Маҳфили эҷодии адиб ва рӯзноманигори маҳбуби кишвар Карим Давлат ба ифтихори 70-солагияш бори дигар собит сохт, ки ӯ дар соҳаи адабиёти бадеӣ, тарҷума ва рӯзноманигорӣ аз шахсони муваффақ маҳсуб мешавад. Инчунин, ҳунару таҷрибаи ӯ ба таҳқиқи бештару беҳтар ниёз дорад.
Мавсуф чун рӯзноманигор, сармуҳаррир, мухбири махсус, муовини аввал, сардори шуъбаи рӯзномаҳои «Роҳи ленинӣ»-и вилояти Кӯлоб, «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ, «Садои мардум» ва «Ҷумҳурият» фаъолияти чашмрас ва ибратомӯз дошт. Дар ин муддат ба муҳимтарин масъалаҳо рӯ меовард, дар мавзуъҳои дархӯри замон ва ҷомеа сари вақт матолиби хонданиву ҷолиб омода мекарду ба нашр мерасонд.
Ҳамзамон, дар инъикоси дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ матлабҳои пурарзишро навишта, ба чоп омода сохтааст. Махсусан, бо очеркҳояш дар мавзуъҳои сулҳ, ваҳдати миллӣ, бунёди шоҳроҳҳои кишвар, хидматҳову ташаббусҳои бесобиқаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни хонандагон ва мутахассисон аз маҳбубияти бештаре бархӯрдор гашт. Ба ҷуз ин, эътироф карданд, ки дар омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои актуалӣ равиши тозаеро касб менамояд. Дар тарбияи рӯзноманигорони ҷавон низ саъю кӯшишҳои судманд ба харҷ додааст, ки аксари онҳо бо навиштаҳои худ ва фаъолияти пурсамарашон дар кишвар эътироф шудаанд.
Тарҷумонӣ паҳлуи дигари фаъолияти Карим Давлат маҳсуб мешавад. Ӯ ҳанӯз аз нимаи аввали солҳои 80-уми асри гузашта бо тарҷумаҳои зебои осори адибони маъруф аз қабили А. Чехов, А. Платонов, В. Распутин, Н. Думбадзе, А. Аверченко, М. Ворфоломеев ба дили ҳаводорони каломи бадеъ роҳ ёфт. Хонандагон ва муҳаққиқон аз он замон ба тарҷумаҳои ӯ баҳои сазовор доданд ва таъкид доштанд, ки дар ин кор дасти қавӣ дорад. Инчунин, аз бисёр тарҷумонҳои маъруф пешгомтар мебошад.
Нашри ҳикояву достонҳояш дар матбуоти даврӣ, соҳавӣ ва дар шакли китобҳои алоҳида бо номҳои «Шоми деҳа», «Дандони ақл», «Як лаҳза нахандед», «Чашмаи фариштаҳо», «Меҳр», «Ҷонфидо», «Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор», «Сутуни дил», «Гулдаста». «Шикастанафс» ва «Хандаи чашм» нависандаи хушзарофату баркамол будани ӯро бозгӯ кард.
Қаҳрамонҳои ӯ бофтаи тахайюли нависанда нестанд, балки дар рӯзгори мо зиндагӣ ба сар бурдаанду мебаранд. Бештари онҳо дар деҳот зиндагӣ ва фаъолият мекунанд. Ба дилсофӣ, самимият ва мақсаду ормонҳои наҷибашон дар маркази таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Образу характерҳои офаридаи нависанда бо камолу ҷаззобияташон ва услуби нигорандагӣ фарқкунанда ҳастанд. Дар сохтани диалог ва табиӣ баромадани ин гуфтугӯ ӯ маҳорати баланд дорад.
Барҳақ, муҳаққиқон, адибон таъкид доштанд, ки агар намунаҳои беҳтарини ҳикояҳои адибони асили адабиёти даврони муосир барои нашри китоби алоҳида интихоб шаванд, ҳатман бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки як ҷузъи он бояд ҳикояҳои Карим Давлат бошад.
Лутфу хушгӯйиҳои нависанда дар шакли ҳикояҳои хурд дар китобҳои ӯ бо номҳои «Як лаҳза нахандед» ва «Хандаи чашм» ҷой дода шудаанд. Ин гуна ҳикояҳои ӯ аз зарофати мардум, ҳозирҷавобии онҳо шаҳодат медиҳанд. Албатта, нависанда ба онҳо бадеият бахшидааст ва ин гуна ҳикояҳоро такмил додааст. Онҳо дар боло рафтани завқи бадеии хонандагон ҳатман таъсири мусбати худро расондаанду мерасонанд.
Ҳамин тавр, Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Сироҷиддин Икромӣ, мудири шуъбаи насри ин иттифоқ, Аламхон Кӯчаров, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистон, Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, Иззатбек Идӣ, шоир, Раҷаб Мардон, Абдулқодири Раҳим, адибон ва рӯзноманигорон, Самариддин Асозода, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», Ортиқи Қодир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон низ бо баёни нуктаҳои фавқуззикр оид ба дигар паҳлуҳои зиндагиву кори ин адибу рӯзноманигор андешаҳои ҷолибашонро иброз доштанд. Таъкид шуд, ки ӯ барои эҷоди асарҳои адабӣ ва журналистӣ ҳанӯз ҳам неруи зиёд дорад ва, албатта, аз он ба нафъи ин соҳаҳо, пешрафташон хидмат хоҳад кард.
http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=45312