“АМНИЯТ ВА ҶОМЕА” – ГИРЕҲКУШОИ МУШКИЛОТ
     TJ RU EN
06:43 / 2024-11-16

“АМНИЯТ ВА ҶОМЕА” – ГИРЕҲКУШОИ МУШКИЛОТ

Чандест, ки дар телевизиони вилоятии “Суғд” барномаи таҳлилии “Амният ва ҷомеа” бо гардонандагии Хайёмиддин Исмоилов пахш мегардад. 

Барнома бисёр ҳам ҷолиб буда, аз чанд ҷиҳат барои бинандаи имрӯз зарур низ ҳаст. Он метавонад барои расонидани иттилооти дуруст ва таҳлили ҳодисаву рӯйдоди ҷаҳон ва кишвар саҳм гузорад. Барои ҳифзи амнияти иттилоотии кишвар замина гузорад, дар бунёди тафаккури солими ҷомеа нақши калидӣ бозад, ҳақиқати ҳолро бо мусоидати коршиносон муайян гардонад ва билохира сипари бузург дар пешгирӣ аз ифротишавии ҷавонон низ шавад. Аз дигар зовия агар бингарем, барномаи сиёсӣ - таҳлилии “Амният ва ҷомеа” минбарест барои ошкорсозии воқеияти ахбори имрӯзи ҷаҳон. Ҳамзамон беҳтарин минбар барои таҳлили ҳаводис ва рӯйдодҳои сиёсӣ, ки бинандаро аз воқеиятҳо ошно мегардонад. Инчунин ин барнома маърифати сиёсии ҷомеаро баланд месозад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва махсусан таҳдиди хатарҳои иттилоотӣ бисёр ҳам зарурист. Аслан, рӯзноманигорон тариқи васоити ахбори омма корҳои гуногунро иҷро менамоянд. ВАО имкони бузурги таъсир ба ақлу эҳсоси одамон ва рафтори сиёсиро дорад. Аммо чигунае ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, солҳои охир ин хусусияти телевизионҳо ба назар гирифта намешавад ва расонаҳо танҳо вазифаи хабаррасониро иҷро мекунанд. Яъне таҳлилҳо дар барномаҳои телевизионӣ кам ба назар мерасанд. Фарқияти барномаи “Амният ва ҷомеа” аз дигар барномаҳои телевизионӣ низ дар ҳамин аст, ки барномаи мазкур асосан таҳлилӣ аст. Яъне ҳодисаҳо ва руйдодҳои муҳим дар барнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳи ҳалли дурусти масъалаҳо ва баромадан аз муаммоҳои мавҷуда ба мардум нишон дода мешавад. Дар барномаи “Амният ва ҷомеа”, асосан мавзӯъҳои эмин нигоҳ доштани мардум аз ақидаҳои бегона, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби дастовардҳои даврони истиқлол, ифшои симои аслии ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва амсоли инҳо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода мешаванд. Барои расонидани ин нуқтаҳо ба мардум бошад, ба барнома асосан шахсоне ҷалб мешаванд, ки дорои таҷрибаи бойи корӣ дар соҳаи сиёсат ва ҷомеашиносӣ буда, худ шоҳиди бевоситаи воқеаҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятии солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мебошанд. Ҳар мавзӯъ, чӣ иҷтимоӣ бошад ва чӣ сиёсӣ ровии барнома онро бо риштаи бисёр амиқ ва дидгоҳи огоҳ таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки аз чанд ҷиҳат барои мо хеле дастоварди хуб буда, аз рушди телевизион дар минтақа шаҳодат медиҳад. Шояд ҳоло дигар фурсате расидааст, ки бо пешкаши чунин барномаҳои пурмуҳтаво ва таҳлилии фарогир ва ҳамзамон бетараф бар хатарҳои амсоли ифротгароиву даҳшатафканӣ барои ҷомеа сипаре бунёд сохта бошем. Имрӯз, ки ҷомеаро шабакаҳои иттилоотии мухталиф ва номаълум бо маълумоти ҳаргунаву ғаразнок гумроҳ карданӣ мешаванд, чунин барномаҳо метавонад аз махлутшавии афкори ҷомеа ва ҳамзамон боздоштани таҳлукаафканӣ пешгирӣ намояд.

http://javonon.tj/news/social/amniyat-va-omea-gire-kushoi-mushkilot/


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима