Рӯзноманигорон мегӯянд, вазъи дастрас кардани иттилоот дар Тоҷикистон хуб нест, аз ин рӯ манбаъҳо василаи асосии гирифтани иттилоъ боқӣ мемонанд. Ба гуфтаи онҳо аксар вазорату идораҳо ҳатто маълумоти кӯчакро низ ба воситаи телефон намедиҳанд ва дархости журналистӣ мепурсанд. Аммо бо дархости журналистӣ ҳам имкони гирифтани иттилои зарурӣ душвор аст. Ба дархости журналистӣ ё ҷавоб намедиҳанд, ё як посухи хушку холӣ медиҳанд, ки ба дарди хабарнигор намехӯрад.
АМВАОМТ ба воситаи платформаи дастрасӣ ба иттилоот мунтазам барои дастрас намудани маълумот ба ниҳодҳои давлатӣ дархости журналистӣ ирсол менамояд. Зикр бояд кард, ки журналистони мустақил низ тавассути платформаи мазкур, ки АМВАОМТ онро роҳандозӣ намудааст, ба ниҳодҳои давлатӣ дархости журналистӣ равон карда, иттилооти заруриро ба даст меоранд.
Дар муддати 3 моҳаи сеюми соли ҷорӣ (июл, август, сентябр) АМВАОМТ ба як қатор ниҳодҳои давлатӣ барои гирифтани маълумоти зарурӣ, ки барои истифода ва интишор зарур аст, дархости журналистӣ ирсол намуд.
Санаи 13 июли соли ҷорӣ ба ҶДММ МДО “Dushanbe city” вобаста ба паҳн шудани хабарҳои бардурӯғ дар бораи фаъолияти ин ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ дархости журналистӣ ирсол карда шуд. Ширкати мазкур ба дархости мо худи ҳамон рӯз тариқи почтаи электронӣ ҷавоб дода, як рӯз пас шакли хаттии онро пешниҳод намуд.
Рӯзи 11 август АМВАОМТ ба прокуратураи шаҳри Душанбе барои гирифтани маълумот дар робита ба парвандаи марги Бобокалонов Хуршед, сокини шаҳри Душанбе дархости журналистӣ ирсол намуд. Ба дархости АМВАОМТ санаи 17 август прокуратураи шаҳри Душанбе посух ирсол намуд. Дар ҷавоби дархост омадааст, ки гирифтани ҳамагуна маълумот вобаста ба арзу хабар дар бораи ҷиноят ва дигар маълумотҳои дорои сирри тафтишотидошта тавассути Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Айнан бо ҳамин мазмун ба Прокуратураи генералӣ дархости журналистӣ ирсол карда шуд. Бо гузашти 3 моҳ мақомоти мазкур ба дархости журналистии АМВАОМТ то ҳол посух надодааст.
Санаи 17 июли соли ҷорӣ аз ҷониби яке аз рӯзноманигорони мустақил ба Прокуратураи генералӣ вобаста ба шикоятҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар давраҳои соли 2012 то соли 2020 дархости журналистӣ ирсол карда шуд. Аммо то ҳол Прокуратураи генералӣ ба дархости мазкур посухи худро пешниҳод накардааст.
21 августи соли ҷорӣ журналисти мустақил Саидмухтор Боқизода ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди мазмуну муҳтаво ва сифати китобҳои дарсӣ дархост ирсол намуд. Вазорати мазкур дар муддати муайяншуда, (3 рӯз ) ҷавоби худро пешниҳод намуд. Мавриди зикр аст, ки Вазорати маориф ва илм ба ҳамаи мактубҳои АМВАОМТ ва журналистони мустақил дар вақти муайяншудаи қонунҳои вобаста ба ВАО посух пешниҳод менамояд.
Вазорати корҳои дохилӣ, ки қаблан барои пешниҳоди посух ба дархостҳои журналистӣ фаъол буд, 3-4 моҳи охир ба якчанд дархостҳо посух надодааст.
Дар давоми 3 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби АМВАОМТ, намояндагони он дар вилояти Суғд, ва журналистони мустақил ба ниҳодҳои дахлдор 58 дархости журналистӣ ирсол шудааст. То имрӯз ба 21 дархостҳо посух гирифта шуда, 37-тои он то ҳол беҷавоб боқӣ мондааст. Майлони беэътиноӣ ба дархостҳои журналистӣ дар се моҳи ахир зиёд шудааст.
Аксари дархостҳои журналистие, ки аз ҷониби намояндаи АМВАОМТ дар вилояти Суғд ба ниҳодҳои гуногуни ин минтақа ирсол шудааст, ҷавоби худро нагирифтаанд. Зикр бояд, ки дар аксар ҳолатҳо ниҳодҳои поёнӣ бо ҳавола кардан ба ниҳодҳои болоӣ аз пешниҳоди маълумот худдорӣ менамоянд.
Зимнан бояд қайд кард, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро қонунгузории кишвар кафолат додаааст. Назорати иҷрои яксони меъёрҳои қонун ба души Прокуратураи генералӣ аст. Мутаассифона, худи ниҳоди назоратӣ ба иҷрои талаботи қонунгузории кишвар беэътиноӣ мекунад, ки волоияти қонунро зери суол мебарад.
Хадамоти мониторинги АМВАОМТ