Ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳангоми таҳияи гузориш дар Душанбе.
     TJ RU EN
08:54 / 2024-11-16

Ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳангоми таҳияи гузориш дар Душанбе.

Ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи афзоиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, хабарнигорони Радиои Озодӣ – Муллораҷаб Юсуфӣ ва Шаҳло Абдуллоева – ҳадафи ҳамла ва зарбулат қарор гирифтанд.

Ҳодиса рӯзи 4-уми март дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе ва дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Соро Ойл" рух дод.

Хабарнигорон гуфтанд, дар ҳоле ки онҳо назари як ронандаро ба гарон шудани нархи газу бензин мепурсиданд, як корманди ширкати "Соро Ойл" қатъи наворгириро талаб кард ва наворбардор Шаҳло Абдуллоевро базарб тела дода, пеши роҳи дурбини видеоро гирифт.

Дар ҳоле ки ҳамкори дигари мо, Муллораҷаб Юсуфӣ, аз ин амалкард эътироз намуда, хостааст, саҳнаро телефонӣ ба навор гирад, ин мард ҳамла намуд ва ба ҷоғи ӯ мушт зад.

Корманди нуқтаи сӯзишворӣ гуфтааст, бе ризояти роҳбарият хабанигорон ҳақ надоранд, идораи онҳо ва назарашонро забт кунанд.

Муллораҷаб Юсуфӣ гуфт, "дар аввал мо низ гапи ӯро пазируфтем ва нуқтаи сӯзишвориро ба навор нагирифтем. Чанд ронанда дар наздикии он буданд ва аз гаронии нархи бензин шикоят доштанд. Мехостем, бо онҳо суҳбат кунем, ки монеи мо шуданд. Мард ба ронанда низ хитоб кард, ки “мошинатро аз инҷо бар”.

Ташхиси пизишкон нишон дод, ки хабарнигори Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ аз ноҳияи чапи рӯй осеб дидааст. Пизишкон ба ӯ дастур додаанд, ки "бояд ду ҳафта табобат гирад".

Кормандони Радиои Озодӣ дар робита ба ин ҳодиса ба Вазорати корҳои дохилӣ шикоят карданд ва феълан маъмурони милисаи ноҳияи Сино ба таҳқиқ шуруъ кардаанд.

Дар гузашта низ чунин бархӯрд ба хабарнигорони Радиои Озодӣ борҳо рух додааст ва эътирози шадиди раҳбарияти радио ва муштариёни онро ба миён овардааст. Воқеаи охир мавриди тафтиши пулис қарор гирифтааст.

https://www.ozodi.org/a/31133388.html


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима