Аз иттилооти иғвобарангез дурӣ ҷўем!
     TJ RU EN
06:29 / 2024-11-16

Аз иттилооти иғвобарангез дурӣ ҷўем!

Воқеанимрўз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, ки ба корбаронаш минбари озод фароҳам кардааст, барои табодули афкор, дарёфти маълумот ва иттилои зарур хеле қулай мебошанд.

Матбуот низ ҳамчун як рукни муҳими ҷомеаи демократӣ дар ҷомеа фазои гуногунандешиву озодбаёниро эҷод месозад. Баробари ин, он дар як вақт ҳамчун нерўи маънависоз дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа саҳми намоён мегузорад, ки аз рисолати муҳими матбуот маҳсуб мешавад.

Вале дар хотир бояд нигоҳ дошт, ки матбуот дар саҳфаи худ маводи ҷолибу санҷидашуда ва асоснокро пешкаши омма месозад, аммо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баробари фаъолияти саҳифаҳои судманди самарбахш метавон ба навор, хабар ва дигар манбаъҳои иттилоърасони бардурӯғ ва пур аз туҳмату иғво ва гурӯҳу созмонҳои экстремистиву террористӣ рӯ ба рӯ шуд, ки хатари бештар ба оила, ҷамъият ва давлат дорад.

Аз ин рӯ, бо муроҷиат ба насли ҷавони имрӯз, ки соатҳо вақти худро дар қафои интернет, фейсбук, ютуб ва дигар манбаъҳои итиллоърасон пайвастаанд, гуфтанием, ки аз дидану хондан, паҳн намудани иттилои ғаразнок, иғвоангез худдорӣ намоянд. Зеро дурӣ аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои ифротиён шуморо ба роҳи илм, хушбахтӣ, ҳаёти осоишта ва саодатмандӣ мерасонад. Ҳайф аст он лаҳзаҳо, ки бо нокасон, маккору фиребгар ва дурӯягон гузарад...

http://www.hakikati-sugd.tj/index.php/politics/14753-az-ittilooti-i-vobarangez-dur-em


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима