Сабти IMEI-кодҳо: Автоматӣ муайян мешавад, кӣ аз кадом телефону таҷҳизот пайваст шудаст
     TJ RU EN
10:57 / 2024-12-19

Сабти IMEI-кодҳо: Автоматӣ муайян мешавад, кӣ аз кадом телефону таҷҳизот пайваст шудаст

сабти имейкод1Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сабти IMEI-кодҳо ё худ рақамҳои мушаххаси муайянкунандаи таҷҳизоти мобилӣ, аз ҷумла телефонҳоро тавзеҳ дод.


 

Агар симкорт бо истифодаи шиносномаи нави намунаи соли 2014 ба қайд гирифта шавад, сабти IMEI-коди таҷҳизоти соҳиби симкорт автоматӣ сурат мегирад.

Илҳомҷон Атоев, ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ тавзеҳ дод, ки маррҳилаи якуми рушди технологияҳои иттилоотӣ ин азнавбақайдгири симкортҳо мебошад.
Вай афзуд, баъди сабти симкорт, таҷҳизоти мобилӣ, аз ҷумла телефоне, ки ба истифодаи ин симкорт истифода мешавад, автоматӣ ба қайд гирифта мешавад, аз тариқи худкор IMEI-коди таҷҳизот мушаххас мешавад.
Ба гуфтаи мақомдори Хадамоти алоқа, ин иқдом бар асоси қарори ҳукумат аз моҳи марти 2020 дар бораи тартиби бақайдгирии воситаҳои алоқаи мобилӣ амалӣ мешавад. Махзани додаҳо дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ҳамчун ниҳоди давлатии танзимкунандаи соҳа нигоҳдорӣ мешавад.
Атоев муътақид аст, ки ин чораандешиҳо барои пешгирии қочоқ муҳиманд ва инчунин аз ҳамин восита метавон сифати кори алойаю телефонро муайян намуд.
Тибқи иттилои расмӣ, феълан дар Тоҷикистон зиёда аз 8 миллион симкортҳо дар дасти истифодабарандагонанд, ки ҳудуди 5,5 миллион ададаш фаъол мебошанд. Ӯ таъкид намуд, ки ҳанӯз дар кишвар 2,4 миллион симкорт бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар қайданд, ки аз ин 1,8 миллионаш фаъоланд. Таъкид шудаст, ки шаҳрвандон то 15-уми феврали соли равон муҳлат доранд, ки симкортҳояшонро аз нав ба қайд гиранд.
https://sputnik-tj.com/20220131/sabti-imei-kod-avtomati-telefonu-tajhizot-1045344040.html


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима