Тарҳи қонуни асосии иттилоот: маҳдудиятҳои кӯҳна, вале дар қолаби нав
     TJ RU EN
06:53 / 2024-12-20

Тарҳи қонуни асосии иттилоот: маҳдудиятҳои кӯҳна, вале дар қолаби нав

Тарҳи “Кодекси иттилоотии ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати додани посухи мақомоти давлатӣ ва масъулони ниҳодҳои дигарро аз 3 рӯзи дар қонуни "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма" таъингардидаро то 30 рӯз дароз кардааст. Гурӯҳи кории таҳиягар ин тарҳи қонуни асосии иттилоотро дар маҳфилҳои рӯзноманигории Душанбеву минтақаҳои дигари кишвар ба муҳокима гузоштааст.

Тарҳи хом ё комил? Хайриддин Усмонзода, муовини раиси кумитаи робитаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар маҳфили Хуҷанд гуфт, ки ин тарҳи вижа қонунҳои ҳоло амалкунандаи марбут ба кору фаъолияти васоити ахбори омма ва рӯзноманигорон ва меъёрҳои чанд қонуни дигари марбут ба баъзе масъалаҳои ба ин бахш дахлдорро дарбар мегирад. Ӯ афзуд, пешниҳоди маҷмӯи онҳо дар чорчӯби як қонун зиддунақизиҳои бархе маъниву мафҳумҳо дар байни онҳоро аз байн бурда, “татбиқи онҳоро ба танзим медарорад ва бархӯрдҳои ниҳодҳои идоракунандаи соҳаро аз байн хоҳад бурд”. Вале рӯзноманигорону коршиносони ошно бо тарҳи Кодекси иттилоотӣ онро ҳанӯз “хом” меноманд. Чунки ҳамзамон бо бартатаф кардани бархе монеаҳои кору фаъолияти рӯзноманигорон ва расонаҳо маҳдудиятҳои кӯҳнаеро, ки мустақилияти онҳоро аз байн мебарад нигоҳ доштааст. Хуршед Улмасов, раҳбари кулли ширкати телевизион ва радиои “Тироз” дар Хуҷанд мегӯяд: “Мо бояд ин кодекси бо пулу машаққати бисёр омодашударо тавре такмил кунем, ки баъди чанд сол зарурати тағйир додан ё аз сари нав сохтани он пеш наояд. Ҳоло ҳам сари вақт аст. Чунки интернет ва олами иттилоотӣ бо суръат рушд мекунад, пеш меравад. Мо бояд ба ин омода бошем, ба пахши рақамӣ омода бошем. Маъниву мафҳумҳои нави муосирро аниқ ва дуруст ба қонун дохил кунем.” Ин тарҳро намояндагиҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Бунёди Сорос дастгирии молӣ мекунанд. Таҳияи ин тарҳ дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар шохиси матбуоти озоди "Гузоришгарони бидуни марз" дар соли 2021 байни 180 кишвари ҷаҳон дар ҷои 162- юм қарор дорад.

“Аз бало – ҳазар” ва худсонсурӣ Нашрияҳои мустақили кишвар дар солҳои охир тақрибан пурра аз байн рафта, радио ва телевизионҳо таҳти назорати шадид, амалан зери сензураи давлатӣ кору фаъолият мекунанд. Бисёр рӯзноманигорон дар суҳбатҳои хусусӣ мегӯянд, ки аз бими фишор ва таҳдидҳои мақомот аз рӯи мақоли “аз бало – ҳазар” ба худсонсурӣ гузаштаанд ва аз инъикоси масъалаҳои доғу ҳассос худдорӣ мекунанд. Рӯзноманигор - Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки матлабҳои интиқодӣ аз кору фаъолияти мансабдорони маҳали зисташ менавишт, ҳудуди 10 солро дар паси панҷараи зиндон сипарӣ мекунад ва ҳоло 6 моҳ аз муҳлати ҳабсаш боқӣ мондааст. Аммо бо вуҷуди 65 солаву бемор буданаш мақомот баъди қонуни афви сеюм ҳам ӯро раҳо карданӣ нестанд. Латукӯби рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ, 1 сол зиндонӣ шудани Далер Шарифов, маҳрум кардани хабарнигорони Озодӣ аз парвонаи кор, масдуд намудани сомонаи “Азия Плюс” нишонаҳои ошкори фишори мақомот ба рӯзноманигорон ва нашрияҳои мустақил ва маҳдуд кардани озодии баён аст. Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ягона кишварест, ки шабакаи телевизиони ҷамъиятӣ надорад.

Кодекси иттилоотӣ: ҳамрадиф ё ҷойгузини қонунҳо ? Тарҳи “Кодекси иттилоотии ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 2 қисм, 15 боб ва 247 Модда иборат аст. Онро 5 муаллиф : Ранҷет Ятимов, ҳуқуқшиноси расонаҳо аз созмони “Хома”, Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Конуни миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон - “Нансмит”, Рустам Қосимӣ, раҳбари “Хазинаи ҷамъиятии интихобот”, Сарвар Холиқзода, корманди вазорати адлия ва Амрулло Мелибоев, доктори илми ҳуқуқшиносӣ дар тӯли 2 сол мураттаб кардаанд. Нуриддин Қаршибоев гуфт, Кодекси иттилоотӣ 11 қонуни амалкунандаи кишвар ва меъёрҳои 5 қонунеро, ки баъзе масъалаҳои муносибатҳои иттилоотиро танзим мекунад, дарбар мегирад. Қаршибоев афзуд, ба ин тарҳ “Қонун дар бораи сирри давлатӣ” дохил карда нашудааст. Инчунин, сари он ки дар сурати қабул ва ба иҷро даромадани Кодекси иттилоотӣ қонунҳои дигари соҳа, масалан “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва “Қонун дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” бекор карда хоҳад шуд ё не, баҳс меравад.

Мушкили дастрасӣ ба иттилоот ва мурофиаҳои судӣ Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 16 қонун муносибатҳои иттилоотӣ ва кору фаъолияти рӯзноманигорон ва воситаҳои ахбори оммаро дар чорчӯбаи танзим медарорад. Вале ба гуфтаи рӯзноманигорону ҳуқуқшиносон дар умури матбуот, роҳҳалли як идда мушкилоти асосии рӯзноманигорон, телевизион ва радиоҳо ва дигар васоити ахбори омма, мисли дахлнопазирии журналист, гузаштан ба пахши рақамӣ, аз байн бурдани монополия ва рақобати носолим дар ин кор, тартиби додан ва бекор кардани парвона (аккредитатсия) - и журналистони расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон роҳҳалли қонунии онҳоро ба таври аниқу равшан муайян накардаанд. Тарҳи Кодекси иттилоотӣ низ истисно нест. Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшинос, раҳбари созмони ҷамъиятии “Адвокати ту” дар Хуҷанд, ки ба рӯзноманигорон ёриҳои ҳуқуқии ройгон мерасонад, мегӯяд, сарҷамъ кардани қонунҳо кори хуб аст, ба шарте ки мушкилоти рӯзноманигорон ва воситаҳои ахбори оммаро сабук кунад. Ӯ афзуд: “Мутаассифона, худи Кодекси иттилоотӣ дар бархе мавридҳо зиддунақизиҳои қонунҳоро бештар ва печидатар кардааст. Масалан, моддаи 64 - и ин тарҳ муҳлати гирифтани посух ба дархости рӯзноманигор ба гирифтани иттилоъро то 30 рӯз таъин кардааст. Ин мушкили моро бештар мекунад. Хаттӣ пешниҳод кардем, ки ин муҳлати то 3 рӯзи пештара, ки дар Қонуни “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ҳаст, баргардонида шавад. Чунки ҳозир мақомот ба дархостҳои оддии рӯзноманигорон ақаллан баъди 3 рӯз ё як ҳафта посух медиҳанд.” - афзуд ӯ. Ба ҳамин монанд Моддаи 93 - и ин тарҳ иштироки озодонаи шаҳрвандон, аз ҷумла журналистонро дар мурофиаҳои бози судӣ ва сабти онро аниқ ва мушаххас иҷоза надодааст. Хонум Ҷӯраевагуфт: “Дар ин Модда бояд гуфта мешуд, ки агар мурофиа кушод бошад, ҳар як журналист метавонад дар он озодона иштирок кунад. Инро Пленуми Суди Олӣ иҷоза додааст. Ба ғайр аз ин ба журналист иҷозат дода шавад, ки ҷараёни муҳокимаи додгоҳиро сабт кунад, ба навор гирад, акс бардорад.” Дар айни ҳол тибқи қонунгузории Тоҷикистон роҳ ёфтани хабарнигорон ба толори мурофиаи боз ва забти он ба тасмими раиси суд вобаста аст. “Яъне – агар хостанд, иҷоза медиҳанд, нахостанд - не. Бубинед, ки ба баъзе мурофиаҳо, ки инъикоси он ба суди мақомот аст, журналистонро худашон даъват мекунанд ва ба толор бо камераҳояшон роҳ медиҳанд. Журналистон суханронии раиси суд ва сухани охирини айбдоршавандаро сабту пахш мекунанд. Аммо агар роҳ додани журналистон ба толори мурофиаро нахоҳанд, иҷозат намедиҳанд. Ҳатто мурофиаҳои бози судиро дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ баргузор мекунанд, ки рӯзноманигорон ва дигар шаҳрвандони оддӣ аслан роҳ ёфта натавонанд. Ҳол он ки қонун бояд барои ҳама, ҳам раиси суд, ҳам шаҳрванди одӣ яксон бошад.”,--гуфт Ҷураева.

Пахши рақамӣ, монополияи рақобати носолим ва назорати интернет Хуршед Улмасов, раҳбари кулли телевизион ва радиои рекламавии “Тироз” дар шаҳри Хуҷанд бори аввал дохил шудани телевизион ва радиои ҷамъиятӣ дар номгӯи шаклҳои расонаҳо дар Тоҷикистон, роҳу равиши таъсис ва роҳандозии кору фаъолияти онҳо, аз байн бурдани гирифтани литсензия барои маводи таҳиягардидаро аз бартариҳои Кодеки иттилоотӣ медонад. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ягона кишварест, ки радиову телевизионҳояш ҳанӯз ба пахши рақамӣ нагузаштаанд ва дар ин кори мураккаб ва пурхарҷ ақиб мемонад. Консепсияи ҳукумати Тоҷикистон дар бораи гузаштан ба пахши рақамии шабакаҳои телевизионии кишварро аз даҳ соли пеш пешбинӣ мекард, вале ҳанӯз ин кор ба иҷро надаромадааст. Ҳамзамон, қонуни қобили амали “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” Кумитаи давлатии телевизион ва радиои ҷумҳуриро сохтори ягонаи литсензиядиҳанда, яъне, амалан монополисти ягона ва назоратгари ин соҳа таъин кардааст. Ҳол он ки ба хотири таъмини рақобати озод сохтори литсензиядиҳанда бояд сохтори ҷудогонаи мустақил бошад ва худи телевизион ва радиоҳои давлатӣ низ бояд бо иҷозаномаи он кор кунад. Хуршед Улмасов, раҳбари кулли телевизион ва радиои “Тироз” дар Хуҷанд мегӯяд, ин мушкилот телевизионҳои давлатӣ ва хусусиро дар остонаи гузаштан ба пахши рақамӣ дар шароити кору фаъолияти нобаробар гузоштааст. Ба ақидаи ӯ, муаллифони тарҳи Кодекси иттилоотӣ мафҳумҳои ин бахш, ба навбати авал - “телевизиони интернетӣ” ва “телевизиони IP” – ро аниқ сабт карда, роҳу равишҳои гузаштан ба онҳоро ҳамвор ва аз роҳ ёфтани монополисти нав дар ин соҳа ҷилавгирӣ кунад. Ӯ афзуд: “Чунки дунёи иттилоотонӣ ба ин роҳ пеш меравад. Қимат будани интернет сабаби нагузаштан ба пахши рақамӣ наметавонад. Ин мушкил баъди гузаштан ба пахши рақамӣ бо дастрасӣ ба хадамоти интернетрасонҳои ҷаҳонӣ худ ба худ ҳал мешавад. Ба ҳисоби мо, нархи интернети мо ҳам мисли кишварҳои дигар ба маротиб паст мешавад. Аммо дар он сурат контроли расонаҳои электронӣ аз байн хоҳад рафт. Касе дар кишвар онҳоро на баставу на боз карда ва на маҳдуд карда наметавонад.” Ин дар ҳолест, ки дар остонаи ин кор монополисти нави соҳиби басомадҳои рақамӣ дар симои идораи мавҷпарокани “Тоҷиктелеком” ба саҳнаи рақобат ворид шудааст. Ҳанӯз маълум нест, телевизионҳо ва радиоҳои кишвар, ки аз нигоҳи молӣ чандон тавонманд нестанд, ба чӣ роҳу равише ба басомадҳои пахши рақамӣ дастрасӣ пайдо хоҳанд кард ва оё ба даст овардани литсензия аз “Тоҷиктелеком” низ ба онҳо ҳатмӣ хоҳад шуд? Пешниҳодҳо: Дахлнопазирии журналист, фарқи муроҷиат ва дархост, масъулияти мақомот барои додани иттилоъ Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Конуни миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон – НАНСМИТ, аз муаллифони тарҳи Кодекси иттилоотӣ мегӯяд, дар ҷараёни баррасии он норасоиҳо ва камбудҳои он ошкор шудааст ва гурӯҳи корӣ сари ислоҳи онҳо ва такмили тарҳ кор хоҳанд кард. Ӯ афзуд: “Пешниҳоди ҷолибе дар бораи дахлнопазир будани журналист ҳангоми адои вазифаи кориаш дарёфт кардем, ки меъёри он дар Кодекси иттилоотӣ бояд дохил гардад. Зеро дар қонунгузории Тоҷикистон чунин меъёр вуҷуд надорад.” Ҳамин тавр, фарқ гузоштан байни дархост ва муроҷиат, кам кардани муҳлати посух ба саволи одии рӯзноманигор, ки вақту заҳмати зиёд намехоҳад ва дархостҳои вақту кори бештарталаб, масъулияти мақомот барои саркашӣ аз пешниҳод ё саривақт надодани он аз ҷумлаи пешниҳодҳоест, ки гурӯҳи кории таҳиягари Қодекси иттилоотӣ дарёфт кардааст. Ҳоло маълум нест муҳокима ва ислоҳу такмили тарҳи қонуне, ки муаллифонаш онро ҷойгузини маҷмӯи қонунҳои танзимкунандаи муносибатҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон карданианд, чӣ қадар идома хоҳад дошт ва кай ба порлумон меравад. Аммо он чӣ таҷрибаи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон солҳои охир равшан ба намоиш гузоштааст, ки қонунҳои нав ва тағйири қонунҳои амалкунанда бе баррасии кофӣ аз сӯи кормандони соҳа ва миёни ҷомеа қабул мегарданд ва кори рӯзноманигорон ва фаъолияти васоити ахбори оммаро ба ҷои сабук кардан вазнинтар ва мустақилияти бе ин ҳам ночизи онҳоро маҳдудтар мекунанд. Аз ин нигоҳ, бархе рӯзноманигорон ва коршиносони тарҳи “Кодекси иттилоотии ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро мутолиакарда мегӯянд, агар ин қонун низ бе ислоҳу такмил бо пешниҳодҳои ироакардаи онҳо ба тасвиб расад, ба талаботи замон ва дарди онҳо нахоҳад хӯрд.

https://www.ozodi.org/a/31527163.html

Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима