ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ: Чаро то ҳол ин низом пурра амалӣ нагардидааст?
     TJ RU EN
01:47 / 2024-12-20

ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ: Чаро то ҳол ин низом пурра амалӣ нагардидааст?

Ҳукумати электронӣ низоми муосири технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ба ҳисоб рафта, давлатҳои олам марҳила ба марҳила ба ин система ворид мегарданд. Тоҷикистон низ ҳамқадами замон аст. Бо мақсади ташаккули системаи ягонаи иттилоотӣ ва пайвастшавии тамоми сохтору вазорат, ташкилот ва шаҳрвандон ба низоми ҷадиди электронӣ ва истифодаи васеи онҳо аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ Ҳукумати кишвар соли 2011 консепсияи Ҳукумати электрониро татбиқ намуд. Аз ташаккули консепсия 10 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо то ҳол ниҳодҳо пурра ба ин низом ворид нашудаанд.

Саволе ба миён меояд, ки татбиқи консепсияи Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон чӣ зарурат дошт ва чаро то ҳол пурра амалӣ нагардидааст. Мушкил дар ниҳодҳои муваззафгардида аст ё норасоии мутахассисону таҷҳизоти техникӣ ва ё омили дигар?

Барои огоҳӣ пайдо кардан аз раванди амалигардии ин низом ва дастрасии маълумот ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷроиш ва назорати пурраи Ҳукумати электронӣ ба зиммаи ин ниҳод вобаста аст, муроҷиат намудем. Тибқи маълумоти хадамот маълум гардид, ки наздики 50 вазорату идора ба низоми Ҳукумати электронӣ пайваст шуда, пурра барқарорсозии шабакаи ягонаи электронӣ дар байни дигар ниҳодҳо идома дошта, миёни шуъбаҳои умумии онҳо барои ташкил намудани мубодилаи электронӣ чораҳои дахлдор андешида мешавад.

Аммо маълумоти воқеӣ баёнгари он аст, ки танҳо системаи маориф ва якчанд ниҳод ба ин низоми ягона пайвастаанду халос. “Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Бонки давлатии амонатгузорӣ “Амонатбонк” ба шабакаи ягонаи электронӣ пайваст буда, миёни ҳам метавонанд, танҳо маълумоти вобаста ба самти худро дастрас кунанд”, - иброз дошт Фирдавс Файзов, корманди Кумитаи андоз. Ниҳодҳои боқимонда, ки тибқи иттилои Хадамоти алоқа наздики 50 вазорату идораанд, ба кадом шабака пайваста ва чӣ гуна фаъолияти ягонаро ба роҳ мондаанд, номаълум.

Аз соли 2015 инҷониб марҳилаи сеюми консепсия оғоз шуда то соли 2020 бояд он пурра амалӣ мегардид. Пас чаро то ҳол ба таври бояду шояд ин низом дар кишвар ҷорӣ нагардидааст?

Тоҳир Ёқубов, корманди Хадамоти алоқа мушкилро дар вобастагии Хадамот ба ниҳодҳои дигар медонад. “Сабаби пурра ба кор надаромадани раванди мазкур аз вазорату идораҳои пайвастшуда, вобастагии ҷиддӣ дорад, зеро аз ҷониби Худамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо назорат шуда, замина ва корҳои техникӣ гузошта мешавад”, - иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳошия Силмон Мавлонназаров, мудири кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияи иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилро дар паст будани суръати интернет медонад.Ӯ гуфт: “Интернет дар провайдерҳои кишвар теъдоди зиёди истифодабаранда дорад, аммо заминаи онҳо қудрати хизмарасониро надорад. Махсусан ноҳияҳои дурдасти кишвар, ки дастрасии онҳо ба интернет хело суст аст, имкони истифодаи хизматрасониҳои электрониро надоранд, ки ин ҳолат зарбаест барои ташаккули Ҳукумати электронӣ. Аз нигоҳи дигар барои пурра татбиқ гардидани ин низом мушкилӣ дар худи мо - шаҳрвандон аст, ки аз ин хизматрасониҳо ба таври дуруст истифода намекунем”.

Дар ин асно иддае аз шаҳрвандон аз хизматрасониҳои электронӣ изҳори норозигӣ намуда, иброз доштанд, ки истифодаи бархе аз хизматрасониҳо ба онҳо дастнорасу нофаҳмост. Қисмати дигар аз хизматрасониҳои электронӣ қаноатманд буда, мегӯянд, ки корашон нисбатан осон гардидааст.

Соли 2017 дар рӯйхати Созмони Миллали Муттаҳид барои ташаккули Ҳукумати электронӣ Тоҷикистон дар зинаи 133 қарор дошт. Солҳои 2018-2019 ду зина поён фаромад. Дар соли 2019 бошад, бо 0,46 нишондиҳанда дар Осиёи Миёна Тоҷикистон мавқеи чорумро ишғол мекард. Барои муайян кардани мавқеи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқи ин низом ба Хадамоти алоқа муроҷиат намудем. Дар навбати худ хадамот суоли моро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавола кард. Меҳрангез Ҷӯрабекова, корманди Раёсати рушди соҳаи иҷтимоии вазорати мазкур зимни муроҷиати мо посух дод, ки маълумоти ду соли охир ба онҳо дастрас набуда, оид ба масъалаи дар кадом зина қарор доштани Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳонӣ маълумоти мушаххасе надоранд. Ба андешаи ӯ, маълумоти дақиқро танҳо аз ташкилотҳои хориҷӣ метавон дастрас кард. Аммо кадом ташкилоти хориҷӣ, номаълум.

Ин ҷо маълум мегардад, ки ниҳодҳои вобаста, бемасъулиятӣ зоҳир намуда, вазифаи ба зиммагузоштаашонро анҷом намедиҳанд. Ва чандин саволҳо дар гирди чунин вазорату идораҳо ҳалқа зада посух мехоҳанд.

“Пурра ворид нагардидан ба ин низомро дар кишвар ба масоҳати зиёди кӯҳӣ будан рабт медиҳанд. Агар ба давлатҳои Сингапур ва Швейтсария назар афканем, қисмати зиёдашонро баландкӯҳҳо ташкил медиҳад. Аммо дастрасии онҳо ба интернет бо суръати баланд аст”, - мегӯяд Силмон Мавлонназаров.

ар ин ҳошия намояндаи Хадамоти алоқа қайд намуд, ки кишварҳое дар истифодабарии имкониятҳои технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд, пеш аз ҳама ба масъалаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, омода намудани кадрҳои баландихтисос, рушди инфрасохтори иттилоотӣ ва татбиқи усулҳои идоракунии электронӣ диққати зарурӣ медиҳанд. Аз рӯи гуфтаҳои ӯ маълум мегардад, ки норасоии мутахассисону кадрҳои тахассусӣ низ заминагузори ба таъхир афтодани ин низом дар кишвар мебошад.

Асоси ташаккули Ҳукумати электронӣ дар кишварро ноил шудан ба самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин содда гардонидани қоидаҳо ва кам кардани муҳлатҳои расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, кам кардани хароҷоти маъмурӣ ва баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба иттилоотро ташкил медиҳад. Аммо то чӣ андоза ба ин ҳадафҳо ноил гардиданро намояндаи Хадамот хуб арзёбӣ намуда, зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати электронӣ хело рушд кардааст, аз ҷумла, равзанаи ягонаи пардохти андоз, пардохти маош, тариқи кортҳои бонкӣ, таҳсилоти фосилавӣ дар Вазорати маориф ва илм аз ҷумлаи татбиқоти ҳукумати электронӣ мебошанд.

Силмон Мавлоназаров татбиқи Ҳукумати электрониро дар мисоли Маркази миллии тестӣ қаноатманд ҳисобида, иброз дошт, ки баъд аз ҷорӣ гардидани ин низом дар марказ ҳолатҳои коррупсионӣ коҳиш ёфта, довталабон бе воситаи миёнарав ва истифода аз савияи дониш метавонанд, ба дилхоҳ донишгоҳу донишкадаҳо дохил гарданд. Ӯ инчунин қайд намуд, ки дохил шудани донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои хориҷа низ аз амалигардии низоми Ҳукумати электронӣ дар кишвар мебошад.

Аммо ин нуктаро бояд таъкид кард, ки масъулин ба пайвастшавии якчанд ниҳод набояд қаноат кунанд. Хадамоти алоқаро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи пурраи ин низом назорати ҷиддиро ба роҳ монад. Аз рӯи маълумоти пешниҳоднамудаи хадамот бояд дар ин самт мушкилоте вуҷуд надошта бошад.

http://javonon.tj/news/social/ukumati-elektron-charo-to-ol-in-nizom-purra-amal-nagardidaast/


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима