Лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокимаи ҷамъиятӣ пешниҳод шуд.
     TJ RU EN
07:26 / 2024-12-20

Лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокимаи ҷамъиятӣ пешниҳод шуд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои шиносоӣ ва муҳокима тавассути сомонаи худ дастраси ҷомеа гардонид.

Лоиҳа

 

КОДЕКСИ ИТТИЛООТИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва принсипҳои соҳаи иттилоотиро муқаррар карда, муносибатҳои иттилоотиро ба танзим дароварда, вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои иттилоотиро муайян карда, ба татбиқи ҳуқуқи дастрасӣ, ҳифзи иттилоот ва муқаррар кардани реҷаҳои ҳуқуқии иттилоот равона карда шудааст.

 I. ҚИСМИ УМУМӢ

 ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие, ки дар Кодекси мазкур истифода мешаванд:

  • аз нав сохтани иттилоот – тағйир додани иттилоот дар натиҷаи амалиёти аз тарафи низом ё технологияи иттилооти амрномадодашуда;
  • бастани роҳи паҳншавии иттилоот – амалиёте, ки натиҷаи он қатъ шудани дастрасии иттилоот мебошад;
  • бехатарии иттилоот – ҳолати ҳимояшавии иттилооти дар низомҳои иттилооти кор карда баромада шуда аз таҳдиди дохили ё беруни;
  • бонки маълумот – маҷмӯи воситаҳои барномавӣ, иттилоотӣ ва техникие, ки барои андӯхти мутамарказ, нигоҳдорӣ ва истифодаи коллективонаи маълумот дар бораи соҳаи муайян ва мушаххаси фаъолияти инсон заруранд ва ҳамчунин худи маълумоте, ки дар шакли файл (парвандаи компютерӣ) ё худ манбаъҳои аз ҳам ҷудои маълумот нигоҳ дошта мешаванд ;
  • дастрасшавии беиҷозат – ба даст овардани иттилооти ҳифзшаванда аз тарафи субъекти манфиатдор бо вайронкунии ҳуқуқ ё қоидаҳои дастрасшавии иттилооти ҳифзшаванда, ки ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи ё молики (соҳиби) иттилоот муқаррар кардаанд;
  • ғалат маънидодкуни ва сохтакории иттилоот – таӣйир додани иттилоот дар натиҷаи амалиётҳои гузаронидашуда оид ба махфидори, рафъсози, иваз ё дохил намудани ягон хел унсурҳои иттилоот дар сатҳи синтаксиси, семантики ё прагматики;
  • захираҳои иттилоот – иттилооте, ки сарфи назар аз усули пешниҳодот ё ки ташкили нигоҳдориаш (аснод, ҷамъи аснод, захираҳои китобхонаҳо, бойгониҳо, асоси маълумот) барои дохилшавӣ ба низоми иттилоотӣ пешбинӣ шудааст ё дар дохилаш мавҷуд аст;
  • инфраструктураи иттилоотӣ (иттилоотонӣ) – маҷмӯи марказ, асос ва бонки маълумот, низомҳои алоқа ва интиқоли маълумот, сохторҳои дигаре, ки кору фаъолияти шабакаҳои иттилоотиро таъмин мекунанд;
  • истифодабарандаи (баҳрабарандаи) хизматрасонии иттилооти ва захирахои иттилоот – субъекте, ки ба низоми иттилооти, ба молики захирахои иттилоот ё ба миёнарав барои гирифтани иттилооти зарурӣ муроҷиат менамояд ва аз ин иттилоот ба ҳадди муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад;
  • иттилоот – маълумот дар бораи шахc, ашё, воқеаҳо, падидаҳо ва ҷараёнҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;
  • иттилооти дастрасаш маҳдуд – иттилооте, ки дастрасии он мутобиқи қонунгузорӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, сирри тиҷоратӣ, сирри оилавӣ ва шахсӣ ба танзим медарорад ва ба манфиати таъмини амнияти миллӣ, ҷамъиятӣ ва шахсӣ маҳдуд карда шудааст;
  • иттилооти омории давлатӣ – иттилооти ҳуҷҷатии расмии давлатиест, ки ба воқеаҳо ва падидаҳои дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдода тавсифоти миқдорӣ медиҳад;
  • иттилооти оммавӣ – хабарҳо ва маводи чопӣ, аз он ҷумла садоию симоӣ ва дигар маълумот дар бораи шахс, ашё, далелҳо, воқеаҳо, падидаҳо ва инчунин ақидаҳо аст, ки тавассути воситаҳои чопӣ, аудиоӣ ва видеоӣ барои доираи васеи истифодабарандагон паҳн мегарданд;
  • иттилооти ҳуқуқи – маҷмӯи маълумоти ҳуҷҷатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншуда оид ба ҳуқуқ, низомм он, манбаъҳои татбиқ ва далелҳои ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, вайрон кардани ҳуқуқ ва мубориза бо он, пешгирии қонуншиканӣ ва ҳайра;
  • иттилооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ – маълумоти муназзам, ҳуҷҷатӣ ё маълумоти ба таври оммавӣ эълоншуда дар бораи ҳаёти ҷамъиятӣ, давлатӣ ва муҳити табиии зист;
  • иттилооти фаъолияти мақомоти давлатӣ – иттилооти расмии ҳуҷҷатӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти ҷории ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ташкил карда мешавад;
  • иттилооти иҷтимоӣ – маълумоти ичтимоии ҳуҷҷатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншуда оид ба муносибатҳои шаҳрвандони алоҳида ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ нисбат ба воқеа ва рӯйдодҳои ҷамъиятӣ, ҷараёнҳо ва далелҳо;
  • иттилоот дар бораи шаҳрвандон (маълумоти шахсӣ) – маълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои зиндагии шаҳрванд, ки ба ҳаммонандкунии шахсияти ӯ имкон медиҳад;
  • иттилооти махфӣ – маълумоти дорои сирри давлатӣ, ки ифшо ё гум кардани онҳо ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад;
  • иттилооти пинҳонӣ (конфиденсиалӣ) – маълумоти дар соҳибӣ, истифода ё ихтиёрдории шахсони алоҳидаи воқеӣ ё ҳуқуқӣ қарордошта, ки метавонанд бо хоҳиши молик ба таркиби маълумоти давлатӣ дохил карда шаванд;
  • иттилои ҳуҷҷатшуда (ҳуҷҷат) – иттилоти дар ягон ҳомили моддӣ сабтшуда бо маълумоте, ки ин иттилоотро исбот месозад ;
  • иттилоотонӣ – таҳия кардан, офаридан, азхуд кардан ва кор фармудани технологияҳои иттилоотӣ, захираҳои иттилоотӣ; раванде, ки ҷузъҳои ташкилӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ ва истеҳсолию иқтисодӣ ва натиҷаи фаъолиятеро дар бар мегирад, ки мақсад аз он қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандони ҷудогона, иттиҳодҳои онҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ҳайридавлатӣ, тамоми ҷамъият ба иттилоот бо роҳи ташаккул додан ва истифода кардани захираҳои иттилоот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият;
  • криптография – мактуби рамзӣ, ки барои шахси воқиф фаҳмост, мактуби махфӣ;
  • маводи иттилоотӣ – натиҷаи моддии равандҳои иттилоотӣ, ки барои қонеъ намудани талаботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъин гардидааст ;
  • манфиатдории ҷамъият – манфиати ҳар шахс, ки ба таъмини некӯаҳволӣ, устуворӣ, амният ва пешрафти собитқадамонаи ҷомеа алоқаманд аст;
  • маҳсулоти иттилоотӣ – натиҷаи моддии фаъолияти иттилоотӣ, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти иттилоотии шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилот пешбинӣ гардидааст;
  • маълумот – иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки дар рафти омода сохтани он дар мошинҳои ҳисоббарори электронӣ мавриди истифода қарор мегирад;
  • молики захираҳои иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ, низомҳои иттилоотӣ – субъекти дорои ваколатҳои соҳибию истифода ва ихтиёрдорӣ намудани объектҳои мазкур;
  • назорати самаранокии ҳифзи иттилоот – санҷиши мутобиқати самаранокии чорабиниҳои ҳифзи иттилоот ба талаботҳои муқарраршуда ё меъёрҳои самаранокии ҳифз;
  • нобудсозии иттилоот – ин амали барқасдона ё беэҳтиётона мебошад, ки дар натиҷаи он мавҷудияти иттилоот барои шахси ҳуқуқи ё воқеи дар ҳаҷми пурра ё маҳдуд қатъ мегардад;
  • самаранокии ҳифзи иттилоот – дараҷаи мутобиқати натиҷаҳои ба даст омадаи амалҳо оид ба ҳифзи иттилоот ба мақсадҳои ҳифз;
  • санади ибтидоӣ – санадест, ки иттилооти аввалияро дар бар мегирад;
  • санади дуюмдараҷа – санадест, ки натиҷаҳои коркарди таҳлилӣ ё коркарди як ё якчанд манбаи дигари иттилоотиро дар бар мегирад;
  • сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот – раванди муқаррар намудани мутобиқати воситаҳои истифодашавандаи ҳифзи иттилоот ба талаботи стандартҳои давлати ё ҳуҷҷатҳои дигари меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи иттилоот;
  • соҳаҳои иттилоотӣ – маҷмӯи маълумоти эълоншуда оид ба соҳаҳои нисбатан мустақили ҳаёту фаъолияти ҷомеа ва давлат;
  • сомонаи расмӣ – маҷмӯи иттилооти расмӣ дар намуди электронӣ ва воситаҳои муколамаи интерактивӣ, ки аз тарафи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба шаҳрвандон дар шабакаи Интернет пешниҳод мешаванд;
  • низоми иттилоотӣ – маҷмӯи асноди аз нигоҳи ташкилӣ танзимшуда, ҳаҷми аснод ва технологияи иттилоотӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарор ва алоқа, ки ҷараёни иттилоотиро татбиқ месозанд;
  • тағйирдиҳии иттилоот – дигаргун сохтани иттилоот, ки иҷозати муаллиф ё молики иттилоотро талаб менамояд;
  • таъмини техникии низомҳои иттилооти – маҷмӯи воситаҳои техникие, ки барои кори низоми иттилооти пешбини шудаанд, инчунин ҳуҷҷатнокгардонии дахлдори ин воситаҳо ва равандҳои технологи;
  • таъмини барномавии низомҳои иттилооти – маҷмӯи барномаҳо барои татбиқи мақсадҳо ва вазифаҳои низоми иттилооти, инчунин барои мӯътадил кор кардани маҷмӯи воситаҳои техники;
  • технологияи иттилоотӣ – маҷмӯи воситаҳои техникаи ҳисоббарор ва телеиртиботӣ, воситаҳои барномавӣ ва тарзҳои истифодаи онҳо барои дарёфт, коркард, нигоҳдорӣ, ирсол ва қабули иттилоот;
  • фаъолияти иттилоотӣ – маҷмӯи амалиётест, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иттилоотии субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ равона гардидааст;
  • фошкунии иттилооти ҳифзшаванда – беиҷозат расонидани иттилооти ҳифзшаванда ба истеъмолкунандагоне, ки ҳуқуқи дастрас кардани ин иттилоотро надоранд;
  • хизматрасонии иттилоотӣ – хизмате, ки талаботи шаҳрвандон ва ташкилотҳоро ба иттилоот қонеъ мегардонад ва онро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мерасонанд, ки дар соҳаи иттилоот кор мекунанд;
  • хориҷшавии иттилоот – паҳнкунии назоратнашавандаи иттилооти ҳифзшаванда дар натиҷаи дастрасшавии беиҷозат;
  • ҳифзи иттилоот – пешгирии дахолати худсарона ба захираҳои иттилоот, амалҳои ҳайриқонунӣ ҳангоми гирифтан, нусхабардорӣ кардан, интишор додан, таҳриф намудан, нобуд сохтан ё банду баст кардани иттилоотро таъмин менамояд;
  • ҳомили моддии иттилоот – маводи дорои хосиятҳои муайян, ки барои сабт ва нигоҳдории иттилоот истифода шуда метавонад;
  • ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот – ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷӯстуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар мақомоту ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (минбаъдмақомот ва ташкилотҳо), шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан дороянд;
  • ҳуҷҷат – иттилооте, ки дар шакли хаттӣ, аудиовизуалӣ, акустикӣ, электронӣ, оптикӣ ё дигар шакли барои эҳсоси бевосита муносиб бо маълумоте сабт шудааст, ки барои ҳамин шакли ҳуҷҷат муқаррар гардидааст;
  • ҳуҷҷати расмӣ – ҳуҷҷате, ки мақомот, ташкилот, шахси мансабдор дар доираи салоҳияти худ тартиб додааст ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудааст;
  • ҳуқуқи моликият ба иттилоот-муносибатҳои ҷамъиятии қонунан танзимшуда оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории иттилоот;
  • ҷараёни иттилоотӣ-ҷараёни ҷамъоварӣ, коркард, захиракунонӣ, нигоҳдорӣ, ҷустуҷӯ ва паҳн намудани иттилоот;
  • шаклҳои таъминоти низомҳои иттилоотӣ-техникӣ, барномавӣ, математикӣ, ташкилӣ, забонӣ, ҳуқуқӣ ва дигар шаклҳое, ки барои таъмини иҷрои мӯътадили тамоми вазифаҳои таъингардидаи низом заруранд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иттилоот

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттилоот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Муносибатҳое, ки кодекси иттилоотӣ танзим менамояд

  1. Кодекси мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба иттилоот ба танзим дароварда, барои татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шахс ба иттилоот равона карда шудааст.
  2. Дар Кодекс ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиён муқаррар шуда, реҷаи ҳуқуқии иттилооти гуногун муайян ва чораҳои ҳуқуқии ҳифзи он пешбинӣ гардидаанд.
  3. Муносибатҳо доир ба иттилооте, ки дар Кодекси мазкур танзим нашудаанд, метавонанд тибқи қонунҳои алоҳида танзим дароварда шаванд.

Моддаи 4. Принсипҳои қонунгузории иттилооотӣ

  1. Қонунгузории иттилоотӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
  • қонуният;
  • эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон;
  • баробарӣ;
  • гуногунандешӣ;
  • озодона иброз намудани фикру ақида;
  • ошкоро ва дастрас будани иттилоот ва мубодилаи озоди он дар доираи талаботи қонунгузорӣ;
  • ҳаққонӣ ва саҳеҳ будани иттилоот;
  • мукаммалӣ, саривақтӣ ва дақиқ будани иттилоот;
  • қонунӣ будани гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоот;
  • кафолати ҳуқуқ ба иттилоот;
  • иштироки давлат дар ташаккули захираҳои иттилоот ва ба вазифаҳои иттилоотонӣ мутобиқ сохтани ин захираҳо;
  • дастгирии истеҳсол ва паҳн кардани контенти миллӣ;
  • роҳ надодани монополияи ташкилотҳои воситаи ахбори омма, ҳимояи онҳо аз таъсири молиявӣ ва сиёсӣ;
  • ба истифодабаранда бо забони давлатӣ ё бо забоне, ки дар шартномаи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ зикр шудааст, пешниҳод намудани иттилооти ҳуҷҷатшуда;
  • таъмини амнияти иттилоотии шахс, ҷомеа ва давлат ҳангоми истифодаи воситаи ахбори омма.
  • ҳифзи ҳуқуқи дастрас намудани иттилоот, аз ҷумла аз тариқи суд;
  • ҷавобгарӣ барои риоя накардани ҳуқуқҳои иттилоотӣ;
  • маҳдуд намудани дастрасӣ ба итилоот ва паҳн намудани он танҳо дар асоси қонун.
  1. Принсипҳои мазкур ба иттилооти сирри давлатӣ, шахсӣ, оилавӣ ва тиҷоратӣ, инчунин дигар иттилооти хусусияти махфидошта ба ҳадде татбиқ мешавад, ки агар ба моҳияти онҳо таъсири манфӣ нарасонад.

Моддаи 5. Субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ

  1. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоот ва иттилоотонӣ давлат дар шахси мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ мебошанд.
  2. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳангоми барпо кардан ва кор фармудани объектҳои муносибатҳои иттиллоитӣ ба ҳайси чунин шахсон буда метавонанд:
  • таҳиягарон;
  • моликон;
  • соҳибон;
  • истифодабарандагон;
  • мурттибони иттилооти ҳуҷҷатшудаи системаю шабакаҳои иттилоотӣ.

 

Моддаи 6. Объектҳои муносибатҳои иттилоотӣ

  1. Иттилоот дар бораи шахc, воқеаҳо ва падидаҳо дар соҳаи сиёсат, иқтисод, фарҳанг, илму техника, иҷтимоиёт, экология, соҳаҳои байналмилалӣ ва дигар соҳаҳо, объектҳои муносибатҳои иттилоотӣ мебошанд.
  2. Объектҳои иттилоотӣ дар шакл ва воситаҳои зерин ифода ёфта метавонанд:
  • иттилооти шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • иттилооти ҳуҷҷатшуда;
  • захираҳои иттилоотӣ
  • технологияҳои иттилоотӣ;
  • маҷмӯи воситаҳои барномавию техникӣ;
  • низоми шабакаҳои иттилоотӣ.

Моддаи 7. Ҳуқуқ ба иттилоот

  1. Субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ ба имконияти озодона таҳия, гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани маълумоте, ки ҷиҳати татбиқи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунӣ, анҷом додани мақсад ва вазифаҳои онҳо заруранд, ҳуқуқ доранд, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ манъ кардааст.
  2. Татбиқи ҳуқуқ, ба иттилоот аз ҷониби субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ набояд ҳуқуқҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иқтиcодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, экологӣ ва дигар ҳуқуқҳо, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқиро вайрон кунад ва ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар оварад.
  3. Ба ҳар як шаҳрванд, ба иcтиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, озодона дастрас намудани иттилоот, ки шахсан ба ӯ дахл дорад, таъмин карда мешавад.

Моддаи 8. Кафолати ҳуқуқ ба иттилоот

  1. Ҳуқуқ ба иттилоот чунин таъмин карда мешавад:
  • бо омода намудани тартиби амалинамоии ҳуқуқ ба иттилоот;
  • бо роҳи амалӣ намудани назорати давлатии риояи қонунгузорӣ оид ба иттилоот;
  • муқаррар намудани масъулият барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба иттилоот.
  1. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳангоми дидани зарар дар натиҷаи амалҳои қонунӣ ё ғайриқонунӣ расонидашуда, ки боиси нобудшавӣ, бастани роҳи паҳншавӣ, ғалат маънидодкунӣ (сохтакорӣ), дуздӣ, нусхабардорӣ, хориҷшавӣ, тағйирёбӣ, дигаргун шудани иттилоот гардидаанд, инчунин ҳангоми вайронкунии ҳуқуқҳои муаллиф, ҳуқуқи доранда ё молики иттилоот барои таъмини ҳифзи иттилоот бо тартиби муқарраршуда ҳуқуқ ба ҳимоя доранд.

 

Моддаи 9. Роҳ надодан ба сӯиистифода аз ҳуқуқ ба иттилоот

  1. Истифодаи иттилоот ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ба муқобили амнияти иттилоотӣ, барои барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, хусумати иҷтимоӣ, таҷовуз ба шахсият, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таблиғи фаҳшу фуҷур (порнография) манъ аст.
  2. Шахсе, ки иттилоотро тавассути почтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои электронӣ паҳн менамояд, уҳдадор аст барои гирандагони иттилоот имкони даст кашидан аз гирифтани иттилоотро фароҳам орад.

 

Моддаи 10. Сиёсати давлатии иттилоотӣ

  1. Сиёсати давлатии иттилоотӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муҳайё кардани шароити зарурии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва дигар шартҳо мебошад, ки ба равнақу ривоҷи иттилоотонӣ мусоидат менамояд, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва давлатро ҳангоми амалӣ гардонидани он ҳимоя мекунад.
  2. Сиёсати давлатии иттилоотӣ аз маҷмӯи самтҳои асосӣ ва усулҳои фаъолияти давлат ва дигар субъектҳо оид ба гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоот иборат мебошад.
  3. Самтҳо ва усулҳои асосии сиёсати давлатии иттилоотӣ аз инҳо иборатанд:
  • ғамхории давлат ва дигар субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ дар бораи таъсиси саривақтӣ, фаъолияти зарурӣ ва рушди низомҳои иттилоотӣ, шабакаҳо, махзан ва манбаи маълумот дар тамоми самтҳои фаъолияти иттилоотӣ;
  • таъмини дастрасии саривақтии шаҳрвандон ба иттилоот;
  • дар асоси ғайриинҳисорӣ таъсис додани низом ва шабакаҳои миллии иттилоот;
  • таҳкими асосҳои моддию техникӣ, молиявӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва илмии фаъолияти иттилоотӣ;
  • дастгирӣ намудани тараққиёти инфраструктураи миллии иттилоотӣ бо роҳи барпо намудан ва такмил додани низому шабакаҳои иттилооти компютерӣ дар асоси амалӣ гардонидани сиёсати илмию техникӣ;
  • дастгирии инкишофи шабакаю низомҳои иттилооти байналмилалӣ;
  • таъмини истифодаи самарабахши иттилоот;
  • мусоидат ба навсозӣ, ғанигардонии доимӣ ва ҳифзи захираҳои миллии иттилоотӣ;
  • ташкили низоми ҳифзи иттилоот;
  • мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоот ва кафолат додани мустақилияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • ташаккулу тараққӣ додан, эҳтиёту саришта кардан, дастрас ва самарабахш истифода намудани захираҳои иттилооти миллӣ;
  • муҳайё кардани шароит барои ташаккул ва равнақи бозори маҳсулот, захира, технологияҳои иттилоотӣ ва ҳамчунин хизматрасонии низому шабакаҳои иттилоотӣ;
  • таъмин намудани истиқлолият ва амнияти миллӣ дар мавриди таҳия, истифодабарии захираҳо ва низому шабакаҳои иттилоотӣ;
  • таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва ташкилотҳо оид ба дастрас кардани захираҳои иттилоотӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқи моликият ва муаллифӣ дар соҳаи иттилоотонӣ;
  • ташкили истеҳсоли воситаҳои техника ва технологияи иттилоотӣ бо назардошти нерую имконияти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудаи илмӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ;
  • сохтан ва такмил додани низоми маблағгузорӣ ба таҳия ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳо ва барномаҳои иттилоотонӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ, манбаъҳои ғайридавлатӣ ва сармояҳои хориҷӣ;
  • ташкил кардани низоми ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва имтиёзҳои фаъолият бо мақсади офаридану овардан, пешниҳод ва истифода кардани воситаҳои пешқадами техникаю технологияҳои иттилоотӣ;
  • ҷорӣ намудани низомҳои пешқадами якнавохтсозӣ, таснифотӣ ва стандартонии иттилоот, ки ба таъсис додани фазои (муҳити) ягонаи иттилоотии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ба муттаҳидшавӣ бо шабакаю низомҳои байналмилалии иттилоот кумак мекунанд;
  • пойдор сохтан ва тараққӣ додани асосҳои ташкилӣ ва меъёрию ҳуқуқии ривоҷи иттилоотонӣ;
  • дастгирӣ намудани таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таълиму тарбияи кадрҳо ва тадқиқоти илмӣ дар соҳаи иттилоотонӣ.

 

БОБИ 2. НАМУДҲО ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ

 

Моддаи 11. Намудҳои иттилоот

Намудҳои асосии иттилоот иборат аз:

  • иттилооти омори давлатӣ;
  • иттилооти оммавӣ;
  • иттилоот доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ;
  • иттилооти ҳуқуқӣ;
  • иттилоот дар бораи шахсият (маълумоти шахсӣ);
  • иттиллооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ;
  • иттилооти иҷтимо, шиносоӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, экологӣ, хизматӣ, истеъмолӣ, бойгонӣ, илмӣ, илмӣ-техникӣ ва ғайра.

 

Моддаи 12. Иттилооти омори давлатӣ

  1. Иттилооти омори давлатӣ бояд ба таври мунтазам ошкоро интишор гардад. Озодона ворид шудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба маълумоти омории интишорнашуда, ки таҳти маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон қарор нагирифтаанд, таъмин карда мешавад.
  2. Низоми иттилооти оморӣ, манбаъҳо ва низоми он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ин соҳа муайян карда мешавад.

 

Моддаи 13. Иттилооти оммавӣ

  1. Иттилооти оммавӣ тавассути воситаҳои чопӣ, электронӣ ва дигар воситаҳо паҳн карда мешаванд.
  2. Тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти воситаҳои алоҳидаи ахбори омма тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузорӣ оид ба ин воситаҳо муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 14. Иттилоот доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ

Иттилоот доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ бо роҳҳои зерин ба маълумоти шахсони манфиатдор расонида мешаванд:

  • интишори онҳо дар нашрияҳои расмӣ, сомонахо ё паҳн намудани онҳо аз ҷониби хадамоти иттилоотии мақомот ё ташкилотҳои дахлдори давлатӣ;
  • интишори онҳо дар воситаҳои чопии ахбори омма ё эълони оммавӣ, аудиоӣ ва аудиовизуалии воситаҳои ахбори омма;
  • бевосита расонидани онҳо ба маълумоти шахсони манфиатдор (ба таври шифоҳӣ, хаттӣ, электронӣ ё тартиби дигар);
  • фароҳам овардани имконияти шиносоӣ бо маводи бойгонӣ, ҳисобот, санадҳои натиҷаҳои санҷиш ва ғайра;
  • ошкор намудани онҳо тавасcути маърӯзаҳои оммавии шахсони мансабдор.

Моддаи 15. Иттилооти ҳуқуқӣ

  1. Манбаъҳои иттилооти ҳуқуқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, иттилооти воситаҳои ахбори омма, маърӯзаҳои оммавӣ, дигар манбаъҳои иттилоот оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мебошанд.
  2. Бо мақсади таъмини иттилооти ҳуқуқӣ давлат интишори расмии онҳоро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" амалӣ менамояд.

Моддаи 16. Иттилоот дар бораи шахсият (маълумоти шахсӣ)

  1. Манбаҳои иттилоот оид ба шахсият ҳуҷҷатҳо оид ба шахсият, санадҳои ба номи ӯ додашуда, санадҳои аз ҷониби ӯ имзогардида, инчунин маълумот оид ба шахсият, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ ва дигар субъектҳо дар доираи талаботи қонунгузорӣ ҷамъ овардаанд, буда метавонанд.
  2. Иттилоот оид ба шахсият ба гурӯҳи иттилооти пинҳонӣ марбут буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.

Моддаи 17. Иттилооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ

  1. Манбаъҳои асосии иттилооти энсиклопедӣ, луғатҳо, маълумотномаҳо, иттилооти рекламавӣ, эълонҳо, роҳнамоҳо, маводи картографӣ, инчунин маълумотномаҳое ба ҳисоб мераванд, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё маҳаллии ба он ваколатдор ва иттиҳодияҳои ҷамъятии шаҳрвандон, ташкилот, муассисаҳои бойгонӣ ва кормандони онҳо, инчунин низомҳои автоматикунонидашудаи иттилоотӣ дода мешаванд.
  2. Тартиби ворид шудан ба низоми иттилооти энсиклопедӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 18. Иттилооти иҷтимоӣ

  1. Манбаъҳои асосии иттилооти иҷтимоӣ, маълумоти ҳуҷҷатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншудае ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо натиҷаҳои пурсиши иҷтимоӣ, мушоҳидаҳо ва дигар тадқиқотҳои иҷтимоӣ инъикос ёфтаанд.
  2. Тадқиқотҳои иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, сурат мегиранд.

Моддаи 19. Манбаъҳои иттилоот

Манбаъҳои иттилоот аз ифодакунандаҳои моддии қайдшудаи иттилоот бо маълумотҳо (реквизитҳо), ки ба ҳаммонандкунии он имкон медиҳанд, инчунин аз хабарҳои воситаҳои ахбори омма ва маърӯзаҳои оммавӣ иборат мебошанд.

БОБИ 3. ФАЪОЛИЯТИ ИТТИЛООТӢ

 

Моддаи 20. Фаъолияти иттилоотӣ

  1. Бо мақсади татбиқи қаноатбахши фаъолияти иттилоотӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти хадамоти иттилоотӣ, низомҳо, шабакаҳо, сомонаҳои расмӣ, манбаъ ва махзани маълумот таъсис медиҳанд.
  2. Тартиби таъсис, сохтор, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муайян карда мешавад.

Моддаи 21. Самтҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ

  1. Самтҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ аз соҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, экологӣ, илмию техникӣ, байналмилалӣ ва дигар cоҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ иборатанд.
  2. Давлат, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, озодии фаъолияти иттилоотиро дар ин самтҳо ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи ҳуқуқ ва озодӣ, вазифа ва салоҳияти онҳо кафолат медиҳад.

Моддаи 22. Шаклҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ

Шаклҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ инҳоянд:

  • гирифтани иттилоот – ба даст овардан ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ намудани иттилоот дар бораи шахс, ашё, далелҳо, воқеаву падидаҳо ва ғайра, сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;
  • истифода намудани иттилоот – қонеъгардонии эҳтиёҷоти иттилоотии давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
  • паҳн кардани иттилоот – интишор ва мубодилаи иттилоот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ҳифз намудани иттилоот – таъмини ҳолати зарурии иттилоот, ифодакунандагони моддии он ва баҳисобгирии онҳо.

Моддаи 23. Маълумоти касбӣ дар соҳаи фаъолияти иттилоотӣ

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон барои гирифтани маълумоти касбӣ дар соҳаи фаъолияти иттилоотӣ тавассути низомҳои муассисаҳои таълимии он шароит фароҳам оварда мешавад.
  2. Тартиби таъсиси муассисаҳои таълимии самти иттилоотӣ (рӯзноманигорӣ, омор, корҳои китобхонавӣ ва бойгонӣ, фаъолияти илмию иттилоотӣ, информатика, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ғайра) ва принсипҳои фаъолияти онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиcтон "Дар бораи маориф" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян менамоянд.

Моддаи 24. Ташкили тадқиқоти илмӣ дар соҳаи фаъолияти иттилоотӣ

  1. Барои таъмини фаъолияти самарабахш ва рушди cистемаҳои миллии иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар соҳаи фаъолияти иттилоотӣ тадқиқоти ҷустуҷӯӣ, бунёдӣ ва амалии илмӣ анҷом дода мешавад.
  2. Бо ин мақсад муассисаҳои илмӣ, сохторҳои илмию истеҳсолӣ, иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо, марказҳои технологияи нави иттилоотӣ ва дигар воҳидхо, аз ҷумла бо иштироки шарикони хориҷӣ таъсис дода мешаванд.
  3. Маблағгузории тадқиқоти ҷустуҷӯӣ ва бунёдии илмӣ, барномаҳои илмӣ, лоиҳаҳои дорои аҳамияти давлатӣ дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимӣ аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷет, маблағҳои худӣ ва фармоишгарон анҷом дода мешаванд.
  4. Маблағгузории тадқиқоти амалӣ, коркардҳо чун қоида дар асоси шартнома ё қарордод анҷом дода шуда, натиҷаи онҳо метавонад мавзӯи муносибатҳои молумулкӣ бошад.

 

БОБИ 4. ИТТИЛООТОНӢ

 § 1. Низоми иттилоотонӣ

 

Моддаи 25. Хусусиятҳои муносибатҳои иттилоотонӣ

  1. Муносибатҳои соҳаи иттилоотонӣ дар рафти фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз шаклҳои моликият ба миён меоянд, аз ҷумла, ҳангоми:
  • ташаккулу истифодаи захираҳои иттилоот дар асоси тартиб додан, дарёфту захира ва ирсол кардан, андухтану омода сохтан, интишор додану пешниҳод намудани иттилооти ҳуҷҷатшуда;
  • офаридан, татбиқ ва истифода кардани системаҳои омодасозӣ ва ирсол кардани иттилоот, асос ва бонки маълумот, воситаҳои технологияи иттилоотӣ;
  • ҳимояи иттилоот ва ҳуқуқи субъектҳое, ки дар раванди иттилоотӣ бо татбиқи воситаҳои технологияи иттилоотӣ иштирок менамоянд;
  • идора ва танзими равандҳои иттилоотӣ, амалӣ гардондани сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ.
  1. Боби мазкур муносибатҳоеро, ки дар иттилооти ғайриҳуҷҷатӣ ба миён меоянд ва ҳамчунин муносибатҳоеро, ки бо меъёрҳои моликияти зеҳнӣ, бо муносибатҳои соҳаи воситаҳои ахбори омма танзим гардонида мешаванд, фаро намегирад.

Моддаи 26. Таъиноти захираҳои иттилоот

  1. 3ахираҳои иттилоот барои қонеъ гардонидани талаботи ҷамъияту давлат ба иттилоот, таъсиси фазои ягонаи иттилоотии мамлакат ва барои ҳамроҳ, шудани он ба ҷомеаи ҷаҳонии иттилоот таъин гардидаанд.
  2. 3ахираҳои иттилоот объектҳои муносибати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, ба захираҳои умумидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, бо қонун ҳимоя карда мешаванд.

Моддаи 27. Асосҳои реҷаи ҳуқуқии захираҳои иттилоотӣ

  1. Реҷаи ҳуқуқии захираҳои иттилоот бо меъёрҳои зерин муайян карда мешавад:
  • тартиби ҳуҷҷат кардани иттилоот ва ташаккули захираҳои иттилоотӣ;
  • тартиби баҳисобгирӣ, сабти захираҳои иттилоотӣ;
  • ҳуқуқи моликият ва муаллифӣ ба захираҳои иттилоот, ҳуҷҷатҳои ҷудогона ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳо;
  • тартиби муайян кардани гурӯҳи захираҳои иттилоот аз рӯи дастрас намудан ва тартиби истифодабарии онҳо;
  • тартиби ҳифзи захираҳои иттилоот аз истифодаи беиҷозат ва аз харобшавӣ.
  1. Реҷаи ҳуқуқии истифодаи захираҳои иттилоот бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарордоду созишномаҳои иштироккунандагони муносибатҳои соҳаи иттилоотонӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Ба риоя шудани тартиби ҳуқуқии таҳия ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ моликони захираҳои иттилоотии дахлдор назорат мекунанд.

Моддаи 28. Аз системаҳои иттилоотӣ додани иттилооти ҳуҷҷатшуда

  1. Иттилооти ҳуҷҷатшуда аз системаи иттилоотӣ бо тартибе, ки барои дастрас кардани захираҳои иттилоотӣ муайян шудааст ва мувофиқи талаботи шартномаҳои байни операторони системаҳои иттилоотӣ ва истифодабарандагони ин иттилоот баста шудааст, дода мешавад.
  2. Талаботи иттилоотии истифодабарандагон аз тариқи зайл таъмин мегарданд:
  • таъмини шароити ҳуқуқӣ, ташкилӣ, техникӣ ва ғайра барои озодона ҷустуҷӯ намудан ва гирифтани иттилоот;
  • бо тартиби муайян паҳн намудани иттилооти расмӣ ба воситаи интишори он дар воситаҳои ахбори омма ва ҷобаҷогузории он дар китобхонаҳо, Интернет ва дигар шабакаҳои иттилоотии дастраси умум;
  • фурӯши маҳсулоти иттилоотӣ аз тариқи хизматрасонии иттилоотӣ;
  • таъмини шароит барои фаъолияти шабакаҳои иттилоотии дастраси умум;
  1. Захираҳои иттилоотӣ дар асоси дархосте, ки шахси алоқаманд бо тартиби муқарраршуда ба операторони системаҳои иттилоотӣ ирсол кардааст, дастрас карда мешавад. Дархост фақат дар ҳолате рад шуда метавонад, ки иттилооти талабшуда дар системаи иттилоотӣ мавҷуд набошад ё дар мавриде, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ шуда бошад .
  2. Иттилоот аз системаҳои иттилоотӣ ба истифодабарандагон ба таври ҳуҷҷатшуда дода мешавад.
  3. Иттилоот аз системаҳои иттилоотӣ дар ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла барои истифодаи афзалиятноки иттилоот аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии муқарраркардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои фавқулода дода мешавад.

Моддаи 29. Ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда ҳуқуқ доранд. Ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда танҳо бо қонун маҳдуд шуда метавонад.
  2. Таъмини ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот набояд ҳуқуқи шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқиро халалдор намояд.

Моддаи 30. Шаклҳои иттилооти ҳуҷҷатшуда

Иттилооти ҳуҷҷатшуда ҳамчун объекти ҳуқуқи моликият шакли ҳуҷҷати алоҳида ё маҷмӯи ҳуҷҷатҳоро (фонди ҳуҷҷатӣ, бойгонӣ, маҳзани маълумот ва дониш, дигар шаклҳои ташкили иттилоотро) дорад.

Моддаи 31. Ҳуҷҷат кардани иттилоот ва ташаккули захираҳои иттилоот

  1. Ҳуҷҷат кардани иттилоот шарти ҳатмии ба захираҳои иттилоот ҳамроҳ намудани иттилоот мебошад.
  2. Ҳуҷҷат баъди онро имзо кардани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад. Эътибори қонунии ҳуҷҷате, ки бо системаҳои автоматиконидашуда ва телеиртибот (телекоммуникатсия) нигоҳдорию омода ва ирсол карда мешавад, бо имзои рақамии электронӣ тасдиқ шуда метавонад.
  3. Имзои электронӣ дар сурати дар системаю шабакаҳои иттилоотӣ мавҷуд будани воситаҳои барномавию техникие, ки имзоҳоро ба ҳам монанду мушобеҳ месозанд ва дорои сертификати мувофиқат ё шаҳодатномаи эътирофи сертификатеанд, ки дар системаи миллии сертификатонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
  4. 3ахираҳои иттилоот, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда мешаванд, бояд мутобиқи талаботи стандарти ҷаҳонӣ ва якнавохтсозӣ бошанд.
  5. Захираҳои иттилоотӣ метавонанд дар асоси иттилооте, ки дар ҷараёни ҳамкории иттилоотӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҳамчунин бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартнома дар доираи фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ ҳангоми хизматрасонии иттилоотӣ мавриди таҳия, коркард ва андухт қарор мегиранд, ташаккул ёбанд.

Моддаи 32. Иттилооти ҳуҷҷатшуда дар бораи шаҳрвандон

  1. Манбаи иттилоот дар бораи шаҳрвандон ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки оиди фактҳо, воқеаву ҳолатҳои мансуби ин ё он шахси воқеӣ маълумот доранд.
  2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияти худ иттилооти ҳуҷҷатшударо дар бораи шаҳрвандон андухта, омода месозанд, нигоҳдорӣ мекунанд ва барои иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳояшон истифода мебаранд.
  3. Феҳристи иттилооти ҳуҷҷатшудаи такмилёбанда дар бораи шаҳрвандон ва тартиби истифодаи он дар системаҳои иттилоотӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки иттилооти ҳуҷҷатшударо дар бораи шаҳрвандон дар ихтиёри худ доранд ва аз он истифода мебаранд, барои риоя накардани тартиби истифодаи ин иттилоот ҷавобгар мебошанд.

Моддаи 33. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои иттилоот

  1. 3ахираҳои иттилоот ҳамчун ҷузъи таркибии амвол буда, моликияти мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилот ё худ моликияти хусусии шаҳрвандон мебошанд, ки аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.
  2. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ, маҷмӯи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотии молики дигаре, ки ба воситаи онҳо захираҳои иттилоот бо тартиби хизматрасонӣ мавриди коркард қарор мегиранд, дахл надорад.
  3. 3ахираҳои иттилоот, ба истиснои ҳолатҳое, ки сирри давлатӣ ё дигар сирҳое мебошанд, ки моликонашон онҳоро дар муомилот иҷозат надодаанд, мол буда метавонанд.
  4. Молики захираҳои иттилооте, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ мебошанд, ин моликиятро танҳо бо иҷозати мақомоти дахлдори давлатӣ ихтиёрдорӣ карда метавонад.
  5. Молики захираҳои иттилоотӣ вазифадор аст тартиби мукаммал кардан ва замонавӣ гардонидани захираҳои иттилоот, тартиби коркарди онҳо ва қоидаҳои ба истифодабаранда (баҳрабаранда) пешниҳод сохтани онҳоро риоя намояд.

Моддаи 34. Ҳуқуқҳои молу мулкӣ ба иттилоот

  1. Иттилоотҳое, ки арзиши иқтисодӣ доранд, объекти ҳуқуқҳои молу мулкии давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд.
  2. Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқҳои молу мулкӣ ба иттилоот аз инҳо иборатанд:
  • ташаккули иттилоот бо қувваи худ ва аз ҳиcоби худ;
  • шартнома дар бораи ба даст овардани иттилоот;
  • шартномае, ки шартҳои ба дигар шахc гузаштани ҳуқуқи молу мулкӣ ба иттилоотро дар бар мегирад.
  1. Иттилооте, ки аз ҷониби якчанд шаҳрванд ё шахсони ҳуқуқи таъсис шудааст, молу мулки умумии муассисон мебошад. Тартиб ва қоидаҳои истифодаи чунин молу мулк мувофиқи шартномаи байни онҳо басташуда муайян карда мешавад.
  2. Иттилооте, ки аз ҷониби ташкилотҳо (шахсони ҳуқуқӣ) таъсис шудааст, ё бо роҳи дигари қонунӣ ба даст дароварда шудааст, молу мулки ин ташкилотҳо мебошад.
  3. Иттилооте, ки аз ҳиcоби маблағҳои буҷети давлатӣ ҳосил шудааст, молу мулки давлатӣ ба ҳисоб меравад. Иттилооте, ки дар асоси фаъолияти шахсони воқеӣ ҳосил шудааст, дар ҳолати дар асосҳои шартномавӣ барои нигоҳдорӣ супурдани он ба махзанҳои дахлдори маълумот, фондҳо ва бойгониҳо метавонад ба молу мулкӣ давлатӣ мансуб дониста шавад.
  4. Молики иттилоот ҳуқуқ дорад шахси амалкунандаи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории иттилоотро таъйин намуда, қоидаи коркарди иттилоот ва дастрасӣ ба онро муайян карда, инчунин дигар шартҳоро нисбат ба иттилоот муқаррар намояд.
  5. Маҳсулоти иттилоотӣ ва хизматрасонии иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти иттилоотӣ машғуланд, метавонад объекти муносибатҳои молу мулкӣ гардад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
  1. Нарх ва нархгузорӣ ба маҳсулоти иттилоотӣ ва хизматрасонии иттилоотӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, тибқи шартнома муқаррар карда мешавад.

Моддаи 35. Захираҳои давлатии иттилоот

  1. Захираҳои иттилооте, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мудофиавии онро нишон медиҳанд, инчунин захираҳои дорои аҳамияти давлатианд, ба моликияти давлат мансубанд. Захираҳои иттилоотеро, ки аҳамияти давлатӣ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  2. Захираҳои давлатии иттилоот аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ба вуҷуд оварда шуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ, сохторҳои минтақавӣ ва соҳавиро таъмин менамоянд.
  3. Захираҳои давлатии иттилоот ба феҳристи амволи давлатӣ дохил карда мешаванд ва бояд мавриди ҳисобот ва ҳимоя қарор гиранд.
  4. Захираҳои давлатии иттилоотро мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки барои ташаккул додан, нигоҳдорӣ, андухтан ва самаранок истифода бурдани онҳо масъуланд, мутобиқи салоҳияташон идора мекунанд. Корҳои ташаккул додан ва ба истифодабарандагон пешниҳод намудани захираҳои давлатии иттилоот ба ӯҳдаи мақомоти дахлдори давлатӣ мебошад.
  5. Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд ба ташкилотҳое, ки барои ташаккули захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, иттилооти ҳуҷҷатшудае пешниҳод намоянд, ки мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муаяйн кардаанд. Субъектҳое, ки иттилооти ҳуҷҷатшударо барои ҳамроҳ кардан ба захираҳои давлатии иттилоот пешниҳод мекунанд, аз ҳуқуқи ба ин ҳуҷҷатҳо доштаашон ва аз ҳуқуқи истифодаи иттилооте, ки дар ин ҳуҷҷатҳо ҳаст, маҳрум намегарданд.
  6. Феҳристи иттилооти ҳуҷҷатшудаеро, ки бояд ҳатман пешниҳод карда шавад ва рӯйхати мақомоту ташкилотҳоеро, ки барои андухтан ва коркарди захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 36. Захираҳои ғайридавлатии иттилоот

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ молики он ҳуҷҷатҳо, маҷмӯи ҳуҷҷатҳо, захираҳои иттилоотие мебошанд, ки аз ҳисоби маблағи онҳо тартиб дода шудаанд ё худ қонунан харидорӣ карда шудаанд. Захираҳои иттилоотие, ки худи молик тартиб медиҳад ва ё бо супориши ӯ аз ҳисоби маблағаш тартиб дода мешаванд, захираҳои ғайридавлатӣ ба шумор мераванд.
  2. 3ахираҳои ғайридавлатии иттилоот дар фаъолияти истеҳсолии молик барои эҷоди маҳсулот ва хизматгузории иттилоотӣ истифода карда мешаванд.
  3. Давлат ҳуқуқ дорад иттилооти ҳуҷҷатшударо аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ харида гирад.

Моддаи 37. Захираҳои иттилоот аз рӯи категорияҳои иҷозат

  1. Захираҳои давлатии иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои иттилооти ҳуҷҷатшудае, ки ба категорияи иҷозаташ маҳдуд нисбат дода шудааст, ошкор ва дастраси умуманд. Захираҳои давлатии иттилоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дастрас карда мешаванд.
  2. Агар захираҳои иттилоот иттилооти дастрасаш маҳдуд набошанд, молик ва истифодабаранда ҳуқуқ доранд дар бораи хариду фурӯши ин захираҳои иттилоот шартнома банданд.
  3. Тартиби истифодабарии захираҳои иттилоотиро моликон ва ё шахсони ваколатдори онҳо муқаррар менамоянд ва онҳо набояд хилофи қонунгузории амалкунанда бошанд.

Моддаи 38. Ба амал баровардани ҳуқуқи истифодабарандагон барои дастрас кардани иттилоот ва захираҳои иттилоот

  1. Истифодабарандагон – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои дастрас кардани захираҳои давлатии иттилоот ҳуқуқи баробар доранд ва шарт нест, ки дар назди моликони ин захираҳо зарурати гирифтани иттилооти талабкардаашонро, ба истиснои иттилооти дастрасаш маҳдуд, асоснок намоянд.
  2. Моликон истифодабарандагонро бо иттилоот аз захираҳои иттилоот дар асоси низомнома ё шартномаҳои тасдиқ гардида ройгон ё бо нархи шартномавии хизматрасонии иттилоотӣ таъмин менамоянд.
  3. Истифодабаранда барои бе иҷозат истифода бурдан, нусха бардоштан, интишор додани захираҳои иттилоот, барои риоя накардани ҳуқуқи моликият ба захираҳо мутобиқи шартнома (созишнома) ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад. Тартиби ба иттилоот соҳиб гаштани истифодабарандаро молики захираи иттилоот бо риояи талаботи ҳамин Қонун муайян мекунад.
  4. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки барои ташаккул ва истифодаи захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, барои ба истифодабаранда фавран ва пурра пешниҳод намудани иттилооти ҳуҷҷатшуда шароит муҳайё мекунанд. Барои надодани иттилооти дастраси умум аз захираҳои давлатии иттилоот ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 39. Роҳ додани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттилоот оиди онҳо

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ройгон дастрас кардани иттилооти ҳуҷҷатишуда оиди онҳо ва ба аниқ намудани ин иттилоот бо мақсади мукаммал ва бодалел будани он ҳуқуқ доранд ва инчунин ҳуқуқ доранд доранд, ки ин иттилоотро кӣ ва ба кадом мақсад истифода кардааст ё истифода карданист.
  2. Мақомоти давлатӣ ва дигар соҳибони захираҳои иттилоотӣ оид ба шахсони алоҳида вазифадоранд ин иттилоотро бо талаби он шахсоне, ки ин иттилоот ба онҳо дахл дорад, бояд пешниҳод намоянд, ба шарте, ки маълумоти мазкур иттилооти дастрасаш маҳдуд набошад.

Моддаи 40. Ҷузъҳои таркибии инфраструктураи иттилоотонӣ

  1. Инфраструктураи иттилоотонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сохторҳои ташкилию техникӣ, объекту системаҳое ташкил медиҳанд, ки мақсади кору амали онҳо аз ин иборат аст:
  • ҷамъоварӣ, коркард, расонидан, нигоҳдорӣ кардан ва интишор додани иттилоот бо воситаҳои технологияҳои нави иттилоотӣ;
  • хизматрасонӣ ҳангоми қабул ва ирсол намудани иттилоот бо тамоми воситаҳои иртиботи электронӣ;
  • тадқиқ, таҳия ва истеҳсол кардани система, технологияву воситаҳои нави иттилоотӣ;
  • фиристодан, фурӯхтан ва хизматрасонии системаю технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳо;
  • таълим додан, кумаки машваратӣ, методӣ расонидан ва фаъолияти дигари ёрирасон, ки бо интишору истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ алоқаманданд.
  1. Инфраструктураи иттилоотониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои гуногуни ҳамаи шаклҳои моликият ташаккул медиҳанд.
  2. Ягонагии инфраструктураи иттилоотонӣ ба идораву танзими давлатии равандҳои иттилоотонӣ ва ҳамчунин ба фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатие асос меёбад, ки ба риоя шудани стандарту тасдиқномаҳои ягонаи сифати маводу воситаҳои иттилоотии истеҳсол ва истифодашаванда назорат муқаррар менамоянд.
  3. Ҳамаи намудҳои истеҳсоли системаю шабакаҳо, технологияву воситаҳои иттилоотии таъмини фаъолияти онҳо оиди пешниҳоди маводу хизматрасонии иттилоотро соҳаи махсусе ташкил медиҳад, ки пешрафти онро сиёсати давлатии илмию техникӣ ва иқтисодӣ муайян менамояд.

Моддаи 41. Системами давлатии иттилоотӣ

  1. Системаҳои давлатии иттилоотиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаҳои иттилоотӣ оиди ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории иттилоот, системаҳои экспертӣ (санҷишӣ) ва ҷустуҷӯи иттилоот, шабакаҳои мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар ташкилоту муассисаҳое ташкил медиҳанд, ки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ бунёд шудаанд ва ё моликияти давлатӣ мебошанд.
  2. Додан ва мубодилаи иттилоот байни системаҳо ва шабакаҳои давлатии иттилоотӣ аз рӯи шартномаву созишномаҳо дар доираи номгӯи зарурӣ ва сохтор дар асоси ягонагии таъминоти системавию барномавӣ ва шабакавӣ амалӣ мегардад.
  3. Тартиби мубодилаи иттилоот байни системаҳои давлатии иттилоот бо санадҳои меъёрие, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ дар ҳадди салоҳияти худ нашр мекунанд, бо шартномаю созишномаҳо муқаррар карда мешавад.

Моддаи 42. Системаҳои ғайридавлатии иттилоотӣ

  1. Системаҳои ғайридавлатии иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз системаҳои иттилоотӣ оид ба ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории иттилоот, аз системаҳои экспертӣ (санҷишӣ) ва ҷустуҷӯи иттилоот ва шабакаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо маблағи онҳо сохта ё харидорӣ карда шудаанд, иборатанд.
  2. Системаҳои ғайридавлатии иттилоот барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти махсуси моликони онҳо ё худ барои пешниҳоди маҳсулоту хизматрасонии иттилоотӣ ташкил карда мешаванд.

Моддаи 43. Ба вуҷуд овардани технологияи иттилоотӣ ва системаю шабакаҳои иттилоотӣ

  1. Ҳуқуқи ба вуҷуд овардани технологияҳои иттилоотӣ, маҷмӯи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотиро барои фаъолияти худ ва ба истеъмолкунандагон расонидани хизмати иттилоотиро мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доранд.
  2. Системаҳои иттилоотиро, ки дар бораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумот доранд, мақомоти давлатӣ ё худ ташкилотҳои ваколатдори давлатӣ ва идоракунӣ барпо менамоянд. Агар мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат диҳад, чунин системаҳоро субъектҳои моликияти ғайридавлатӣ барпо карда метавонанд.
  3. Системаҳои байнидавлатии иттилоотӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шартномаю созишномаҳои байналмилалӣ барпо карда мешаванд.
  4. Мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд шабакаҳои минтақавӣ (ки ба субъекти муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи иттилоотонӣ тааллуқ доранд), байнисоҳавӣ ва байнидавлатии иттилоотро барпо намоянд ва (ё) бо системаҳои иттилоотии худ ба онҳо ҳамроҳ шаванд.
  5. Тартиби ба чунин шабакаҳо ҳамроҳ шудан ва қоидаҳои мубодилаи иттилоотро дар ин шабакаҳо моликон ё худ шахсони ваколатдори онҳо дар асоси қонунгузории ҷорӣ, шартномаю созишномаҳои байналмиллалӣ муқаррар менамоянд.
  6. Намудҳои муайяни технологияҳои иттилоотӣ ва маҷмӯи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотӣ, ки дар соҳаи мудофиа ва хоҷагии умумӣ истифода мешаванд, метавонанд ба категорияҳое нисбат дода шаванд, ки аҳамияти давлатӣ доранд. Онҳо моликияти давлатанд ва аз ин рӯ дар тасарруфи шахсони ҷудогонаи воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда наметавонанд. Номгӯй ва ҳамчунин тартиби офаридан ва истифода кардани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  7. Ҳуқуқи моликият ба технологияҳои иттилоотӣ, маҷмӯи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат карда мешавад, ба шарте, ки онҳо дар мақоми давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошанд. Объектҳои иттилоотонии дорои аҳамияти давлатӣ бояд ҳатман ба қайд гирифта шаванд. Тартиби ба қайд гирифтани онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

§ 2. Идора ва танзими соҳаи иттилоотонӣ

Моддаи 44. Мақомоти идораю танзими давлатии соҳаи иттилоотонӣ

  1. Давлат соҳаи иттилоотониро бо мақсади ба амал баровардани сиёсати худ дар соҳаи иттилоотонӣ идора ва танзим менамояд.
  2. Идораю танзими давлатии муносибатҳои соҳаи иттилоотониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ваколатҳои худ ва ҳамин Қонун ба воситаи системаи ягонаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонад.
  3. Сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи иттилоотонӣ мақоми ваколатдори муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул медиҳад ва равандҳои пешрафти ин соҳаро ҳамоҳанг месозад.

Моддаи 45. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ

  1. Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ тааллуқ доранд:
  • тарҳрезӣ кардани сиёсати ягонаи давлатии инкишофи иттилоотонӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки он;
  • муқаррар намудани тартиби маблағҷудокунӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармоягузории хориҷӣ барои пешрафти соҳаи иттилоотонӣ ва назорат оиди истифодабарии он;
  • роҳбарӣ, ҳамоҳангсозӣ тартибдиҳӣ ва амалӣ гардонидани барномаҳои умумидавлатӣ ва лоиҳаҳо дар соҳаи иттилоотонӣ;
  • барпо кардан, тараққӣ додан ва боэътимод гардонидани кори системаю шабакаҳои телеиртиботи умумидавлатӣ;
  • танзими тартибу шароити ҳамкории системаю шабакаҳои иттилоотӣ ва ҷузъҳои дигари инфраструктураи иттилоотонӣ, ҷорӣ кардани системаҳои пешқадами протоколҳои байнишабакавӣ;
  • муайян кардани тартибу шароити бо иттилоот таъмин намудани мақомоти идораи давлатӣ, аз ҷонибишахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода бурдани захираҳои умумидавлатии иттилоот;
  • ташкили санҷиши (экспертизаи) барномаҳо, лоиҳаю таклифҳо дар соҳаи иттилоотонӣ, сертификатсияи маҳсулот, раванду технологияҳои иттилоотӣ;
  • дастгирӣ намудани бозори маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотӣ;
  • муқаррар кардани стандартҳо, таснифгарон ва системаҳои якнавохтсозии соҳаи иттилоотонӣ, назорат ба риояи онҳо;
  • муайян кардани тартибу шароити гузаронидани тадқиқот, тарҳрезӣ ва истеҳсоли воситаю технология ва системаҳои иттилоотӣ;
  • ҳимоя ва ҳифз кардани ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ;
  • муқаррар намудани тартиби баҳисобгирии давлатии маҳсулоти барномавӣ ва асосҳои маълумот, ки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ба вуҷуд оварда шудаанд ва ҳамчунин ба қайд гирифтани марказҳо, системаю шабакаҳои иттилоотие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз тобеияти идоравии онҳо амал мекунанд;
  • ташкили ҳамкорӣ ва ҳамоҳанг сохтани алоқа дар соҳаи иттилоотонӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ.
  1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар идораву танзими давлатии соҳаи иттилоотонӣ дар доираи салоҳияту вазифаҳояшон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаяйн кардааст, иштирок менамоянд.

Моддаи 46. Маблағгузорӣ барои иттилоотонӣ

  1. Маблағгузорӣ барои иттилоотонӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин сармояҳои хориҷӣ амалӣ мешаванд.
  2. Давлат самтҳои афзалиятноки инкишофи иттилоотониро муайян ва тартиби маблағгузориро муқаррар менамояд ва барои ҷалб кардани сармояи хориҷӣ ба соҳаи иттилоотонӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Моддаи 47. Сертификатсияи системаю технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи иттилоотонӣ

  1. Барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сифат, қобилияти рақобат ва ҳимояи бозори дохилӣ сертификатсияи системаю технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳо ба амал бароварда мешаванд.
  2. Системаҳои иттилоотӣ, асос ва бонки маълумотеро, ки барои таъмини иттилоотии ташкилоту шаҳрвандон пешбинӣ шудаанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат» бояд сертификатсия кунад.
  3. Системаҳои иттилоотии мақомоти давлатие, ки иттилооти ҳуҷҷатшудаи дастрасаш маҳдудро мавриди коркард қарор медиҳанд, инчунин воситаҳои муҳофизати ин системаҳо бояд бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман сертификатсия карда шавад.

Моддаи 48. Танзим ва ҳавасмандгардонии давлатии фаъолият дар соҳаи иттилоотонӣ

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои тадқиқотӣ, илмӣ, таҷрибавию ихтироот дар соҳаи тарҳрезӣ ва офаридани системаю воситаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ шароит муҳайё карда мешавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи сиёсати илмию техникӣ ва саноатӣ самтҳои афзалиятноки инкишофи иттилоотонӣ, инчунин тартиби маблағгузориро ба онҳо муайян менамояд.
  3. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутобиқи самтҳои афзалиятноки инкишофи иттилоотонии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезон ва офарандагони системаю технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳоро дастгирӣ мекунанд, ба ҳар чи бештар қобили рақобат шудани маҳсулоти иттилоотӣ ёрӣ мерасонанд, инкишофи тадқиқоти ояндадори илмиро ҳавасманд мегардонанд, ихтироотҳои куллан навро патент мекунанд ва барои аз худ намудани технологияҳои компютерии иттилоот кумак мекунанд. Дар ҳолатҳои муқарраркардаи Қонун содироту воридоти намудҳои муайяни технология, маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотӣ, фурӯхтани онҳо дар бозори дохилӣ маҳдуд ва ҳамчунин истеҳсолкунандагон вазифадор карда шуда метавонанд, ки сатҳи зарурии стандарту сифатро таъмин кунанд.

Моддаи 49. Баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ

  1. Тамоми объектҳои инфраструктураи иттилоотонӣ, захираҳои иттилоотӣ, моддӣ, техникӣ, молиявии онҳо, мутахассисон ва дигар захираҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд аз тарафи давлат ба ҳисоб ва ба қайд гирифта шаванд.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои баҳисобгирӣ ва таҳлили ҳолати инфраструктураи иттилоотии давлатиро муқаррар менамояд.

Моддаи 50. Таълимот дар соҳаи иттилоотонӣ

  1. Бо мақсади баланд бардоштани маданияти иттилоотии аҳолӣ ва маҳорати касбии мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи тарбияи умум ва бардавом, таълим ва вусъат додани дониш оиди иттилоот ва техникаи компютерӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Дар барномаи мактабҳо, сарфи назар аз соҳаву шакли моликият, бояд таълимоти асосҳои иттилоот ва техникаи компютерӣ пешбинӣ шуда бошад.
  3. Дар барномаҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ), ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, инчунин дар ташкилоту таълимгоҳҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ тибқи соҳаашон бояд таълими курсҳои махсуси иттилоот ва техникаи компютерӣ пешбинӣ шуда бошанд.
  4. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба амал баровардани донишу имкониятҳои иттилоотонӣ, системаю технологияҳои иттилоот, инчунин истифодаи захираҳои иттилоотро дар байни аҳолӣ интишор менамоянд ва аҳолиро аз қонунгузории соҳаи иттилоотонӣ бохабар.

Моддаи 51. Маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ (монополикунонӣ) дар соҳаи иттилоотонӣ

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти инҳисорӣ (монополикунонӣ) дар соҳаи иттилоотонӣ манъ аст.
  2. Парвандаҳои инҳисорикунонии соҳаи иттилоотонӣ дар мақомоти давлатии зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси худ, пешниҳодоти мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин субъектҳое, ки ҳуқуқҳояшон дар натиҷаи чунин инҳисорикунонӣ поймол гаштаанд, баррасӣ мешаванд.
  3. Қоидаҳои рақобати софдилона ба ҳамаи шаклҳои фаъолияти соҳаи иттилоотонӣ дахл доранд.

БОБИ 5. ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ

 

Моддаи 52. Субъектҳои муносибатҳо доир ба дастрасӣ ба иттилоот

  1. Муносибатҳо доир ба дастрасӣ ба иттилоот байни субъектони зерин сурат мегирад:
  • мақомоту ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки иттилоотро мерасонанд;
  • шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз иттилоот воқиф мегарданд, ҳуқуқи дастрасӣ ба онро доранд ва бо тартиби маъмулӣ дастрас карданианд.
  1. Боби мазкур инчунин муносибатҳоеро фаро мегирад, ки бо дастрасӣ ба иттилооти ҳуҷҷатҳои расмӣ алоқаманд буда, ба гурӯҳи иттилооти дастрасиашон маҳдуд мансуб нестанд.

 

Моддаи 53. Амалӣ намудани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот

Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот аз ҷониби мақомоту ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки иттилоотро мерасонанд ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз иттилоот воқиф мегарданд, тибқи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 54. Реҷаи ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот ва паҳн кардани он

  1. Иттилоот аз рӯи дастрасӣ ба иттилооти ошкоро ва иттилооти воридшавии маҳдуд ҷудо карда мешавад.
  2. Давлат реҷаи дастрасӣ ба иттилоотро назорат мекунад.
  3. Вазифаи назорати реҷаи дастрасӣ ба иттилоот аз таъмини риояи талаботи қонунҳо дар бораи иттилот аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва.ташкилотҳо, роҳ надодан ба беасос мансуб донистани маълумот ба гурӯҳи иттилооти дастрасиаш маҳдуд иборат мебошад.
  4. Иттилоот вобаста ба тартиби пешниҳод ё паҳн кардан ба шаклҳои зерин тақсим мешавад:
  • иттилооте, ки озодона паҳн карда мешавад;
  • иттилооте, ки бо созиши шахсон пешниҳод карда мешавад;
  • иттилооте, ки мутобиқи қонунгузорӣ бояд ҳатман пешниҳод ё паҳн карда шавад;
  • иттилооте, ки паҳн кардани он маҳдуд ё манъ шудааст.
  1. Назорати давлатии риояи реҷаи муқаррарнамуда аз ҷониби мақомоти махсусе, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, сурат мегирад.

Моддаи 55. Дастрасӣ ба иттилооти ошкоро

  1. Дастрасӣ ба иттилооти ошкоро бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:
  • нашри мунтазами он дар нашрияҳои расмӣ (бюллетенҳо, маҷмӯаҳо);
  • паҳн намудани он тавассути воситаҳои ахбори омма;
  • бевосита додани он ба шаҳрвандони манфиатдор, мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ.
  1. Тартиб ва шартҳои мувофиқи дархост ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва намояндагони аҳли ҷомеъа додани маълумот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Маҳдуд сохтани ҳуқуқ барои гирифтани иттилооти ошкоро манъ аст.

Моддаи 56. Иттилооти дастрасиаш маҳдуд

  1. Тартиби муқаррар намудани дастрасӣ ба иттилоотӣ маҳдудро Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян менамояд.
  2. Маҳдудияти ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро муқаррар намудани қонунгузорӣ танҳо ба ҳадде мумкин аст, ки он барои ҳифзи асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат, обрӯву эътибор ва беғаразии адолати судӣ, ахлоқ, сиҳатӣ, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарур мебошад.
  3. Иттилооти дастрасиаш маҳдуд тибқи низоми ҳуқуқӣ ба пинҳонӣ ва махфӣ ҷудо карда мешавад.
  4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дорои иттилооти пинҳонии касбӣ, корӣ, истеҳсолӣ, бонкӣ, тиҷоратӣ ва хусусияти дигар дошта мебошанд, онҳоро тавассути маблағҳои худӣ ба даст оварданд ё натиҷаи амали касбӣ, корӣ, истеҳсолӣ, бонкӣ, тиҷоратӣ ё дигар манфиатҳои онҳо буда, сирри мувофиқи қонун пешбининамударо вайрон накарда, низоми дастрасӣ ва ҳифзи онро муайян мекунанд.
  5. Мансуб донистани иттилоот ба гурӯҳи маълумоти махфии дорои сирри давлатӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба онҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ" сурат мегирад.

 

Моддаи 57. Иттилооте, ки дастрасии он маҳдуд карда намешавад

  1. Дастрасӣ ба иттилоот наметавонад маҳдуд карда шавад, агар он барои қонеъ гардонидан, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсоне зарур бошад, ки барои дастрас намудани иттилооти мазкур муроҷиат кардаанд, ба шарте, ки он ба гурӯҳи иттилоотӣ дастрасиаш маҳдуд мансуб набошад.
  2. Ба маҳдудкунии дастрасӣ ба иттилоот нисбати ҳуҷҷату иттилооти зерин роҳ дода намешавад:
  • санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман нашр гарданд;
  • дар бораи ҳолатҳои фавқулоддае (ҳодисот, фалокат, офатҳои табиӣ), ки ба бехатарӣ ва саломатии аҳолӣ таҳдид менамоянд, пешгӯиҳои расмии онҳо: иттилооти экологӣ, метеорологӣ, демографӣ, санитарию эпидемиологӣ ва иттилооти дигаре, ки барои таъмини бехатарии шаҳрвандон, маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои истеҳсолӣ ва ғайра зарур аст;
  • дар бораи имтиёзот, ҷуброн ва сабукиҳое, ки аз онҳо шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ташкилотҳо бархурдоранд;
  • дар бораи ҳолатҳои вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ;
  • дар бораи фаъолияти мақомоту ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо.
  • иттилоот дар бораи истифодаи воситаҳои буҷетӣ, ҳолати иқтисодиёт ва талаботи аҳолӣ;
  • иттилоот дар бораи ҳолати мубориза бо ҷиноятҳо.
  1. Қарори шиносонидани шахсон бо лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои расмӣ ё ба маълумоти умум расонидани онҳо аз тарафи мақомот ё ташкилоте, ки ин лоиҳаҳоро амалӣ месозанд, қабул карда мешавад.

 

Моддаи 58. Тарзу усулҳои амалӣ кардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот

  1. Дастрасӣ ба иттилоот бо тарзи зайл таъмин карда мешавад:
  • ҳатмӣ будани расонидани иттилоот ба маълумоти умум;
  • қонеъ гардонидани дархости шахсони ҷудогона ва дастаҷамъона ба иттилоот.
  1. Тартиби ҳатман ба маълумоти умум расонидани иттилоот бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи онҳо қабулгардида муайян карда мешавад.

Мақомоту ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд дар ҳама ҳолат бо тамоми воситаҳои мавҷуда иттилооти ба онҳо маълумгардидаро дар бораи ҳолату вазъияте, ки ба амнияти ҷомеа, ҳаёт ва саломатии мардум таҳдид менамоянд, ба маълумоти умум бетаъхир расонанд.

  1. Иттилоот ба самъи умум бо роҳи дар нашрияҳои махсус чоп кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ, ҷойгир намудани онҳо дар маъхазу манбаъҳои маълумоти дастраси доираи номаҳдуди шахсони манфиатдор расонида мешавад.
  2. Шахси манфиатдор метавонад иттилоотро аз рӯи дархост бо тарзҳои зерин дастрас намояд:
  • шинос шудан бо ҳуҷҷатҳои расмие, ки иттилооти дархостшударо доро мебошанд;
  • гирифтани нусхаи ҳуҷҷати дахлдор ё иқтибос аз он;
  • гирифтани маълумотномае, ки дорои иттилооти матлуб аст;
  • шифоҳӣ воқиф гардидан аз мазмуни иттилооти дархостшаванда;
  • воқиф гардидан аз манбае, ки дар нашрияи расмӣ иттилооти дархостшударо чоп кардааст.
  1. Дархост барои иттилоот, инчунин пешниҳоди иттилоот аз рӯи дархост метавонад дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ амалӣ карда шавад.

 

Моддаи 59. Ташкили дастрасӣ ба иттилоот

  1. Иҷрои вазифаҳо доир ба ташкили дастрасӣ ба иттилоот дар сохтори мақомоту ташкилотҳо ба зиммаи хадамоту шӯъбаҳое, ки дар сохтори ин мақомоту ташкилотҳо мавҷуданд ва ҳамчунин ба зиммаи шахсони мансабдори мушаххас гузошта мешавад.
  2. Вазифаи бо иттилоот таъмин намудани шахсони дархосткунандаи иттилоот дар низомномаи мақомот ё дигар ҳуҷҷатҳои ташкилоти дахлдоре, ки дар ҷараёни фаъолияти онҳо иттилооти мазкур ба вуҷуд меояд, сабт карда мешавад. Ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва масъулияти хадамоту шӯъбаҳои махсус, шахсони мансабдоре, ки ин вазифаро ба ҷо меоваранд, бо низомномаҳои хадамоту шӯъбаҳои мазкур ва дастурамалҳои мансабие, ки бо тартиби маъмулӣ тасдиқ гардидаанд, муқаррар карда мешаванд.
  3. Барои иҷрои вазифаҳои таъмини дастрасии иттилоот мақомот ё ташкилоте, ки иттилооти мазкурро ба вуҷуд меоранд, метавонанд ташкилотҳоеро, ки бо расонидани иттилоот машғуланд, дар асоси шартнома бо салоҳдиди худ ҷалб намоянд. Реквизити ташкилотҳои мазкур (номи ташкилот, нишонии почта, рақами телефон, факс, нишонии почтаи электронӣ, нишонии шабака, минбаъд – реквизити ташкилот) ба маълумоти шахси дархосткунандаи иттилоот расонида мешавад.
  4. Қоидаҳои иҷрои дархост барои гирифтани иттилоот аз тарафи роҳбари мақомот ё ташкилоти дахлдор дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда мешаванд. Қоидаҳои мазкур ном ва тартиби кори ташкилоту хадамот ва шӯъбаҳо ё шахсони мансабдореро, ки вазифаи таъмини дастрасии иттилоот ба зиммаашон гузошта шудааст, намудҳои иттилооти манзуршаванда, намудҳои хизматрасонии бо пешниҳод шудани он алоқаманд (аз ҷумла тартиби дастрасии системаҳои автоматиконидашудаи иттилоот), тартиби пардохти ҳаққи хизматрасонии мазкур ва дигар шартҳои дастрасии иттилоотро дар бар мегиранд.

 

Моддаи 60. Ташкили дастрасӣ ба иттилооти системаи кушодаи автоматиконидашудаи иттилооти мақомоту ташкилотҳо

  1. Барои таъмини ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот аз системаи кушодаи автоматиконидашудаи иттилоотии мақомоту ташкилотҳо ин мақомоту ташкилотҳо:
  • системаҳои мазкурро ба шабакаи алоқаи истифодаи умум пайваст менамоянд ва иттилоотро ба сервери расмии мақом (мақомот) ё ташкилот (ташкилотҳо) барои дастрасии номаҳдуди шаҳрвандон, мақомоту ташкилотҳои ба шабакаи мазкур пайвастшуда ҷойгир менамоянд;
  • дар ҷойҳои дастрас барои шаҳрвандон, мақомоту ташкилотҳо имкониятҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои истифодаи умумро муҳайё менамоянд (дар бинои мақомоту ташкилотҳо, китобхонаҳои давлатӣ, шӯъбаҳои алоқа ва дар дигар ҷойҳои муайянкардаи қонунгузорӣ);
  • барои қабули дархост ва ирсоли иттилооти матлуб аз тариқи шабакаи алоқаи истифодаи умум нишонии почтаи электронӣ ҷудо мекунанд;
  • барои мазмун, ҳаққоният ва мукаммалии иттилооти сомонаи расмӣ масъулият доранд.
  1. Агар иттилоот дар шакли электронӣ пешниҳод карда шавад, ҳаққонияти он бо имзои электронии рақамӣ ё худ бо усули дигари электронӣ мувофиқи тартиби маъмули қонунгузорӣ тасдиқ карда мешавад. Дар ҳуҷҷатҳое, ки тавассути компютер тартиб дода, аз тариқи каналҳои телекоммуникатсионӣ ирсол карда мешаванд, зикри тамоми маълумоти барои ҳуҷҷатҳои мазкур муқарраршуда ҳатмист.

Моддаи 61. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дархосткунандаи иттилоот

  1. Дархосткунандаи иттилоот ҳуқуқ дорад:
  • ҳар шакли дархости пешбининамудаи қонунгузориро интихоб намояд;
  • зарурати ба даст овардани иттилооти дархостшударо асоснок накунад, ба шарте, ки чунин далеловарӣ барои муайян кардани мазмуну моҳияти дархост зарур набошад ва агар дар қонунунгузорӣ тартиби дигаре муқаррар карда нашуда бошад;
  • ҷавоби дархосташро талаб намояд;
  • бо тартиби муқарраргардида аз амали мақомоту ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва тартиби амалӣ гардонидани онро вайрон кардаанд, шикоят намояд.
  1. Дархосткунандаи иттилоот ӯҳдадор аст тартиб ва шартҳои дастрасӣ ба иттилоотро, ки дар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд, риоя намояд.

 

Моддаи 62. Ӯҳдадории мақомоту ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо оид ба дастрасӣ ба иттилоот

  1. Мақомоту ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо ӯҳдадоранд:
  • барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот шароити ташкилию техникӣ ва дигар шароитҳои заруриро муҳайё намоянд;
  • дар муҳлати муқарраркардаи қонунгузорӣ ҳуҷҷатҳои расмиро интишор намояд;
  • муҳлат ва тартиби пешинҳоди иттилоотро риоя намоянд;
  • хароҷот оид ба таъмини дастрасӣ ба иттилоотро ҳангоми банақшагирии буҷет ба инобат гиранд;
  • ҳуҷҷатҳои расмии дорои иттилоотро, ки бояд мутобиқи Кодекси мазкур пешниҳод карда шаванд, дар мӯҳлати муқарраршуда нигоҳ доранд;
  • ҳаққоният ва мукаммалии иттилооти пешниҳодшаванда, риояи мӯҳлати муқарраршуда ва шартҳои пешниҳод кардани онро риоя намоянд;
  • санадҳои қабулкардаашон, санадҳоеро, ки вазъи ҳуқуқии онҳоро муайян менамоянд, санадҳои мақомоту ташкилотҳоеро, ки ворисони ҳуқуқии онҳо мебошанд ва ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳои расмиро дар давоми мӯҳлати муқарраршуда нигоҳ доранд.
  1. Агар маълумоти иттилооти пешниҳодшуда ноаниқ ё номукаммал бошад, мақомот ё ташкилот ӯҳдадоранд аз рӯи аризаи хаттии далелноки дархосткунандаи иттилоот дар мӯҳлати кӯтоҳ, вале на дертар аз ҳафт рӯзи кории баъди гирифтани ариза иттилооти пешниҳодшударо аниқ ё мукаммал намоянд. (ин дар рӯзҳои дар дигар бобҳо овардашуда ҳамоҳанг карда шавад)
  2. Мақомоту ташкилотҳо вазифадоранд ҳуҷҷатҳои расмиро, ки ба феҳрист ворид намоянд, ба маълумоти умум расонанд ва аз рӯи дархост пешниҳод кунанд.
  3. Дар феҳрист бояд ном, санаи қабул, рақами гирифтани ҳар санади нашршаванда ва маълумот доир ба нашри он зикр шуда бошад. Мақомот ё ташкилоти пешбарандаи феҳрист метавонанд нисбати феҳристи мазкур дигар талаботи ҳатмӣ муқаррар намоянд.

 

Моддаи 63. Дархост барои гирифтани иттилоот

  1. Дархост ба мақомот, ташкилот ё шахсони мансабдоре, ки ба ақидаи талабгор, иттилооти барояш зарурӣ доранд, фиристода мешавад.
  2. Дар дархост ному насаби шахсе, ки барои гирифтани иттилоот муроҷиат кардааст, номи ташкилоте, ки аз номи он дархост шудааст, ном ва насаби шахсе, ки ҷавоб бояд ба ӯ фиристода шавад, нишонии почта, рақами телефон ё факс, нишонии почтаи электронӣ барои ҷавоб ё аниқ кардани хусусияти дархост ва ҳамчунин шакл ва тарзи ҷавоби дархостшуда зикр карда мешаванд.

Моддаи 64. Тартиби баррасӣ ва қонеъ гардонидани дархост

  1. Ҷавоби дархост дар бораи гирифтани иттилоот дар мӯҳлати кӯтоҳтарин, вале на дертар аз сӣ рӯзи тақвимии баъди гирифтани дархост фиристода мешавад.
  2. Агар дар мӯҳлати муқарраргардида пешниҳод кардани иттилооти дархостшуда имконнопазир бошад, ба дархосткунанда дар давоми ҳафт рӯзи кории баъди гирифтани дархост дар бораи ба дигар вақт монондани мӯҳлати ҷавоб огоҳинома фиристода мешавад. Дар огоҳинома бояд сабабҳои ба дигар вақт монондан ва мӯҳлати пешниҳод кардани иттилооти дархостшуда зикр карда шавад, ки он аз понздаҳ рӯзи тақвимии мӯҳлати ҷавоби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дарозтар буда наметавонад.
  3. Агар мақомот ё ташкилоти дархостномагирифта иттилооти дархостшударо надошта бошанд, бояд дар давоми ҳафт рӯз аз ин хусус ба дархосткунанда хабар диҳанд ва ҳамчунин аз рӯи имконият ба ӯ маълумоти мақомот, ташкилот ё шахсеро, ки дорои иттилооти дархостшуда мебошанд, пешниҳод намоянд ё худ маълумоти мақомот ё ташкилотеро, ки дархости мазкур ба онҳо фиристода шудааст, зикр кунанд.
  4. Агар иттилооти дархостшуда дар нашрияи расмии дастраси умум ба табъ расида бошад, иҷрокунандаи дархост метавонад танҳо маълумоти нашрияи мазкур ва таърихи чопи иттилоотро зикр намояд.
  5. Ҷавоби дархост бояд маълумоти мақомот ё ташкилот ва иҷрокунандаи дархостро дар бар гирифта бошад.
  6. Иттилоотро бе маслиҳати дархосткунандаи иттилоот ба ҷои хаттӣ, шифоҳӣ пешниҳод кардан мумкин нест. Дар ин маврид сабабҳои ба ин ё он шакл пешниҳод намудани иттилоот бояд зикр карда шаванд.
  7. Пешниҳоди маълумотномаҳо доир ба ҳуҷҷат ё иқтибосҳо ҷоиз аст, агар онҳо дорои маълумоти кофӣ бошанд, инчунин дар ҳолати зурурӣ реҷаи муқарраршудаи дастрасӣ ба иттилооти маҳдуд риоя шуда бошад.
  8. Дархостномаҳо (аз ҷумла дархостҳои шифоҳӣ), ҳамчунин ҷавоби онҳо бояд ҳатман дар ҷойи гирифтани дархостҳо ба қайд гирифта шаванд.

Моддаи 65. Рад кардан аз пешниҳоди иттилоот

  1. Ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи ҳифзи манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба танзим меоваранд, иттилооти дорои маълумоти зеринро пешниҳод кардан мумкин нест:
  • иттилооти дорои сирри давлатӣ ;
  • ҳуҷҷатҳое, ки муросилоти хизмати дохилиидоравиро ташкил медиҳанд (маълумотномаҳо, муросилоти байни воҳидҳои сохторӣ ва ғайра), агар онҳо бо коркарди самти фаъолияти муассиса, ҷараёни қабули қарорҳо алоқаманд буда, барои қабули онҳо замина гардидаанд;
  • дар бораи ҳаёти хусусии шахс бе розигии ӯ (маълумоти шахсӣ), ба шарте, ки дар қонунҳои ҷорӣ тартиботи дигар пешбинӣ нашуда бошад;
  • дар бораи бо тартиби муқаррарнамудаи қонун анҷом додани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишот;
  • дар бораи баррасии парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ, иқтисодӣ ва мавод оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мавридҳое, ки фош кардани ин маълумот бо қонун манъ карда шудааст ё метавонад боиси риоя нашудани ҳуқуқи инсон ба баррасии холисонаи судии парванда гардад, ба ҳаёт ва ё саломатии шаҳрвандон таҳдид намояд;
  • иттилооти муассисаҳои молиявӣ, ки барои идораҳои тафтишу молиявӣ таҳия гардидаанд.
  • дастрасии он бо қонунҳои дигар маҳдуд карда шудааст.

Агар ҳуҷҷат маълумоти дар ин модда зикршударо доро бошад, ҳамон қисмати ҳуҷҷат, ки ин гуна маълумотро надорад, барои аз назар гузаронидан, шарҳу тафсир кардан ва ба дархосткунанда додани нусхаи он ҷоиз аст.

  1. Аз рӯи дархост гузоришҳо, мукотибот, супоришҳои шахсони мансабдор ва дигар иттилооти дохилиидоравӣ пешниҳод карда намешаванд.
  2. Мақомот ё ташкилот, шахсони мансабдори онҳо метавонанд аз пешниҳоди иттилооти дархостшаванда худдорӣ намоянд, ба шарте, ки:
  • талаботи расмии дархост барои гирифтани иттилоот (моддаи 33) пешбинигардида нисбати дархост риоя нашуда бошад;
  • иттилооти дар банди 1 моддаи мазкур пешбинигардида ғайриқонунӣ дархост карда шуда бошад;
  • мақомот ё ташкилот иттилооти дархостшавандаро надошта бошанд.
  1. Дар радномаи пешниҳод накардани иттилоот бояд сабабҳои қонеъ нагардонидани дархост, санаи қабул кардани қарор дар бораи пешниҳод накардани иттилоот ва ҳамчунин шарҳу тафсири тартиби шикоят кардан аз он зикр шуда бошанд.
  2. Пешниҳоди раднома аз рӯи дархости иттилоот, новобаста аз он, ки дархост хаттӣ аст ё шифоҳӣ, дар шакли хаттӣ ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 66. Тартиби ҷуброни хароҷоти пешниҳод кардани иттилоот

  1. Иттилооти зерин ройгон пешниҳод карда мешавад:
  • иттилооте, ки ба дархосткунандаи иттилоот дахл дорад;
  • иттилооте, ки иттилооти пештар пешниҳодшударо бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 32 Кодекси мазкур (Моддаи 32. Ӯҳдадории мақомоту ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо оид ба дастрасӣ ба иттилоот) аниқ ва мукаммал мегардонад;
  • иттилооти муқаррароте, ки дар қисми 4 моддаи 29 Кодекси мазкур (Моддаи 29. Ташкили дастрасӣ ба иттилоот) зикр шудааст, аз ҷумла тарифии (хизматонаи) пешниҳод кардани иттилоот ва озод будан аз пардохти хизматрасонии мазкур;
  • иттилоот дар бораи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахси ҳуқуқии дархосткунандаи иттилоот.
  1. Шахсоне, ки ба гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ эҳтиёҷманд (кӯдакон, маъюбон, нафақахӯрон, шахсоне, ки расман бекор эътироф шудаанд) мансубанд, мутобиқи қонунгузорӣ, бо шарти доштани ҳуҷҷатҳои дахлдори далелнок, аз пардохти музди хизматрасонии иттилооти пешниҳодшуда озод карда мешаванд.
  2. Рӯйхати гурӯҳи шахсонеро, ки барояшон иттилоот ройгон пешниҳод карда мешавад, мақомоту ташкилотҳое, ки иттилооти мазкурро пешниҳод менамоянд, метавонанд бо салоҳдиди худ пурра кунанд.
  3. Барои пешниҳод кардани иттилоот мумкин аст музде ситонида шавад, ки он аз арзиши аслии хизматрасонии ба пешниҳоди иттилоот алоқаманд набояд зиёд бошад.
  4. Тартиби пардохти музди пешниҳоди иттилоот мутобиқи қисми 4 моддаи 29 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.
  5. Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани итти лоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

БОБИ 6. ҲИФЗИ ИТТИЛООТ

 

Моддаи 67. Ҳифзи иттилоот

  1. Ҳар иттилооте, ки дар натиҷаи муносибати ғайриқонунӣ нисбати он ба молик, соҳиб, истифодабарандагон ва дигар шахсон зарар оварда метавонад, мавриди ҳифз қарор мегирад.
  2. Реҷаи ҳифзи иттилоот дар мавридҳои зерин муқаррар карда мешавад:
  • нисбати маълумоте, ки сирри давлатӣ ба ҳисоб мераванд аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ";
  • нисбати иттилооти ҳуҷҷатшудаи ошкоро ё маҳрамона аз тарафи молики захираҳои иттилоот ё худ шахси ваколатдор дар асоси ҳамин Кодекс ва дигар қонунгузорӣ.
  1. Молики захираҳои иттилоот ва ё шахсони ваколатдор ҳуқуқ доранд ба иҷрои талабот оиди ба ҳифзи иттилоот назорат кунанд ва коркарди иттилоотро дар сурати иҷро накардани ин талабот манъ кунанд ё боздоранд.
  2. Молик ё соҳиби иттилооти ҳуҷҷатшуда барои донистани иҷрои дурусти меъёрҳо ва талабот оиди ҳифзи иттилооти ӯ дар системаҳои иттилоотӣ ҳуқуқ дорад ба мақомоти ваколатдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, муроҷиат намояд.

Моддаи 68. Мақсади ҳифзи иттилоот

  1. Иттилоот ва захираҳои он ва ҳуқуқи субъектҳо дар соҳаи иттилоот бояд мавриди ҳифз қарор гиранд.
  2. Мақсади ҳифз чунин аст:
  • таъмини дастрасӣ ба иттилоот, таъмин намудани низоми ҳуқуқии захираҳои иттилоотӣ ҳамчун объекти моликият, пешгирӣ кардани дахолати ғайриқонунӣ ба захираҳои иттилоотӣ ва системаҳои иттилоотӣ, амалҳои беиҷозати нусхабардорӣ, бандубаст, тағйир додан, таҳриф ва нобуд кардани иттилоот;
  • пурра, саҳеҳу, аниқ ва яклухт нигоҳ доштани иттилооти ҳуҷҷатишуда, имконияти идора кардани раванди коркард ва истифода мутобиқи шароите, ки молики ин иттилоот ё шахси ваколатдори ӯ муқаррар кардаанд;
  • ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба нигоҳ доштани сирри шахсӣ ва махфӣ будани маълумоти шахсӣ дар системаҳои иттилоотӣ;
  • фош накардани сирри давлатӣ ва маҳрамияти иттилооти ҳуҷҷатшуда, пешгирии ихроҷ, дуздӣ, сохтакорӣ ва таҳрифи иттилоот;
  • таъмин намудани ҳуқуқи субъектҳо дар равандҳои иттилоотӣ ҳангоми ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоот, офаридан, истеҳсолу татбиқ намудани системаю технологияҳои иттилоотӣ.

Моддаи 69. Муқаррар намудани талаботу қоидаҳо ва шартҳои ҳифзи иттилоот

  1. Талаботу қоидаҳои ҳифзи иттилоот, ки моликияти давлат мебошад ё иттилооте, ки ҳифзи он аз тарафи давлат кафолат дода шудааст, аз тарафи мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
  2. Шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои коркарди иттилоот бо тартиби муқаррарнамудаи, низомномаи дахлдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ба ҷо оварда мешавад.
  3. Ин талаботу қоидаҳо ва шартҳои ҳифзи иттилоот барои ҳамаи субъектҳои ин муносибатҳо ҳатми мебошанд.

Моддаи 70. Таъмини ҳифзи иттилоот

Ҳифзи иттилоот бо роҳҳои зайл таъмин карда мешавад:

  • аз тарафи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи риоя намудани меъёрҳо, талабот ва қоидаҳои хусусияти ташкили ва техники дошта оиди ҳифзи итгилоот;
  • истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарор, таъмини барномави ва дастгоҳи ва умуман воситаҳои ҳифз, ки ба талаботи муқарраршуда оиди ҳифзи иттилоот ҷавобгӯ мебошанд;
  • ба ҷо овардани назорати ҳифзи иттилоот.

Моддаи 71. Воситаҳои ҳифзи иттилоот

Ба воситаҳои ҳифзи иттилоот мансубанд:

  • ташкилӣ;
  • техникӣ;
  • барномавӣ;
  • дастгоҳӣ;
  • ҷисмонӣ;
  • криптографӣ.

Моддаи 72. Кафолати ҳифзи ҳуқуқӣ

  1. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот барои муҳофизат аз зарари дар натиҷаи амалиётҳои қонуни ё ғайриқонунӣ расонидашуда, ки сабаби нобудшави, бастани роҳи паҳншави, ғалат маънидодкуни (сохтакорӣ), дуздӣ, нусхабардори, хориҷшавӣ, тағйиребӣ, дигаргун шудани иттилоот гардидаанд, инчунин ҳангоми вайронкунии ҳуқуқҳои муаллиф, ҳуқуқи доранда ё молики иттилоот бо тартиби муқарраршудаи қонунгузори ҳуқуқ доранд.
  2. Субъектҳои муносибати ҳуқуқи ӯҳдадоранд якдигарро оиди хусусиятҳо, усулҳо ва шаклҳои коркарди иттилоот, ҳифзи он хабардор намоянд ва розигии молик ё дорандаи иттилоотро оиди коркарди он гиранд.

Моддаи 73. Танзим ва идоракунии давлатҷ дар соҳаи ҳифзи иттилоот

  1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳифзи иттилоотро бо роҳҳои зерин таъмин менамояд:
  • гузаронидани сиёсати ягонаи техникӣ оид ба ҳифзи иттилоот;
  • таҳияи консепсияҳо, талабот, ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ва тавсияҳои илмию методии ҳифзи иттилоот;
  • истифодаи меъёрҳои техникии бехатарии иттилоотии байналмилалӣ;
  • тасдиқ намудани тартиби ташкил, фаъолият ва назорати иҷрои тадбирҳои ҳифзи иттилооте, ки моликияти давлат аст, инчунин тавсияҳо оид ба ҳифзи иттилооте, ки моликияти шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад;
  • ташкили озмоиш ва сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот;
  • таъсиси сохторҳои идоравӣ ва соҳавии ҳамоҳангсоз ҷиҳати ҳифзи иттилоот;
  • анҷом додани назорати иҷрои корҳо оид ба ташкили ҳифзи иттилоот;2. Вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳалли масъалаҳои ҳифзи иттилоотро дар доираи ваколатӣ худ таъмин мекунанд.

Моддаи 74. Умури ҳифзи иттилоот

Дар муассисаҳо ва ташкилотҳои давлати мумкин аст воҳидҳо, умурҳое ташкил карда шаванд, ки кори вобаста ба ҳифзи иттилоот, дастгирии сатҳи ҳифзи иттилоотро ташкил менамоянд ва барои самаранокии ҳифзи иттилоот мутобиқи талаботи Қонуни мазкур масъул мебошанд.

Моддаи 75. Иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳии фаъолият дар соҳаи ҳифзи иттилоот

Иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳии фаъолият дар соҳаи ҳифзи иттилоот тибқи қонунҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 76. Вазифаҳои мақомоти давлати оид ба сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот

  1. Воситаҳои ҳифзи иттилоот бояд сертификати мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.
  2. Дар рафти сертификатсияи воситаҳои ҳифз санҷиши (аттестатсияи) онҳо низ гузаронда мешавад.
  3. Молики иттилоот ҳуқуқ дорад ба мақомоти сертификатсия бо дархост оиди гузаронидани санҷиши воситаҳои ҳифз ва гирифтани хулосаҳои дахлдор муроҷиат намояд.
  4. Таъсис ва мутобиқати системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро оид ба талаботи бехатарии иттилоот мақоми давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад, ки он дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот оид ба талаботи бехатарии иттилоот, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудаст, фаъолият мекунад.
  5. Мақоми давлатие, ки сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро ба ҷо меорад, иҷрои вазифаҳои зайлро таъмин менамояд:
  • ташкил ва мутобиқ кардани системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба талаботи бехатарии иттилоот;
  • ташкил ва кор кардани системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот;
  • муайян намудани феҳристи воситаҳои ҳифз, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд;
  • муқаррар намудани қоидаҳои ваколатдоршави барои гузаронидани корҳо оид ба сертификатсия;
  • таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёри ва методии системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот;
  • тартиб додани рӯйхати давлатии иштирокчиён ва объектҳои сертификатсия;
  • ба ҷо овардани назорати давлатӣ (аз ҷумла бозраси) барои риоя намудани қоидаҳои сертификатсия ва воситаҳои сертификатсияшудаи ҳифзи иттилоот;
  • баррасии шикоятҳо оид ба масъалаҳои сертификатсия;
  • ташкили нашри давравии маълумотҳо оиди системаи сертификатсия, талабот ва қоидаҳои он, бо нишон додани феҳристи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки бо параметрҳои сертификатсияшавандаи онҳо бояд сертификатсия карда шаванд, феҳристи мақомот оиди сертификатсияи намудҳои муайяни воситаҳои ҳифзи иттилоот, феҳристи марказҳои (лабораторияҳои) озмоишӣ, феҳристи ҳуҷҷатҳои меъёри ба мутобиқати талаботҳое, ки аз рӯи онҳо сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот гузаронида мешавад ва ҳуҷҷатҳои методӣ оиди гузаронидани озмоишҳои сертификатсионӣ;
  • мутобиқ кардани фаъолияти мақомоти сертификатсия ва мақомоти озмоишӣ (лабораторияҳо), ки ба системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот дохиланд.
  1. Системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот бо талаботи бехатарии иттилоот аттестатсияи объектҳои иттилоотониро бо талаботи бехатарии иттилоот низ дарбар мегирад ва бояд бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷyмҳypии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

Моддаи 77. Сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот

  1. Таҳти мафҳуми объектҳои иттилоотони, ки бо талаботи бехатарии иттилоот аттестатсия мешаванд, системаҳои автоматии (АС) сатҳҳои гуногун ва таъинотҳо, системаҳои алоқа, тасвир ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо дар якҷояги бо биноҳое, ки дар онҳо гузошта шудаанд, иттилооти барои коркард ва додан пешбинишудае, ки бояд ҳифз карда шаванд, инчунин худи биноҳо, ки барои бурдани гуфтугӯҳои махфӣ пешбинӣ гардидаанд, фаҳмида мешавад.
  2. Мавриди сертификатсияи ҳатмӣ воситаҳо, аз ҷумла истеҳсоли хориҷӣ, ки барои ҳифзи иттилоот таъин шудаанд ва сирри давлатиро ташкил менамоянд, инчунин дигар иттилоот бо маҳдудияти дастрасӣ, инчунин воситаҳое, ки дар идораи объектҳои аз ҷиҳати экологи хатарнок истифода мешаванд, қарор мегиранд.
  3. Феҳристи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, аз тарафи мақомоти давлатие, ки фаъолияти системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мутобиқ менамояд, кор карда баромада ва тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолатҳои боқимонда сертификатсия хусусияти ихтиёри (сертификатсияи ихтиёри) дорад ва бо ташаббуси таҳиягар, тайёркунанда ё истифодабарандаи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба ҷо оварда мешавад.
  4. Озмоиши воситаҳои ҳифзи иттилоот аз тарафи марказҳои (лабораторияҳои) озмоишии ваколатдор дар базаи моддию техникии онҳо ё бо мувофиқа бо мақоми давлатие, ки системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи итгилоотро мутобиқ мекунад, дар базаи аризадиҳанда гузаронида мешавад.
  5. Асоси гузаронидани корҳо оид ба сертификатсия шартномаи байни иштирокчиёни сертификатсия мебошад.
  6. Хароҷоти гузаронидани сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба арзиши аслии он дохил карда мешавад.
  7. Қарори боздоштан ё бекор кардани амали сертификат ва шаҳодатномаи ваколатдориро мақоми давлатие, ки фаъолияти системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мутобиқ менамояд, қабул мекунад.
  8. Мақомоте, ки фаъолиятро оиди сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба амал мебароранд вa марказҳои (лабораторияҳои) озмоиши барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда, таъмини нигоҳдории сирри давлати, дигар маълумотҳои махфи, инчунин барои риояи ҳуқуқҳои муаллифии аризадиҳандагон ҳангоми озмоиши воситаҳои ҳифзи иттилооти онҳо ҷавобгар мебошанд.
  9. Дар бораи амалҳои ғайриқонунии мақомоти сертификатсия мумкин аст ба тариқи суди шикоят карда шавад.

Моддаи 78. Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи иттилоотонӣ

  1. Амалу кирдорҳое, ки боиси вайроншавии ҳуқуқу манфиатҳои субъектҳои муносибатхои ҳуқуқии соҳаи иттилоотонаи, муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар раванди иттилоотӣ иштироккунанда пешгирӣ карда мешаванд.
  2. Моликони захираву системаҳои иттилоотӣ, офарандагони воситаҳои муҳофизати барномавию техникӣ ва криптографии иттилооти ҳуҷҷатшуда ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳофизат ҳамин Кодекс ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии мақомоти махсуси ваколатдори давлатиро оид ба муҳофизати иттилоот ба роҳбарӣ мегиранд.

Моддаи 79. Ҳимояи ҳуқуқи субъектҳо иттилоот

  1. Ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин шаҳрвандон барои тартиб додан ва офаридани системаю технологияҳои иттилоотӣ, воситаҳои таъмини онҳо, инчунин ба фаъолияти вобаста бо пешниҳод намудани маҳсулот ва хизматрасонии иттилооти ҳуқуқи баробар доранд.
  2. Ҳуқуқи субъектҳо дар соҳаи ташаккули равандҳои иттилоотӣ ва иттилоотонӣ бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ, барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда ва ҷуброни зиён ҳимоя карда мешавад.
  3. Ҳуқуқи субъектҳоро суд бо назардошти хусусияти ҳуқуқвайронкунӣ ва зиёни расонидашуда ҳимоя мекунад.
  4. Барои ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми кор кардан бо иттилооти ҳуҷҷатшуда мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.
  5. Масъулияти вайрон кардани меъёру қоидаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоот, офаридан ва ба кор бурдани системаҳои иттилоотӣ, талаботи созишномаҳои байналмилалӣ оиди ҳимояи ҳуқуқи муаллифӣ ба зиммаи мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо ва шаҳрвандон мутобиқи шартномаҳои бо ҳамкорони хориҷӣ имзокардаи онҳо, бо назардошти санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, гузошта мешавад.

БОБИ 7. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ИТТИЛООТ

Моддаи 80. Муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи иттилоот

Муносибатҳои соҳаи иттилоот байни давлатҳо дар асоси шартномаҳои дутарафа ва бисёртарафа, барномаҳои муштараки илмию техникӣ, шартнома ва ӯҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ оид ба барпо намудани низомҳои ягонаи муштарак ва техникии ягонаи иттилоотии дахлдор ва ҳамчунин аз рӯи масъалаҳои дигари иттилоотӣ муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 81. Фаъолияти иттилоотии байналмилалӣ

  1. Фаъолияти иттилоотии байналмилалӣ аз таъмини шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ бо иттилооти расмӣ ё ба таври оммавӣ эълонгардида оид ба фаъолияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеа ва падидаҳое, ки дар дигар кишварҳо рух медиҳанд, инчунин мақсаднок берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн намудани иттилооти ҳамаҷониба дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон иборат мебошад.
  2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озодона ва бемамониат ба даст овардани иттилоот тавассути манбаъҳои хориҷӣ, аз ҷумла пахши мустақими телевизион, радио, матбуот ва дигар низомҳои иттилоотии коммуникатсионӣ дар доираи талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳуқуқ доранд.
  3. Вазъи ҳуқуқӣ ва фаъолияти касбии хабарнигорони хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, инчунин фаъолияти иттилоотии намояндагони дипломатӣ, консулгарӣ ва дигар намояндагони расмии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, танзим мегардад.
  4. Таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои муштарак дар соҳаи иттилоот бо иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, танзим мегардад.

Моддаи 82. Тартиботи ҳуқуқии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоот

  1. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд дар асоси шартномаҳо низомҳои иттилоотии худро ба шабакаҳои байналмилалии иттилоот ҳамроҳ кунанд.
  2. Бо мақсади таъмини ҳамкории байнидавлатӣ мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда кори худро оид ба ҳифзи иттилоот бо мақомоти ҳифзи иттилооти дигар давлатҳо тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамоҳанг месозанд.

Моддаи 83. Ҳамроҳшавӣ ба шабакаю низомҳои байналмилалии иттилоотӣ

  1. Низомҳои иттилоотиеро, ки иттилооти дастрасиаш маҳдудро мавриди коркард қарор медиҳанд, бо шабакаи байналмилалии иттилоотӣ танҳо баъди қабул намудани чораҳои зарурии муҳофизат ҳамроҳ кардан мумкин аст.
  2. Бе иҷозат ба шабакаҳои иттилоотӣ ҳамроҳ кардани низомҳои иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин аз ин шабакаҳо гирифтани иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад.
  3. Иттилоот ҳангоми мубодилаи байналмилалӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, муҳофизат карда мешавад.

 

Моддаи 84. Мустақилияти иттилоотӣ

  1. Асоси мустақилияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқӣ моликият ба захираҳои миллии иттилоотӣ мебошад.
  2. Ба захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми иттилооти марбутаи он, сарфи назар аз мазмун, шакл, вақт ва макони ташаккул, дохил мешаванд.
  3. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ захираҳои иттилоотиро мустақилона ташаккул дода, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ, онро озодона ихтиёрдорӣ менамояд.

Моддаи 85. Ҳамкори доир ба масьалаҳои ҳифзи иттилоот

Бо мақсади таъмини ҳамкории байнидавлати мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда кори худро оиди ҳифзи иттилоот бо мақомоти ҳифзи иттилооти дигар давлатҳо тибқи санадҳои ҳуқуқии баиналмилали, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамоҳанг месозанд.

II. ҚИСМИ МАХСУС

ФАСЛИ II. РЕҶАИ ҲУҚУҚИИ ИТТИЛООТИ СОҲАВӢ

БОБИ 8. РЕҶАИ ҲУҚУҚИИ ИТТИЛООТИ СУДӢ

 § 1. Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 86. Дастрасии иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

  1. Амали Боби мазкур ба муносибатҳое татбиқ мегардад, ки ба дастрасии истифодабарандаи иттилоот оид ба фаъолияти судҳо вобастаанд.
  2. Агар қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари пешниҳоди иттилоотро пешбинӣ намояд, муқаррароти Боби мазкур бо назардошти талаботи он татбиқ мегарданд.

Моддаи 87. Тарзҳои дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

Дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо тарзҳои зерин амалӣ карда мешавад:

  • иштироки шаҳрвандон ва намояндагони ташкилотҳо дар мурофиаҳои ошкорои судӣ;
  • интишор намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо тавассути воситаҳои ахбори омма;
  • интишор намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар сомонаи судҳо;
  • ҷойгир намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар бинои судҳо;
  • ба истифодабаранда додани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ки дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд ё шинос намудани истифодабаранда бо онҳо;
  • бо дархости истифодабарандаи иттилоот ба ӯ пешниҳод намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо;
  • бо тарзҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Моддаи 88. Шаклҳои пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

Иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар шакли шифоҳӣ, хаттй, электронй ва шаклҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 89. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандаи иттилоот

  1. Истифодабарандаи иттилоот ҳуқуқ дорад:
  • иттилоотро оид ба фаъолияти судҳо ба даст оварад;
  • зарурати ба даст овардани иттилооти дархостшударо оид ба фаъолияти судҳо, ки дастрасӣ ба он маҳдуд намебошад, асоснок накунад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  1. Истифодабарандаи иттилоот уҳдадор аст талаботи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд.

§ 2. Ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ва талабот ҳангоми амалӣ намудани он

 

Моддаи 90. Ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

  1. Ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо назардошти талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби судҳо дар доираи салоҳияташон амалӣ карда мешавад.
  2. Раиси суд бо мақсади ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо шахси ваколатдорро таъин намуда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 91. Ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо тавассути шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

Судҳо барои интишори иттилоот оид ба фаъолияти худ бо истифода аз шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ сомонаҳоро бо нишон додани суроғаҳои электрони, ки тавассути онҳо дархост ирсол кардан мумкин аст, ташкил менамоянд.

Моддаи 92. Талабот ҳангоми дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

Талабот ҳангоми дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз инҳо иборат мебошанд:

  • саҳеҳ будани иттилооти пешниҳодшаванда;
  • риоя намудани муҳлатҳо ва тартиби пешниҳоди иттилоот;
  • аз иттилооти пешниҳодшаванда оид ба фаъолияти судҳо хориҷ намудани маълумоте, ки дастрасӣ ба он маҳдуд аст;
  • ташкил намудани шароити моддию техникии зарурӣ барои амалӣ намудани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот.

§ 3. Пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

 

Моддаи 93. Иштирок дар мурофиаҳои судӣ

  1. Шаҳрвандон ва намояндагони ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар мурофиаҳои ошкорои судӣ иштирок дошта бошанд, инчунин рафти маҷлиси судиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт намоянд.
  2. Тартиби иштироки шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида дар мурофиаи судӣ, толорҳои маҷлиси судӣ ва бинои судҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигаре, ки фаъолияти судҳоро танзим менамоянд, муқаррар карда мешавад.

Моддаи 94. Интишори иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

Интишори иттилоот оид ба фаъолияти судҳо тавассути воситаҳои ахбори омма бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма" амалӣ карда мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 95. Ҷойгир кардани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар сомонаи судҳо

  1. Дар сомонаи судҳо иттилооти зерин ҷойгир карда мешаванд:

1) иттилооти умумӣ дар бораи суд:

  • номи суд, суроғаи почтавӣ, суроғаи электронӣ, рақами телефоне, ки тавассути он иттилооти хусусияти маълумотидошта гирифтан мумкин аст;
  • сохтори ташкилии суд;
  • салоҳияти суд;
  • номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти судҳоро танзим менамоянд;
  • дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигаре, ки фаъолияти дохилии судро танзим менамоянд;
  • насаб, ном ва номи падари раиси суд, муовинони раиси суд, судяҳо, роҳбари дастгоҳи суд, дар мавриди розӣ будани шахсони мазкур маълумоти дигар дар бораи онҳо;
  • номгӯи системаи иттилоотӣ ва махзани маълумоте, ки дар ихтиёри суд мебошанд;
  • номгӯи нашрияи суд (агар чунин нашрия бошад);

2) иттилооте, ки бо баррасии парванда дар суд алоқаманд мебошанд:

  • талабот оид ба шакл ва мазмуни ҳуҷҷатҳое, ки ҳангоми ба суд муроҷиат кардан муайян гардидаанд ва ё намунаи ин ҳуҷҷатҳо, тартиби ба суд пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои мазкур;
  • маълумот оид ба андоза ва тартиби пардохти боҷи давлатӣ аз рӯи категорияи парвандаҳое, ки дар суд баррасӣ карда мешаванд;
  • маълумот оид ба парвандаҳо ва санадҳои қабулкардаи судӣ аз рӯи натиҷаи баррасии онҳо;
  • тавзеҳот ва ҷамъбаст аз рӯи масъалаҳои таҷрибаи судии баррасии парвандаҳои судӣ;

3) маълумоти омори судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) иттилоот оид ба масъалаҳои кадрии суд:

  • талабот нисбат ба номзадҳо ба вазифаи коромӯз-судя;
  • маълумот оид ба ҷойҳои холии мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи суд;
  • тартиби қабул шудан ба хизмати давлатӣ дар дастгоҳи судҳо, талаботи тахассусӣ нисбат ба номзадҳо барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи суд;
  • тартиби гузарондан ва натиҷаи озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи суд;
  • иттилоот оид ба тартиб ва вақти қабули шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ, тартиби баррасии муроҷиати онҳо вобаста ба фаъолияти суд, судя ё кормандони дастгоҳи суд.
  1. Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ дар баробари иттилооти дар қисми 1 ҳамин модда муқарраршуда мувофиқан дар сомонаи худ маълумотро оид ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир менамоянд.

Моддаи 96. Интишори матни санадҳои судӣ дар сомонаи судҳо

  1. Матни санадҳои судӣ, ба истиснои санадҳои судии дар қисми 5 ҳамин модда пешбинигардида, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо бо розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ дар сомонаи судҳо ҷойгир карда мешавад.
  2. Ҷойгир кардан ва муҳлатҳои дар сомонаи судҳо нигоҳ доштани санадҳои судӣ аз ҷониби Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ дар доираи салоҳияташон муқаррар карда мешаванд.
  3. Ҳангоми интишор намудани матни санадҳои судӣ дар сомонаи судҳо бо мақсади таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиа аз онҳо маълумоти дар қисми 4 ҳамин модда пешбинигардида хориҷ карда мешавад. Бар ивази маълумоти шахсии хориҷкарда сарҳарфҳои насаб, ном ва номи падар, номи сохта ва дигар ифодаҳо, ки ҳаммонанд кардани иштирокчиёни мурофиаро ғайриимкон мегардонанд, истифода мешаванд.
  4. Маълумоти шахсӣ мувофиқан бо санадҳои судӣ инҳо мебошанд:
  • насаб, ном ва номи падари иштирокчиёни мурофиаи судӣ, сана ва ҷойи таваллуд, ҷойи истиқомат ё будубош, рақами телефон, маълумоти шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият, рақами мушаххаси андозсупорандаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин соҳибкорони инфиродӣ;
  • маълумот оид ба маҳалли ҷойгиршавии қитъаи замин, бино, иншоот, хонаи истиқоматӣ, воситаи нақлиёт, маълумоти дигар дар бораи молу мулк ва маблағҳои пулии дар бонкҳо ё дигар ташкилоти қарзӣ будаи иштирокчиёни мурофиаи судӣ, агар ин маълумот ба моҳияти парванда мансуб бошад.
  1. Дар сомонаи судҳо матни санадҳои судие, ки бо парвандаҳои зерин бароварда шудаанд, ҷойгир карда намешаванд:
  • ба амнияти давлат дахлдошта, аз ҷумла маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда;
  • аз муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ, аз ҷумла оид ба парвандаҳои марбут ба фарзандхондӣ;
  • ба ҳуқуқ ва манфиати ноболиғон дахлдошта;
  • дар бораи ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ;
  • дар бораи ғайри қобили амал эътироф намудан ё маҳдуд сохтани қобилияти амали шаҳрванд;
  • дар бораи ба тариқи маҷбурӣ дар муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ бистарикунонии шаҳрванд ва шаҳодаткунонии маҷбурии рӯҳӣ;
  • дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ.

Моддаи 97. Ҷойгир намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар бинои судҳо

Бо мақсади шинос шудани истифодабаранда ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар бинои судҳо овезаҳои иттилоотӣ ва ё воситаҳои техникии таъиноташон шабеҳ ҷойгир карда мешаванд, ки онҳо бояд дорои чунин маълумот бошанд:

  • тартиби қабули шахсони воқеӣ ва намояндаи шахсони ҳуқуқӣ;
  • маълумот дар бораи рӯз, соат ва ҷойи баррасии парвандаҳои судӣ;
  • тартиби ворид шудан ба толори маҷлиси суд ва бинои судҳо ва чораҳои таъсиррасонӣ нисбати вайронкунандагони тартиботи маҷлиси суд;
  • тартиби гирифтани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо;
  • маълумоти дигаре, ки ба истифодабарандаи иттилоот зарур мебошад.

Моддаи 98. Ҷойгир намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ки дар бойгонӣ мебошанд

Ҷойгир кардани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ки дар бойгонӣ мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 99. Дархост намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз ҷониби истифодабарандаи иттилоот ва тартиби пешниҳод кардани иттилоот

  1. Истифодабарандаи иттилоот ҳуқуқ дорад ба суд бо дархост бевосита ё ба воситаи намояндааш, ки ваколатҳои ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудаанд, барои гирифтани иттилоот муроҷиат намояд.
  2. Дар дархост суроғаи почтавӣ, рақами телефон ва ё факс ё ин ки суроғаи электронӣ барои ирсол намудани ҷавоб ба дархост ё дақиқ кардани мазмуни дархост, инчунин насаб, ном ва номи падари дархосткунанда нишон дода мешаванд. Дархости хаттӣ аз тарафи дархосткунанда ё намояндаи ӯ имзо карда мешавад.
  3. Дархост дар судҳо бо тартиб ва муҳлатҳои муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" баррасӣ карда мешавад.
  4. Ҷавоб ба дархост бояд иттилооти дархостшуда ё ҷавоби радди асосноккардашудаи пешниҳоди чунин иттилоотро дар бар гирад.
  5. Иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ройгон пешниҳод карда мешаванд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.

Моддаи 100. Асосҳое, ки имконияти пешниҳод намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро истисно менамоянд

  1. Иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар ҳолатҳои зерин пешниҳод карда намешаванд, агар:
  • дархост носаҳеҳ буда, пешниҳод намудани иттилооти дахлдорро оид ба фаъолияти судҳо ғайриимкон гардонад;
  • дар дархост талаботи қисми 2 моддаи 18 Қонуни мазкур риоя нашуда бошанд;
  • иттилооти дархостшуда ба иттилооти дастрасиашон маҳдуд мансуб бошанд;
  • иттилооти дархостшуда амалишавии адолати судиро халалдор намоянд;
  • пешниҳоди иттилооти дархостшуда таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судиро халалдор созад;
  • иттилооти дархостшуда қаблан ба истифодабарандаи иттилоот дастрас шуда бошанд;
  • дар дархост масъалаи шарҳи меъёри ҳуқуқ, тавзеҳи татбиқи он, баҳодиҳии ҳуқуқии санадҳои судӣ ё иҷро кардани кори дигари иттилоотие, ки бевосита ба ҳуқуқу уҳдадориҳои дархосткунанда алоқаманд намебошанд, гузошта шуда бошанд.
  1. Судҳо ҳуқуқ доранд иттилоотро аз рӯи дархост оид ба фаъолияташон пешниҳод накунанд, агар ин иттилоот дар воситаҳои ахбори омма ва ё дар сомонаи судҳо нашр шуда бошанд. Дар ин маврид дар ҷавоб ба дархост ном, санаи нашр ва рақами воситаҳои ахбори омма, ки дар он иттилооти дархостшуда нашр гардидаанд ё суроғаи сомона, ки дар он иттилооти дархостшуда ҷойгир карда шудаанд, нишон дода мешаванд.

§ 4. Ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма

Моддаи 101. Мақсад ва шаклҳои ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма

Ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма бо мақсади иттилоотонии воқеӣ ва саҳеҳ оид ба фаъолияти судҳо дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:

  • дастрасии озодонаи намояндагони воситаҳои ахбори омма ба бино ва сомонаи судҳо, ки дар онҳо иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ҷойгир карда шудаанд, инчунин ҳузур доштани онҳо дар мурофиаҳои ошкорои судӣ;
  • пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз рӯи дархости воситаҳои ахбори омма;
  • инъикоси иттилоотонии фаъолияти судҳо, аз ҷумла масъалаҳои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти зикргардидаро танзим менамояд;
  • иштироки воситаҳои ахбори омма дар нишастҳои матбуотӣ ва дигар чорабиниҳои якҷояи судҳо;
  • шаклҳои дигари ҳамкорие, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд.

Моддаи 102. Намояндаи расмии судҳо оид ба ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма

  1. Намояндаи расмии судҳо оид ба ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма раиси суд ё шахсе мебошад, ки аз ҷониби ӯ ваколатдор карда шудааст.
  2. Судҳо бо мақсади ташкили ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма метавонанд дар дастгоҳҳои худ бахши сохтории дахлдор ё ин ки шахси ваколатдорро, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшон оид ба амалӣ намудани ҳамкории зикргардида мувофиқан бо санадҳои танзимкунандаи фаъолияти дохилии судҳо муқаррар карда мешаванд, муайян намоянд.

§ 5. Ҳифзи ҳуқуқ ва назорати дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

 

Моддаи 103. Ҳифзи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

Нисбат ба амали (беамалии) шахсони мансабдоре, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро вайрон мекунад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 104. Ҳалли баҳсҳои марбут ба дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

Баҳсҳо вобаста ба дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

Моддаи 105. Назорати дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо

  1. Назорати дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз ҷониби раиси суд дар доираи салоҳияташ амалӣ карда мешавад.
  2. Тартиби амалӣ намудани назорати дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо санадҳои танзимкунандаи фаъолияти дохилии судҳо муқаррар карда мешавад.

БОБИ 9. РЕҶАИ ҲУҚУҚИИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

§1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 106. Озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма

  1. Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд.
  2. Ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда паҳн намудани онҳоро дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дорад.
  3. Ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма аз ҷониби шахс, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, аз ҷумла дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи воситаи ахбори омма, ғайриқонунӣ боздоштан ва ё қатъ намудани фаъолияти он тибқи қонунгузорӣ боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд.
  4. Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.
  5. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ ба инҳисори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма роҳ дода намешавад.

Моддаи 107. Забони воситаҳои ахбори омма

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои ахбори омма фаъолияти худро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ ва бо забонҳои дигар амалӣ менамоянд.

Моддаи 108. Дастгирии давлатии воситаҳои ахбори омма

Давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии воситаҳои ахбори оммаро таъмин менамояд. Дастгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба таври маблағгузории мақсаднок, кӯмаки молиявӣ ва дигар намудҳои дастгирии давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 109. Роҳ надодан ба суиистифода аз озодии сухан

  1. Интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё таҷйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст.
  2. Воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд.

§ 2. Тартиби таъсисёбӣ ва ташкили фаъолияти воситаҳои ахбори омма

Моддаи 110. Ҳуқуқи таъсиси воситаҳои ахбори омма

  1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд.
  2. Ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ надоранд:
  • шахсони ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида ва шахсоне, ки бо қарори суд ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф карда шудаанд;
  • ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ва ё манъ карда шудааст;
  • шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;
  • шахсони ҳуқуқие, ки дар сармояи (фонди) оинномавии онҳо сармоягузории хориҷӣ зиёда аз 25 фоизро ташкил медиҳад.
  1. Воситаҳои ахбори омма мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои ташкилоти тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ таъсис дода мешаванд.
  2. Воситаҳои ахбори омма, ки сохтори таркибӣ ва тобеи шахси ҳуқуқии таъсисдодашуда мебошанд, бе мақоми шахси ҳуқуқӣ ташкил карда мешаванд ва фаъолият мекунанд.

Моддаи 111. Ҳуҷҷатҳои таъсисии воситаҳои ахбори омма

  1. Ҳуҷҷатҳои таъсисии воситаҳои ахбори омма, ки дар шакли ташкилоти тиҷоратӣ таъсис дода мешаванд, шартномаи таъсисӣ ва оиннома мебошанд.
  2. Ҳуҷҷатҳои таъсисии воситаҳои ахбори омма, ки дар шакли ташкилоти ғайритиҷоратӣ таъсис дода мешаванд, инчунин воситаҳои ахбори оммаи тиҷоратие, ки аз ҷониби як шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешаванд, оиннома мебошад.
  3. Шартномаи таъсисӣ байни муассисон баста мешавад.
  4. Дар шартномаи таъсисӣ муайян карда мешаванд:
  • номгӯй (насаб, ном ва номи падар) ва макони ҷойгиршавии (макони зисти) муассисон;
  • намуд, ном, забон, мақсад, ихтисос ва даврияти воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;
  • шакли ташкилию ҳуқуқии воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;
  • андоза ва тартиби ташаккулёбии сармояи оинномавии воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;
  • манбаъҳои маблағгузории воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;
  • тартиби тақсимоти фоида ва ҷуброни зарар, агар воситаҳои ахбори омма ташкилоти тиҷоратӣ бошанд;
  • тартиби боздоштани ва қатъ кардани нашри воситаи ахбори омма;
  • дигар муқаррароте, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст.
  1. Оинномаи редаксияи воситаи ахбори омма аз тарафи муассиси (муассисони) он тасдиқ карда мешавад. Дар оиннома муайян карда мешаванд:
  • намуд, ном, забон, мақсад, ихтисос, даврият ва теъдоди нашри воситаи ахбори омма;
  • суроҷаи ҳуқуқии (макони ҷойгиршавии) редаксияи воситаи ахбори омма;
  • ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассис (муассисон) ва редаксияи воситаи ахбори омма;
  • манбаъҳои маблағгузории воситаи ахбори омма;
  • тартиби ташкили воситаи ахбори омма;
  • тартиби тақсимоти фоида ва ҷуброни зарар, агар воситаи ахбори омма ташкилоти тиҷоратӣ бошад;
  • тартиби боздоштани ё қатъ кардани нашри воситаи ахбори омма;
  • тартиби азнавташкилёбӣ ва барҳамдиҳии воситаи ахбори омма;
  • тартиби қабули оиннома ва ворид намудани таҷйиру илова ба он;
  • дигар муқаррароте, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст.
  1. Дар мавриди зерсохтори шахси ҳуқуқӣ будани воситаи ахбори омма фаъолияти он тибқи низомномае, ки аз ҷониби мақоми болоии шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 112. Мақомоти идоракунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма

  1. Мақомоти идоракунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма муассисони онҳо мебошанд. Дар баробари ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муассисӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, муассиси воситаҳои ахбори омма вазифадор аст:
  • редаксияи воситаҳои ахбори оммаро ташкил диҳад;
  • барнома ва самти асосии фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро муайян кунад;
  • бо редаксияи воситаҳои ахбори омма шартнома бандад;
  • интишори воситаҳои ахбори оммаро таъмин кунад;
  • риояи қонунгузориро дар бобати воситаҳои ахбори омма таъмин кунад;
  • вобаста ба ҳама гуна таҷйироти оинномавӣ ва ташкили фаъолияти воситаи ахбори омма ва редаксияи он ба мақомоти ваколатдори давлатии бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма сари вақт хабарнома пешниҳод карда, барои барасмиятдарории таҷйирот чораҳо андешад.
  1. Дар шартномаи байни муассис ва редаксияи воситаи ахбори омма инҳо муайян карда мешаванд:
  • ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассис ва редаксияи воситаи ахбори омма;
  • шартҳои омодасозӣ ва интишори воситаи ахбори омма;
  • тартиби маблағгузории фаъолияти редаксияи воситаи ахбори омма;
  • тартиби муҳайёсозии шароити меҳнатии истеҳсолӣ ва маишию иҷтимоии кормандони редаксияи воситаи ахбори омма;
  • тартиби муносибати тарафайн бо шахсони сеюми ба фаъолияти редаксияи воситаи ахбори омма ҷалбшаванда;
  • ӯҳдадории тарафҳо;
  • дигар муқаррароте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
  1. Редаксияи воситаи ахбори омма дар асоси оиннома амал мекунад. Он метавонад муассиси воситаи ахбори омма бошад. Фаъолияти редаксияи воситаи ахбори омма дар асоси мустақилияти касбӣ ба роҳ монда мешавад.
  2. Сармуҳаррир (муҳаррир) роҳбарии редаксияи воситаи ахбори оммаро ба ӯҳда дорад. Сармуҳаррир (муҳаррир) бо қарори муассиси воситаи ахбори омма ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сармуҳарир (муҳаррир) аз номи редаксияи воситаи ахбори омма бо муассис шартнома мебандад. Сармуҳаррир (муҳаррир) дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур, оиннома ва шартномаи байни муассис ва редаксияи воситаи ахбори омма амал мекунад.
  3. Ҳайати таҳририя мувофиқи тартиби пешбининамудаи оинномаи (низомномаи) воситаи ахбори омма ташкил карда мешавад. Сармуҳаррир (муҳаррир) раиси ҳайати таҳририя мебошад.
  4. Муассис ё дигар шахси ҳуқуқие, ки воситаи ахбори оммаро бо маводи моддию техникӣ таъмин мекунад, ношири он буда метавонад.

Моддаи 113. Бақайдгирии давлатии воситаҳои ахбори омма

  1. Воситаҳои ахбори омма ва ё редаксияҳои онҳо, новобаста аз шакли моликият, мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
  2. Мақсади бақайдгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба расмият даровардани воқеияти ҳуқуқии таъсисёбӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва қатъ гаштани фаъолияти онҳо, инчунин ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид намудани маълумот дар бораи онҳо мебошад.
  3. Бақайдгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ҳамчун шахси ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бақайдгирии шахсони ҳуқуқиро ба танзим медарорад, сурат мегирад.
  4. Барҳамдиҳии воситаҳои ахбори омма мутобиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 114. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма

  1. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма сурат мегирад, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  2. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма бо мақсади пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма, таъмини шаффофияти фаъолият ва ҳифзи манфиатҳои онҳо гузаронида мешавад.
  3. Мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма дастгирии давлатии онҳоро, новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, амалӣ мегардонад.
  4. Ариза барои баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма аз ҷониби муассис ё шахси ваколатдори муассис пешниҳод шуда, дар муддати муқарраршуда баррасӣ мегардад. Барои баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба андозаи муқарраршуда боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
  5. Дар ариза дар бораи баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма бояд нишон дода шаванд:
  • маълумот дар бораи муассис;
  • ном, забон (забонҳо) ва намуди воситаҳои ахбори омма;
  • мақсад ва вазифаҳо;
  • ихтисос;
  • ҳудуди паҳншавӣ;
  • даврият;
  • манбаи маблағгузорӣ;
  • макони ҷойгиршавии (суроҷаи ҳуқуқии) воситаҳои ахбори омма ва редаксияи онҳо;
  • теъдоди нашр;
  • маълумот дар бораи он, ки муассис (муассисон) ва редаксияи воситаи ахбори омма дар дигар воситаҳои ахбори омма муассис, мудири ваколатдор, ношир, паҳнкунанда (бо нишон додани андозаи саҳми ҳар яки онҳо дар сармояи оинномавӣ) мебошанд.
  1. Ба ариза дар бораи баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма нусхаҳои ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
  • шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;
  • иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;
  • оинномаи воситаи ахбори омма.
  1. Агар воситаи ахбори омма ташкилоти ғайритиҷоратӣ бошад, инчунин муассиси воситаи ахбори оммаи тиҷоратӣ як шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бошад, ба ариза замима кардани шартномаи таъсисӣ талаб карда намешавад.
  2. Дар ҳолати пас аз баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма таҷйир ёфтани маълумоти дар қисми 5 ҳамин модда зикргардида, воситаҳои ахбори омма бояд мутобиқи тартиби муқарраршуда аз расмияти азнавбаҳисобгирӣ гузаранд. Дар ҳолатҳои дигар муассис ё редаксияи воситаи ахбори омма ӯҳдадор аст, ки дар муддати як моҳ мақоми ваколатдори давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори оммаро дар бораи таҷйироти мазкур ба таври хаттӣ хабар диҳад.
  3. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма бо шаҳодатнома дар бораи баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 115. Боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма

  1. Ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои аз тарафи воситаҳои ахбори омма содир шудани амалҳое, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолифат мекунанд, мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба муассиси (муассисони) ё редаксияи ин воситаҳои ахбори омма огоҳиномаи хаттӣ мефиристад ва мӯҳлати бартараф кардани онҳоро муқаррар менамояд.
  2. Дар сурати аз ҷониби воситаҳои ахборм омма риоя иагардидани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё прокурорҳои тобеи ӯ ба муассиси (муассисони) ё редаксияи воситаҳои ахбори омма дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо амри хаттӣ фиристода, мӯҳлати бартараф намудани онҳоро муқаррар менамояд.
  3. Агар дар мӯҳлати муқарраршуда қонунвайронкуниҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи ӯ ва ё мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма метавонанд ба суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма муроҷиат намоянд.
  4. Тартиби боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро дар давраи вазъияти фавқулода қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

Моддаи 116. Қатъ гардидани фаъолияти воситаҳои ахбори омма

  1. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо асосҳои зерин қатъ мегардад:
  • бо қарори муассис;
  • бо сабаби азнавташкилдиҳии (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, табдил додан) воситаҳои ахбори омма;
  • бо ҳалномаи суд.
  1. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма, сарфи назар аз мавҷудияти баҳисобгирии давлатӣ бо ҳалномаи суд қатъ карда мешавад. Воситаи ахбори оммаи фаъолияташ қатъкардашуда бо номи дигар сабт шуда наметавонад.

Моддаи 117. Бе қайди баҳисобгирӣ паҳн кардани воситаҳои ахбори омма

  1. Мақомоти давлатӣ ҳуқуқ доранд, ки ҳуҷҷатҳои расмӣ ва буллетенҳои худро бе қайди баҳисобгирӣ интишор ва паҳн намоянд.
  2. Муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ ҳуқуқ доранд маводи ахборӣ ва ҳуҷҷатҳои барои фаъолияташон заруриро бе баҳисобгирии давлатӣ нашр ва паҳн намоянд. Ба ҳисоб гирифтани фаъолияти бо ёрии воситаҳои техникии чоп, аудио, аудиовизуалӣ омода кардани мавод, ки барои паҳн намудан таъин нашудаанд ё ҳамчун дастнавис нусхабардорӣ мешаванд, талаб карда намешавад.
  3. Ҳангоми бо теъдоди камтар аз сад нусха нашр гардидани маҳсулоти чопӣ баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма талаб карда намешавад.

Моддаи 118. Муносибатҳои молумулкӣ ва молиявии муассис, ношир ва редаксияи воситаҳои ахбори омма

Муносибатҳои молумулкӣ ва молиявии муассис, ношир ва редаксияи воситаҳои ахбори омма мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи байни онҳо муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 119. Воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ

Воситаҳои ахбори омма ҳангоми истифодаи мавод бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, риоя намоянд.

Моддаи 120. Маълумот дар бораи воситаи ахбори омма

  1. Ҳар як шумораи воситаи ахбори омма бояд дорои маълумоти зерин бошад:
  • номи воситаи ахбори омма;
  • номи муассиси (муассисони) воситаи ахбори омма;
  • насаб, ном ва номи падари сармуҳаррир (муҳаррир);
  • рақами тартибии шумора ва санаи нашр, барои рӯзнома - ҳамчунин рӯзи ба нашр имзо шуданаш;
  • индекс барои воситаҳои ахбори оммаи даврии чопие, ки тавассути ташкилотҳои алоқа паҳн карда мешаванд;
  • теъдоди нашр;
  • нарх (дар мавриди бо нархи тиҷоратӣ фурӯхта шудани нашрия) ё худ нишони "нархаш озод" ё "ройгон";
  • нишонии воситаи ахбори омма, ношир, матбаа;
  • рақами шаҳодатномаи баҳисобгирии давлатӣ ва номи мақоме, ки онро додааст.
  1. Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳангоми оҷози ҳар як барнома ва дар мавриди муттасил намоиш додан ва шунавонидани барнома бояд ҳар шабонарӯз камаш чор маротиба номи идораи телевизион ва радиоро эълон намоянд.

Моддаи 121. Паҳн намудани воситаҳои ахбори омма

  1. Маҳсули воситаи ахбори оммаро бевосита редаксияи он ё дар асоси шартнома ва ё дигар воситаи қонунӣ ташкилотҳои паҳнкунандаи нашрияи даврӣ, ҳамчунин шахсони воқеӣ паҳн мекунанд.
  2. Бе нишон додани маълумоти воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маҳсули онҳо манъ аст.
  3. Мамониат ба паҳн намудани воситаи ахбори омма, ҳамчунин пурра ё қисман мусодира намудани он, агар оид ба он қарори суд мавҷуд набошад, манъ аст.
  4. Ташкилотҳои паҳнкунандаи воситаи ахбори омма ҳуқуқ надоранд, ки бо сабабҳои мухолифати андешаҳои сиёсӣ аз паҳн намудани он даст кашанд.

Моддаи 122. Маҳфуз доштани нусхаҳои ахбори паҳншуда

Редаксияи воситаи ахбори омма, ношир ва матбаа дастхатҳо ва нусхаҳои ба табъ расидаро бояд баъди интишор дар мӯҳлати на камтар аз як сол маҳфуз доранд.

Моддаи 123. Ҳуқуқ ба навиштани ҷавоб

Шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ӯ маълумоти халалдоркунандаи ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаашро нашр кардааст, ҳуқуқ дорад дар ҳамон воситаи ахбори омма ҷавоби худро нашр кунад. Ҷавоб баъди ба редаксияи воситаи ахбори омма расидан бояд на дертар аз шумораи навбатии он нашр карда шавад.

Моддаи 124. Ҳуқуқ ба раддия

  1. Шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ӯ маълумоти бардурӯғ ва ё маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориашро паҳн намудааст, ҳуқуқ дорад аз редаксияи он нашри раддияро талаб намояд.
  2. Агар редаксияи воситаи ахбори омма дар бораи дуруст ва ба ҳақиқат мувофиқ будани маълумоти паҳннамудааш далел надошта бошад, вазифадор аст, ки дар худи ҳамон воситаи ахбори омма раддияро нашр намояд. Агар шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ матни раддияи худро пешниҳод карда бошад, дар мавриди ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ будани матни он, раддия дар воситаи ахбори омма нашр карда мешавад.
  3. Раддия ё ҷавоб бояд дар бахши махсус ва ё дар ҳамон саҳифа, бо ҳамон ҳуруфе чоп шавад, ки маълумоти радшаванда ба табъ расида буд. Ҳаҷми матни раддия набояд аз ҳаҷми маълумоти радшаванда зиёд бошад.

Моддаи 125. Асосҳои рад кардани раддия

Дар мавридҳои зерин редаксияи воситаи ахбори омма ӯҳдадор аст, ки нашр намудани раддияро рад намояд:

  • агар дар матни раддия суиистифода аз озодии сухан сурат гирифта бошад;
  • агар раддия мухолифи қарори ба қувваи қонунӣ даромадаи суд бошад;
  • агар раддия бе зикри насаб, ном, номи падар ва бе имзо бошад.

Моддаи 126. Баррасии ариза оид ба нашри раддия аз тарафи суд

Дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма рад кардани нашри раддия ва ё риоя накардани мӯҳлати барои нашри чунин мавод муқарраршуда, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад дар муддати то як соли баъди нашри мақола ба суд муроҷиат намояд.

Моддаи 127. Нашри ахбори расмӣ

  1. Воситаҳои ахбори оммае, ки онҳоро мақомоти давлатӣ таъсис додаанд, вазифадоранд ахбори расмии ин мақомотро нашр намоянд.
  2. Воситаҳои ахбори омма вазифадоранд қарори эътибори қонунӣ пайдонамудаи судро дар бораи дар ҳамон воситаи ахбори омма нашр кардани он ройгон ва дар мӯҳлати муқарраршуда нашр намоянд.

§ 3. Муносибати воситаҳои ахбори омма бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо

Моддаи 128. Ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот

  1. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти аниқ ба даст орад.
  2. Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд.
  3. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мӯҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки бо қонун ҳифз карда мешавад, дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниҳод карда мешавад.
  4. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба маводи танқидӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъоляташон, ки омӯзиши иловагиро талаб мекунанд, дар мӯҳлати на бештар аз ду ҳафтаи баъди рӯзи нашри (пахши) онҳо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор ҷавоб диҳанд.
  5. Дар ҳолати аз додани маълумот саркашӣ намудани роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, намояндаи воситаи ахбори омма ба мақомоти болоӣ ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят карда метавонад.

Моддаи 129. Радкунӣ ва таъхир дар пешниҳоди иттилоот

  1. Радкунии пешниҳоди иттилооти дархостшаванда дар мавриде имконпазир аст, ки он дорои маълумоти дар моддаи 6 Қонуни мазкур зикргардида бошад. Хабарнома дар бораи радкунӣ ба воситаи ахбори омма дар муддати се рӯзи баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот супорида мешавад.
  2. Таъхир дар пешниҳоди иттилооти дархостшаванда имконпазир аст, агар пешниҳоди маълумоти талабшаванда дар мӯҳлати се рӯз аз имкон берун бошад. Хабарнома оид ба таъхир ба дархосткунанда дар мӯҳлати се рӯз баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот бо нишон додани сабаби таъхир ва мӯҳлати пешниҳоди иттилоот супорида мешавад.
  3. Дар холати рад намудани пешниҳоди иттилоот, воситаи ахбори омма метавонад ба мақомоти болоӣ ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намояд.

Моддаи 130. Истифодаи мавод ва эҷодиёти муаллифон

  1. Воситаҳои ахбори омма эҷодиёти муаллифонро бо риояи ҳуқуқи муаллифӣ истифода карда метавонанд.
  2. Ҳеҷ шахс ҳуқуқ надорад, ки воситаҳои ахбори оммаро ба нашри маводи радкардаи редаксияи он вазифадор намояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
  3. Дар вақти нашри маводи пешниҳодшуда ихтисор ва таҳрири матн равост, ба шарте ки мазмуни аслии он таҳриф нашавад.
  4. Нашри мавод аз дигар воситаҳои ахбори омма бо нишондоди ҳатмии сарчашмаи он ва бе таҳриф мумкин аст.

Моддаи 131. Ҳолатҳои махсуси фош накардани ахбор

Воситаҳои ахбори омма ва журналист ҳуқуқ надоранд:

  • насаб, ном ва номи падари шахсеро, ки бо шарти ифшо нанамудани номаш ахбор додааст, зикр намоянд, ҷайр аз мавридҳое, ки онро суд талаб мекунад;
  • маълумоти тафтишоти пешакиро бе иҷозати хаттии прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда ошкор намоянд;
  • дар ахборашон натиҷаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххасро, ки аз рӯи он қарор эътибори қонунӣ пайдо накардааст, мавриди муҳокима қарор диҳанд;
  • бе розигии ноболиғ ва намояндаи қонунии вай хабареро интишор кунанд, ки боиси зикри шахсияти ноболиғи қонунвайронкунанда гардад.

Моддаи 132. Ҳифзи сарчашмаи ахбор (иттилоот)

  1. Журналист ва редаксияи воситаи ахбори омма барои фош кардани сарчашмаи иттилоъ ва ё маълумот ӯҳдадор нестанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
  2. Фош кардани сарчашмаи иттилоъ ва ё маълумот танҳо бо розигии соҳиби чунин иттилоъ ва ё маълумот ва ё дар асоси қарори суд мумкин аст.
  3. Иттилоъ ва ё маълумоти тибқи қарори суд фошшударо танҳо бо мақсадҳои дар қарори суд зикршуда истифода бурдан мумкин аст.

§ 4. Ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва аккредитатсияи журналист

Моддаи 133. Ҳуқуқҳои журналист

  1. Журналист ҳуқуқ дорад:
  • ахборро ҷустуҷӯ, дастрас, таҳрир ва интишор намояд;
  • вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсӯҳбат шавад;
  • ҳама гуна далелро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникии аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, ҷайр аз мавридҳое, ки қонун манъ кардааст;
  • бо нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ дар маҳалҳои махсус муҳофизатшавандаи офатҳои табиӣ, садама, маҳалҳои бетартибӣ ва ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, инчунин дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи фавқулодда эълон шудааст, дар гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳо ҳузур дошта бошад;
  • зимни санҷиши далелу ҳолатҳои вобаста ба маводи дастрасгардида ба мутахассисон муроҷиат намояд;
  • аз навиштани маводи хилофи эътиқодаш даст кашад;
  • иттилоот ва маводи омоданамудаашро бо номи худ ва ё номи шартӣ (тахаллус) интишор намояд;
  • барои ройгон дастрас намудани иттилоот тавассути дархости журналистӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳои касбӣ ба ҳуҷҷатҳои расмӣ дастрасӣ дошта бошад;
  • аз зери ахборе, ки мазмуни он, ба фикри ӯ, дар рафти таҳрири редаксияи воситаи ахбори омма таҳриф шудааст, номашро гирад;
  • оид ба нигоҳ доштани сирри муаллифӣ пешакӣ гуфтугӯ кунад.
  1. Журналист аз ҳуқуқҳои дигаре ҳам истифода мебарад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 134. Ӯҳдадориҳои журналист

Журналист ӯҳдадор аст:

  • оинномаи фаъолияти редаксияи воситаҳои ахбори оммаро, ки бо вай муносибати меҳнатӣ дорад, риоя кунад, аз рӯи нишондодҳои он амал намояд;
  • саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад;
  • пеш аз нашр маводи мусоҳибаи омодакардаашро бо сарчашмаи он мувофиқа намояд;
  • хоҳиши шахсонеро, ки ахбор додаанд, дар бораи зикри муаллифиашон қонеъ кунонад, ба шарте ки, ин хабар бори аввал интишор мешуда бошад;
  • иҷрои супоришеро, ки сармуҳаррир (муҳаррир) ё редаксияи воситаи ахбори омма додааст, рад намояд, ба шарте ки он мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
  • ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ва манфиати қонунии ташкилотҳоро эҳтиром кунад;
  • ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ шаҳодатнома ва ё дигар ҳуҷҷате, ки мансубияти ӯро ба воситаи ахбори омма тасдиқ менамояд, пешниҳод кунад;
  • воситаҳои ахбори оммаро бо мақсади дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ, дидаву дониста нашр кардани хабару маводи бардурӯғ, маълумотҳои тӯҳмату таҳқиромез, ки шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро паст мезананд, истифода набарад.

Моддаи 135. Аккредитатсия журналистони воситаҳои ахбори омма

  1. Воситаҳои ахбори омма дар мувофиқа бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, метавонанд намояндагони худро дар онҳо ҳамчун журналист аккредитатсия намоянд.
  2. Журналисти ваколатдор ҳуқуқ дорад дар маҷлисҳо ва дигар чорабиниҳои ин мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо иштирок намояд, тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо стенограмма, протокол ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос шавад ва дар мавриди зарурӣ онҳоро нусхабардорӣ намояд.

БОБИ 10. РЕҶАИ ҲУҚУҚИИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

 § 1. Субъектҳои соҳаи телевизион ва радио

 

Моддаи 136. Субъектхои соҳаи телевизион ва радио

  1. Субъектҳои соҳаи телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкилотҳои телевизион ва радиои давлатӣ, хусусӣ ва ҷамъиятӣ иборатанд.
  2. Меъёрҳои боби мазкур нисбати оператор, ташкилотхои телевизион ва радио, новобаста аз шакли моликият, татбиқ мегардад, ба истиснои низоми махсуси пӯшидаи телевизион ва радио (истеҳсолӣ, технологӣ, таълимӣ ва хизматӣ), ки дар асоси талаботи фардӣ амал мекунад ё барои пахши ахбори махсус, барои истифодаи омма истифода мешавад, кирояи ғайримавҷии маҳсулоти видео ва аудио дар муассисаҳои мухталиф.
  3. Муқаррароти ҳамин боб барои эфири радио ҳангоми пахши телевизион ва радио бо истифода аз шабакаҳои кабелӣ, ноқилӣ, моҳворавӣ, бисёрканалаи рақамӣ, IP-телевизион, интернет ва дигар шабакаҳо пурра татбиқ мегарданд, агар дар Қонуни мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 137. Ташкилоти телевизион ва радиои давлатӣ

  1. Ташкилоти телевизион ва радиои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкилотҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ, телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе иборатанд.
  2. Ташкилотҳои телевизион ва радиои давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ мешаванд.

Моддаи 138. Ташкилотҳои телевизион ва радиои хусусӣ

Ташкилотҳои телевизион ва радиои хусусӣ ташкилотҳое мебошанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва дар асоси иҷозатномаи бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда аз ҳисоби маблағҳои худ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ мешаванд.

Моддаи 139. Ташкилотҳои телевизион ва радиои ҷамъиятӣ

  1. Ташкилотҳои телевизион ва радиои ҷамъиятӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ё аз ҷониби ҷомеаи шахрвандӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ба иттилоот таъсис дода мешаванд.
  2. Ҳангоми таъсиси ташкилотҳои телевизион ва радиои ҷамъиятӣ муассисони онҳо масъалаҳои маблағгузории шариконаи фаъолияти чунин ташкилотҳои телевизион ва радиоро аз ҷониби аҳолӣ ҳал мекунанд.
  3. Шӯрои назоратии ташкилотҳои телевизион ва радиои ҷамъиятӣ бо иштироки давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси баробарӣ таъсис дода мешавад.
  4. Масъалаҳои фаъолият, тартиби ташкили мақомоти идоракунии ташкилотҳои телевизион ва радиои ҷамъиятӣ бо оинномаи ин ташкилотҳо бо дарназардошти муқаррароти Қонуни мазкур ба танзим дароварда мешаванд.

§ 2. Танзими давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радио

 

Моддаи 140. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радио

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радио салоҳияти зеринро дорад:

  • сиёсати давлатро дар соҳаи телевизион ва радио амалӣ менамояд;
  • ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд;
  • мақоми ваколатдор дар соҳаи телевизион ва радиоро муайян менамояд;
  • оператори миллии пахши рақамиро дар соҳаи телевизион ва радио муайян менамояд;
  • қоидаҳои бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии ташкилотҳои телевизион ва радиои хориҷӣ, инчунин экспертизаи маҳсулоти онҳоро тасдиқ менамояд;
  • ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони соҳаи телевизион ва радиоро таъмин мекунад;
  • ба рушди инфрасохтори соҳаи телевизион ва радио мусоидат менамояд;
  • ба инҳисори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти телевизион ва радио роҳ намедиҳад;
  • барномаҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин байнидавлатӣ ва байналмилалии инкишофи телевизион ва радиоро баррасӣ ва тасдиқ намуда, онҳоро бо воситаҳои моддию техникӣ ва молиявӣ таъмин менамояд;
  • дигар салоҳиятҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

Моддаи 141. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радио

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радио ваколатҳои зеринро дорад:

  • татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи телевизион ва радио;
  • рушди контенти миллӣ;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми ташкилотхои телевизион ва радио, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияти онҳо;
  • аз ҷониби ташкилотҳои телевизион ва радио риоя намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии ташкилотҳои телевизион ва радиои хориҷӣ, инчунин экспертизаи маҳсулоти онҳо;
  • маблағгузории фаъолияти оператори миллии пахши рақамӣ дар соҳаи телевизион ва радио барои паҳнкунии бастаи иҷтимоӣ;
  • истифодаи оқилонаи басомадҳо ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллӣ;
  • тақсими басомадҳо ба мақсади пахши барномаҳо тибқи озмун;
  • ташкил ва гузаронидани озмун барои муайян номудани номгӯи ташкилотҳои телевизион ва радио барои ворид шудан ба бастаи иҷтимоӣ;
  • муайян ва назорат кардани тартиби истифодаи шабакаи пахши кабелӣ (ноқилӣ);
  • муайян намудани тартиб, мӯҳлат ва шартҳои нигоҳдории дарозмуддати барномаҳои телевизион ва радио, маводи кино ва филмҳои дорои арзиши таърихӣ, бадеӣ ва фарҳангӣ.

Моддаи 142. Манъи дахолат ба фаъолияти эҷодии ташкилоти телевизион ва радио

  1. Дахолати мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори онҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ба фаъолияти эҷодии ташкилоти телевизион ва радио, ҳамчунин сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.
  2. Мақомоти давлатӣ ҳуқуқи тағйир додан ва дигар намудани сохтори ташкилоти телевизион ва радиоро надоранд.

§ 4. Истеҳсол ва пахши барномаҳои телевизион ва радио

 

Моддаи 143. Оғози истеҳсол ва пахши барномаҳо

  1. Оператор ва ташкилоти телевизион ва радио ҳуқуқ доранд, ки истеҳсол ва пахши барномаҳоро аз вақти гирифтани иҷозатнома оғоз намоянд.
  2. Оператор ва ташкилоти телевизион ва радио пахши барномаҳоро тавассути воситаҳои техникии худӣ ё ба иҷора гирифташуда амалӣ мегардонанд.
  3. Соҳиби воситаҳои техникии пахши барнома ё ташкилотҳои истифодабарандаи онҳо ҳуқуқ надорад, ин воситаҳоро ба ихтиёри оператор ва ташкилоти телевизион ва радио, ки иҷозатнома надоранд, вогузорад.
  4. Соҳиби иҷозатнома ҳуқуқ надорад, шабакаи пахши барномаро ба шахсони дигар иҷора диҳад, ҳамчунин барномаҳоро берун аз ҳудуди дар иҷозатнома зикршуда паҳн намояд.

Моддаи 144. Нишонаҳои нашр

Ташкилоти телевизион ва радио уҳдадораст, ки ҳар рӯз ном ва дигар маълумоти рамзии худ (сароҳанг, нишона)-ро ҷой диҳад.

Моддаи 145. Ҳуқуқ ва тартиби истифодаи басомадҳо

  1. Тартиби истифодаи басомадҳоро мақоми ваколатдор дар соҳаи телевизион ва радио дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар соҳаи алоқа муайян месозад.
  2. Оператори телевизион ва радио баъди гирифтани иҷозатнома ҳуқуқ дорад, ки аз мавҷҳои барои пахши барномаҳо муайянгардида истифода намояд, ҳамчунин воситаҳои техникии пахши барномаҳоро тибқи қарордод бо соҳибони ин воситаҳо ихтиёрдорӣ ва истифода кунад.

Моддаи 146. Навъҳои ташкилоти телевизион ва радио аз рӯи меъёрҳои техникӣ

Пахши телевизион ва радио мувофиқи меъёрҳои техникии зерин тақсим мешаванд:

  • пахши телевизион ва радиои эфири аналогӣ;
  • пахши телевизион ва радиои эфири рақамӣ;
  • пахши IP-телевизион ва радио;
  • пахши телевизион ва радиои интернетӣ;
  • пахши телевизион ва радиои моҳворавӣ;
  • пахши телевизиони кабелӣ.

 

Моддаи 147. Пахши телевизион ва радиои эфири аналогӣ

  1. Пахши телевизион ва радиои аналогӣ ин низоми пахш намудани шабакаҳои телевизион ва радио бо истифодаи усулҳои аналогии коркарди сигналҳои телевизион ва радио аст.
  2. Пахши телевизион ва радиои эфири аналогӣ дар асоси иҷозатнома ба истифодаи спектри радиобасомад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, фаъолият мекунад.
  3. Мавҷҳои барои пахши телевизион ва радиои эфири аналогӣ ҷудо карда шуда захираи миллии давлат буда, ба оператори телевизион ва радио барои истифода бо мақсади пахши барномаҳои телевизион ва радио пешниҳод мешаванд.
  4. Баъди пурра гузаштан ба пахши телевизион ва радиои эфирии рақамӣ иҷозатномаҳо барои истифодаи спектри мавҷҳои радио ва амалисозии фаъолият вобаста ба телевизион ва радиои эфири аналогӣ амали худро қатъ мекунанд.

 

Моддаи 148. Пахши телевизион ва радиои эфири рақамӣ

  1. Пахши телевизион ва радиои эфири рақамӣ ин низоми паҳн намудани барномаҳои ташкилотҳои телевизион ва радио тавассути шабакаҳои заминии интиқолкунанда бо истифодаи услуби рақамикунонии сигнали телевизион ва радио мебошад.
  2. Шабакаҳои пахши телевизион ва радиои эфирии рақамӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби операторони телевизион ва радио таъсис дода мешаванд, ки онҳо интиқоли шабакаҳои телевизион ва радиоро аз рӯи қитъаҳои басомад, радиобасомад (шабакаҳои радиобасомад), ки барои телевизион ва радио ҷудо карда шудаанд, таъмин менамоянд.
  3. Ҳангоми паҳн намудани барномаҳои телевизион ва радио тавассути пахши телевизион ва радиоиэфири рақамӣ бартарият ба он ташкилотҳои телевизион ва радио дода мешавад, ки дар асоси иҷозатнома ба истифодаи спектри радиобасомад барои телевизион ва радиои эфири аналогӣ амал мекунанд.
  4. Шабакаҳои миллии пахши телевизион ва радиои эфири рақамӣ ба таври ҳатмӣ дар тамоми ҳудуди кишвар то маҳалҳои дурдасттарин, паҳн мегарданд.

 

Моддаи 149. Пахши IP-телевизон ва радио

Пахши IP-телевизон ва радио ин низоми паҳн намудани барномаҳи телевизион ва радио тавассути протоколҳои IP ва технологияҳои хоси низом ва шабакаҳои компютерӣ мебошад.

Моддаи 150. Пахши телевизион ва радиои интернетӣ

Пахши телевизион ва радиои интернетӣ ин низоми паҳн намудани барномаҳои телевизион ва радио тавассути захираҳои шабакаи интернетӣ мебошад.

Моддаи 151. Пахши телевизион ва радиои моҳворавӣ

  1. Пахши телевизион ва радиои моҳворавӣ ин низоми паҳн намудани барномаҳои телевизион ва радиоест, ки тавассути бознашрҳо дар моҳвораҳои алоқа ҷойгир карда шудаанд.
  2. Пахши барномаҳои телевизион ва радиои моҳворавӣ барои паҳнкунии сигналҳо дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 152. Пахши телевизиони кабелӣ.

Пахши телевизиони кабелӣ тавассути кабел бо иҷозати мақоми ваколатдор дар соҳаи телевизион ва радио таъсис дода мешаванд.

Моддаи 153. Ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот

  1. Ташкилотхои телевизион ва радио барои пешбурди фаъолияти худ тибқи Кодекси мазкур ҳуқуқ доранд, ки аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо иттилооти заруриро гиранд.
  2. Шахсони мансабдор, ки ба ташкилотхои телевизион ва радио иттилоот медиҳанд, барои дурусти ва саривақтии он ҷавобгаранд.

Моддаи 154. Пахши иттилооти расмӣ ва дигар хабарҳои ҳатмӣ

  1. Ташкилоти телевизион ва радиои давлатӣ вазифадор аст, ки изҳороти расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳудуди мамлакат нашр намояд.
  2. Ташкилоти телевизион ва радио новобаста аз шакли моликият, ҳуқуқ надоранд, ки аз интишори хабарҳо дар бораи ҳолатҳои фавқулода саркашӣ намояд.

 

Моддаи 155. Истифодаи телевизион ва радио дар маъракаҳои интихоботӣ

Тартиби истифодаи телевизион ва радиоро дар давраи маъракаҳои интихоботӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 156. Вақти барнома барои суханронӣ ва изҳороти расмӣ

  1. Пахши ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотхои телевизион ва радиои давлатӣ дар доираи ҳаҷми муқарраршудаи барномаҳо ва маблағгузории умумӣ сурат мегирад.
  2. Пахши иҷлосияҳои Маҷлисҳои вилоятӣ ва дигар маҷлисҳои маҳаллӣ аз ҷониби ташкилотхои телевизион ва радиои давлатӣ дар асоси шартнома сурат мегирад.
  3. Ташкилотҳои телевизион ва радиои давлатӣ бо дархости Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои изҳороти расмӣ оид ба масъалаҳои муҳими давлатӣ вақт ҷудо мекунанд.

Моддаи 157. Истифодаи реклама дар ташкилоти телевизион ва радио

Реклама дар ташкилоти телевизион ва радио тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» истифода бурда мешавад.

Моддаи 158. Қароргоҳҳои хабарнигорон

Ташкилоти телевизион ва радио ҳуқуқ дорад, тибқи тартиби муқарраршуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он қароргоҳҳои хабарнигоронро таъсис диҳад, ки онҳо воҳидҳои сохтории (филиали) ташкилоти телевизион ва радио буда, манфиатҳои онхоро ифода мекунад.

Моддаи 159. Нигаҳдории барномаҳои телевизион ва радио

  1. Ташкилоти телевизион ва радио уҳдадор аст, ки сабти овоз ва тасвири барномаҳоро баъд аз ба эфир баромадан на камтар аз як сол нигоҳ дорад ва онҳоро ба қаӣд гирифта, дар он мавзӯъ, мазмуни мухтасар, рӯзи ба эфир баромадан, вақти оғозу анҷом, ному насаби муаллифон, муҳаррири барномаи телевизион ва радиоро зикр намояд.
  2. Тартиб, муҳлат ва шартҳои муддати зиёд нигоҳ доштани барномаҳои телевизион ва радиоро, ки арзиши бадеӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ доранд, мақоми ваколатдор дар соҳаи телевизион ва радио муайян мекунад.

 

§ 5. Ҳуқуқ ва уҳадориҳои ташкилоти телевизион ва радио

 

Моддаи 160. Ҳуқуқҳои ташкилоти телевизион ва радио

  1. Ташкилоти телевизион ва радио метавонанд барномаҳои телевизион ва радиоро таҳия намояд ё аз маҳсулоти иттилоотии дигар истифода барад.
  2. Ташкилоти телевизион ва радио барои эҷоди барномаҳо (филмҳо) ҳуқуқи муаллифӣ доранд, ҳамчунин ба онҳо тибқи қарордодҳои баимзорасида ҳуқуқи муаллифӣ дода мешавад.
  3. Ташкилоти телевизион ва радио ҳуқуқ дорад, ки ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он пахши (бозпахши) барномаҳои (филмҳои) тасвиру овоз ё фурӯхтани сабтҳои барномаҳо (филмҳо), ки моликияти онҳост, сабти асарҳои мусиқӣ ва адабӣ-драмавӣ, ки онҳоро дар студия ё муассисаҳои театрӣ сабт намудаанд, иҷозат диҳад.
  4. Бе розигии ташкилоти телевизион ва радио истифодаи барномаҳои (филмҳои) он дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода мешавад:
  • барои истифодаи порчаҳои кӯтоҳ - на зиёдтар аз 5 дақиқа аз ҳар барнома (филм);
  • бо мақсади тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ.
  1. Ташкилоти телевизион ва радио муносибатҳои худро бо дигар корхонаю муассисаҳо дар асоси шартнома ба роҳ мемонад.
  2. Ташкилоти телевизион ва радио ҳуқуқ надорад:
  • маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахбору маводе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунанд, шаъну шарафи давлат, Президент ва шаҳрвандонро паст мезананд, ҷанг, зулму зӯроварӣ, терроризм ва экстремизмро дар ҳама гуна зуҳуроташон, хусумати нажодию миллӣ, маҳалгароӣ, бартарият ва оштинопазирии динӣ ё мазҳабӣ, фаҳшу фуҷурро таблиғ мекунанд, ахлоқи ҷомеаро мекоҳонанд, ба содир намудани дигар кирдорҳои ҷиноятӣ мусоидат мекунанд, пахш намояд;
  • маҳсулоти телевизион, радио ва видеоро бе иҷозати муаллиф ё иҷрокунанда, ки дорои ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он наздик ҳастанд, нусхабардорӣ кунанд, намоиш диҳад ва фурӯшад;
  • номи шахсеро, ки маълумот ё маводи дигарро бо шарти ифшо накардани номаш пешниҳод намудааст, ошкор созад;
  • барномаҳои телевизион ва радиоро бе аломати муайянкунандаи маҳсулоти иттилоотӣ, ки ба инкишофи ҷисмонӣ, равонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва ботинии кӯдакон ва наврасон зарар расонида метавонанд, пахш намояд;
  • маводеро, ки эҳтимолияти бегуноҳии аӣбдоршавандаро (судшавандаро) ваҳрон мекунанд, пахш намояд;
  • маълумотеро, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба ҳолатҳои махсус тааллуқ доранд, фош намояд;
  • маълумотро дар бораи ҳаёти шахсии шаҳрванд бе иҷозати ӯ пахш намоянд, ба шарте ки чунин маълумот аҳамияти ҷамъиятӣ надошта бошад. Агар суд эътироф намояд, ки пахш намудани маълумот дар бораи ҳаёти шахсии шаҳрванд барои ҷомеа зарур нест, зарари маънавӣ ва моддӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
  1. Дар сурати бе иҷозат истифода гардидани маӣсулоти ташкилоти телевизион ва радио ҳуқуқ дорад, ки товони зарарро талаб намояд.

Моддаи 161. Уҳдадориҳои ташкилоти телевизион ва радио

Ташкилоти телевизион ва радио уҳдадор аст:

  • саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад;
  • пеш аз нашр маводи мусоҳибаи омодакардаашро бо сарчашмаи он мувофиқа намояд;
  • хоҳиши шахсонеро, ки маълумот додаанд, дар бораи зикри муаллифиашон қонеъ кунонад, ба шарте ки, ин хабар бори аввал интишор шуда бошад;
  • ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ва манфиати қонунии ташкилотҳоро эҳтиром кунад;
  • бо мақсади дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ, дидаву дониста нашр кардани хабару маводи бардурӯғ, маълумотҳои тӯҳмату таҳқиромез, ки шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро паст мезананд, истифода набарад.
  • талаботи маъёрҳои давлатии технология ва хусусиятҳои техникии телевизион ва радиоро риоя намояд;
  • муштариҳхоро (абонентҳоро) пешакӣ дар бораи тағйири барномаҳои телевизион ва радио ва шароити пахши онҳо воқиф намояд.

Моддаи 162. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони ташкилоти телевизион ва радио

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони ташкилоти телевизион ва радиоро оинномаи ташкилоти телевизион ва радио муайян мекунад.

Моддаи 163. Ҳифзи иҷтимоии кормандони ташкилоти телевизион за радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Кормандони ташкилоти телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматии худ аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешаванд.
  2. Ҳнгоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҳалок гаштани кормандони ташкилоти телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳояшон ва ё меросхӯронашон кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми даҳ маоши солонаи шахси ҳалокшуда аз рӯи вазифаи охирини хидматиаш дода мешавад. Ба меросхӯрон ба андозаи маоши миёнаи қурбоншудагон нафақаи гум кардани саробон таъин мегардад.
  3. Ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ маҷрӯҳ шудани корманди ташкилоти телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сабаби идома надодани фаъолияти касбиаш мегардад, ба вай кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми панҷ музди солонаи кор аз рӯи вазифаи охирини хидматии ӯ дода мешавад.
  4. Агар корманди ташкилоти телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҷароҳати дигар бардошта бошад, ба ӯ кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми панҷ маоши миёнаи якмоҳааш дода мешавад.
  5. Тартиби пардохти маблағҳои дар моддаи мазкур зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 164. Рақобат дар соҳаи телевизион ва радио

  1. Ташкилоти телевизион ва радио ҳангоми фаъолияти худ бояд қонунгузории зиддиинҳисориро риоя намояд ва ба рақобати ноодилона роҳ надиҳад.
  2. Шартҳои рушди рақобати иқтисодӣ дар соҳаи телевизион ва радио тибқи қонунгузории зидиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 165. Фаъолияти иттилоотӣ оид ба таъсиси маҳсулоти миллӣ

Дар ҳаҷми умумии ҷадвали ҳамарӯзаи пахш аз соати 07:00 то 00:00 ҳар як шабакаи телевизион ва радио пахши барнома ва намоишҳои телевизион ва радио, ки аз ҷониби пахшкунанда интиқол дода мешавад (ба истиснои реклама), бояд шарт ва таносуби зеринро риоя намояд:

  • барнома ва намоишҳои телевизион ва радио бояд на камтар аз 60% маҳсулоти ватанӣ иборат бошанд, аз ҷумла дар давоми аз соати 06:00 то 10:00 ва аз соати 18:00 то соати 23:00.

Моддаи 166. Ҳифзи кӯдакон ва наврасон ҳангоми пахши барномаҳои телевизионӣ

  1. Дар муддати аз соати 06:00 то соати 22:00 бо вақти маҳаллӣ пахш намудани барномаҳои телевизионие, ки ба инкишофи ҷисмонӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва маънавии кӯдакон ва наврасон зарар мерасонанд, манъ аст.
  2. Ташкилоти телевизион ва радио ҳангоми истифода бурдан аз маҳсулоти шабакаҳои телевизионии хориҷӣ бояд барои маҳдуд намудани дастрасӣ ба тамошои лаҳзаҳои нобатлуби филмҳо ва барномаҳои телевизионӣ бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои ташкилӣ ва техникӣ тадбирҳо андешад.

Моддаи 167. Таъмини шахсони дорои имкониятҳои маӣдуди шунавоӣ ба маълумот

  1. Пахши барномаҳои хабарии шабакаҳои телевизионӣ, ки пахши онҳо дар шакли кушода се ва зиёда вилоятҳои Тоҷикистонро дар бар мегирад, бо тарҷумаи сурдологӣ (забони имову ишора) ё субтитрҳо ҳамроҳӣ мешаванд.
  2. Иттилооти фаврӣ дар бораи вазъияти фавқулода ва дар бораи ба миён омадани таҳдид ба амнияти миллӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, бо тарҷумаи сурдологӣ (забони имову ишора) ё субтитрҳо ҳамроҳӣ мешаванд.

§ 6. Ҳамкории баҳналмилалӣ дар соҳаи телевизион ва радио

 

Моддаи 168. Ҳамкории баҳналмилалии ташкилоти телевизион ва радио

  1. Ҳамкории ташкилоти телевизион ва радио бо шарикони хориҷӣ дар асоси шартномаҳои имзошудаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси шартномаҳои мустақим сурат мегирад.
  2. Фаъолияти иқтисодии хориҷии ташкилоти телевизион ва радио тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шартномаҳои байналмилалии дахлдор сурат мегирад.

Моддаи 169. Фаъолияти намояндагони ташкилоти телевизион ва радиои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Аккредитатсияи хабарнигорони хориҷии телевизион ва радио аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегирад.
  2. Вазъи ҳуқуқии намояндагони ташкилоти телевизион ва радиои хориҷиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

БОБИ 11. РЕҶАИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ НОШИРӢ ВА ПОЛИГРАФӢ

 § 1. Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 170. Озодии фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ

  1. Фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод буда, муассисаҳои нашриявӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва фурӯшандагони маҳсулоти чопӣ дар муайян кардани самти фаъолият, доираи мавзӯъ, интихоби муаллифон, адади нашр, нархи маҳсулоти чопӣ ва тахфифи он, муқаррар намудани шаклҳои робита бо якдигар ва бо дигар ташкилоту корхонаҳо мустақил мебошанд.
  2. Ба сензураи дастнависи маҳсулоти ба чоп омодашуда ва инҳисор дар фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
  3. Ҳеҷ шахс ҳуқуқ надорад, ки ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурӯшандаи маҳсулоти чопиро вазифадор намояд, ки маҳсулоти чопӣ ва маводи дигари қаблан радкардаи онҳоро чоп намояд ва ба фурӯш барорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 171. Маводи нашрие, ки чоп, фурӯш ва паҳнкунии онҳо манъ аст

  1. Чоп, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоти чопии дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё таҷйир додани сохтори конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст.
  2. Чоп, фурӯш ва паҳнкунии маводи нашрӣ ва маҳсулоти чопии дорои маълумоти бардурӯғ ё туҳматомезу иғвоангез, ки шаъну эътибори шахсони воқеӣ, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, ба ҳаёти шахсии шахсони воқеӣ дахолат мекунанд, манъ аст.

Моддаи 172. Истеҳсол намудани ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ

Истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, субъектҳои ба чопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ ва паҳн намудани онҳо бо тартиби мақаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 173. Ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ

Ношир ва корхонаи полиграфӣ ҳангоми истифодаи маводи нашрӣ уҳдадоранд муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, риоя намоянд.

Моддаи 174. Маълумотномаи маҳсулоти чопӣ

  1. Нусхаи китоби чопшуда бояд маълумоти зеринро дошта бошад:
  • номи китоб (асосӣ, қиёсӣ, аслӣ, алтернативӣ);
  • ном ва суроҷаи ҳуқуқии ношир, нашриёт;
  • макон ва соли чопи китоб;
  • ному суроҷаи ҳуқуқии корхонаи полиграфӣ;
  • рақами фармоиш ва адади чоп;
  • индексҳои таснифотӣ, таснифоти фаъолияти универсалии рақами байналмилалии стандартии китоб;
  • нарх ё ишораи "нархи озод" ё "ройгон".
  1. Нусхаи маҳсулоти чопӣ бояд дорои маълумоти зерин бошад:
  • ном ва суроҷаи ҳуқуқии ношир, нашриёт;
  • макон ва соли чоп;
  • ном ва суроҷаи ҳуқуқии корхонаи полиграфӣ, санаи ба қайд гирифта шудан ва рақами он;
  • рақами фармоиш ва адади чоп.

Моддаи 175. Субъектҳои фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ

  1. Субъектҳои фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурӯшандаи маҳсулоти чопӣ мебошанд.
  2. Муносибатҳо байни субъектҳои фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ, ҳамчунин муносибатҳои онҳо бо дигар субъектҳои фаъолият дар асоси оиннома ва шартнома (созишнома)-и тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда, танзим мешаванд.

Моддаи 176. Фаъолияти худноширӣ

Шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд, ки дастнавис ва ё маводи дигари худро, дар таҳрири бевоситаи худ ва аз ҳисоби маблағи шахсӣ чоп намоянд, агар муҳтавои он хилофи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.

§ 2. Ташкили фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ

Моддаи 177. Таъсиси муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурӯши маҳсулоти чопӣ

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурӯши маҳсулоти чопӣ таъсис диҳанд.
  2. Ба таъсиси муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурӯши маҳсулоти чопӣ ҳуқуқ надоранд:
  • шахсони то ҳаждаҳсола ва шахсоне, ки бо ҳукми суд ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ адо мекунанд ё аз ҳуқуқи машҷул шудан бо фаъолияти мазкур маҳрум гаштаанд, ё бо ҳалномаи суд ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф карда шудаанд;
  • ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ва ё манъ карда шудааст.

Моддаи 178. Мақоми идоракунии фаъолияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурӯши маҳсулоти чопӣ

  1. Мақоми идоракунии фаъолияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурӯши маҳсулоти чопӣ муассисони онҳо мебошанд.
  2. Муассис самтҳои фаъолияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурӯши маҳсулоти чопиро муайян ва оинномаи онҳоро тасдиқ мекунад.
  3. Муассис ҳуқуқ дорад ҳамчун ношир, истеҳсолкунанда ва фурӯшандаи маҳсулоти чопӣ амал намояд.
  4. Муассис вазифадор аст:
  • барои фаъолияти муътадили муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурӯши маҳсулоти чопӣ шароит муҳайё созад;
  • барнома ва самтҳои асосии фаъолияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурӯши маҳсулоти чопиро муайян намояд;
  • бо роҳбарияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурӯши маҳсулоти чопии таъсисдодааш шартнома бандад;
  • талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, риоя намояд;
  • бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳисобот ва маълумотро оид ба фаъолияти худ пешниҳод намояд.

Моддаи 179. Бақайдгирии давлатии ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурӯшандаи маҳсулоти чопӣ

  1. Бақайдгирии давлатии ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурӯшандаи маҳсулоти чопӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" амалӣ мегардад.
  2. Мақомоти давлатӣ, судӣ, прокуратура, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ ҳуқуқ доранд маводҳои расмӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маводи таъиноти истифодаи хизматиро бе қайди давлатӣ чоп намоянд.
  3. Қатъ гардидани фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 180. Баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаи полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ

Баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаи полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг амалӣ карда мешавад.

§ 3. Ҳуқуқ ва уҳдадории ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурӯшандаи маҳсулоти чопӣ

Моддаи 181. Ҳуқуқҳои ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурӯшандаи маҳсулоти чопӣ

  1. Ношир ва корхонаи полиграфӣ ҳуқуқ доранд:
  • нақшаи чопи маҳсулоти чопиро мустақилона таҳия ва тасдиқ намоянд;
  • барои омодасозии маҳсулоти чопӣ ба чоп ва фурӯши он аз мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ фармоиш қабул намоянд;
  • дар хусуси истифода ва чопи асарҳои муаллифони ватанӣ дар хориҷа ва асарҳои муаллифони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ шартномаҳо банданд;
  • аз муаллиф ва ё вориси ӯ дар мавриди чопи асарҳояш ҳуқуқ ва ваколатҳои дахлдор ба даст оранд;
  • асарҳои илмӣ, бадеӣ ва санъатро дар мувофиқа бо муаллиф барои дарёфти мукофотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ пешниҳод намоянд;
  • дар чорабиниҳои байналмилалии нашриявӣ иштирок карда, маҳсулоти чопии худро дар мувофиқа бо муаллиф ба намоишгоҳҳо, озмунҳои миллӣ ва байналмилалӣ пешниҳод намоянд.
  1. Фурӯшандаи маҳсулоти чопӣ ҳуқуқ дорад аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маҳсулоти чопиро барои фурӯш қабул намояд ва бо онҳо шартнома бандад.

Моддаи 182. Уҳдадориҳои ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурӯшандаи маҳсулоти чопӣ

  1. Ношир уҳдадор аст:
  • фаъолиятро танҳо дар асоси бақайдгирӣ ва баҳисобгирии давлатӣ ба роҳ монад;
  • маҳсулоти чопиро мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ ба чоп таҳия созад;
  • ба воқеият ҷавобгӯ ва ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани муҳтавои маҳсулоти чопиро риоя намояд;
  • талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, риоя намояд;
  • дастнависи маҳсулоти чопиро ҳатман бо рамзи (грифи) ношир, маълумоти чопӣ ва бо рақами стандарти байналмилалии китоб ба чоп пешниҳод намояд;
  • дастнависи маҳсулоти чопии дорои моҳияти илмӣ, таълимӣ ва диниро танҳо пас аз гирифтани тавсиянома ва иҷозати расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ ба чоп омода созад.
  1. Корхонаи полиграфӣ уҳдадор аст:
  • фаъолиятро танҳо дар асоси бақайдгирӣ ва баҳисобгирии давлатӣ ба роҳ монад;
  • маҳсулоти чопиро мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ чоп намояд;
  • талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, риоя намояд;
  • маҳсулоти чопиро ҳатман бо розигии ношир, фармоишгари маҳсулоти чопӣ ҳамчунин бо рамзи (грифи) ношир ва маълумотномаи маҳсулоти чопӣ чоп намояд;
  • бо тавсия ва ё иҷозати расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ маҳсулоти чопии дорои моҳияти илмӣ, таълимӣ ва диниро чоп намояд;
  • бо иҷозати муаллиф (мураттиб) ва ношир, нусхаи аслии маводи нашриро пурра ё қисман чоп ё нусхабардорӣ намояд;
  • нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопиро ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ, ки номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, саривақт ва ройгон дастрас намояд.
  1. Фурӯшандаи маҳсулоти чопӣ уҳдадор аст, ки маҳсулоти чопиеро, ки дар он муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи стандартҳои байналмилалӣ, миллӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя нашудаанд, бе рамзи (грифи) ношир, маълумотномаи маҳсулоти чопӣ ба чоп расидаанд, инчунин бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, ба фурӯш набарорад.

§ 4. Ҳамкории байналмилалии муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурӯши маҳсулоти чопӣ

Моддаи 183. Ҳамкориҳои байналмилалӣ

  1. Ҳамкориҳои байналмилалии муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурӯши маҳсулоти чопӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ бо сармоягузорони хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурӯши маҳсулоти чопӣ таъсис диҳанд.

Моддаи 184. Содирот ва воридоти маҳсулоти чопӣ

Содирот ва воридоти маҳсулоти чопӣ аз ҷониби ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурӯши маҳсулоти чопӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

БОБИ 12. РЕҶАИ ҲУҚУҚИИ РЕКЛАМА

§ 1. Талаботи умумӣ ва махсус ба реклама

Моддаи 185. Талаботи умумӣ ба реклама

  1. Реклама бояд бе донишҳои махсус ё бе татбиқи воситаҳои техникӣ, бевосита дар лаҳзаи пешниҳоди он сарфи назар аз шакл ё воситаҳои истифодашавандаи паҳнкунӣ, маҳз ҳамчун реклама фаҳмида шавад.
  2. Дар осори радио, телевизион, видео, аудио ва кино, инчунин дар маҳсулоти чопии дорои хусусияти ғайрирекламавӣ истифодаи мақсадноки таваҷҷӯҳи истифодабарандагони реклама ба навъи (модел, артикул) мушаххаси мол ё ба тайёркунанда, иҷрокунанда, фурӯшанда барои ташаккул ва дастгирии манфиати онҳо бе маълумоти муносиби пешакӣ дар ин маврид (ба хусус, бо роҳи қайд кардан "ҳамчун реклама") иҷозат дода намешавад.
  3. Ба воситаҳои ахбори омма барои ҷойгиронии реклама ҳамчун маводи иттилоотӣ, таҳрирӣ ё таълифӣ гирифтани маблағ манъ аст.
  4. Реклама дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо салоҳдиди рекламадиҳандагон, инчунин ба дигар забонҳо, паҳн карда мешавад. Ин муқаррарот ба радиошунавонӣ, пахши телевизионӣ ва нашрияҳои чопие, ки танҳо ба забони давлатӣ, забонҳои дигар миллатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта ва забонҳои хориҷӣ сурат мегиранд, инчунин ба тамғаҳои молии (тамғаҳои хизматрасонӣ) ба қайд гирифташуда дахл надоранд.
  5. Ба рекламаи мол, рекламаи худи рекламадиҳанда, ҳамчунин ба рекламаи молҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолу истифодаи онҳо манъ карда шудааст ва инчунин ба рекламаи маҳсулот, кору хизматрасонӣ, ки бояд ҳатман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда шаванд, вале сертификати мутобиқат надоранд, роҳ дода намешавад.
  6. Рекламаи молҳое, ки сертификатсияи ҳатмиро талаб менамоянд, бояд қайди "ҳатман сертификатсия кунонида шаванд" дошта бошанд.
  7. Истифода намудани объектҳои ҳуқуқҳои истисноӣ (моликияти зеҳнӣ) дар реклама бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
  8. Реклама набояд дар шаҳрвандон ҳисси зӯроварӣ, таҷовуз, воҳима барангезад, инчунин набояд ба амалҳои хатарноке даъват намояд, ки метавонанд ба саломатии шахсони воқеӣ зарар расонанд ё ба бехатарии онҳо таҳдид намоянд ва ба идроки инсон беихтиёр таъсир расонад.
  9. Ба истеҳсол, ҷойгиронӣ ва интишори рекламае, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя намекунад, иҷозат дода намешавад.
  10. Ҷой додани реклама дар адабиёти таълимӣ, аз ҷумла асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ истифода мегарданд, манъ аст.

Моддаи 186. Рекламаи бевиҷдонона

  1. Рекламаи бевиҷдонона рекламае мебошад, ки:
  • шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз молҳои рекламашаванда истифода намекунанд, беобрӯ менамояд;
  • дорои муқоисаҳои носаҳеҳи моли рекламашаванда бо моли (молҳои) дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, инчунин мулоҳизаҳо ва тасвирҳое дорад, ки иззат, шаъну шараф ё эътибори кории рақибонро паст мезананд;
  • истеъмолкунандагонро нисбати моли рекламашаванда ба воситаи тақлиди (нусхабардории ё тақлидкории) лоиҳаи умумӣ , матн, формулаҳои рекламавӣ, тасвир, таъсироти мусиқӣ ва савтии дар рекламаи молҳои дигар истифодашаванда ё тавассути сӯйистифодаи боварии шахсони воқеӣ ё нокифоя будани таҷрибаю дониши онҳо, аз ҷумла бо сабаби дар реклама мавҷуд набудани қисматҳои муҳими иттилоотӣ ба иштибоҳ меандозад.
  1. Ба рекламаи бевиҷдонона роҳ дода намешавад.

Моддаи 187. Рекламаи нодуруст

  1. Рекламаи нодуруст рекламае мебошад, ки дар он нисбати нишондиҳандаҳои зерин маълумоти ба ҳақиқат номувофиқ мавҳуд аст:
  • тавсифи молҳо ҳамчун асл, таркиб, тарз ва санаи тайёр намудани онҳо, таъинот, хусусияти истеъмолҳ, шароитҳои истеъмол, мавҳудияти сертификати мутобиқат, аломатҳои сертификатсионҳ ва аломатҳои мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ, теъдод, маҳалли истеҳсол;
  • мавҳудияти мол дар бозорҳо, имкониятҳои дар ҳаҷми мазкур харидорҳ намудани он, вақт ва маҳал;
  • арзиши (нархи) молҳо дар лаҳзаи паҳн кардани реклама;
  • шартҳои иловагии пардохт, бурда расонидан, мубодила, баргардонидан, таъмир ва хизматрасонии мол;
  • ӯҳдадориҳои кафолатҳ, мӯҳлати хизмат, мӯҳлати истифода;
  • ҳуқуқ барои истифодаи рамзҳои давлатӣ, инчунин рамзҳои ташкилотҳои байналмилалҳ;
  • эътирофи расмҳ, гирифтани медалҳо, ҳоизаҳо, дипломҳо ва дигар мукофотҳо;
  • пешниҳоди маълумот доир ба тарзҳои харидани силсилаҳои пурраи молҳо, агар мол як қисми силсила бошад;
  • натиҳаи тадқиқот ва санҳишҳо, истилоҳоти илмҳ, иқтибосҳо аз нашрияҳои техникӣ, илмҳ ва дигар интишорот;
  • маълумоти оморие, ки асоснокии онҳо набояд дар шакли аз ҳад зиёд нишон дода шавад;
  • истинод ба ягон тавсияҳо ё эътирофи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқҳ, аз ҷумла ба тавсияву эътирофҳои кӯҳнашуда;
  • истифодаи истилоҳот бо дараҳаи баланд, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои "беҳамто", "мутлақо", "ягона" "рақами 1", "беҳтарин", "сифати олҳ" ва дигарҳо дар сурати имконнопазир будани тасдиқи онҳо бо рӯйхат;
  • истифодаи истилоҳоти муқоисавии объекти рекламашаванда бо дараҳаи паст, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои "нархи пасттарин", "арзонтарин" ва дигарҳо дар сурати имконнопазир будани тасдиқи онҳо бо рӯйхат;
  • муқоиса бо дигар мол (молҳо), инчунин бо ҳуқуқ ва вазъи дигар шахсони воқеӣ ё ҳуқуқҳ;
  • истинод ба ягон хел кафолат ба истифодабарандагони молҳои рекламашаванда;
  • ҳаҷми воқеии талабот ба мол;
  • маълумот доир ба худи рекламадиҳанда.
  1. Ба рекламаи нодуруст роҳ дода намешавад.

Моддаи 188. Рекламаи беодобона

  1. Рекламаи беодобона рекламае мебошад, ки:
  • дорои маълумоти матнҳ, тасвирҳ ва савтҳ буда, меъёрҳои умумибашарҳ ва ахлоқиро бо роҳи истифодаи калимаҳои таҳқиромез, ташбеҳ, симоҳо нисбати нажод, миллат, касб, табақаҳои иҷтимоҳ, гурӯҳи синну солҳ, ҳинс, забон, эътиқоди динҳ, фалсафҳ, сиёсҳ ва дигар эътиқоди шахсони воқеиро халалдор месозад;
  • объектҳои санъатро, ки дорои арзиши миллҳ ё фарҳанги ҳаҳонҳ ҳастанд, беобрӯ менамояд, рамзҳои давлатӣ,  пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё асъори давлати дигар ва рамзҳои мазҳабиро бадном мекунад;
  • ягон шахси воқеӣ ё ҳуқуқҳ, ягон хел фаъолият, касб, молро бадном мекунад.
  1. Шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз истеҳсол ё паҳн гардидани рекламаи дорои маълумоти бадномкунандаи шаъну шараф ё эътибори кории ӯ огоҳ шудааст, ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқҳои поймолгардидааш бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҳиат намояд, инчунин агар рекламадиҳанда ин талаботро ихтиёрҳ иҷро накунад, ҳуқуқ дорад аз рекламадиҳанда раддияи чунин рекламаро бо ҳамон тарзе ки паҳн карда шуда буд, талаб намояд.
  2. Ба рекламаи беодобона роҳ дода намешавад.

Моддаи 189. Рекламаи бардурӯғ

  1. Рекламаи бардурӯғ чунин рекламае мебошад, ки тавассути он рекламадиҳанда (истеҳсолкунандаи реклама, паҳнкунандаи реклама) истифодабарандаи рекламаро қасдан ба иштибоҳ меандозад.
  2. Ба рекламаи бардурӯғ роҳ дода намешавад.

Моддаи 190. Рекламаи пинҳонӣ

Дар асари радио, аудио, намоишномаҳои телевизиону видео, дар маҳсулоти кино, ҳамчунин дар маводи дигар истифода кардан ва бо роҳу воситаҳои дигар интишор намудани рекламаи пинҳонӣ, яъне рекламае, ки ба ҳушу идроки истеъмолкунанда, аз ҷумла бо роҳи истифодаи сабтҳои махсуси видеоӣ (сабти овози дуҷӯра) таъсири беихтиёр мерасонанд, иҷозат дода намешавад.

Моддаи 191. Хусусиятҳои реклама дар барномаҳои радио ва телевизион

  1. Дар барномаҳои радио ва телевизион бо реклама буридани барномаҳои зерин роҳ дода намешавад:
  • суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маӣлиси миллии Маӣлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маӣлиси намояндагони Маӣлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузориш аз иӣлосияҳои Маӣлиси миллҳ ва Маӣлиси намояндагони Маӣлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаласаҳои якҳояи онҳо, чорабиниҳои давлатӣ, маросимҳои мотам ва дигар маросимҳои расмҳ;
  • барномаҳои динҳ;
  • барномаҳои таълимҳ на бештар аз як маротиба дар муддати 15 дақиқа то 30 сония;
  • барномаҳои радио ва филмҳои бадеҳ бе розигии соҳибҳуқуқон;
  • барномаҳое, ки давомнокии пахшашон камтар аз 15 дақиқа мебошад;
  • барномаҳое, ки давомнокии пахшашон аз 15 то 60 дақиқа мебошанд, на бештар аз ду маротиба.
  1. Ҳангоми истифодаи реклама ҳамчун замима ба тасвири асосӣ, аз ҷумла ба таври "сатри муҳаррик", андозаи он бояд аз ҳафт фоизи масоҳати кадр ва понздаҳ фоизи вақти пахш дар давоми соат зиёд набошад.
  2. Паҳн кардани рекламаи як навъи мол, ҳамчунин паҳн намудани реклама дар бораи худи рекламадиҳанда набояд бештар аз ду маротиба дар давоми тамоми намоиш ва на бештар аз ду дақиқа дар муддати як соати вақти ба пахши барномаҳои радио ва телевизион ҷудошуда дар як мавҷи намоиш ба ҷо оварда шавад.
  3. Дар барномаҳои радио ва телевизиони давлатӣ, ки ҳамчун барномаҳои ба ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ махсусгардонидашуда ба қайд гирифта нашудаанд, реклама набояд аз 10 фоизи ҳаҷми  намоиши шабонарӯзӣ ва дар барномаҳои радио ва телевизиони ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 30 фоиз зиёд бошад.
  4. Дар барномаҳои кӯдаконае, ки давомнокиаш то 30 дақиқа мебошад, пахши реклама манъ аст.
  5. Дар барномаҳои радио ва телевизион дар давоми тамоми гуфтор ва намоиш, дар байни барномаҳои радио ва телевизион як пахши рекламавӣ набояд аз се дақиқа зиёд бошад.

Моддаи 192. Хусусиятҳои реклама дар матбуоти даврӣ

  1. Дар матбуоти даврии давлатӣ, ки барои ахбор ва маводи хусусияти рекламавидошта махсус гардонида нашудаанд, реклама набояд аз 25 фоизи ҳаҷми як шумораи нашрияи матбуоти даврӣ ва дар матбуоти даврии ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 40 фоиз зиёд бошад.
  2. Дар воситаҳои ахбори оммае, ки барои реклама махсус гардонида шудаанд, маҳдудият гузошта намешавад.

Моддаи 193. Хусусиятҳои реклама дар кино, видео ва хизматрасонии маълумотҳ

  1. Дар таркиби асарҳои аудиовизуалӣ бе ризоияти дорандагони ҳуқуқҳои молумулкии муаллиф ба чунин асарҳо ҷойгир намудани реклама манъ аст.
  2. Ҳангоми хизматрасонии маълумотдиҳии телефонӣ, компютерӣ реклама танҳо баъди ба абонент додани маълумоти талабгардида пешниҳод шуда метавонад.
  3. Ҳангоми хизматрасонии пулакии маълумотдиҳии телефонӣ, компютерӣ ё дигар хизматрасонӣ реклама танҳо бо розигии абонент пешниҳод карда мешавад.
  4. Арзиши чунин реклама набояд ба арзиши маълумоти талабкардаи абонент дохил шавад.
  5. Истифодаи рақамҳои бепули телефонҳои хадамоти ёрии таъҳилӣ, милитсия, сӯхторнишонӣ ба мақсади паҳнкунии реклама манъ карда мешавад.

Моддаи 194. Хусусиятҳои рекламаи берунӣ

  1. Паҳн кардани реклама дар шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва дигар мавзеъҳо метавонад дар шакли плакатҳо (овезаҳо), стендҳо, номалавҳаҳои мунаввар, дигар воситаҳои техникии устувори ҷойгиронии мавзеъӣ амалӣ гардад.
  2. Рекламаи берунӣ бояд бо аломатҳои роҳҳо ва нишонаҳо мушобеҳ набуда, дидани онҳоро халалдор насозад, инчунин ба бехатарии ҳаракат дар роҳ халал нарасонад, ҳамзамон реклама (овеза, номалавҳа, стендҳо ва ҷайраҳо) бояд дар болои роҳи автомобилгард ё аз тарафи рости роҳ ҷойгир шавад.
  3. Паҳн намудани рекламаи берунӣ дар шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва дигар мавзеъҳо ҳангоми мавҳуд будани иҷозати мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад:
  • аз тарафи мақомоти дахлдори раёсати истифодабарии роҳҳои автомобилгард, инчунин воҳидҳои минтақавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – дар хати ҷудокарда ва минтақаи наздироҳии роҳҳои автомобилгард – берун аз ҳудуди шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот;
  • аз тарафи воҳидҳои минтақавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – дар  ҳудуди шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳот;
  • аз тарафи мақомоти дахлдори идораи роҳҳои оҳан – дар хати ҷудокардаи роҳи оҳан.
  1. Андозаи меъёри пардохт барои паҳн намудани рекламаи берунӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" муайян карда мешавад.
  2. Ҳамзамон ҳаҷми пардохт бояд аз андозаи хароҷоти корҳои анҷомдодашуда барои додани иҷозати паҳн намудани рекламаҳои берунӣ, муайян намудани ҷойи паҳн кардани он ва назорати ҳолати рекламаҳои берунӣ ва воситаҳои техникии ҷойгиронии устувори мавзеъии он зиёд набошад.
  3. Паҳн намудани рекламаи берунӣ бо роҳи ҷойгиркунӣ дар мавзеъ (аз ҷумла, дар мавзеъҳои ёдгориҳои фарҳангӣ, иншооти расму ойин, маҷмааҳои ҳифзшавандаи табиӣ), бино, иншоот ва дигар объектҳо, инчунин муайян намудани ҳаҷм ва тартиби пардохти маблағ барои паҳн намудани рекламаи мазкур дар асоси шартнома бо молик ё бо шахси ба молу мулк ҳуқуқи моликидошта анҷом дода мешавад, агар мутобиқи қонун ё шартнома нисбати шахси ба амвол ҳуқуқи моликидошта ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад ва дар мавриди мавҳуд будани иҷозат қисми сеюми пешбинишудаи ин модда амалӣ мегардад.

Моддаи 195. Хусусиятҳои реклама дар воситаҳои нақлиёт ва муросилоти почта

  1. Паҳн намудани реклама дар воситаҳои нақлиёт дар асоси шартномаҳо бо соҳибони воситаҳои нақлиёт ё бо шахсони ба воситаҳои нақлиёт ҳуқуқи моликидошта, агар мутобиқи қонун ё шартнома нисбати шахсоне, ки ба ин молу мулк ҳуқуқи моликҳ доранд, ҳолати дигар пешбинҳ нашуда бошад, сурат мегирад.
  2. Ҳолатҳои маҳдудият ва манъи паҳн кардани рекламаро дар воситаҳои нақлиёт бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мақомоти ваколатдор, ки назорати бехатарии ҳаракат ба зиммаашон гузошта шудааст, муайян мекунанд.
  3. Паҳн кардани реклама дар муросилоти почта танҳо бо иҷозати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳо оварда мешавад.

Моддаи 196. Рекламаи дохилӣ

Ҷойгиронии реклама дар биноҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ,  муассисаҳои таълимӣ ба истиснои рекламаи иҷтимоӣ манъ аст.

Моддаи 197. Хусусиятҳои рекламаи навъҳои алоҳидаи молҳо

  1. Рекламаи спирти этилӣ, машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку, маҳсулоти аудио, видео ва маводи чопии хусусияти фаҳшдошта, ғизои кӯдакон ва шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ), маккаку пистонак, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, силоҳи ҷангӣ, силоҳи хизматӣ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ, доруворие, ки бо дорухати (ретсепти) духтур дода мешавад, инчунин ҳангоми рекламаи доруворӣ муқоиса намудани он бо дигар доруворӣ манъ аст.
  2. Рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти табобатию профилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ), инчунин рекламаи усулҳои табобат, профилактика, ташхис, солимгардонӣ танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи дахлдор ё рӯйхати иҷозатдиҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳолати гирифтани патент барои ихтироот дар соҳаи мазкур, амалӣ карда мешавад.
  3. Рекламаи силоҳи ғайринизомии иҷозатдошта, аз ҷумла силоҳи шикорӣ ва варзишӣ, танҳо дар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои паҳн кардани реклама махсус гардонида шудаанд, дар дигар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои истифодабарандагони чунин силоҳ пешбинӣ шудаанд, дар ҷойҳои истифодаи силоҳи шикорӣ ва варзишӣ, дар воситаҳои электронии иттилоотии умумӣ бошад, танҳо баъди соати 22 вақти маҳаллӣ амалӣ карда мешавад.

Моддаи 198. Хусусиятҳои рекламаи хизматрасонии молиявӣ, суғуртавӣ, сармоягузорӣ ва коғазҳои қиматнок

Ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла бонкӣ, суғуртавӣ, сармоягузорӣ ва дигарҳо, ки бо истифодаи маблағи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд, инчунин коғазҳои қиматнок ба амалҳои зерин роҳ дода намешавад:

  • дар реклама нишон додани маълумоти миқдорҳ, ки бевосита ба хизматрасониҳои рекламашаванда ё коғазҳои қиматнок алоқаманд нестанд;
  • кафолат додани ҳаҷми даромадҳо тибқи саҳмияҳои номии оддӣ;
  • реклама кардани коғазҳои қиматнок то ба қайд гирифтани эълони эмиссияи (барориши) онҳо;
  • пешниҳод намудани ҳама гуна кафолатҳо, ваъдаҳо ё тахминҳо оид ба даромаднокии минбаъдаи фаъолият, аз ҷумла бо роҳи эълон намудани баландшавии қурби коғазҳои қиматнок;
  • ном набурдани ҳатто яке аз шартҳои шартнома, агар дар реклама дар хусуси шартҳои шартнома иттилоъ дода шавад.

Моддаи 199. Рекламаи иҷтимоӣ

  1. Рекламаи иҷтимоӣ манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатиро ифода намуда, барои расидан ба мақсадҳои хайриявӣ нигаронида шудааст.
  2. Дар рекламаи иҷтимоӣ ташкилотҳои тиҷоратӣ, соҳибкорони инфиродӣ, навъҳои мушаххаси (моделҳои, артикулҳои) молҳои онҳо, ҳамчунин навъҳои молҳое, ки натиҷаи фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд, набояд хотиррасон карда шаванд.
  3. Фаъолияти ба таври ройгон анҷомдодашудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истеҳсол ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ, аз ҷумла тарзи солимии ҳаёт ва дастовардҳои соҳаи тандурустӣ, додани моликияти худ, аз ҷумла воситаҳои пулӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар истеҳсол ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ, ҳамчун фаъолияти эҳсонкорӣ дониста шуда, аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бархурдор мебошанд.
  4. Паҳнкунандагони реклама – воситаҳои ахбори омма ӯҳдадоранд, ки ҷойгиронии рекламаҳои иҷтимоии пешниҳодкардаи рекламадиҳандагонро дар доираи 10 фоизи вақти намоиш (масоҳати асосии чопӣ) дар як сол, ки қонунгузорӣ барои реклама муқаррар кардааст, ҷойгир намоянд.
  5. Паҳнкунандагони рекламае, ки воситаҳои ахбори омма намебошанд, ӯҳдадоранд рекламаи иҷтимоиро дар доираи 10 фоизи арзиши солонаи хизматрасонӣ ҷойгир намоянд.
  6. Истеҳсолкунандагони реклама ӯҳдадоранд хизматрасониро оид ба истеҳсоли рекламаи иҷтимоӣ дар доираи 10 фоизи ҳаҷми солонаи рекламаҳое, ки истеҳсол мекунанд, пешниҳод намоянд.
  7. Шартҳои ба вақти ҷойгиронӣ ва воситаҳои паҳнкунии рекламаи иҷтимоӣ тааллуқдошта, ки рекламадиҳанда пешниҳод мекунад, барои паҳнкунандаи реклама ҳатмӣ мебошад, агар рекламадиҳанда ба паҳнкунандаи реклама на дертар аз як моҳи мӯҳлати дар назардоштаи паҳни рекламаи иҷтимоӣ муроҷиат намояд.
  8. Пардохти маблағи истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ дар асоси шартнома анҷом дода мешавад.
  9. Дар сурати зиёд будани ҳаҷми фармоишҳо барои истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ назар ба меъёрҳои вақти муқаррарнамудаи намоиши чунин рекламаҳо, масоҳати асосии чопҳ, ҳаҷми  истеҳсол, ҷойгиронӣ, паҳн кардан ва дар мавриди ба вуҷуд омадани баҳсҳо навбати истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ бо тартиби аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама гирифтани офертаи рекламадиҳанда муайян карда мешавад.
  10. Ба амалҳои истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама, ки ба истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ монеа ба вуҷуд меоранд, иҷозат дода намешавад.
  11. Дар сурати роҳ додан ба чунин амалҳо рекламадиҳандагон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба суд шикоят намоянд.

Моддаи 200. Маҳдудият дар фаъолияти сарпарастӣ

  1. Сарпараст ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти кӯмакгиранда дахолат намояд.
  2. Сарпарастии реклама аз ҳониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, манъ аст.
  3. Сарпарастӣ ба барномаҳои ахбор оид ба воқеаҳои ҷорӣ манъ аст.

Моддаи 201. Ҳифзи ноболиғон ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаҳо

  1. Ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани реклама бо мақсади муҳофизати ноболиғон аз сӯйистифодаи зудбоварӣ ва бетаҷрибагӣ ба амалиётҳои зерин роҳ дода намешавад:
  • паст задани шаъну шарафи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва омӯзгорон, инчунин коҳиш додани боварии ноболиғон нисбат ба онҳо;
  • талқини бевоситаи ноболиғон нисбати водор сохтани падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ба харидани молҳои рекламашаванда;
  • ҷалб намудани диққати ноболиғон ба ин ё он молҳое, ки ба даст оварданашон ба онҳо нисбат ба дигар ноболиғон ягон бартарӣ медиҳад, инчунин ба молҳое, ки набуданашон натиҷаи баръакс медиҳад;
  • дар реклама ҷойгир намудани маълумоти матнӣ, биноӣ ё савтӣ, ки ноболиғонро дар ҷойҳо ва вазъиятҳои хатарнок нишон медиҳанд;
  • паст намудани сатҳи зарурии малакаҳои истифодаи мол аз ҷониби ноболиғон, ҳамзамон дар сурате, ки агар таҷрибаи истифодаи мол нишон дода ё тавсиф шуда бошанд, реклама бояд дар хусуси он, ки кадом чиз воқеан барои ноболиғони гурӯҳи муайяни синну сол, ки мол барояшон пешбинӣ шудааст, маълумот диҳад;
  • ба ноболиғон талқин намудани хаёлоти ғайривоқеӣ (таҳрифшуда) оид ба арзиши (нархи) мол, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои "танҳо", "ҳамагӣ" ва ба ҳамин монанд, инчунин бо роҳи бевосита нишон додани он ки моли рекламашаванда барои буҷети тамоми оилаҳо дастрас мебошад.
  1. Истифодаи тасвири матнӣ, биноӣ ё савтии ноболиғон дар рекламае, ки бевосита ба молҳои барои ноболиғон дахл надоранд, роҳ дода намешавад.

§ 2. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама

Моддаи 202. Мӯҳлати нигоҳдории маводе, ки рекламаро дар бар мегирад

Рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама ӯҳдадоранд маводҳо ё нусхаҳои онҳоро, ки рекламаро дар бар мегиранд, аз ҷумла ҳамаи тағйироти минбаъдаи ба онҳо воридшавандаро дар муддати як сол аз рӯзи паҳн шудани рекламаи охирин нигоҳ доранд.

Моддаи 203. Ҳуқуқҳои рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама

Рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама ҳуқуқ доранд бо ариза оид ба пурра ё қисман бекор кардани қарори мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҳиат намоянд.

Моддаи 204. Пешниҳоди маълумот барои истеҳсол ва паҳн кардани реклама

Истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама ҳуқуқи талаб карданро дорад ва рекламадиҳанда дар ин ҳолат ӯҳдадор аст тасдиқи дурустии маълумоти рекламаро бо рӯйхат пешниҳод намояд.

Моддаи 205. Ӯҳдадориҳои истеҳсолкунандаи реклама дар мавриди хабардор кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории оид ба реклама

  1. Истеҳсолкунандаи реклама ӯҳдадор аст саривақт ба рекламадиҳанда хабар диҳад, ки риояи талаботи ӯ ҳангоми истеҳсоли реклама метавонад ба вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама оварда расонад.
  2. Агар рекламадиҳанда сарфи назар аз огоҳонии саривақтӣ ва асоснокшудаи истеҳсолкунандаи реклама талаботи худро ба реклама тағйир надиҳад ё мутобиқи талаботи истеҳсолкунандаи реклама тасдиқи рӯйхатии дурустии маълумоти барои истеҳсоли реклама пешниҳодшавандаро пешкаш накунад ё дигар ҳолатҳоеро, ки рекламаро номуносиб мегардонанд, бартараф насозад, истеҳсолкунандаи реклама ҳуқуқ дорад, бо тартиби муқарраргардида шартномаро қатъ намояд ва мутобиқи қонунгузории амалкунанда ҷуброни пурраи зарарҳоро талаб намояд.

Моддаи 206. Пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ

Рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,  мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо талаби мақоми ваколатдори давлатӣ (мақомоти минтақавии онҳо), ки назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ба зиммаашон гузошта шудааст, ӯҳдадоранд дар мӯҳлати муқарраргардида рӯйхатҳои дуруст ва тавзеҳотро дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ, сабтҳои видеоӣ ва овозӣ, инчунин дигар маълумоте, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур зарур мебошанд, пешниҳод намоянд.

Моддаи 207. Пешниҳоди оммавӣ оид ба бастани шартнома дар реклама

  1. Оқибати эътирофи реклама даъват барои бастани шартнома (оферта) ё худ шартномаи оммавӣ (офертаи оммавӣ) (пешниҳоди оммавӣ оид ба бастани шартнома барои реклама) буда, тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Рекламадиҳанда вазифадор аст мӯҳлати амали рекламаро, ки барои даъвати шартномакунонӣ (оферта кардан) хизмат мекунад (агар дар реклама ақаллан яке аз шартҳои асосӣ хабар дода шуда бошад), инчунин рекламаҳоеро, ки ба ҳайси шартномаҳои оммавӣ (офертаҳои оммавӣ) амал мекунанд, нишон диҳад.
  3. Агар рекламадиҳанда баъди бо тартиби муқарраргардида гирифтани аксепти (розигии) шахс, ки офертаи оммавӣ ба номи ӯ мебошад, аз бастани шартнома саркашӣ кунад, ин шахс ҳуқуқ дорад бо талаби бастани шартнома ва ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи беасос рад намудани рекламадиҳанда аз бастани шартнома расонида шудааст, бо дархост ба суд муроҷиат намояд.

§3. Назорати давлатӣ дар соҳаи реклама

Моддаи 208. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи реклама

  1. Назорати давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ:
  • сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи реклама ва фаъолияти рекламавӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони реклама ва назорати фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд;
  • барномаҳои давлатии рушди реклама ва фаъолияти рекламавиро таҳия ва иҷрои онро ташкил менамояд;
  • фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин субъектҳои хоҳагидорҳ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродиро дар соҳаи реклама ва фаъолияти рекламавӣ ҳамоҳанг месозад ва муҳити рақобатро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламавӣ таъмин менамояд;
  • мониторинги ҳолати бозори реклама ва фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд, махзани ягонаи иттилоотиро дар бораи реклама ва фаъолияти рекламавӣ ташкил намуда, онро идора мекунад;
  • ба рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама доир ба бартараф намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама амрнома медиҳад, аз ҷумла қарори анҷом додани рекламаи мутақобилро равон мекунад ва иҷрои онро назорат менамояд;
  • дар сурати ба ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкуниҳо алоқаманд будани фаъолияти рекламавии рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама маводҳоро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баррасии минбаъда ирсол менамояд;
  • дар доираи ваколатҳои худ вазифаи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва пешгирии рақобати бевиҷдононаро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламавӣ анҷом дода, ба суд доир ба беэътибор донистани аҳдҳои марбут ба рекламаи номуносиб даъво пешниҳод менамояд;
  • дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

Моддаи 209. Мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама

  1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ метавонанд мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама таъсис диҳанд.
  2. Мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама:
  • барои иштирок дар таҳияи талаботи реклама, лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷалб карда мешаванд;
  • экспертизаи мустақили рекламаро ҷиҳати муайян кардани мутобиқати он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама мегузаронанд ва тавсияҳои дахлдорро ба рекламадиҳандагон, истеҳсол ва паҳнкунандагони реклама мефиристанд;
  • аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми амалӣ намудани назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ҷалб карда мешаванд.

§4. Рекламаи мутақобил ва ҷавобгарӣ барои рекламаи номуносиб

Моддаи 210. Рекламаи мутақобил

  1. Ҳангоми муқаррар намудани далели вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ҳуқуқвайронкунанда вазифадор аст дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ рекламаи мутақобилро анҷом диҳад.
  2. Ҳамзамон ҳуқуқвайронкунанда хароҷоти рекламаи мутақобилро дар ҳаҷми пурра мепардозад.
  3. Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраргардида аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дода нашудани рекламаи мутақобил мақоми ваколатдори давлатӣ, ки дар хусуси гузаронидани рекламаи мутақобил қарор қабул намудааст, ҳуқуқ дорад дар хусуси ба таври пурра ё қисман боздоштани рекламаҳои ҳуқуқвайронкунанда то рӯзи ба охир расонидани паҳн кардани рекламаи мутақобил қарор қабул намояд.
  4. Ҳамзамон мақоме, ки дар хусуси пурра ё қисман боздоштани рекламаҳои ҳуқуқвайронкунанда қарор қабул намудааст, ӯҳдадор аст, ки аз ҳуқуқвайронкунанда талаб намояд, то ки ӯ тамоми тарафҳои шартномаи бо ҳуқуқвайронкунанда нисбати истеҳсол, ҷойгир ва паҳнкунии рекламаҳои басташударо фавран хабардор намояд.
  5. Рекламаи мутақобил тавассути ҳамон воситаҳои паҳнкунанда ва бо истифодаи ҳамон тавсияҳои давомнокӣ, фазо, ҷой ва тартибе, ки рекламаи номуносибро рад менамояд, ба анҷом расонида мешавад.
  6. Мазмуни рекламаи мутақобил бо мақоми ваколатдори давлатӣ, ки далели вайронкуниро муқаррар ва дар хусуси ислоҳи он қарори дахлдор қабул намудааст, мувофиқа карда мешавад.
  7. Дар ҳолатҳои алоҳида тибқи қарори мақоми ваколатори давлатӣ, ки дар хусуси гузаронидани рекламаи мутақобил қарор қабул намудааст, иваз намудани воситаҳои паҳнкунӣ, таснифи давомнокӣ, фазо, ҷой ва тартиби амалӣ намудани рекламаи мутақобил иҷозат дода мешавад.

Моддаи 211. Ҷавобгарии рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама

  1. Рекламадиҳанда барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба ҷойгир намудани маълумот барои ташкили рекламаи пешниҳодшаванда ҷавобгар мебошад, агар исбот нашуда бошад, ки ҳуқуқвайронкунии мазкур бо айби истеҳсолкунандаи реклама ё паҳнкунандаи реклама ба вуҷуд омадааст.
  2. Истеҳсолкунандаи реклама барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба расмиятдарорӣ, истеҳсол ва таҳияи реклама ҷавобгар мебошад.
  3. Паҳнкунандаи реклама барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба вақт, маҳал ва воситаҳои ҷойгиронии реклама ҷавобгар мебошад.
  4. Шахсоне, ки ҳуқуқ ва манфиатҳояшон дар натиҷаи рекламаи номуносиб вайрон карда шудааст, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида ҷиҳати рӯёнидани зарар, ҷуброни зиёни маънавӣ, раддияи расмии рекламаи номуносиб ба суд муроҷиат намоянд.

БОБИ 13. РЕҶАИ ҲУҚУҚИИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ

§ 1. Кафолат ва танзими давлатии ҳифзи маълумоти шахсӣ

Моддаи 212. Кафолати давлатии ҳифзи маълумоти шахсӣ

  1. Ҳифзи маълумоти шахсӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.
  2. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ ҳангоми мавҷуд будани сертификати мутобиқати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва амнияти иттилоотӣ амалӣ карда мешаванд.
  3. Барои таъмини бехатарии маълумоти шахсӣ бояд оид ба ҳифзи онҳо аз тасодуфан ё беиҷозат ихроҷ шудан, нусхабардорӣ, дуздӣ, гум кардан, тағйир додан (сохтакорӣ) ва ифшо ё нобуд кардан чораҳо андешида шаванд.
Теъдоди зарурии маълумот оид ба шаҳрвандон, ки онро метавон бо роҳи қонунӣ ба даcт овард, бояд то ҳадди ақал маҳдуд карда шавад ва танҳо бо мақсадҳои қонунан муқарраргардида мавриди истифода кунад.

Моддаи 213. Салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ

Ба ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ дохил мешаванд:

  • тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ;
  • муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва тасдиқи низомномаи он;
  • амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 214. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

  • сиёсати давлатиро оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ амалӣ менамояд;
  • санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
  • номгӯи маълумоти шахсиро, ки барои амалисозии фаъолияти доранда, оператор ва шахси сеюм зарур ва кофӣ мебошанд, тасдиқ менамояд;
  • тартиби аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм амалӣ намудани чораҳои ҳифзи маълумоти шахсиро тасдиқ менамояд.
  • муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ баррасӣ менамояд;
  • рӯйхати шахсони масъули ба риоя кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ уҳдадорро муайян ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо чораҷӯӣ менамояд;
  • ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

§ 2. Ҷаъмовар, коркард ва нигоҳдории маълумоти шахсӣ

Моддаи 215. Шартҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ

  1. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бо розигии субъект ё намояндаи қонунии он аз тарафи доранда ва (ё) оператор, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 9 Қонуни мазкур, амалӣ карда мешаванд.
  2. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бояд бо расидан ба мақсадҳои мушаххас, қаблан муайяншуда ва қонунӣ маҳдуд карда шаванд. Ба коркарди маълумоти шахсии бо мақсадҳои ҷамъоварии он номувофиқ иҷозат дода намешавад.
  3. Мундариҷа ва ҳаҷми маълумоти шахсии ҷамъоварӣ ва коркардшаванда бояд ба мақсадҳои арзгардидаи ҷамъоварӣ ва коркард мувофиқат намоянд.
  4. Ҳангоми ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бояд саҳеҳии маълумоти шахсӣ, кифоягии он ва дар ҳолатҳои зарурӣ аҳамият нисбат ба мақсадҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ таъмин карда шаванд. Оператор бояд оид ба аниқ намудани маълумоти нопурра ё носаҳеҳ чораҳои зарурӣ андешад.
  5. Субъекти маълумот бояд дар бораи маълумоти нисбати ӯ ҷамъоваришаванда хабардор карда шуда, ба ӯ дастрасӣ ба маълумоти ба худаш тааллуқдошта таъмин карда мешавад, инчунин ӯ ҳуқуқ дорад ислоҳи маълумоти носаҳеҳ ё ба иштибоҳоварандаро талаб намояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
  6. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии субъекти фавтида, аз ҷониби суд бедарак ғоибшуда эътирофгардида ё фавтида эълонгардида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 216. Дастрасии маълумоти шахсӣ

  1. Маълумоти шахсӣ ба дастрасии умум ва дастрасии маҳдуд тақсим мешавад.
  2. Дастрасии маълумоти шахсии дастрасии умум бо розигии субъект озод мебошад ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи низоми махфият нисбат ба он татбиқ намегардад.
  3. Бо мақсади таъминоти иттилоотии аҳолӣ манбаъҳои маълумоти шахсии дастрасиашон озод (аз ҷумла маълумотномаҳои тарҷумаиҳолӣ, китобҳои телефонӣ, суроғавӣ, захираҳои иттилоотии электронии дастраси умум, воситаҳои ахбори омма) истифода мешаванд.
  4. Дастрасии маълумоти шахсии дастрасии маҳдуд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд мебошад.

Моддаи 217. Дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ

  1. Дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ бо шартҳои розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ, ки ба доранда, оператор ва шахси сеюм барои ҷамъоварӣ ва коркарди онҳо дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи ___ Кодекси мазкур, муайян карда мешавад.
  2. Муроҷиати (дархости) субъект ё намояндаи қонунии ӯ дар хусуси дастрасӣ ба маълумоти шахсии худ ба доранда, оператор ва шахси сеюм дар шакли муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  3. Муносибат байни доранда, оператор ва шахси сеюм дар хусуси дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот" танзим карда мешавад.

Моддаи 218. Тартиби додани розигии субъект ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ (бозхонди он)

  1. Субъект ё намояндаи қонунии ӯ ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон розигӣ медиҳад (онро бозхонд мекунад).
  2. Субъект ё намояндаи қонунии ӯ розигиро ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи ___ Кодекси мазкур бозхонда наметавонад.

Моддаи 219. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бе розигии субъект

Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бе розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

  • аз ҷониби мақомоти давлатӣ иҷро намудани вазифаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
  • ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд.

Моддаи 220. Махфияти маълумоти шахсӣ

  1. Доранда, оператор ва шахси сеюм, ки ба маълумоти шахсии дорои дастрасии маҳдуд дастрасӣ пайдо намудаанд, махфияти онро бо роҳи риояи талаботи роҳ надодан ба паҳн гардидани он бе розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ таъмин менамоянд.
  2. Шахсоне, ки ба онҳо маълумоти шахсии дорои дастрасии маҳдуд дар робита бо эҳтиёҷоти касбӣ, хизматӣ, инчунин муносибатҳои меҳнатӣ маълум гардидааст, уҳдадоранд махфияти онро таъмин намоянд.
  3. Махфияти маълумоти биометрии шахсӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 221. Захиракунӣ ва нигоҳдории маълумоти шахсӣ

  1. Захиракунии маълумоти шахсӣ бо роҳи ҷамъоварии маълумоти шахсӣ, ки барои амалишавии фаъолияти доранда, оператор ва шахси сеюм зарур ва кифоя мебошад, сурат мегирад.
  2. Нигоҳдории маълумоти шахсӣ аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм, ки махзани он танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ мувофиқа шудаанд, амалӣ мегардад.
  3. Муҳлати нигоҳдории маълумоти шахсӣ бо санаи расидан ба ҳадафҳои коркарди онҳо муайян мегардад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.

Моддаи 222. Тағйир додан ва пурра кардани маълумоти шахсӣ

Тағйир додан ва пурра кардани маълумоти шахсӣ аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм дар асоси муроҷиати (дархости) субъект ё намояндаи қонунии ӯ ё дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 223. Паҳн кардани маълумоти шахсӣ

  1. Ба паҳн кардани маълумоти шахсӣ иҷозат дода мешавад, агар ҳуқуқ ва озодиҳои субъект поймол карда нашаванд, инчунин ба манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар зарар нарасад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Паҳн кардани маълумоти шахсӣ дар ҳолатҳое, ки аз доираи қаблан эълоншудаи мақсадҳои ҷамъоварӣ ва коркарди он мебароянд, бо розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 224. Маълумоти биометрии шахсӣ

  1. Маълумоте, ки хусусиятҳои физиологӣ ва биологии инсонро инъикос намуда, дар асоси он мумкин аст шахсияти ӯ (маълумоти биометрии шахсӣ) муайян карда шавад ва инчунин он аз ҷониби оператор барои муайян намудани шахсияти субъекти маълумоти шахсӣ истифода мегардад, метавонад танҳо дар сурати мавҷуд будани розигии хаттии субъекти маълумоти шахсӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур, коркард шавад.
  2. Коркарди маълумоти биометрии шахсӣ метавонад бе розигии субъекти маълумоти шахсӣ бинобар амалӣ намудани таъқиби ҷиноятӣ ва адолати судӣ, иҷрои санадҳои судӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа, амният, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, муқовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия ва қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизмати давлатӣ анҷом дода шавад.

Моддаи 225. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ

  1. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ ба ҳудуди давлатҳои хориҷие, ки ҳифзи якхелаи ҳуқуқҳои субъектҳои маълумоти шахсиро таъмин менамоянд, мутобиқи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ бо мақсади ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маънавиёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, таъмини мудофиаи мамлакат ва амнияти давлат метавонад манъ ё маҳдуд карда шавад.
  2. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ ба ҳудуди давлатҳои хориҷие, ки ҳифзи маълумоти шахсиро таъмин намекунанд, дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
  • мавҷуд будани розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ ба интиқоли фаромарзии маълумоти шахсии ӯ;
  • ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
  • ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ин бо мақсади ҳифзи сохтори конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, саломатӣ ва маънавиёти аҳолӣ, таъмини мудофиаи мамлакат ва амнияти давлат зарур бошад;
  • ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, агар гирифтани розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ имконнопазир бошад.

Моддаи 226. Бехусусияткунонии маълумоти шахсӣ

Ҳангоми коркарди маълумоти шахсӣ барои анҷом додани тадқиқоти оморӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ доранда, оператор ва шахси сеюм уҳдадоранд онҳоро бехусусият намоянд.

Моддаи 227. Нобуд кардани маълумоти шахсӣ

Маълумоти шахсӣ аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм дар ҳолатҳои зерин бояд нобуд карда шавад:

  • бо гузаштани муҳлати нигоҳдорӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 14 Қонуни мазкур;
  • ҳангоми қатъ гардидани муносибатҳои ҳуқуқӣ байни субъект ва доранда, оператор ё шахси сеюм;
  • ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд.

Моддаи 228. Хабардоркунӣ дар бораи интиқоли маълумоти шахсӣ

  1. Доранда ё операторе, ки маълумоти шахсиро ба шахсони сеюм интиқол додааст, ҳамчунин шахси сеюме, ки маълумоти шахсиро аз субъекти ин маълумот нагирифтааст, уҳдадоранд дар муҳлати на бештар аз се рӯзи корӣ ба субъект хабарномаи дорои маълумоти дар қисми 2 моддаи мазкур нишондодашударо ирсол намоянд.
  2. Дар хабарнома маълумоти зерин дарҷ мегарданд:- насаб ва номи шахси воқеӣ, номи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи шахси сеюме, ки маълумоти шахсиро гирифтааст;- мақсади коркарди маълумоти шахсӣ тибқи моддаи __ Кодекси мазкур;- манбаи гирифтани маълумоти шахсӣ.
  3. Доранда, оператор ва шахси сеюм дар ҳолатҳои зерин аз уҳдадории дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда озод карда мешаванд:
  • агар субъект барои интиқоли маълумоти шахсӣ розигии худро дода бошад;
  • ҳангоми аз ҷониби мақомоти давлатӣ иҷро намудани вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • дастраси умум гардондани маълумоти шахсӣ аз ҷониби субъект ё бо хоҳиши ӯ;
  • агар ба субъект пешниҳод намудани маълумоте, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигарро поймол кунад.

4. Коркарди маълумоти шахсии интиқолшуда барои мақсадҳои тадқиқоти оморӣ ё илмию тадқиқотии дигар амалӣ карда мешавад, агар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти маълумоти шахсӣ поймол карда нашаванд.

§ 3. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъект

Моддаи 229. Ҳуқуқи дастрасии субъект ба маълумоти шахсӣ

  1. Субъект барои гирифтани маълумоти дар қисми 4 моддаи мазкур зикргардида, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 5 моддаи мазкур пешбинишуда, ҳуқуқ дорад. Субъект ҳуқуқ дорад аз доранда, оператор ва шахси сеюм аниқ, бастан ё нобуд кардани маълумоти шахсии худро талаб кунад, агар чунин маълумоти нопурра, куҳнашуда, носаҳеҳ, ғайриқонунӣ гирифташуда ё барои мақсади арзгардидаи коркард зарур набошад, инчунин оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои худ чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешад.
  2. Маълумоте, ки дар қисми 4 моддаи мазкур нишон дода шудааст, ба субъект ё намояндаи қонунии ӯ аз тарафи доранда, оператор ва шахси сеюм ҳангоми муроҷиат ё қабули дархости субъект ё намояндаи қонунии ӯ пешниҳод карда мешавад.
  3. Маълумоте, ки дар қисми 4 моддаи мазкур нишон дода шудааст, бояд аз тарафи доранда, оператор ва шахси сеюм дар шакли дастрас ба субъект пешниҳод карда шавад ва дар он бояд маълумоти шахсии ба субъектҳои дигар тааллуқдошта мавҷуд набошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки барои ошкор кардани чунин маълумоти шахсӣ асосҳои қонунӣ мавҷуд бошанд.
  4. Субъект ба гирифтани иттилооти марбут ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии худ ҳуқуқ дорад, ки он аз ҷумла маълумоти зеринро дар бар мегирад:
    • тасдиқи воқеияти ҷамъоварӣ ва коркард;
    • асосҳои ҳуқуқӣ ва мақсадҳои ҷамъоварӣ ва коркард;
    • мақсад ва усулҳои истифодашавандаи ҷамъоварӣ ва коркард;
    • ном ва макони ҷойгиршавии доранда, оператор ва шахси сеюм, маълумот дар бораи шахсоне (ба истиснои кормандони доранда, оператор ва шахси сеюм), ки ба маълумоти шахсӣ дастрасӣ доранд ё ба онҳо маълумоти шахсӣ метавонанд ошкор шаванд;
    • муҳлати ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ, аз ҷумла муҳлати нигоҳдории онҳо;
    • тартиби аз ҷониби субъект амалӣ шудани ҳуқуқҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд;
    • иттилоъ дар бораи интиқоли фаромарзии иҷрошуда ё пешбинигардидаи маълумот.
  5. Ҳуқуқи субъект ба дастрасии маълумоти шахсии ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад маҳдуд гардад.
  6. Ради додани иҷозат ба субъект дар бораи дастрасӣ ба маълумоти шахсии худ, пинҳон кардани он, ҷамъоварии ғайриқонунӣ, истифода, ҳифз ё ғайриқонунӣ паҳн намудани он метавонад ба суд шикоят кунад.

Моддаи 230. Уҳдадории субъект

Субъект уҳдадор аст маълумоти шахсии худро дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

§ 4. Ҳуқуқу уҳдадориҳои доранда, оператор ва шахси сеюм

Моддаи 231. Ҳуқуқҳои доранда, оператор ва шахси сеюм

Доранда, оператор ва шахси сеюм ҳуқуқ доранд:

  • ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсиро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд;
  • барои ҳифзи маълумоти шахсӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ, аз ҷумла ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва техникӣ андешанд.

Моддаи 232. Уҳдадориҳои доранда, оператор ва шахси сеюм

  1. Доранда, оператор ва шахси сеюм уҳдадоранд:
  • номгӯи маълумоти шахсии барои иҷрои вазифаҳои онҳо зарур ва кофиро тасдиқ намоянд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад;
  • дар сурати муваффақ шудан ба мақсади ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ, инчунин ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нобуд кардани маълумоти шахсӣ чораҷӯӣ намоянд;
  • дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон далели тасдиқкунандаи гирифтани розигии субъектро барои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии ӯ пешниҳод намоянд;
  • ба субъект ё намояндаи қонунии ӯ маълумоти ба ӯ тааллуқдоштаро дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи қабули муроҷиат пешниҳод намоянд.

2.    Доранда, оператор ва шахси сеюм уҳдадоранд оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ чораҳои зарурӣ андешанд ва онҳо бояд ҳалли масъалаҳои зеринро таъмин намоянд:

  • пешгирии дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ;
  • сари вақт ошкор намудани далелҳои дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ;
  • то ҳадди камтарин расондани оқибатҳои номатлуби дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ.

3.                   Уҳдадориҳои доранда, оператор ва шахси сеюм оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ аз лаҳзаи ҷамъоварии маълумоти шахсӣ ба вуҷуд меоянд ва то лаҳзаи нобуд кардан ё бехусусияткунонии онҳо эътибор доранд.

Моддаи 233. Кафолати давлатии ҳифзи маълумоти шахсӣ

  1. Ҳифзи маълумоти шахсӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.
  2. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ ҳангоми мавҷуд будани сертификати мутобиқати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва амнияти иттилоотӣ амалӣ карда мешаванд.
  3. Барои таъмини бехатарии маълумоти шахсӣ бояд оид ба ҳифзи онҳо аз тасодуфан ё беиҷозат ихроҷ шудан, нусхабардорӣ, дуздӣ, гум кардан, тағйир додан (сохтакорӣ) ва ифшо ё нобуд кардан чораҳо андешида шаванд.

Моддаи 234. Муносибатҳо доир ба маълумоти шахсӣ

Муносибатҳои вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсиро қонун танзим менамояд.

БОБИ 14.РЕҶАИ ҲУҚУҚИИ ИТТИЛООТИ ЭКОЛОГӢ

Моддаи 235. Объекти муносибатҳо дар бахши иттилооти экологӣ

Объекти муносибатҳо дар бахши иттилооти экологӣ иттилооти экологиест, ки маълумоти зеринро дар бар мегирад:

  • дар бораи вазъи муҳити зист, аз ҷумла ҳавои атмосферӣ, обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, замин, хок, олами набототу ҳайвонот, ландшафтҳои табиӣ, дигар объектҳои табиӣ ва таъсири мутақобилаи онҳо, инчунин дар бораи организмҳои ирсӣ-муҳандисӣ ва микроорганизмҳо;
  • дар бораи таъсири моддаҳо, инчунин энергия, ғалоғула, нурафканӣ ва дигар омилҳои физикӣ ба муҳити зист;
  • дар бораи қарорҳои мақомоти давлатӣ, фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари шахсони ҳуқуқӣ вобаста бо таъсири манфӣ ба муҳити зист ё ҳифзи он, инчунин асосноккунии зарурати иҷрои онҳо, аз он ҷумла асосноккунии молиявию иқтисодӣ;
  • дар бораи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои комплексии ҳудудӣ, барномаҳо ва чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист, консепсияҳо, стратегияҳо, нақшаҳо, барномаҳо ва чорабиниҳое, ки амалигардонии онҳо ба муҳити зист таъсир мерасонад ё таъсир расонида метавонад, инчунин асосноккунии зарурати қабули онҳо, аз он ҷумла асосноккунии молиявию иқтисодӣ;
  • дар бораи вазъи саломатӣ ва бехатарии шаҳрвандон;
  • дар бораи шароити зиндагии шаҳрвандон то он дараҷа, ки ба онҳо муҳити зист ё тавассути муҳити зист омилҳо, фаъолият ва тадбирҳои дар сархатҳои сеюм ва чоруми ҳамин модда зикршуда таъсир мерасонанд ё расонида метавонанд.

Моддаи 236. Ҳуқуқи дастрас кардани иттилооти экологӣ

Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқи озодона дастрас кардани иттилооти экологии дар ихтиёри моликони иттилооти экологӣ мавҷуда бе зарурати фаҳмонидани сабабҳои таваҷҷӯҳ ба ин иттилооти экологӣ, бо тартиб ва тарзе, ки Кодекси мазкур муайян намудааст, кафолат дода мешавад.

Моддаи 237. Намудҳои иттилооти экологӣ ва манбаъҳои асосии он

  1. Иттилооти экологӣ ба иттилооти умумии экологӣ ва иттилооти хосаи экологӣ тақсим мешавад.
  2. Ба иттилооти хосаи экологӣ нисбат додани иттилооти экологие, ки аз ҳодисаи расонидани зарар ба муҳити зист иборат аст, манъ аст.
  3. Иттилооти экологие, ки моликони иттилооти экологӣ тибқи Кодекси мазкур пешниҳод ё интишор мекунанд, дар натиҷаи фаъолиятҳои зерин ташаккул меёбад:
  • гузаронидани мониторинги муҳити зист;
  • гузаронидани ченкунӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
  • ба роҳ мондани баҳисобгирии давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
  • ба роҳ мондани баҳисобгирии захираҳои табиии истифодашаванда ва таъсир ба муҳити зист;
  • гузаронидани арзёбии таъсири фаъолияти пешбинишудаи хоҷагидорӣ ё фаъолияти дигар ба муҳити зист;
  • гузаронидани экспертизаи экологӣ;
  • амалӣ намудани назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
  • гузаронидани аудити экологӣ;
  • гузаронидани сертификатсияи экологӣ;
  • амалӣ намудани бамеъёрдарорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
  • таҳия ва амалӣ намудани нақшаҳои маҷмӯии ҳудудӣ, барномаҳо ва чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист.
    1. Додани иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномаҳодиҳӣ, ки дар асоси онҳо захираҳои табиӣ ҳамчун манбаи ҷамъоварии иттилооти экологӣ истифода карда мешаванд, ворид намудани тағйирот ва (ё) иловаҳо ба ин иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ё дигар ҳуҷҷатҳо, манънамоӣ, барқароркунӣ, тамдиди мӯҳлати амали иҷозатномаҳодиҳӣ, қатъ намудани амали онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 238. Тартиби ташаккул ва пешбурди захираҳои давлатии иттилооти экологӣ

  1. Тартиби ташаккул ва пешбурди захираҳои давлатии иттилооти экологӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Захираҳои давлатии иттилооти экологӣ иттилооти экологиеро дар бар мегиранд, ки дар натиҷаи фаъолияти дар __ ҳамин Кодекс пешбинишудаи моликони иттилооти экологӣ ташаккул меёбад ва дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои дигари давлатӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи онҳо гузошташуда захира карда мешавад.
  3. Пешниҳод ва интишори маълумоте, ки ба захираҳои давлатии иттилооти экологӣ ворид шудааст, мувофиқи моддаҳои ___ Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.

Моддаи 239. Дастрасӣ ба иттилооти экологӣ

  1. Дастрасии мақомоти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттилооти умумии экологӣ тавассути пешниҳод ё интишори иттилооти умумии экологӣ аз тарафи моликони иттилооти экологӣ таъмин карда мешавад.
  2. Дастрасии мақомоти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттилооти хосаи экологӣ дар асоси шартнома бо моликони иттилооти экологӣ таъмин карда мешавад.

Моддаи 240. Маҳдудияти дастрасӣ ба иттилооти экологӣ

  1. Пешниҳод ё интишори иттилооти экологӣ дар мавридҳои зерин манъ аст, агар:
  • иттилоот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сирри давлатӣ ба шумор равад;
  • ошкор намудани иттилоот ба баррасии судии парвандаҳо, пешбурди тафтишоти пешакӣ ва истеҳсолоти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ халал расонад;
  • ошкор намудани иттилоот ба муҳити зист зарар расонад ё хатари расонидани чунин зарарро дошта бошад;
  • ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бо дарназардошти амнияти давлат, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқҳои шахсони ҳуқуқӣ муайян намудаанд.
  1. Пешниҳоди иттилооти экологӣ инчунин рад карда мешавад, агар:
  • мақомоти давлатӣ, ташкилоти дигари давлатӣ иттилооти дархостшударо надошта бошанд ва гирифтани чунин иттилоот аз дигар моликони иттилооти экологӣ бинобар набудани он ғайриимкон бошад;
  • шахси ҳуқуқӣ, ки мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ нест, иттилооти экологии дархостшударо надошта бошад;
  • дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
  1. Дастрасӣ ба иттилооти экологии зерин маҳдуд карда намешавад:
  • дар бораи вазъи муҳити зист ё зарари ба он расида;
  • дар бораи партови моддаҳои олудакунанда ба атмосфера, партови гандаобҳо ба объектҳои обӣ, ки аз меъёрҳои ҳифзи муҳити зист зиёданд ва ё дар сурати набудани чунин меъёрҳо, агар муайянкунии онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд;
  • дар бораи партови моддаҳои кимиёвӣ ё дигар моддаҳо, омехтаи онҳо, ашёҳо ва дигар партовҳо ба объекти обӣ;
  • дар бораи афтодани моддаҳои кимиёвӣ ва дигар моддаҳо ба замин ва хок, ки ба бадшавии ҳолати онҳо ё сифати обҳои зеризаминӣ оварда мерасонад;
  • дар бораи нурафкании иондоркунанда ва электромагнитӣ, ғалоғула ё таъсири дигари физикии аз меъёрҳои ҳифзи муҳити зист зиёд ё набудани чунин меъёрҳо, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардани онҳоро талаб намояд;
  • дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 241. Пешниҳоди иттилооти экологӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ ба шумор намераванд

  1. Иттилооти умумии экологӣ аз тарафи молики иттилооти экологӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мақомоти давлатӣ ва ё ташкилоти дигари давлатӣ (минбаъд - дархосткунанда) ба ҳисоб намераванд, дар асоси дархости онҳо ройгон пешниҳод карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муайян накарда бошад.
  2. Иттилооти умумии экологӣ аз тарафи молики иттилооти экологӣ ба дархосткунанда дар давоми даҳ рӯз аз рӯзи воридшавии дархост оид ба пешниҳоди он манзур карда мешавад.
  3. Талабот ба дархост оид ба пешниҳоди иттилооти умумии экологиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  4. Иттилооти умумии экологӣ дар шакл, ҳаҷм ва таркиби зикрнамудаи дархост оид ба пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ пешниҳод мешавад. Агар молики иттилооти экологӣ барои дар шакл ва ҳаҷми дархостшуда пешниҳод намудани иттилооти экологӣ имконияти техникӣ надошта бошад, онро дар шакл ва ҳаҷми мавҷуда бо зикри сабабҳои дахлдор манзур мегардонад.
  5. Дар сурати шахси ҳуқуқӣ будани молики иттилооти умумии экологии дархостшуда, ки мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ намебошад, мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ, ки ба унвонаш дархост ворид шудааст ва қонеъ намудани ин дархост ба салоҳияти ӯ дохил мешавад, вазифадор аст, ки дар давоми даҳ рӯзи баъди ворид шудани дархост чунин иттилооти экологиро аз молики иттилооти экологӣ мустақилона дархост намояд ва дархосткунандаро хаттӣ дар ин бора огоҳ созад.
  6. Дар ҳолати воридшавии дархости мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ дар бораи пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ, ки дар қисми 5 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, молики иттилооти экологӣ вазифадор аст, ки дар давоми даҳ рӯзи баъди ворид шудани он иттилооти дархостшударо пешниҳод намояд ё дар давоми панҷ рӯзи баъди воридшавии дархост дархосткунандаро дар бораи рад намудани пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ бо зикри сабабҳои раднамоӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, огоҳ созад.
  7. Мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ, ки тибқи қисми 6 ҳамин модда иттилооти умумии экологиро дастрас намудааст, иттилооти мазкурро дар давоми як моҳ аз рӯзи воридшавии дархост ба дархосткунанда пешниҳод менамояд. Дар ҳолати аз молики иттилооти экологӣ гирифтани раднома дар бораи пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ, мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ дар давоми панҷ рӯзи баъди воридшавии раднома дархосткунандаро бо зикри сабабҳои радди дархост огоҳ месозад.
  8. Агар қаноатбахш кардани дархост оид ба пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ дар салоҳияти мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ набошад, онҳо вазифадоранд, ки дар давоми панҷ рӯзи баъди воридшавии дархост онро ба дигар мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатие, ки салоҳияти қаноатбахш гардонидани чунин дархостро дороанд, равон намоянд ва дар ин хусус дархосткунандаро огоҳ созанд.
  9. Агар иттилооти экологии дархостшуда ба иттилооти хосаи экологӣ мансуб бошад, молики иттилооти экологӣ вазифадор аст, ки дар давоми панҷ рӯзи баъди воридшавии дархост ба дархосткунанда бастани шартномаи дарёфти иттилооти хосаи экологиро пешниҳод намояд.
  10. Дар сурати мавҷудияти асос барои рад намудани пешниҳоди иттилооти экологӣ, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, молики иттилооти экологӣ дар давоми панҷ рӯз дархосткунандаро дар бораи рад намудани дархости пешниҳоди иттилооти экологӣ бо нишон додани сабабҳои раднамоӣ ва фаҳмонидани тартиб ва мӯҳлати эътироз нисбати қарори қабулшуда хаттӣ огоҳ менамояд.

Моддаи 242. Хусусияти пешниҳоди иттилооти экологӣ ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ

  1. Иттилооти умумии экологӣ аз тарафи моликони иттилооти экологӣ ба мақомоти давлатӣ ё ташкилотҳои дигари давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости онҳо бо роҳи табодули чунин иттилоот ё ирсоли он пешниҳод карда мешавад.
  2. Иттилооти хосаи экологӣ ба мақомоти давлатӣ ройгон пешниҳод карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муайян накарда бошад. Иттилооти хосаи экологӣ ба ташкилотҳои дигари давлатӣ бо тартиби муайяннамудаи моддаи ___ Кодекси мазкур пешниҳод карда мешавад.

Моддаи 243. Тартибу шартҳои пешниҳоди иттилооти хосаи экологӣ ва пардохт барои он

Иттилооти хосаи экологӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартномаи дарёфти иттилооти хосаи экологӣ пешниҳод карда мешавад. Андозаи пардохт барои чунин иттилоот набояд аз хароҷоти асоснок барои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилооти хосаи экологӣ зиёд бошад.

Моддаи 244. Интишори иттилооти умумии экологӣ

  1. Иттилооти умумии экологӣ аз тарафи моликони иттилооти экологӣ тавассути нашрияҳо, воситаҳои дигари ахбори омма, сомонаҳои расмии худ дар шабакаи умумиҷаҳонии иттилооти ё бо роҳҳои дигари дастраси умум тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор карда мешавад.
  • Таркиби иттилооти умумии экологии интишораш ҳатмӣ, моликони иттилооти экологӣ, ки ӯҳдадоранд чунин иттилоотро интишор намоянд ва мӯҳлати интишори он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

БОБИ 15. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 245. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 246. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санадҳои қонунгузории зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

___________________________________________________

___________________________________________________

___________________________________________________

Моддаи 247. Тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур

Кодекси мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Лоиҳа аз ҷониби Гурӯҳи корӣ дар назди кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот таҳия шудааст)

https://parlament.tj/news/930-loi-a-kodeksi-ittilootii-um-urii-to-ikiston

 


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима