Фаъолияти 88 ширкат дар бозори алоқа: Даромад – 3 млрд сомонӣ дар як сол
     TJ RU EN
04:38 / 2024-11-16

Фаъолияти 88 ширкат дар бозори алоқа: Даромад – 3 млрд сомонӣ дар як сол

ширкатхои мобилиХадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, феълан барои кор дар ин соҳа 88 субъект иҷозатномаи фаъолоият дорад
Даромади корхонаҳои соҳаи алоқаи Тоҷикистон дар соли гузашта ба 3,1 млрд сомонӣ баробар шуд, хабар дод Адолат Абдураҳмонзода, муовини раиси Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ ба 2,4 млрд сомониро ташкил дод.
Дар мавриди шумораи истифодабарандагони интернет таъкид шуд, ки бо назардошти интернети мобилӣ ва собит теъдодашон ба 4,2 млн нафар баробар гардид.
Маврид ба зикр аст, ки хароҷоти аҳолӣ барои алоқа яке аз масъалаҳои паёми раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар буд.
Президенти Тоҷикистон гуфт, сокинони кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна ба арзиши 3 миллиард сомонӣ гап мезананд. Танҳо давоми 10 соли ахир барои истифодаи алоқаи ширкатҳои мобилӣ аз ҷониби аҳолии кишвар 30 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст.
"Мо ба ширкатҳои мобилӣ, ки 90 фисадаш ширкатҳои хориҷист, ҳар сол се миллиард сомонӣ маблағ медиҳему мегӯем, маблағ надорем", - афзуд президент.
Раисҷумҳур илова намуд, ки маданияти истифодабарии телефонҳои мобилиро бояд бознигарӣ кард.
“Махсусан кӯдакону наврасонро бояд аз он эҳтиёт кард, зеро паёмадҳои он вазнин аст ва касалиҳои зиёд аз он пайдо мешавад”, - ҳушдор дод Раҳмон.
Бар асоси омори расмӣ теъдоди симкортҳои алоқаи мобилӣ, ки дар дасти сокинони кишваранд, ҳудуди 8 миллион ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 5,5 миллионаш фаъол мебошанд.
https://sputnik-tj.com/20220131/faoliyati-shirkat-bozori-aloqa-daromad-1045346974.html


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима