Аз пешбинӣ то умеди Умед Бобохонов: “Рӯзе ҳамаи расонаҳо хусусӣ мешаванд”
     TJ RU EN
06:02 / 2024-11-16

Аз пешбинӣ то умеди Умед Бобохонов: “Рӯзе ҳамаи расонаҳо хусусӣ мешаванд”

БабахановДар пешорӯйи ҷашни 110-солагии нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” бо Умед Бобохонов, сардабир ва муассиси Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, роҷеъ ба матбуоти чопӣ ва расонаҳои рақамиву электронӣ суҳбат оростем. Ба ақидаи Бобохонов, нақши матбуот дар замони мо коста гардидааст ва журналистикаи электронӣ рӯз аз рӯз рушд мекунад. Вале ӯ бар ин назар аст, ки “рӯзе рӯзномаҳои чопӣ дигарбора мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд” ва “сари масъалаи расонаҳои ҳукумативу мустақил низ рӯзе хоҳем омад”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзномаи “Азия-Плюс” имсол 22-сола шуд, вале хабаргузорӣ ё худ ахбори электронии ин медиа-гурӯҳ фаъолтар аст. Дар аввал аз Бобохонов пурсидем, ки чаро “Азия-Плюс” пурра ба варианти электронӣ намегузарад ва омили аз рӯзнома даст накашиданаш чӣ аст.

– Мо аслан сари якчанд платформа – рӯзнома, хабаргузорӣ, радио ва ҳамзамон шабакаҳои иҷтимоӣ кор мекунем ва ба воситаи он хабару иттилооти худро ба ҷомеа мерасонем. Барои чӣ мо рӯзномаро намебандем ва аз он даст намекашем? Барои он ки рӯзнома ба мо даромад меоварад. Албатта, дар чанд соли охир тиражи он поён рафт, вале то ҳол 2-3 ҳазор хонанда дорад. Рекламааш ҳам бисёр аст ва агар мо онро имрӯз бибандем, фикр мекунам, кори бемантиқона мешавад.

– Пас, ба андешаи Шумо, нақши ахбори электронӣ дар замони мо то чӣ андоза аст ва ивазкунандаи кори рӯзномаҳои чопӣ хоҳад шуд ё на?

– Фикр мекунам, интернет ва ахбори электронӣ аллакай мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Расонаҳои рақамӣ ҳам имрӯз ивазкунандаи кори рӯзномаҳои чопӣ гардида, платформаи асосии паҳни хабарҳо шудаанд. Мо дар таҷриба аз расонаҳои гуногуни ҷаҳон мебинем, ки бо пайдо шудани интернет ва қабул гардидани ахбори электронӣ аз ҷониби хонанда рӯзномаҳои машҳури олам ҳам аз чоп монданд.

Вале дар баробари ин боз ҳам як фоизи муайяни фазои иттилоотӣ барои рӯзномаву ҳафтаномаҳо то ҳол холӣ мондааст ва онҳо барои аудиторияи муайян ба табъ мерасанд. Бо назардошти воқеияти имрӯза рӯзномаҳои чопӣ ҳам бо роҳҳои гуногун тавонистаанд хонандаро ба худ ҷалб созанд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ низ худро таъмин намоянд. Агар посух ҷӯед, бале, нақши ахбори электронӣ дар замони мо хеле чашмрас аст. Вале рӯзномаву маҷалла низ то ҳол, ба душворӣ ҳам бошад, ҷойи худро нигоҳ доштаанд.

– Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон пешгӯйӣ мекунанд, ки дар давоми 5-10 соли оянда рӯзномаҳо, махсусан рӯзномаҳои мустақил, мемиранд ва иттилооти электронӣ ҷойгузини он хоҳад шуд. Фардоро Шумо чӣ гуна мебинед?

– Шояд. Имкон дорад, ки дар солҳои оянда мавқеи рӯзнома боз ҳам поён равад ва новобаста аз шакли моликияташ, ки ҳукуматӣ аст ва ё мустақил, ҳатто аз чоп бозмонад. Албатта, дар низоми иқтисоди бозаргонӣ мавқеъ ва аудиторияи худро нигоҳ доштан барои рӯзномаҳои мустақил душвор аст. Агар имрӯз ба бозори матбуоти мустақил таваҷҷуҳ кунем, пешгӯйии боло дар ояндаи начандон дур шояд дуруст ояд.

Дар ин баробар, рӯзномаҳои ҳукуматӣ низ аз ин таҳдид орӣ нестанд. Агар ҳукумат ҳис намояд, ки дигар сарфи ин қадар маблағу рангу қоғаз барои рӯзномаҳояш суде надорад ва он ба дасти хонанда ва аҳолӣ рафта намерасад, бе ҳеч гуна чуну чаро онҳоро ҳам мебандад.

Ин чиз дар мисоли ҷомеаи ҷаҳонӣ равшан аст ва ахбори электронӣ бо фаврият ва дастрасии бештар аз рӯзнома амал мекунад. Агар мақсади ҳукумат ҳам расонидани иттилоот ба омма бошад, пас он маблағро ба таври нав, бо роҳи платформаҳои рақамӣ истифода мекунад.

Вале боз ҳам ҳеч кас фардоро дақиқ гуфта наметавонад. Аз як тараф ҳамин тамоил ҳаст, ки ҷомеа рӯз аз рӯз аз рӯзнома дур мешавад ва аз тарафи дигар, тренди наве ҳам вуҷуд дорад, ки мо мебинем, он чизҳои 40-50 соли пеш аз байнрафта имрӯз аз нав мӯд мешаванд. Масалан, он қарта (пластинка)-и суруд, ки дар давраи ҷавонии мо мӯд буду баъдан аз байн рафт, имрӯз мавриди таваҷҷуҳи ҷавонон қарор дорад. Ё ки ҳарчанд китобҳои электронӣ дастраси ҳамагон аст, нафарони зиёде ҳастанд, ки китобҳои чопиро меҷӯянд ва ба онҳо таваҷҷуҳ доранд. Агар бо ин мисолҳо ба фардо нигоҳ кунем, имкон дорад, ки рӯзномаҳои чопӣ ҳам хонандаи худро ҳифз мекунанд.
– Яъне, Шумо бар ин боваред, ки дар як ё ду даҳсолаи минбаъда хонанда рӯзнома мехараду рӯзнома ба даст гирифта мехонад?

– Боварӣ надорам, вале умед дорам. Мо ҳам 10 соли пеш дар рӯзномаамон то даҳҳо ҳазор хонанда доштему дар сомонаамон аз 200 то 500 нафар. Ҳеч фикр намекардем, ки замоне мешавад, дар сомона дар як рӯз 50 ҳазор хонанда хоҳем дошт ва тиражи рӯзномаамон рӯзе то ба ин ҳад поён хоҳад рафт.

– Ин дар мисоли кишвари мо аст ва ё дар ҳамаи ҷаҳон ва дар ин сурат ҳам рӯзнома чӣ қадар адади нашр хоҳад дошт?

– На танҳо дар мисоли Тоҷикистон, дар мисоли ҷомеаи ҷаҳонӣ имкони тағйир ёфтанро дорад ва боз ҳам мегӯям, ки касе сад дарсад гуфта наметавонад, фардо рӯзнома аз байн меравад ва ё дигарбора хонанда пайдо мекунад. Вале тиражи начандон зиёд хоҳад дошт ва барои аудиторияи муайян равона хоҳад шуд.

– Соҳибрасонаҳо мегӯянд, имрӯз буҳронитарин марҳилаи матбуоти даврӣ аст ва ахбори электрониву интернет матбуоти чопиро пешпойӣ медиҳанд. Ва гурӯҳе ҳам бар ин назаранд, ки интернет тақвиятдиҳандаи кори матбуот шудаву фаъолияти онро осон кардааст. Назари Шумо чист ва ба фазои журналистикаи имрӯз чӣ нигоҳе доред?

– Интернет 10 дарсад кори матбуотро осон кард, вале 90 дарсади хонандаҳояшро рабуд, авҷашро суст, бозорашро фалаҷ кард. Муҳаррирони бисёри рӯзномаву нашрияҳо имрӯз аз ин ё он ҷое маводҳоро дастрас мекунанду саҳифаҳояшонро пур месозанд. Аммо ин аллакай журналистика нест ва он матлаб кӯҳнашуда ба ҳисоб меравад. Барои имрӯз рӯзнома, ҳафтанома ва моҳномаҳо бояд матлаби нав интишор диҳанд, ки дар шабакаҳои интернетӣ набошад ва хонандаро ҷалб карда тавонад.

-Интернет 10 дарсад кори матбуотро осон кард, вале 90 дарсади хонандаҳояшро рабуд, авҷашро суст, бозорашро фалаҷ кард.

Матбуоти даврӣ вазифаи хабаррасониро ҳам аз даст дода истодааст ва мебояд дигар ба матлабҳои таҳлилӣ, эҳсосӣ ва маърифатӣ такя кунад. Баъдан, аз як вақти муайян дигар натавонист, ки масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсиву иқтисодиву иҷтимоии кишварро озодона баррасӣ кунад. Мавзӯъҳо дигар шуданд ва проблемаҳо ногуфта монда истодаанд. Журналистон метарсанд, ки баъди гуфтани ин ё он проблема зери назар афтанд ва мушкиле дар пайи танқидашон дошта бошанд.

Ин ҳол то ҷое боварии хонандагони нашрияҳои моро паст кардааст ва хонанда ҳам бар он варақе, ки дар он дардҳои худро намебинад, наменигарад.

– Болотар ба рӯзномаҳои мустақил ва ҳукуматӣ ишора доштед: ба фикри Шумо рӯзномаҳои мустақил ҷудогона ва рӯзномаҳои ҳукуматӣ аз онҳо ҷудо ба рушди ҷомеа чӣ таъсире хоҳанд расонд?

– Барои ташаккул ва рушди ҷомеа зиёиён, равшанфикрон, олимону шоирон ва рӯзноманигорон баробар саҳм доранд. Ҳамаи инҳо зербинои маърифатии аҳли ҷомеаро месозанд. Дар сурати хомӯширо ихтиёр кардани зиёиён, равшанфикрон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ журналистон ва журналистика танҳо мемонанд. Журналист дар алоҳидагӣ на ҳамеша эҷод карда метавонад ва барои самара додани матлаби ӯ ва бар эҳсосҳо расониданаш бояд аз равшанфикрони ҷомеа низ назар гирифта бошад. Аммо имрӯз ҳам журналистикаи мо карахт аст ва ҳам зиёиёни мо аз гуфтани ин ё он сухан бештари вақт худдорӣ мекунанд. Бо ин ҳол нақши матбуоти чӣ ҳукумативу чӣ мустақили мо дар рушди ҷомеа қариб якранг ва хеле паст шудааст.

– Пештар пешниҳоде ҳам буд, ки ба хотири рушди матбуоти чопӣ, мисли кишварҳои Аврупову Амрико, нашрияҳоеро, ки аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешаванд, бибанданд. Чунин кор дуруст мешавад ё не?

– Мо рӯзе сари ин масъала хоҳем омад ва дигар расонаҳоро ба ҳукумативу мустақил ҷудо нахоҳем кард. Дар таҷрибаи бисёри кишварҳои хориҷӣ ин санҷида шудааст ва аз расонаҳои ҳукуматӣ (буҷавӣ) бисёриҳо даст кашиданд. Дар Тоҷикистон ҳам, агар дар 20 соли оянда набошад, дар 50 соли оянда ин таҷриба татбиқ мешавад ва мо ҳам бар ҳамин назар ҳастем.

Мусоҳиб:

Меҳрофарин НАҶИБӢ


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима