ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН
     TJ RU EN
06:22 / 2024-11-16

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Дастрасӣ ба адолати судӣ аз ҷумлаи ҳуқуқҳои асосиест, ки ҳам бо меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳам бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шуда, бидуни он ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи муосир ғайриимкон аст.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими дастрасӣ ба адолати судӣ, ҳуқуқи гирифтани ёрии ҳуқуқии тахассусист ва он ба ҳамаи шахсоне, ки имкони пардохт кардани чунин хизматрасониро надоранд, кафолат дода мешавад.

Ин матлабро Музаффар Ашуриён, вазири адлия, дар конфронсе, ки 25 октябр бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 5-солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ироа намуд.

Зикр шуд, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади гузариш ба марҳилаи нави рушди ёрии ҳуқуқӣ ва такмили низоми расондани ёрии ҳуқуқии ройгон аз 2 июли соли 2015 Кансепсияи расондани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҳадаф аз қабули он ташаккули асосҳо ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгони дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ буд. Барои татбиқи консепсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлия таъсис ёфт. Дар иртибот ба ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» (4 июли соли 2020) ба тасвиб расид, ки айни замон дар асоси он ба аҳолии кишвар ёрии якумдараҷа ва дуюмдараҷа расонда мешавад. Шуруъ аз соли 2016 то соли ҷорӣ дар 34 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ расондани ёрии ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардида, ба зиёда аз 87 ҳазор шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгон расонда шудааст.

- Ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ҳамаи одамон ҳуқуқ доранд. Агар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо фаъолияти самарабахши ҳуқуқшиносони давлатӣ фаро гирифта шаванд, мувофиқи мақсад хоҳад буд. Ҳамзамон, хизматрасонии як ҳуқуқшиноси давлатиро дар якчанд ноҳияҳо метавон таъмин кард. Истифода аз шаклҳои хизматрасонии инноватсионӣ, ба мисли пешниҳоди ёрии ҳуқуқии якумдараҷаи сайёр ва онлайнӣ ҳам ба маврид аст, - иброз дошт Пратибҳа Метҳа, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон.

Дар идома Лоиқ Нусратиён, директори Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» аз фаъолияти 5 - солаи ин муассиса натиҷагирӣ кард.

http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=45338


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима