Нишасти САҲА дар Тошканд. Аз озодии баён дар Тоҷикистон чӣ гуфтанд?
     TJ RU EN
08:47 / 2024-11-16

Нишасти САҲА дар Тошканд. Аз озодии баён дар Тоҷикистон чӣ гуфтанд?

Дар Тоҷикистон садҳо нашрияву радиову телевизионҳои мустақил сабтином шудаанд, вале коршиносони соҳа мегӯянд, ки дар кишвар як халои иттилоотӣ ва маҳдудияти озодии баён ҳукмармо шудааст.

“Дар Тоҷикистон вазъ аз назари дастрасии журналистон ба иттилоъ риққатбор” буда, “дар Тоҷикистон як халои иттилоотӣ эҷод шудааст”. Чунин аст хулосаҳои як нозири озодии матбуот аз Тоҷикистон, ки дар конфронси 23-юми САҲА оид ба вазъи матбуот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ кард.

Баҳсҳои додгоҳӣ бо нашрияҳо кам шуд, худсерзура боло гирифт

Намояндагони матбуоти кишварҳои минтақа бо даъвати САҲА рӯзҳои 9-10-уми сентябр дар шаҳри Тошканд мушкилоти матбуот, амнияти журналистон, чолишҳои кори журналистони зан дар минтақа ва ҳам масоили дигари марбут ба озодии баёнро дар кишварҳои худ матраҳ карданд.

Намояндаи Тоҷикистон – Сӯҳроб Пулотов, ҳуқуқшиносони Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) аз дастикам се ҳодисаи пайгарди қонуниву зиндонишавии журналистон дар кишвар дар ду соли охир хабар дод, ки ба гуфтааш, як намунаи “риққатбор” будани вазъи озодии баён аст. Пӯлотов гуфт, дар қиёс бо солҳои пешин баҳсҳои додгоҳӣ бо ширкати журналистон ва расонаҳо дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст, вале ин бо сабаби он аст, ки, ба қавли ӯ, расонаҳо дар баёни андеша “эҳтиёткор” шуда, “аз худсензура” кор мегиранд. Як сол зиндонӣ шудани Далер Шарифов, баҳси додгоҳии Мижгона Ҳалимова бо намояндаи бонки “Эсхата” ва дар паи баҳсҳои додгоҳии марбут ба таҳқири шахсият аз чоп мондани “Вечерка” ва ба нашри вебсайт маҳдуд шудани он - аз намунаҳои ин мавридҳо будааст.

Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон ахиран Абдумаҷид Ризоев, як ҳуқуқшиноси мустақил барои бознашри матне дар Фейсбук ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд ва ин ҳама ҳодисаҳо “дар фаъолияти журналистон мисли як василаи фишороварӣ кор мекунад”.

Ба унвони маҳдуд кардани озодии баён ва ҷорӣ кардани назорат аз кори журналистон ӯ аз ҷорӣ кардани муҷозот ба Кодекси маъмурӣ дар заминаи нашри “иттилои нодуруст дар бораи бемориҳо” дар авҷи пандемияи коронавирус ва ҳам “зарурати аз ҷониби Кумитаи давлатии ТВ ва радио ҳамоҳанг кардани матни матолиби иттилоотӣ дар ТВ ва радио ба забонҳои хориҷӣ” ёдовар шуд.

"Нишастҳои матбуотии мақомот бояд на 2 бор дар сол, балки доимӣ барпо шаванд"

Ҳуқуқшинони НАНСМИТ гуфт, аз сӯе таҷрибаи баргузор кардани нишастҳои хабарии гузоришдиҳии мақомон дар баробари матбуот соле ду бор як таҷрибаи мусбат аст, вале “азбаски 70-80 дарсади вақти ҷудошударо мақомот ба қироати гузоришҳои тӯлониашон сарф карда барои саволҳои журналистон фурсати кам мегузоранд, ин нишастҳо кофӣ нестанд”. Ӯ гуфт, зарур аст, ки ин нишастҳо бештар шаванд, дар робита бо ҳодисаву баҳонаҳои хабарӣ барпо шаванд ва журналистон дар Тоҷикистон имкон пайдо кунанд, ки ба маълумот ва масоили мавриди назарашон дастрасии осон ва босуръат дошта бошанд.

Ба иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ин кишвар 93 ширкати радиову телевизион ва студияҳои ҷудогона сабт шуда, 10 хабаргузорӣ, аз ҷумла, як хабаргузории давлатӣ амал мекунад. Аз миёни 395 нашрияву маҷалла 260 нашрия ва 131 маҷалла ба унвони нашароти ғайридавлатӣ сабт шудаанд. Вале тавре коршиносон мегӯяд, бо маҳдуд шудани фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва афзоиши харҷу хароҷоти моливу андози нашрияҳо, шумори расонаҳои воқеие, ки мунтазам нашр шуда, сокинони Тоҷикистон дар ҷараёни охирин таҳаввулоти кишвар қарор медиҳанд, ангуштшумор ҳастанд.

Ҳукумат ба кори Радиои Озодӣ халал ворид мекунад

Масалан, солҳост панҷ корманди чунин расонаҳо аз тарафи ВКХ Тоҷикистон ба идомаи кор дар Радиои Озодӣ роҳ дода намешаванд. Ҳукумати Тоҷикистон дар интихоби кормандони нав низ ба кори Радиои Озодӣ халал ворид мекунад. Он ба касони зиёде иҷозаи кор дар ин расонаро намедиҳад, ҳарчанд аз ҷумлаи беҳтарин журналистони Тоҷикистонанд, ба монанди Раҷаби Мирзо, Абдуқаюми Қаюмзод, Иршод Сулаймонӣ ва дигарон.

Ҳамоиши САҲА роҷеъ ба озодии матбуот дар ҳоле ҷараён мегирад, ки созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз аз ҳукумати Тоҷикистон ахиран баъди қабули Қонуни афв ба муносибати 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон аз ҳукумат хост, ки Ҳикматулло Сайфуллозода, рӯзноманигор ва узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро афв кунад. Мақомот ба ин даъват вокуниш накардаанд.

https://www.ozodi.org/a/31455463.html


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима