Душанбе: Рӯнамоӣ ва муҳокимаи лоиҳаи Кодекси иттилоотӣ
     TJ RU EN
01:29 / 2024-12-20

Душанбе: Рӯнамоӣ ва муҳокимаи лоиҳаи Кодекси иттилоотӣ

30 сентябри соли ҷорӣ лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқокима гардид.

Дар ин чорабинӣ рӯзноманигорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.  Чорабинии мазкур дар формати онлайнӣ ва офлайнӣ бо мақсади дастрас намудани андеша ва пешниҳодҳои иштирокчиён ташкил карда шуд.

Лоиҳаи мазкур тӯли 4 сол аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар хайати намояндагони Маҷлиcи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираҳои академӣ, мақомоти давлатӣ коршиносони миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорӣ таҳия гардида, фарогири муносибатҳои ҷамъиятиву давлатӣ дар самти ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, танзими фаъолияти ВАО, тартиби пешниҳоди иттилоот аз ҷониби субъектҳои иттилоотӣ ва дигар ҷанбаҳо мебошад.

Омӯзиш ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки  таҳияи чунин кодекс дар кишварҳои пасошӯравӣ аввалин таҷрибаи ба ҳам овардани қонунҳое, ки муносибатҳои иттилоотӣ ва иттилоърасониро ба танзим медарорад, мебошад.

Чунин чорабинӣ дар вилояти Суғд гузаронида шуда, дар назар аст, ки дар вилояти Хатлон низ бо иштироки намояндагон аз ВМКБ баргузор гардад.


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима