АМВАОМТ ҳамкорӣ бо ВАО ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро тақвият медиҳад.
     TJ RU EN
04:25 / 2024-11-16

АМВАОМТ ҳамкорӣ бо ВАО ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро тақвият медиҳад.

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд АМВАОМТ дар ҳамкорӣ бо Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги дурӯзаи омӯзишӣ барои хидматчиёни давлатӣ оғоз намуд.

Тренинги мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо дар ин самт ба роҳ монда шудаст. Дар омӯзиш 8 нафар масъулини шӯъбаҳои робита бо ҷомеа аз сохторхои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷалб карда шудаанд. Ба иштирокчиёни тренинг раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад аз тарики видео муроҷиат намуда, зарурати чунин ҳамкориро омили шаффофият ва рушди робита бо ҷомеа номид. Иштирокчиёни тренинг тӯли ду рӯз таҳти роҳбарии тренери байналмилалӣ Ян Маквиллиям ва коршиносони миллӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориро баррасӣ намуда, нақшаҳои амал барои такмили фаъолияти иртиботии худ таҳия менамоянд.

Тренинг дар доираи лоиҳаи “Нигоҳ доштани тавозун: таҳкими устуворӣ ва аҳамиятнокии воситаҳои ахбори оммаи мустақил дар Тоҷикистон” бо кӯмаки Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баргузор мегардад.


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима