Бархе аз рӯзноманигорон ҳафтаи сипаришуда шикоят карданд, ки гузоштани 13 нишасти хабарӣ дар рӯзи 2-юми феврал як навъ фирор аз журналистон аст ва ин баъзе мушкилот ва нофаҳмиҳоро дар пай дошта метавонад. Собиқадорони соҳа, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ дар пайи ин дар саҳифаҳои иҷтимоӣ андешаҳои худро кошта буданд. Аммо вазъ бетағйир боқӣ монд.
Ҷомеаи рӯзноманигорӣ имрӯз, 2-юми феврал, ба 13 нишасти хабарии вазорату идораҳои давлатӣ хоҳанд рафт, ки аксаран ниҳодҳои қобили таваҷҷӯҳанд.
Вале ин вазъ рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандиро яксӯ намонда, фикр ва андешаҳои гуногунро дар пай овардааст. Иддае дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ниҳодҳо мехоҳанд, бо ин тарзи корбарӣ аз посухҳо гурезанд ва роҳи наҷоти худро дар ин ҷустаанд. Гурӯҳи дигар таклиф доранд, ки ин бор коршиканӣ эълон кунанд ва ба нишастҳои хабарӣ нараванд. Аммо назарҳое ҳам ҳастанд, ки ин нишастҳоро зарурӣ намеҳисобанд ва мегӯянд, ин тарзро бояд барҳам диҳанд.
Муҳаммади Султон, рӯзноманигори собиқадор менависад, вазорату идораҳо назди мардуме, ки онҳоро аз кисаашон мехӯронанд, бояд ҳисобот диҳанд. Журналистон намояндагони ҳамин мардуманд.
– Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар дар навбати аввал бояд худаш ин нуктаро чуқур омӯзад ва реҷаи оқилонаи гузаронидани нишастҳои матбуотиро тартиб диҳад. Баъдан ба роҳбарони идораву муассисаҳо фаҳмонад, ки ин нишастҳо ҳисоботи вазорату идораҳояшон назди ҷомеа мебошанд, на назди журналистону рӯзномаҳои алоҳида, – зикр кардааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол рӯзноманигори шинохта Бобоҷони Шафеъ ҷонибдори нишастҳои хабарии танҳо ҳисоботдиҳӣ ва иттил
оти аллакай дастрасгардида нест ва менигорад, ки «40 дақиқа хониши ҳисобот ва 20 дақиқа ҳазлу танз» чиро тағйир медиҳад.
Аммо Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи «СССР», дар ин маврид андешаи ба ягон нишасти матбуотӣ нарафтанро пешниҳод мекунад.
Шокирҷон Ҳакимов, профессори ҳуқуқшинос ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ба рӯзноманигорон таклиф дорад, ки «наравед ва иштирок накардани ҳамкасбонатон яке аз шаклҳои эътироз ва аксуламал ба чунин муносибат бояд бошад. Ҳамраъйии журналистон дар чунин холатҳо низ шарти муҳими қадр кардани заҳматҳояшон аз ҷониби мансабдорон аст».
Вале Хуршеди Атовулло, сарвари МТЖТ аз ин қолаби тартибдодашуда меандешад ва дар саҳифаи фейсбукии худ суол мегузорад, ки журналист бояд ба кадомаш равад?
Ин дар ҳолест, ки нишастҳои матбуотии ниҳодҳо тайи чанд рӯз боз идома дораду хабарнигорон ин вазъро пӯшиш медиҳанд.
Имрӯз чӣ гуна мегузарад ва чӣ иттилооти нав дастрас мегардад, хоҳем дид.
https://farazh.tj/habari-ruz/nonsens-ruznomanigoron-imruz-ba-13-nishasti-matbuoty-bojad-ravand/