МУРОҶИАТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУКУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА ҲАМАИ ОМБУДСМЕНҲОИ ҶАҲОН: Барои пешгирии вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Афғонистон бетараф набошед!
     TJ RU EN
08:51 / 2024-11-16

МУРОҶИАТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУКУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА ҲАМАИ ОМБУДСМЕНҲОИ ҶАҲОН: Барои пешгирии вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Афғонистон бетараф набошед!

Бино ба маълумоти  воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон дар давлати Афғонистон  дар вазъи хеле муташанниҷ қарор доранд. Новобаста аз он ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар давраи низоъҳои мусаллаҳона бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башар таъмин аст,  ба ин нигоҳ накарда, ҳамлаҳои қувваҳои ҷангии тарафи даргир (толибон*) бо истифода аз яроқу аслиҳаҳои манъшудаи ҳуқуқи байналмилалии башар, ки метавонанд талафи зиёди аҳолии осоиштаро ба вуҷуд биёранд, рӯз то рӯз зиёд гашта истодаанд.

Чунин омадааст дар муроҷиати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед БОБОЗОДА (ДАР АКС)  ба ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсменҳо)-и давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати пешгирии саривақтии вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва барқарорсозии онҳо дар ҳудуди Афғонистон, ки матни он ба  АМИТ «Ховар» расид.

Дар муроҷиатнома, аз ҷумла, чунин омадааст:

«Ҳодисаҳои рӯзҳои охир, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рух додаанд, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштаанд.

Чунин ҳамлаҳо ба аҳолии осоишта ва истифода аз аслиҳаи ғайриинтихобӣ на танҳо ҳуқуқи бунёдии инсон-ҳуқуқ ба ҳаётро поймол менамоянд, ҳамчунин меъёрҳои конвенсияҳои Женева аз соли 1949 ва протоколҳои иловагии соли 1977-ро, ки асоси ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстиро ташкил медиҳанд, пурра вайрон мекунанд.

Мутаассифона, сохторҳои дахлдори СММ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон хомӯшӣ ихтиёр намуда, ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла кӯдакон, маъюбон, занону духтарон ва дигар кишрҳои осебпазири ҷомеа вокуниш нишон намедиҳанд. Ҳар лаҳза поймолкунии ҷиддӣ ва оммавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва теъдоди кушташудагони аҳолии осоишта  дар ин кишвари ҷангзада зиёд шуда,  табъизи қавму халқҳои ғайрипаштунӣ ба назар мерасад.

Ҳамзамон мушкилоти гурезаҳои афғон масъалаи мубрами рӯз гаштааст. Мутаассифона, натиҷаҳои вазъи ба вуҷуд омада нишон медиҳанд, ки қисмати зиёди аҳолии осоиштаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бинобар таҳдид ба ҳаёту саломатии худ ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми убури сарҳади дигар давлатҳо бо мақсади ба даст овардани паноҳгоҳ ба мушкилиҳои  зиёд дучор мегарданд».

Аз ин лиҳоз, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон (омбудсменҳо) муроҷиат намуда, даъват менамояд, ки ҷиҳати пешгирии саривақтии вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва барқарорсозии онҳо дар ҳудуди Афғонистон бо ҳукуматҳои худ ва сохторҳои давлатии дахлдор  ҳамкорӣ намуда, дар ҳалли масъалаи мазкур бетараф набошанд.

https://khovar.tj/2021/09/muro-iati-vakolatdor-oid-ba-uku-i-inson-dar-to-ikiston-ba-amai-ombudsmen-oi-a-on-baroi-peshgirii-vajronshavii-u-u-u-ozodi-oi-inson-dar-af-oniston-betaraf-naboshed/


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима