Исмоилзода: Журналистон, аз хушунат худдорӣ кунед!
     TJ RU EN
08:24 / 2024-11-16

Исмоилзода: Журналистон, аз хушунат худдорӣ кунед!

Дар иртибот ба муноқишаҳои даргире, ки охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифтанд, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ба журналистон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон ва Қирғизистон муроҷиатнома ирсол намудааст. Дар муроҷиатномаи Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, гуфта шудааст, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар баробари дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ташаннуҷи авзоъ дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки боиси ҳалокати одамон гардидааст, нигаронии шадиди худро изҳор менамояд. “Рисолати касбии мову шумо, ҳампешагони азиз, тақозо дорад, ки барои расонидани ҳақиқат ва адолат хидмат намоем. Тибқи меъёрҳои касбиву ахлоқӣ, вазифаи расонаҳо беғаразона, мунсифона ва бидуни эҳсосот пешниҳод намудани мавод роҷеъ ба ҳаводис мебошад”, – таъкид доштааст Зинатуллоҳ Исмоилзода. Ҳамзамон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зикр кардааст, ки ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ нобаробарии иҷтимоӣ ва тақсими захираҳои обӣ ба моҷарои марзӣ оварда расонда буд. Вале ба ин даргириҳо ва баҳсҳо нуқтаи охир нагузоштанд. “Даргириҳо ва талошҳои марзӣ ҳодисаи нав нест, аммо ҳадафи аслии мо бояд инъикоси воқеъбинонаи ин масъалаи ниҳоят доғ бошад. Мутаассифона, чӣ дар расонаҳои чопиву электронӣ ва чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди вазъ иттилои хушунатомез, пур аз эҳсосот ва кинаву адоват пахшу паҳн мегарданд”, – гуфт ӯ. Зинатуллоҳ Исмоилзода афзудааст, мо, журналистон дар чунин вазъ бояд ба эҳсосот дода нашавем, балки ҳамаи масоилро дар тарозуи адлу инсоф баркашида, сабаби домана задани алангаи нафрату оштинопазирӣ набошем.  

Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима