15 феврал Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Агентии содирот соати 09:00 дар Агентӣ баргузор мешавад.
Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотиро соати 09:00 дар Академия доир менамояд.
Нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатӣ соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Академияи идоракунии давлатӣ баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур соати 09:00 ва ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо баргузор мешаванд.
Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда масъулини вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигаре, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд (хиёбони С.Шерозӣ, 16, ошёнаи 2, тел: 238-54-23, 888-08-34-04 ).