Хадамоти алоқа қатъи дастрасӣ ба интернетро дар Бадахшон "таъмини амният" номид.
     TJ RU EN
11:00 / 2024-12-19

Хадамоти алоқа қатъи дастрасӣ ба интернетро дар Бадахшон "таъмини амният" номид.

Илхом АтоМасъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи қатъи дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон посухи рӯшан надоданд. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси ин идора, гуфт, "барои пешгирӣ намудан, таъмин намудани амнияти шаҳрвандон, ҷамъият, давлат, амнияти иттилоотӣ, баъзе чорабиниҳои техникӣ гузаронда мешавад."

Ин вокуниши нахустини мақомоти Тоҷикистон ба набудани интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аст.

Дар пайи эътирози сокинон дар моҳи ноябри соли 2021, дастрасӣ ба интернет ба Бадахшон қатъ шуд. Беш аз ду моҳ аст, ки ба ҷуз аз идораҳои давлатӣ, сокинони дигари Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба интернет дастрасӣ надоранд.

Қатъ шудани дастрасӣ ба интернет дар ВМКБ рӯзи 31-уми январ баҳси гармеро миёни хабарнигорон ва намояндагони Хадамоти алоқа ба миён овард. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа ба суолҳои батакрор дар бораи сабабҳои набудани интернет дар ВМКБ посухи умумӣ дод.
Атоев гуфт, тибқи қонунгузорӣ мақомот вазифадоранд, "амнияти иттилоотиро таъмин кунанд". Вале муовини сардори Хадамоти алоқа мушаххасан нагуфт, ки дар ВМКБ чӣ хатаре ба амнияти иттилоотӣ ҷой дорад, ки сабаби қатъи интернет шудааст.

Дастрасӣ надоштани сокинони ВМКБ ба интернет нигаронии мардум ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овардааст. Аз ҷумла, Платформаи "Ҳамраъйии шаҳрвандӣ", ки аз созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва 33 кишвари дигар иборат аст, рӯзи 28-уми январ дар як изҳорот аз барқарор нашудани дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Фаъолон мегӯянд, қатъи дастрасӣ ба интернет дар ВМКБ "поймол шудани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот" аст, ки ба гуфтаи фаъолон, барои соҳаҳои иқтисод, савдо, тандурустӣ ва маориф пайомадҳои ҷиддӣ дорад.

https://www.ozodi.org/a/31679140.html


Тақвим

<< < Декабрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
 
Пайвандҳои лозима