Баҳси интернети пастсифат дар нишасти Хадамоти алоқа: Атоев гуфт, шикоятҳо зиёд шудааст
     TJ RU EN
04:45 / 2024-11-16

Баҳси интернети пастсифат дар нишасти Хадамоти алоқа: Атоев гуфт, шикоятҳо зиёд шудааст

интернетДар сурати мушкилот бо Интернет, аз сокинони Тоҷикистон даъват карданд, ки аз хидматрасонҳо тавзеҳот талаб кунанд, чун ҳангоми хариди симкор бо онҳо шартнома мебанданд
Дар Тоҷикистон шикоятҳо аз суръати пасти интернет афзудааст. Дар ин бора муовини роҳбари Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев зимни нишасти хабарии ин ниҳод ттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, бо дастури раҳбарияти Хадамоти алоқа бо иштироки намояндагони ширкатҳо барои омӯзиши вазъ дар тамоми минтақаҳои кишвар гуруҳи корӣ таъсис шудааст.
Номбурда гуфт, барои паст шудани сифати интернет омилҳои гуногун ҷой доранд ва тибқи супориш дар ду моҳ вазъ дар асоси супориш ислоҳ хоҳад шуд.
Ин намояндаи хадамот афзуд, дар Тоҷикистон суръати интернет дар се сол афзоиш ёфт. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз дар соли 2019 суръати интернет дар кишвар аз 20 гигабит дар як сония зиёд набуд, ҳоло ба 70 гигабит расид ва қарибӣ дар назар аст, ки ба 100 гигабит бирасад.
Атоев таъкид кард, ки дар ин самт мушкилоти ҷиддие вуҷуд надорад ва мутахассисон барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта талош доранд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳоло дар кишвар дар умум 4,2 миллион нафар истифодабарандаи интернет аст.
Гуфта мешавад, то кунун шумораи умумии муштариёни алоқаи мобилӣ дар кишвар ба 8 миллион мерасад, ки аз он наҳдик ба 5,5 миллионаш фаъол аст.
Сатҳи пасти интернет дар Тоҷикистон на танҳо аз суи сокинон, балки мансабдорон низ интиқод мешавад.
Ахиран Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе низ аз ширкатҳо барои интернети пастсифаташон интиқод карда гуфт, ки таблиғашон аз корашон зиёдтар аст.
Ӯ ба масъулини соҳа муҳлат дода буд, ки камбудиҳоро ислоҳ намоянд.
https://sputnik-tj.com/20220131/internet-pastsifat-khadamot-atoev-shokoyat-1045346421.html


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима