9 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бахши матбуоти мақомоти мазкур.
Дар ҷамъомад иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода, собиқадорони матбуот ва рӯзноманигороне, ки дар минтақаи Кӯлоб фаъолият мекунанд иштирок доштанд.
Бахтиёр Назарзода зикр кард, ки ҳамасола 11 март дар саросари Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. 110 сол муқаддам дар ин рӯз нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» ба табъ расидааст, ки рӯйдоди муҳим ва таъсиргузор дар таърихи миллати мо маҳсуб мешавад.
«Имрӯз ҳаётро бидуни воситаҳои ахбори омма тасаввур кардан имконнопазир аст. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ матбуоти тоҷик, аз ҷумла рӯзноманигорони вилояти Хатлон дар набардҳои иттилоотӣ баҳри ҳифзи арзишу манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти фазои иттилоотии мамлакат собитқадамона ширкат варзида, дар ташаккули афкори созандаи ҷомеа баҳри рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми бориз мегузоранд»,- афзуд Бахтиёр Назарзода.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода гуфт, ки матбуоти тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудият ҳамеша бозгӯкунандаи вазъи воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат буда, чун сарчашмаи муътамади иттилоъ боқӣ мондааст. Матбуот ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа, бахусус дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фароҳам омадани шароиту имконияти озодандешию ошкорбаёнӣ мавқеи устувор ишғол намуд. Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро чашму гӯши халқ ва муҳимтарин рукни ҷомеаи мардумсолорӣ номидаанд.
Дар ҷаласа собиқадорони матбуот, шоир Ҳақназар Ғоиб, директори телевизиони «Кӯлоб» Сафаралӣ Бозорзода ва сармуҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Ҷаҳонгири Рустамшо доир ба роҳҳои тайнамудаи матбуоти тоҷик сухан гуфтанд.
Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб як зумра собиқадорони матбуот, рӯзноманигорони фаъол барои масъулияти баланди касбӣ, хизмати созанда дар инъикоси дастовардҳои халқу давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.