Нишастҳои матбуотии 2022: Оё ба саволҳои худ ҷавоб гирифтед?
     TJ RU EN
03:03 / 2024-11-16

Нишастҳои матбуотии 2022: Оё ба саволҳои худ ҷавоб гирифтед?

656565Аз 31 январ дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату корхонаҳои давлатӣ оғоз шуд ва то 17 феврал давом хоҳад кард. Мо аз журналистон пурсон шудем, ки то куҷо аз тарзи гузаронидани нишастҳои матбуотӣ қаноатманд ҳастанд?

 

 

 

Мазхаб ЧумъаМазҳаб Ҷумъа, хабарнигори “Азия плюс”

Бояд гуфт, ки сол аз сол "шукуҳу шаҳомат"-и нишастҳои матбуотӣ дар Тоҷикистон коста мешавад. Ва имсол ҳам истисно набуд. Назар ба солҳои пеш нишастҳои матбуотии имсола ба ягон меъёрҳои амалкунандаи қонун ва кодексҳои ахлоқи журналистӣ ҷавобгӯ набуданд. Дар як рӯз гузоштани 13 нишастҳои матбуотӣ ин худ ноэҳтиромӣ нисбати ҷомеаи журналистӣ аст. Ман фикр мекунам ки ин кор махсусан ва пешаки таҳрезӣ шудааст, то журналитсон натавонанд ки ба ҳаамааш раванд ва ба суолҳои худ посух гиранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мушкилиҳо ва масъалаҳое ки бояд журналитсон мепурсиданд дар як соли охир зиёд буд. Сар аз воқеиятҳои Бадахшон то баҳси марзу билети ҳавопаймою дигарҳо. Баргузории нишастҳои Додситони кул ва ВКХ ҳам далели дар астҳи паст гузаштани нишастҳо буд. Яке ҳамагӣ 15 дақиқа нишастро давом дода, дигаре танҳо ба се суол поосух доду халос. Боқимонда 40 дақиқаро ба хондани варақаи матбуотӣ, ки давоми сол дар сомонаашон буд, сарф карданд. Баъдан, мушкили дигар ин зургӯии вазирон дар нишастҳо аст. Яъне вақте журналист ба онҳо савол медиҳад, онҳо баръакс бо дуғу пуписа ба журналист ҷавоб медиҳанд ва ё бо зӯр аз онҳо далели саволашонро пурсон мешавнад. Ин дар ҳоле ки дар шаш моҳ як маротиба вазирро дида метавонанду савол медиҳанд. Хулоса нишатсҳои имсола барои ман қонеъкунанда набуд ва мутаассфиона бовар дорам сол аз сол бадтар мешавад.

 

Малика Сафарзода Малика Сафарзода, хабарнигори Your.tj

Нишастҳои матбуотӣ дар Тоҷикистон дар пасттарин сатҳ гузашта истодаанд. Масъулин ё аз саволи рӯзноманигорон асабӣ мешаванд ё ҷавоби аниқу дақиқ намедиҳанд. Ба ғайр аз ин то 40 дақиқа пресс-релизи дуру дарози корношоями худро мутолиа мекунанд, ки алакай ҳама чизи дар он бударо мо медонем ва шунидаем.

Масалан дар нишсти хадамоти зиддиинҳисорӣ танҳо аз гарон шудани нархи маҳсулот гуфтанд, вале нагуфтанд, ки барои паст шудани нарх дар бозорҳо чӣ корҳоро ба сомон расонидаанд. Ҳаминро фаҳмидам, ки барои онҳо бояд гаронкунии нарх асоснок бошад ва халос, мардум худаш медонаду зиндагиаш.
Дар нишасти Вазорати корҳои хориҷӣ бошад, 40 дақиқа аз сафарҳои президент ба хориҷу ташрифи ким кадом президентҳо ба Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳамаи ин хабрҳоро мо сари вақт дар сайти президент мутолиа намудем ва дар телевизион дидаем. Аммо оиди масъалаи доғи рӯз марзи Тоҷикистону Қирғизистон як калима ҳам нагуфтан ва ба журналисти Азия плюс имкон ҳам надоданд, ки дар бораи марз аз вазир пурсон шавад.
Ба ғайр аз ин танҳо ба журналистони расонаҳои хориҷӣ ва давлатӣ имкони 1 савол доданро доданд ва аз расонаҳои хусусӣ танҳо ба як журналисти Азия плюс. Дар ин нишаст котиби матбуотии ниҳод аз вазир пас аз ҳар савол мепурсид, ки оё ба фалони микрофонро диҳем ё не ва агар вазир тасдиқ кунад, котиб ному насаби шахсро бо расонааш мегирифт ва пешниҳод мекард саволашро диҳад. Яъне ин ҷо на ҳама имкон доштанд, ки саволҳои худро диҳанд. Вақте журналисти Азия плюс бархесту “доир ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон “ гуфта савол додани шуд, вазир вақт ба охир расид гуфту баромада рафт. Ба журналистон ягон зарра эҳтиром нест.
Аз сатҳи баргузории қисми зиёди ин нишастҳо тамоман розӣ нестам. Танҳо дар нишасти вазорати маориф ва ВКД агар асабишавии вазирон ва ҷавоб наёфтан ба баъзе саволҳоро ба назар нагирем, каме озодӣ эҳсос мешуд.

 

Фарзон Машарипов

Фарзон Машарипов, хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Суғд 

Ба андешаи ман баргузории нишастҳои хабарии аввали соли 2022 дар вилояти Суғд дар фарқ ба Душанбе то андозае қаноатбахш аст. Чунки бо риояи вақт ва зарфияти кории рӯзноманигорон тартиботро хуб ба роҳ монда имкони баррасии масъалаҳо мегардад. Вале ҳамоно эҳтиёткории мансабдорон эҳсос мегардад. яъне ба гунаи дигар аз саволҳо мегурезанд ва ё ба саволҳои рӯзноманигорон мушаххас ҷавоб намегӯянд.

  

Шахло Садриддинова

Шаҳло Садриддинова, хабарнигори АМИТ “Ховар”

Гузаронидани нишастҳои матбуотӣ чандон қаноатбахш нестанд. Зеро бараъло мушоҳида мегардад, ки ҳангоми суолу ҷавоб бо масъулини ниҳод посухҳо номушаххас ва бешарҳ пешниҳод мегарданд. Яъне дар бештари ҳолатҳо масъулини ниҳодҳо ба саволи хабарнигорон ҳа ё не мегӯянд ва ё ин ки сар сарӣ посух медиҳанд.

Мақсад баргузории нишастҳо иттилоъ расонидан аз фаъолияти ниҳод, дастовард ё мушкилоту камбудиҳои дар соҳаҳо ҷойдошта мебошад, ки рӯзноманигорон мехоҳанд бевосита аз забони роҳбарони аввали сохторҳо шунаванд. Аммо дар баъзе ҳолатҳо нафари аввали мақомот иштирок намекунад ва дар ҳолати иштирок карданаш ҳам рӯзноманигорон ба бештари саволҳои худ ҷавоб намегиранд.

 


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима