HRW: Аз Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи мардум пурсед, Афғонистон баҳона шуда наметавонад
     TJ RU EN
06:30 / 2024-12-20

HRW: Аз Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи мардум пурсед, Афғонистон баҳона шуда наметавонад

Як созмони ҳомии ҳуқуқи одамон аз Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки аз мақомоти Тоҷикистон дар бораи вазъи, ба гуфтааш, риққатбори ҳуқуқи мардум дар ин кишвар бипурсанд.

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 4-уми ноябр дар дафтари Созмони Милал дар Женева дар бораи пешрафташ дар бахши ҳимоят аз ҳуқуқи инсон гузориш медиҳад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 2-юми ноябр дар муроҷиаташ гуфт, номи Тоҷикистон вақтҳои охир бо мавзеъгирияш дар баробари "Толибон" дар сархати расонаҳост, вале ин барои нодида гирифтани нақзи ҳуқуқи мардум баҳона шуда наметавонанд.

Human Rights Watch аз мулоқоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бо раҳбари Фаронса Эммануэл Макрон ва президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ёдоварӣ кардааст.

Вале мегӯяд, "изҳороти расмии онҳо бар сари масъалаҳои амнияти минтақаӣ ва нақши Тоҷикистон дар робита бо Афғонистон тамаркуз кард, аммо саркӯбҳои бераҳмонаи ҳуқуқи мадумро дар Тоҷикистон нодида гирифт."

Ин созмон мегӯяд, дар ҷараёни даври сеюми арзёбиҳо аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар СММ "имкони нав пеш омадааст, ки ин буҳрон дигарбора дар миён гузошта шавад."

Дар изҳорот омадааст: "Ин як шонси дигар барои аъзои СММ аст, ки ба мақомоти Тоҷикистон рӯшан кунанд, ки бӯҳрони Афғонистон наметавонад барои нодида гирифтани вазъи даҳшатноки ҳуқуқ дар ин кишвар баҳона шавад."

Созмону кишварҳои ғарбӣ солҳо боз Тоҷикистонро ба маҳдуд кардани озодиҳои мардум танқид мекунанд. Мақомот ҳамвора нақзи густардаи ҳуқуқи одамонро рад карда, вале баъзе тасмимҳоро барои пешгирӣ аз ифротгароӣ муҳим шумурдаанд.

https://www.ozodi.org/a/31541256.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима