RSF аз Душанбе озодии Ҳикматулло Сайфуллозодаро дархост намуд
     TJ RU EN
07:00 / 2024-12-20

RSF аз Душанбе озодии Ҳикматулло Сайфуллозодаро дархост намуд

Созмон изҳор доштааст, ки “озодии ӯ метавонад, ҳаёташро наҷот диҳад”.

Созмони “Хабарнигорони Бидуни Марз” (RSF) аз ҳукумати Тоҷикистон дархост намуд, ки мувофиқи қонуни авф рӯзноманигор ва яке аз фаъолони Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломӣ Ҳикматулло Сайфуллозодаро, ки ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст, озод кунад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба изҳороти рӯзи 9 сентябр нашршудаи ин созмон.

Дар изҳороти созмон зикр мешавад, ки Ҳикматулло Сайфуллозода аз соли 2015 дар зиндон адои ҷазо намуда, ҷонаш дар хатар аст.

Мавриди зикр аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ авф эълон кард.

Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ки авф 16 ҳазор нафарро фаро гирифта, 10 ҳазору 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.

Жан Кавелие, масъули бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони RSF изҳор доштааст, "ба Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндон хатари марг таҳдид мекунад”.

“Вай сирф бо ангезаҳои сиёсӣ дастгир шуда, бояд даҳ соли дигарро дар маҳбас гузаронад. Ҷое, ки қурбонии бадрафторӣ шудааст. Озодии ӯ метавонад, ҳаёташро наҷот диҳад. Гузашта аз ин, барои ҷомеа ва мақомоти Тоҷикистон хатар надорад", - гуфтааст ӯ.

Ҳикматулло Сайфуллозода моҳи апрели имсол, дар пайи бад шудани вазъи саломатиаш, дар беморхонаи маҳбас бистарӣ ва сипас ҷарроҳӣ шуд. Ҳамсараш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор дошта буд, ки бар асари вазъи бади иқтисодии оила, онҳо наметавонанд ӯро бо дорувории тиббӣ таъмин кунанд.

Собиқ узви шӯрои сиёсии ҲНИТ, сардабири нашрияи ҳизбии “Наҷот” Ҳикматулло Сайфуллозода 2 июни соли 2016 ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. Нимаи моҳи сентябри соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон раҳбарияти ҲНИТ-ро ба даст доштан дар кӯшиши ошӯби ҳарбии собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода гунаҳкор донист.

Ҳамаи аъзои ҳайати раҳбарии ҲНИТ ба ҳабс гирифта шуда, ҳизб созмони террористӣ эълон шуд. Раҳбарияти ҳизб ҳамаи айбдориҳоро ҷиҳати даст доштан ба кӯшиши ошӯб қотеъона рад мекунад.

То соли 2015 ҲНИТ ягона ҳизбии расмии динии амалкунанда дар паҳнои пасошӯравӣ маҳсуб меёфт.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20210910/rsf-az-dushanbe-ozodii-ikmatullo-saifullozodaro-darhost-namud


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима