Ҷаласаи СААД, ҷашни Созмони Аҳдномаи Шанхай ва баррасии вазъи Афғонистон. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта аз 12 то 19 сентябр
     TJ RU EN
01:55 / 2024-12-20

Ҷаласаи СААД, ҷашни Созмони Аҳдномаи Шанхай ва баррасии вазъи Афғонистон. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта аз 12 то 19 сентябр

Ҳафтаи гузашта шабакаҳои асосии кишвар (чун ҳафтаи қабл) дар барномаҳои  ҷамъбастии худ гузоришҳои расмиро истифода бурда, дар бораи баргузории ду чорабинии муҳими сиёсӣ – ҷаласаҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Душанбе баргузор шуд, хабар доданд. Мутаассифона, ин дафъа низ руйдодҳо бе таҳлили коршиносон баррасӣ шуданд.

Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”

Чун ҳарвақта муаллиф ва баранда Фахриддини Муҳаммадюсуф онро оғоз намуда, сархати гузоришҳоро хонда дод. Дар аввал дар бораи мулоқотҳои президенти кишвар бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров, вазири мудофиаи ин кишвар Сергей Шойгу ва муовини роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Козак гуфта гузашта, сипас  аз вохурӣ бо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко наворҳо пешниҳод гардиданд. Дар гузоришҳои минбаъда бошад, наворҳо якмаром ва бо матни тақрибан якхела пешкаш гардиданд.

Пас аз он ровии барнома хабар дод, ки дар Қасри миллат 16 сентябр ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) шуда гузашт. Боз ҳам наворҳои якмаромро намоиш дода, дар баромади синхронӣ пурра суханони президентро дар он ҷамъомад шунавониданд. Дар ҷаласа асосан  вазъияти мураккаб ва хатарноки Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Баъд аз ин силсилагузоришҳо аз мулокотҳои хосаи сарвари давлат бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин — Ван И, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар, президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, пешниҳод шуданд. Бояд гуфт, ки аз ҳар мулоқот гузоришҳои ҷудогона пешкаш гардид, ҳарчанд наворҳо қариб як хел гирифта шуда, матни пасикадрӣ низ якмаром буд.

Яке аз гузоришҳои аз ҷиҳати навор рангини барнома зиёфати ғайрирасмӣ ба ифтихори Сарони давлатҳои аъзои СААД ва СҲШ, инчунин меҳмонони фахрии ин чорабиниҳо буд, ки дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби президенти муҳтарам баргузор карда шуд.

Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзие, ки тариқи наворҳо намоиш дода шуд, ба гуфтае, аз рангорангӣ тамошобинро ба ваҷд меовард.

Дар матни пасикадрӣ, ки бояд аз рӯи қоида наворҳоро пурра намояд, аз ҷониби муаллифон меваю сабзавот зиёд ташбеҳу тавсиф (ба монанди “меваҳои аз лиҳозу таъму сифат беҳамто”) карда шуд, ки ин хоси матни ахборӣ нест.

Баъди ин, гузориш аз ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ  намоиш дода шуд. Дар он баромади раиси ҷумҳур, ки аз вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон изҳори нигаронӣ кард, пурра оварда шуд.

Нуктаи ҷолиби дигари ин гузориш — тавсифи толорҳое мебошад, ки ҷаласа дар он баргузор гардид. Масалан, журналистон толори Аржангро «…сутунҳои сангин ва нақшу нигори болои сангҳои гуногуни нимқимматбаҳо ва ороишӣ оро ёфта, хеле зебою назаррабо аст» гуфта, тавсиф доданд. Дар мавриди дигар, толори бузурги сафедро, ки Зарандуд ном дорад, “… бо гачкорӣ дар рӯйи ойина оро ёфтааст” -гуфта, сифат намуданд, ки барои инъикос намудани руйдоди сиёсӣ чандон мувофиқ нест. Агар масалан, мо дар бораи чорабинии муҳими сиёсӣ нею дар бораи худи бино гузориш мекардем, чунин баҳодиҳӣ қобили қабул буд.

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон ва президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисиро, ки онҳо низ бо сафари расмӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, дар анҷоми барнома муфассал (бо баромади синхронии раиси ҷумҳур ва меҳмонон) намоиш доданд.

Дар охир баранда зимни хайрухуш, таъкид кард, ки “чунин буд гузоришҳои барномаи иттилоотӣ-таҳлилии “Тоҷикистон””, гарчанде дар барнома на таҳлил буду на коршинос.

ТВ “Сафина” ва ТВ “Ҷаҳоннамо”

Муҳтавои барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои ТВ “Сафина” ва ТВ “Ҷаҳоннамо”  низ пурра аз гузоришҳои расмии бахшида ба ҷаласаҳои Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ва Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ иборат буданд. Аммо дар барномаи “Ҷамъбасти ҳафта” баъзе гузоришҳоро муфассалтар (бо истифодаи пурраи баромадҳои синхронии президентон) пешниҳод намуда, тӯли 2 соат ва “Ҳафт рӯз” бошад, бе истифодаи гузоришҳо аз мулоқоти ҷудогонаи раиси ҷумҳур бо сарварони кишварҳо ва дигар меҳмонон барномаро аз ҷиҳати вақт (то 1 соат)  кӯтоҳ намуданд.

https://newreporter.org/tj/2021/09/21/jalasai-saad-jashni-sozmoni-ahdnomai-shanxaj-va-barrasii-vazi-afgoniston-sharhi-barnomahoi-xabarii-jambastii-hafta-az-12-to-19-sentyabr/


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима