Шоҳкарим Оқохони 4, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон, гуфтааст, ҳаводиси ахири Тоҷикистон барояш "бисёр нигаронкунанда аст", дар ҳоле ки ба қавли ӯ, "ноустуворӣ дар минтақа афзоиш ёфтааст".
Паёми Оқохони 4 ба унвони роҳбарони сохторяҳояш равона гардида, дар сомонаи расмии сохторҳои ӯ - “The Ismaili” нашр шудааст.
Бадахшони Тоҷикистон яке аз калонтарин минтақаҳои исмоилинишин дар дунё аст.
Ин паёми Оқохонро рӯзи 17-уми январи имсол ба забонҳои инглисӣ ва тоҷикӣ нашр кардаанд. То ин дам мавқеи AKDN ё Шабакаи Оқохон дар умури рушд дар Тоҷикистон, нисбат ба ҳаводис ва вазъи ВМКБ рӯшан набуд.
Раҳбари исмоилиёни ҷаҳон дар паёмаш гуфтааст, мисли ҳамеша таҳаввулоти ҳозираро зери назорат қарор додааст ва дар мавриди зарурӣ "роҳнамоии минбаъда"-ро мефиристад. Аммо айни замон аз пайравонии тоҷикистонияш хоста, "дар ҳеҷ фаъолияте, ки ба халалдор гардидани барқарории сулҳ ва назму тартиботи хуб мегардад, ширкат накунанд".
"Бори дигар фармонамро ба Ҷамоат такрор мекунам, ки ҳар гуна хушунат, бетартибӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ ва амалҳои дигарро, ки ба қонунҳои сарзамин мухолифанд, рад кунанд", – афзудааст ӯ.
Ёдрас мекунем, ки моҳи нобяри соли гузашта дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ сокини маҳаллӣ Гулбиддин Зиёбеков зимни боздошт кушта шуда, ин ба норозигӣ ва даст ба тазоҳурот задани аҳолӣ боис гардид.
Эътирозҳо бо иштироки то 5 ҳазор нафар аз 25 то 28 ноябр ҷараён доштанд. Дар ин рӯзҳо ду сокини вилоят Тӯтишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков ба ҳалокат расида, боз чандин каси дигар захм гирифтанд.
Тибқи маълумоти расмии КДАМ, дар ҷараёни эътирозҳо 12 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осеб дидаанд.