Хадамоти алоқа қатъи интернет дар ВМКБ-ро шарҳ дод
     TJ RU EN
11:02 / 2024-12-19

Хадамоти алоқа қатъи интернет дар ВМКБ-ро шарҳ дод

Илхом АтоевХадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи интернет дар пайи ҳаводиси Хоруғро шарҳ дод

Илҳомҷон Атоев, муовини роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар посух ба суоли журналистон маҳдудияти дастрасӣ ба интернет дар ВМКБ-ро "таъмини амният" хонд.
Ӯ гуфт, ҳоло дар тамоми минтақаи Бадахшон интернет дар низоми 3G кор мекунад.
Ин дар ҳолест, ки сокинони ин минтақа аз он шикоят доранд, ки бо аҳли оилаашон тавассути интернет дар тамос шуда наметавонанд.
Номбурда афзуд, барои пешгирӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷамъият, давлат ва амнияти иттилоотӣ баъзе чорабиниҳои техникӣ гузаронида мешавад.
"Он техникаи иттилоотӣ ва коммуникатсионие, ки барои зарари аҳолии Тоҷикистон ва минтақа равона шудааст барои мо лозим нест", - афзуд Илҳомҷон Атоев.
Номбурда таъкид кард, ки вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии минтақа ба ҳама маълум аст ва барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва давлат тамоми имконотро сафарбар хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки алоқаи интерентӣ дар ин минтақа пас аз таҷамуи эътирозии рӯзҳои 25 то 28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ки дар пай куштаву заъмӣ ҳам дошт, қатъ шуд.
Дар пайи ин теъдоде аз намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ва созмонҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш карда буданд, ки интернетро дар Бадахшонро барқарор намоянд/

https://sputnik-tj.com/20220131/khadamot-aloqa-internet-vmkb-1045343616.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31    
     
    Пайвандҳои лозима