардид, якчанд корманди рӯзнома бо мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, Шодихони Назар – сармуҳаррири рӯзнома бо нишони “Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон”, кормандони рӯзнома - Нуруллоҳи Ориф бо нишони “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, Сайёраи Қиёмиддин, Наҷиба Муродбекова ва Гулбаҳор Раҳмонова бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг, Хуршед Шарипов ва Беҳрӯз Холмуродов бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми кишвар, ва Беҳрӯз Каримзода бо Ифтихорномаи нашриёти “Шарқи Озод” қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамзамон рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои саҳми муносиб дар рушди журналистикаи кишвар бо сипосномаҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон, бо Раҳматномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва бо номаҳои шодбошии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.
Дар идомаи қадрдониҳо ҳамчунин якчанд нафар кормандони рӯзнома бо мукофотҳои махсуси Вазорати мудофиаи кишвар сарфароз гардиданд. Аз ҷумла, бо фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршед Шарипов ва Беҳрӯз Холмуродов бо медали ҷашнии “25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Толибшоҳи Давлат бо медали 75-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ, Шодихони Назар, Шаҳло Эшонова, Фарзонаи Умаралӣ, Сайёраи Қиёмиддин, Нуруллоҳи Ориф, Хуршед Шарипов, Хайёми Комилҷон, Наҷиба Муродбекова ва Беҳрӯз Каримзода бо Ифтихорномаи Вазорати мудофиа қадрдонӣ шуданд.
“Ҷавонони Тоҷикистон” дар роҳи 92-солаи тайнамудаи хеш ҳамеша дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум, ибрози ҳарфи дили онҳо ва муҳимтар аз ҳама дар рӯзҳои тираву пурнишоти онҳо канори ҳар як хонандаи худ буд, ҳаст ва то абад хоҳад монд.
http://javonon.tj/news/social/-avononi-to-ikiston-va-92-soli-puriftikhori-on/


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима